JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 04 Июли 2022 04:11

Абурайҳони Берунӣ – меъмори инқилоби илмӣ дар Осиёи Марказӣ ва Эрон

Муаллиф: Сунатулло ҶОНБОБОЕВ

 Ҷойгоҳи илм ва ҷаҳонбинии илмӣ дар таърих ва тамаддун тоҷикон

  Ҳадафи ин мақола муаррифии андешаҳои илмӣ, табиатшиносӣ ва эпистемологи (маърифатшиноси)и Абурайҳони Берунӣ ва аҳамияти онҳо барои насли имруза аст, зеро то ҳанӯз дар ҷомеаҳои пасошӯравӣ ва махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мероси зеҳниву ақлонии мутафаккирони асрҳои миёна аҳамияти хос ва зарурӣ дода нашудааст, махсусан дар замони ҳозир дар ҷомеаи мо таърихи фарҳанги асримиёнагӣ танҳо чун маҳзани ақоиду назариёти диниву илоҳиётшиносӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Ин дар ҳоле ки андешаҳои илмӣ, табиатшиносӣ ва ҳатто секлюралӣ (дунявӣ) дар ин давраи таърих ба дараҷҷаи баланд рушд намуда буданд. Дар ин ҷомеа додугирифти хуби ақида ва андешаҳои илмиву фарҳангӣ (то ҳатто мазҳабӣ бо усули ба истилоҳ плюралистӣ) вуҷуд доштанд. Барои баъзе аз ҳамватанони мо шояд ҷои ҳайрат бошад, ки дар шароити нуфузи ҳамагонии идеологияи ҳукмрони динӣ дар асрҳои миёна ҷойгоҳ ва нуфузи ҷаҳонбнии илмиву озодандешӣ дар доираҳои илмӣ махсус буд ва аз ин ҷо тоза кардани тасаввуроти авомона дар бори таърихи фарҳанги фикрии асрҳои миёна муҳим аст. Зарурияти ин кор боз дар он аст, ки ҳоло бо вуҷуди давлати дунявӣ бисёре аз қишрҳои ҷомеаи имрӯзаи мо аз нигоҳи таъсир ва нуфузи ҷаҳонбинии илмӣ хеле заиф шуда, бештар дар зери таъсири ақидаҳои диниву мазҳабӣ, ва ҳатто ифротиву радикалӣ қарор доранд. Аз ин рӯ зарур аст, ки саҳми ин давраи таърих ва ин мероси илмиву фарҳангиро аз сари нав бо усулу методологияи нав таҳқиқ намуд, мақом ва арзиши онро аз сари нав арзёбӣ намуд ва махсусан дар рушди ҷаҳонбинии насли нав аз он истифодаи оқилона намуд. Инҷо андешаҳои илмиву озодандешона дар мисоли осори Абурайҳони Берунӣ  барои хонандаи имрӯза пешниҳод мешаванд ва бо мақсади соддабаёнӣ ва дастрасӣ доштани мардум ба мазмуни аслии қарор дода шуд, ки онҳо дар шакли суолу ҷавоб, диалог ё муколама тартиб дода шудаанд.

Савол: Пеш аз ҳама барои хонандагони мо як маълумот медодед, ки Абурайҳони Берунӣ ки буд, мансуби кадом халқ ва тамаддун буд ва аз худ чи осоре боқӣ гузоштааст?

Ҷавоб: Зодаи Хоразм, олими зуфунун-энсиклопедист Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048), мутафаккири эронасл (яъне тоҷик!), хоразмизабон ва форсизабони Хоразм, ки дар чандин соҳаҳои улуми асрҳои миёнаи Шарқи исломӣ, аз ҷумла дар соҳаи таърих, мардумшиносӣ, ҷуғрофиё (география), филология (забону адаб), астрономия (нуҷуму хайат), математика (ҳисобу арифметики), механика, геодезия, минералогия (илми ҷавоҳир), фармакология, геология ва ғ.зиёда аз 100 асар офаридааст, ва онҳо асосан ба забонҳои арабӣ ва фарсӣ тасниф шудаанд. Умдатарин осори Абурайҳон аз инҳо иборатанд: “Таҳқиқ мол ул Ҳинд” (тамоми соҳаҳои ҳиндшиносӣ аз фарҳангу забоншинсӣ то нуҷумшиносиву мантиқ), “Қонуни Масъудӣ (дар нуҷумшиносӣ), “Ат тафҳим” (ба форсӣ дар илми нуҷум), “Ал ҷамоҳир фил маърифат ул ҷавоҳир” (Минералогия), “Алсайдана фи т тиб” (Фармакогнезия, ё илми гиёҳсозиву гиёҳдармонӣ), “Осор ул боқия” (Солномаҳо ё Хронологияи тамаддунҳои гузашта), Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин” (Геодезия ё заминшиносӣ), “Мукотибот” (бо Абуалӣ ибни Сино) ва ғ.

Савол: Дар бораи Хоразм ва хоразмиён баъдан саволҳои алоҳида хоҳанд шуд. Вале ҳоло суол ин аст, ки чунонки аз ҷавоби шумо маълум мешавад, ин осор зиёда аз ҳазор сол пеш аз замони мо офарида шудааст. Албатта ҷои ифтихор аст, ки ин ҳамватани мо дар пойдевори илми ҷаҳонӣ хиштҳои муҳим гузоштааст. Вале дар баробари ин суоли мо ин аст, ки чун ин ҳама акнун моли таърих аст, пас осори Абурайҳон барои ҳамзамонони мо чи аҳамият дорад? Чаро мо бояд дар баробари рушди бевоситаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи муосири тоҷику Осиёи Марказӣ ба нигоҳдошт, баррасӣ ва шарҳу тафсири мероси илмиву фарҳангӣ машғул шавем? Магар муҳимтар нест, ки насли имрузаро бо навтарин бозёфтҳои илмӣ ошно созем, онҳоро ба навовариву ихтироъкорӣ равона намоем?

Ҷавоб: Ошно кардани ҳамзамонони мо бо дастовардҳои навтарини илми ҷаҳонӣ бешубҳа кори муҳимтарини давлату миллат ба ҳисоб меравад. Вале ҳоло гап дар сари он аст, ки мавқеи ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мо коста шудааст, таассубот ва боварҳои соддалавҳона рӯз ба рӯз ҷои илму ҳақиқатро гирифта истодааст. Илова ба ин дар китобҳои дарсӣ тамоми дастовардҳои илмии замони гузаштаву нав ба намояндагони тамаддунҳову кишварҳои барои мо бегона мансуб дода мешаванд. То ҳатто он кашфиётҳое ки аз тарафи мутафаккирони мо ба даст омадаанд. Дар суханронии қарибулвуқуъи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён, олимону намояндагони аҳли эҷоди Тоҷикистон дар пеши ин қишри таъсиргузори ҷомеа вазифа гузошта шуда буд, ки барои рушди ҷаҳонбинии илмии насли ҷавони ҷомеа чун василаи муҳими инкишофи иқтисодиву иҷтимоии минбаъдаи мамлакат ва муқовимат ба андешаҳои ифротӣ, ки шумори муайяни ҷавононро ба доми худ андохтаанд, саҳми бориз ва бештар дошта бошанд. Ҳақиқатан ин як даъвати саривақтии сардори давлат мебошад, ки дар лахзаи хассоси таърихии миллати тоҷик баён гардидааст. Мақоми ҷаҳонбинии илмӣ на танҳо дар замони гузаштаи шӯравӣ, балки дар аҳди қадим ва дар асрҳои миёна низ дар ҷомеаи тоҷик ва тамоми минтақаи Хуросону Мовароуннаҳр муҳим ба назар мерасид. Вале мутаассифона бо сабабҳои мухталифи дохиливу берунӣ (аз ҷумла, ба ибораи М.Икбол ва муҳаққиқи муосири араб М.Аркун, ба иллати баста шудани дарҳои иҷтиҳод дар ислом, бо таъсири фарогири фақеҳону суфиён мондани мардуми авом, истилоъи муғул, ишғолгариҳои хориҷиву мустамликадорон) ба ин ҷиҳати мероси фарҳангии тоҷикону мусулмонон дар муддати дарози таърих диққати зарурӣ дода нашудааст. Ин мерос то ба имрӯз ба таври бояду шояд омӯхта ва таблиғ нашудааст, аз имкониятҳои он истифодаи амалӣ (прагматикӣ) барои илму таълим ва тарбия ба вуҷуд наомадааст. Ин дар ҳоле ки аз ин мероси пуриқтидор давоми садсолаҳо халқҳои сарзаминҳои Ғарб барои пешрафту фановарии худ истифодаи комил бурдаанд. Дар ватани мо солҳост, ки ин мерос дар сояи мероси диниву мазҳабӣ қарор дорад. Вақти он аст, ки ин мероси бузург аз сояи андешаҳои урфии динӣ берун бароварда шавад ва ба халқ пешниҳод гардад. Боиси сарафрозист, ки имрӯз чунин фурсатро роҳбарияти давлат ба олимони ватанӣ додааст ва аз ин бояд оқилона истифода бурд. Сухан дар бораи он меравад, ки ин мероси фарҳангии мардуми мо, махсусан мероси зеҳнии гузаштагони мо, олимони номии минтақаи мо метавонад чун фишанги пешрафти минбаъдаи сарзамини мо истифода бурда шавад, ба мисле ки мамолики Ғарб аз мероси илмии юнониву исломӣ истифодаи оқилона намуд.

Савол: Чаро шумо дар ин ҷо сухан аз инқилоби илмӣ меронед? Магар ин падида хоси таърих ва тамаддуни кишварҳои Аврупоӣ нест? Ё ба фикри шумо  заминаҳои зеҳниву назариявии инқилоби илмӣ дар Шарқи мусулмонӣ вуҷуд доштанд? Агар чунин заминаҳо вуҷуд доштанд, пас чаро Аморати Бухоро ва дигар хонигариву шоҳигариҳои шарқӣ дар пешоруи ҳуҷуми муғул ва баъдан истеъморгарони ғарбӣ ба ҷои пешрафт ба чунин заволи давлату залолати илму фарҳанг ва фасоди дурударози  идориву молӣ ва илмиву техногогӣ дучор шуданд?

Ҷавоб: Шумо суолҳои хеле мураккабро пешниҳод кардед, ки ба онҳо наметавон дар ҳудуди як мақола ҷавоб дод. Ман инҷо мехоҳам фақат оиди қисмати аввали суолоти ироашуда ба шумо ҷавоб бидиҳам. Чун мавзӯи пешниҳодкардаи мо инқилоби илмӣ аст, бояд моҳияти ин истилоҳ мушаххас карда шавад, чун ин падида бештар дар асл моли таърих ва фарҳанги ғарбӣ аст ва мо онро дар ин ҷо шартан, ба ҳукми баъзе монандиҳо бо таърихи фарҳанги мо истифода мебарем. Дар ҷаҳони ғарбӣ инқилоби илмиро ба асрҳои 17 ва 18 и таърихи Аврупо мансуб медонанд. Аввалин нишонаи ин инқилобро бо нашри асари Н.Коперник бо номи “Дар бораи ҳаракати кавокиби осмонӣ” дар соли 1543 ва асари А.Везалий дар бораи сохтори бадани инсон алоқаманд мекунанд.

Усулҳои асосии ин ҷаҳонбиниро инҳо ташкил медоданд:

  1. Таҷрибагароӣ дар илм (бархурди эмпиристӣ) барои омӯзиши табиат ва олам. Ин як раванде буд, ки бар зидди усули мантиқии Арастуӣ (дедуктивӣ) дар илми асримиёнагӣ ҳукмрон буд ва дар он ба маълумоти ҳисс баҳои манфӣ дода мешуд. Дар ҳалли ин муаммо Ф.Бэкон пештоз буд, ки дар “Органони нав” усули дедуктивиро рад мекард.
  2. Пештоз шудани илми ғайридонишгоҳӣ дар асрҳои нав дар Аврупо. То ин вақт дар донишгоҳҳое ба мисли Оксфорд ва Кембриҷ бештар рӯҳонӣ ва роҳибро тайёр мекарданд. Фақат И.Нютон профессори математикаи Кембридж буду халос.
  3. Олимони ин давра бештар зуфунун ё энсиклопедист ва фарогир дар илмҳои гуногун буданд, мутахассиси як соҳа набуданд. Онҳо ба исли Д.Дидро ва Даламбер доиратулмаорифҳоро сохтанд ва маврди истифодаи омма қарор доданд.
  4. Забони лотинӣ чун забони илм ҷои худро ба забонҳои миллӣ, ба мисли фаронсавӣ ва немисӣ дод. Энсиклопедияи Дидро ба забонҳои миллӣ иборат аз 35 ҷилд буд, энсиклопедияи немисии Йохан Седлер аз 68 ҷилд буданд.
  5. Ҷаҳонбинии мардум тағйир кард. Системаи заминмеҳварӣ (геосентризм) ҷои худро ба хуршедмеҳварӣ (геосетризм) дод (Н.Коперник).
  6. Назарияи Арасту дар бораи макони табиии ҷисмҳо, яъне ҷисмоҳои вазнин ба поён ва ҷисмҳои сабук ба боло мавриди интиқод қарор гирифт. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шуд, ки тамоми ҷисмҳо ба қонунияти умумӣ тобеанд.
  7. Галилей даъво кард, ки Замин дар ҳаракат аст (дар муқобили геосетризм истод), принсипи инерсияро пешниҳод намуд, И.Нютон қонуни ҷозибаро кашф намуд ва ғ. [1]

Вале ин танҳо чанд нуктаи кӯтоҳ вале муҳиме дар бораи инқилоби илмӣ дар Аврупо буд. Муқоисаи дастовардҳои илмии Ғарб бо Шақи мусулмонӣ масъалаи алоҳида ва мустақил аст ва он дар мақолаи дигар ба таври мушаххас баррасӣ хоҳад шуд. Вале дар ин ҷо бояд гуфт, ки ин андешаҳое дар мавриди фарҳанг ва илми Ғарб (Аврупо) баён шуданд дар Шарқи мусулмонӣ чанд аср пештар дар шаклҳои мухталиф, яке бештар ва дигаре камтар арзи ҳастӣ намуда буданд ва шарҳи ин масъала ба таври мухтасар дар зер оварда мешавад.

Чанд нафар аз ин мутафаккиронро инҷо номбар мекунем. Яке аз чунин ситораҳои илми осмони пурситораи тамаддуни тоҷикону эрониён ва ҳоло Осиёи Марказӣ ва Эрон Абубакри Розӣ буд, ки дар соли 865 дар Райи Эрон таваллуд шуда 184 асар дар соҳаҳои мухталиф офарида буд ва аз онҳо танҳо 61 то боқӣ мондаанд. Ал Форобӣ соли 870 дар Фороби Мовароуннаҳру Хуросон ба дунё омада аз худ осори гаронмояе боқӣ гузоштааст. “Ихвон ус-сафо” дар асри X дар Басра зиёда аз 50 рисола дар соҳаҳои мухталифи илм навиштанд ва дар байни мардум паҳн намуданд. Абуалӣ ибни Сино зиёда аз 450 асар дар 29 соҳаи илм навиштааст, ки то замони мо 274 номгуи онҳо расидааст. Аксари осори муҳими ин бузургон ҳануз дар асрҳои 11 ва 13 дар Аврупо ба забони лотинӣ тарҷума гардидаанд. Аз миёни ин уламои зуфунун Абурайҳони Берунӣ буд, ки дар асри X дар Хоразм таваллуд шудааст ва дар рушди илми ҷаҳонӣ дар баробари дигар фарзандони ин халқ, ба мисли Форобӣ ва Ибни Сино, хидмат намудааст. Абурайхон Берунӣ, олими энсиклопедист зиёда аз 100 асари илмӣ эҷод намудааст, ки миқдори бузурги онҳо то замони мо расидаанд.

Савол: Чун ҳоло инҷо сухан танҳо аз Абурайҳони Берунӣ меравад, пеш аз ҳама ҷолиби диққат аст, ки Забон ва мансубияти қавмии Абурайҳони Берунӣ чи гуна аст? Чун ҳоло баъзе аз қавмҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ низ даъвои мансубияти мутлақ ба мероси илмии ӯро доранд.

Ҷавоб. Маълум аст, ки Хоразм ва хоразмиён аз нигохи таърих ва тамаддун ба мисли тоҷикони имрӯза мансуб ба мардумони эрониасли шарқӣ мебошанд ва як шохае аз тоҷикон (форсҳо) буда ба мисли суғдиҳо бо тоҷикони имрӯза аз як дудмон ба вуҷуд омадаанд. Пас хоразмиён киҳо буданд ва шоҳигарии онҳо аз куҷо реша мегирад? Барои илми ҳозира маълум аст, ки то омадан ё ворид шудани ақвоми турк ба Осиёи Марказӣ тамоми кӯҳу водиҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Хутану Ёрканд (ҳоло минтақаи ғарбии Чин) сарзаминҳои эрониёни шарқӣ, аз қабили сакҳову скифҳо, суғдиҳову бохтариҳо буданд. Шоҳигарии Хоразм яке аз онҳост. Тибқи назари Берунӣ оғози он 980 сол пеш аз омадани Искандари Македонӣ ба вуқӯъ пайвастааст.Дар ин бора маълумотро аз худи забони Абурайҳон меорем, ки дар “Осор ул боқия” менависад:

“Ба ворид шудани Сиёвуш писари Кайковус ва салтанати Кайхусрав ва хонадони ӯ дар Хоразм ва таърих гузоштаанд. Ва ин воқеа наваду ду сол пас аз сохтани Хоразм буд. Сипас хоразмиён аз раъйҳои эрониён дар таърих, ки ба ҳар як зодагони Кайхусрав, ки ба Хоразмшоҳ” маъруф мешуданд, пайравӣ карданд, то он ки Офриғ, ки аз нажоди Кайхусрав буд, ба шоҳӣ расид”.[2]

“Африғ” аз вожаи умумэронии “фурӯғ”, яъне рушноӣ гирифта шудааст. Ба қавли Абурайҳон ва бо тасдиқи С.П.Толстов, хоразмиён солшумории худро аз ибтидои сукунат, «соли 980 то Искандар» (яъне то оғози давраи Селевкиён - 312 пеш аз милод) - аз соли 1292 пеш аз милод пайгирӣ мекунанд. Дар соли 1200 пеш аз милод эраи дигари таърихи онҳо оғоз шуд, ки бо замони ба Хоразм омадани каҳрамони Авесто ва достони кадим — Сиёвуш ибни Кай-Кавус, ки «зури турониён»-ро ба худ мутеъ кард ва сулолаи Хоразмшоххоро баъди писари Сиёвуш Кай-Хосров оғоз намуд. [3]

Толстов менависад, ки ин даъворо “...Маводҳои бостоншиносӣ маълумотҳои Беруниро низ тасдиқ мекунанд. Давомнокии анъанаи сулолаи Сиёвушиён-Африғидҳои Хоразмӣ бо маводи нумизматикӣ тасдиқ карда мешавад, ки дар он як навъи сиккаи Юнону Бохтарии Эвкратид аз асри 1 пеш аз милод (давраи ибтидои сиккабарории Хоразм) то охири асри 8 мелодӣ (гузариш ба навъи сиккаи мусалмонӣ)давом ёфтааст. Дар тангаҳо номи як зумра подшоҳони хоразмь аз рӯйхати Берунӣ, аз ҷумла номи Африға, ворид шудааст, ки дар оғози асри 4  мелодӣ хронологияи нав ро ҷорӣ карда буд, ворид шудааст.[4]

Африғиён, ба шаҳодати Ртвеладзе Э.В.[5]  сулолае аз 20 подшоҳ мебошанд, ки аз нигоҳи давомнокӣ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми Шарқ аз ҳама зиёд ҳукмронӣ намудааст. Хоразмиҳо пайравӣ аз дини зардуштӣ бо хусусиёти хоразмӣ мекарданд. Яке аз объектҳои ибодати онҳо образи Анахита Ардвисура (Олиҳаи обу ободонӣ) буд, ки дар сикаҳои асрҳои 2 и пеш аз мелод то асри 8 и мелодӣ нигошта шуда буд. Берунӣ дар бораи тамаддуни хоразмӣ ва забони хоразмӣ бо муҳаббати зиёд сухан меронад ва ба Катайба ибни Муслим, лашкаркаши араб, ки бозмондаҳои ин тамаддунро аз байн бурда буд, лаънатҳо мефиристад.

Абурайҳон Берунӣ дар чандин ҷойҳои осори худ ба нажоди эронии шарқии худ ва пайванди хоразмиҳо ба шохаи бузурги эронӣ ишораҳо мекунад. Имрӯз зарур аст, ки аз мероси илҳомбахши ин олими нотакрор дар тарбияи зеҳниву маънавии насли ҷавон истифодаи бештар барем. Осори Берунӣ метавонад, ки илҳомбахши насли имрӯзаи Тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ дар кашфиётҳои навтарини илму техникаи имруза гардад. Бузургоне ба мисли Абурайхони Берунӣ ва осори онҳо ба тамоми инсоният тааллук доранд.

     Суол: Тарзи тафаккури Абурайҳон чи гуна аст? Оё он ягон наздикӣ ва умумият бо самти фикри замони муосир дорад? Аҳамияти омӯзиши он барои насли имрӯзаи тоҷик, ба ғайр аз нуктаҳое, ки шумо ишора кардед, аз чи иборат аст?

Абурайҳони Берунӣ мутафаккири зуфунун, олими бисёрҷабҳа аст, ки қариб дар тамоми соҳаҳои илми замони худ асар эҷод карда ва ё назари илмиву фалсафии худро ба ин ё он масъала ба таври мушаххас баён намудааст. Мо дар ин чанд сатр наметавонем, ки дар бораи назариёти Берунӣ дар ҳама гуна самтҳои илм сухан ронем. Инҷо барои мо маърифатшиносии ӯ, ки мансуб ба дарки ҳамаи илмҳо аст, мароқовар аст. Ин усули ҷуяндагӣ, ки дар тамоми тули таърих хоси олимони асил мебошад, ӯро то охири умр шарик ва ҳамдам будааст ва тибқи нақли ҳамзамонон, гӯё ӯ пеш аз маргаш ҳам аз шогирдону атрофиёни худ натиҷаи баҳси пештараи илмӣ ва роҳи ҳалли кадом масъалаи мушаххаси илмиро пурсон шудааст, ки ҳосили он бо чӣ анҷом шуда бошад. Бояд зикр намуд, ки умдатан самти тафаккури Берунӣ самти фалсафаи табиатшиносӣ аст ва назари ӯро мухтасар назари табоиюн, ба истилоҳи имрӯз натурфалсафӣ (мутамоил ба кайҳонмеҳварӣ ва инсоншиносӣ) номидан ба назар мувофиқ аст. Бо вуҷуди ин назарияҳои илмии Берунӣ дар баробари ихтисосиву ҳирфаӣ будан, ба мушоҳидаву озмуни мушаххас асос ёфтанашон фарогир ва вусъатнок низ мебошанд. Дар баробари масоили умда ва мураккаби илмӣ, Ӯ дар ҳалли бисёре аз масоил бештар на аз махсусиятҳо сухан мегӯяд то дарки масъларо боз ҳам чигилтар кунад, балки устодона аз усулҳои байнисоҳавиву байнифаннӣ истифода мебарад, то умқи масъалаҳоро барои доираи васеътари хонандагон дастрас ва фаҳмо созад.

    Тамоми осори Абурайҳони Берунӣ нишонгари он аст, ки ӯ воқеан поягузори назарияи байнифаннии таҳқиқ аст. Дар ҳамон асар, ки аз он ишора шуд, яъне “Осор ул боқия” Бирунӣ менависад, ки мақсади мо аз овардани додаҳои илмҳои дигар дар муқоиса на он аст, ки мо пургӯӣ бикунем, балки манзури мо ин аст, ки...:

“...Чун шахс ҳамвора дар як илм назар кунад, хаста мешавад, вале агар аз фанне ба фанни дигар ворид шавад, монанди он хоҳад буд,ки дар боғҳои гуногун қадам гузошта, ки ҳанӯз аз яке берун наёмад, (ҳамзамон) боғи дигаре бад ӯ арза дорад”. Аз ин руй ин шахс майли тамом пайдо мекунад, ки дар ин боғистонҳо идомаи назар диҳад, чунонки гуфтаанд: “Барои ҳар амри навине лаззате аст”.[6]

Ҳамин тариқ, азбаски фаъолияти илмиву фалсафии Абурайҳони Берунӣ бештар майл ба масоили табиатшиносӣ, таҷрубаи илмиву амалӣ (экперимент, озмун) дошта буд, ӯ назарияҳои илмии худро на ба таври сунъӣ чун иқтибос ё тақлид аз олимону гузаштагони номдор, балки бо такя ба баъзе андешаҳои гузаштагон дар аксари вақт назари мушаххаси худро дар асоси таҷрибу ва мушоҳидаҳои шахсӣ ва инчунин чун маҳсули амалҳои мантиқӣ, хулосабарориву фарзиясозиҳои худ бунёд созанд. Ин усули таҳқиқро ӯ дар омӯзиши ҳама соҳахои илм, аз ҷумла, заминшиносӣ, маъданшиносӣ, илми хайъат, улуми дақиқ (илми ҳисоб, алҷабр, ҳандаса ва ғ.) истифода мебарад, ва  газашта аз ин Абурайҳон усули таҷрубавиро дар таҳқиқи  осори илмиву фархангӣ, расму русум (антропология)и халку миллатҳои гуногун низ моҳирона истифода мебарад, ки ин тарзи таҳқиқ осори ӯро дар таърихи илм, нодир, нотакрор ва худи ӯро нобиғаи айём менамояд. Ин усулҳо ҳоло ҳам усулҳои илмии пешрафтаи замони мо мебошанд.

Хеле ҷолиб аст, ки Абурайҳон аз муҳокимарониву фаолияти назариявиву муроқибавие, ки ба тарзи тафаккури пайравони Арасту ва бисёре аз мутафаккирони асрҳои миёна хос буд, муқобил меистод. Тавре ки мо огаҳӣ пайдо кардем, мухолифат ва муқовимат бо мантиқи Арасту (Аристотель) яке аз муҳимтарин унсури инқилоби илмии Аврупо гашта буд, ки оғози онро Абурайҳон поягузорӣ карда буд. Фалсафаи табиатшиносии ӯ дар тамаддуни ҷаҳони ислом бештар ба тарзи тафаккури таҷрибагароии Абубакри Розӣ наздик буд, вале Берунӣ, ки худро бештар мансуб ба тарзи тафаккури мусулмонон мешуморид, ҷаҳонбинии фалсафии Розиро, ки майл ба боварҳои пешазисломии тоҷикону эрониён ва тафаккури соф илмӣ дошт, наметавонист пурра қабул бикунад. Вале дар баробари ин дар муқобили назариёти соф табиатшиносии метафизикии пайравони Арасту, Берунӣ аз нуқтаҳои муҳими ҷаҳоншиносии таҷрубавии Абубакри Розӣ дифоъ мекард, ба ин хотир ӯ аввалин бор “Феҳрасти осори Розӣ”-ро тартиб дод, ки то ба замони мо арзиши илмии худро аз даст надодааст (чун бисере аз осори Розӣ бар асари мансубиятҳои мафкураи тоисломӣ ва мухолоифат бо аҳкоми исломӣ то замони мо нарасидааст!).

    Суол: Шумо дар ибтидои сухан аз аҳамияти ҷаҳонбинии илмӣ барои насли имрӯза ба миён гузоштед. Пас метавонед роҷеъ ба он ки Абурайҳон дар масъалаи пайдоиш ё офариниши олам чи назар дорад чанде маълумот бидеҳед? Оё назари ин мутафаккир аз ақидаи дар он замон роиҷи динӣ фарқ мекард?

Чунонки ишора рафт, азбаски Абурайҳони Берунӣ дар тафовут аз файласуфи пешгузашта ва ҳамватани худ Абубакри Розӣ ба истилоҳи роиҷи авом “мусулмони собитқадам” буд, ӯ ба Худое ки мусулмонон бовар мекарданд, имон дошт ва тамоми аҳком ва рукнҳои динро риоя мекард, вале бо вуҷуди ин аз осори олим маълум мешавад, ки ӯ дар айни замон мутафаккир ва файласуфи сирф табиатшинос буда, зеро ақидаҳое, ки  оид ба ҳастӣ, оламу одам, маърифат,  фаҳмиши таърих ва ҷамъият аз нигоҳи Абурайҳон мавриди баҳс карор гирифтаанд, бештар ҷанбаи таҷрубавӣ ва амалӣ доранд, на нақлӣ (чунонки маҳаки таълимоти аҳли дин такя ба сарчашмаҳои нақлӣ мекунад). Аз мазмуни мукотибаи Абурайҳони Берунӣ бо Абуалӣ Ибни Сино равшан мешавад, ки ӯ назарияи физикии Арастуро ба зери тозиёнаи сахти интиқод кашида, дар фалсафа назарияи машшоии қадимии оламро қабул надошт ва тарафдори ҳудуси олам аст.[7] Яъне олам офарида шудааст! Вале дар баробари ин дар ин мукотибот Берунӣ аз боби мавҷудияти чандин оламҳои дигари беканор суҳбат мекунад, ки дорои сохту таркиб ва қонунҳои ба худ хос мебошанд. Нуктаи ҷолиб он аст, ки дар айни замон Берунӣ ба мавҷудияти нахустасоси олам қоил аст, зеро ба ақидаи ӯ ягон моя ё қуввае бояд бошад, ки низоми олами беканорро назорат бикунад. Яъне олам на аз ҳеҷ, балки аз ҷизе офарида шудааст. Дар “Осор-ул-боқия” ӯ менависад, ки

   “...шояд дар ибтидо ҷисмҳое ки Офаридгор офарида буд, дар ҳоли бетартибона вуҷуд доштанд, вале дар баробари ин онҳо дорои ҳаракате буданд, ки дар раванди гузаштани вақт ин ҳаракат онҳоро дар ягон нуқтае ба ҳам пайваст мекард”.[8]

Ин суханҳо далолат ба он мекунанд, ки офариниш ба андешаи Берунӣ ба вуҷуд омадани Низом (порядок) аз Бетартибӣ (Хаос) аст. Маълум мешавад, ки тибқи назари Абурайҳон офаридгор оламро на аз “ҳеҷ”, балки аз чизе мавҷуд офардааст ва ин чиз ба назари ӯ дар ибтидо шояд “об” будааст. Дар “Мол ул Ҳинд” ин ақидаро Абурайҳон бо назари матафаккирони Ҳинд муқоиса мекунад: “назари ҳиндувони қадим ин буда, ки дар ибтидо об буд, ки тамоми фазои олами беканорро фаро гирифта буд. Ин дар замоне буд, ки оғози рӯзҳои аввали пайдоиши нафс буда, замоне ки шаклҳо арзи ҳастӣ намуда, аз чизҳои содда чизҳои мураккаб ба вуҷуд омада буданд. Мегӯянд, ки баъдан Об ба шӯр омада ба кафк кардан шурӯъ намуда буд ва аз он як чизе сафед ба вуҷуд омад, ки Офаридгор аз он тухмаи Бараҳманро офарид”.[9] Ин назари ҳиндувони қадим дар бораи офариниши нахустин аз об аст, ки бо вуҷуди олоишоти афсонавиву ривоятӣ арзиши илмиву фарҳангиро низ доро мебошад. Ҷолиб диққат аст, ки чунин заминаро барои шинохти Об ҳамчун нахустасос Берунӣ дар китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони Карим низ ҷустуҷӯ мекунад ва дар ояҳои он санадеро ҳам меёбад: “Ба ҳамин монанд дар ваҳй, дар сухани Аллоҳ омада: “Ва тахти он дар болои об буд”. Берунӣ менависад, ки он чиз аҳамият надорад, ки ин маънии бевостаи сухани Худо аст, ё шояд ин таъвили сухани Худо бошад, муҳим ин аст, ки мазмуни умумии ин гуфтор чунин аст: дар давраи офариниш дар баробари Аллоҳ ба гайр аз обу Тахти Худованд чизе набуд”.[10] Ҳамин тариқ ба назари Абурайҳон Об яке аз нахустасосҳои олам аст. Дар мукотибаи Абуалӣ ибни Сино бо Абурайҳон ба ғайр аз об ҳамчун нахустасос боз унсурҳои дигари Табиат, ба мисли Оташ, Ҳаво ва Замин илова мешаванд. Аз ин сабаб муҳаққиқон ба хулосае омадаанд, ки ҷаҳонбинии мутафаккир ҳарчанд ки дар доираи дин ва тамаддуни ислом сохта шудааст, дар баробари ин бештар тобиши илмиву деистӣ дорад, яъне Худо ҳамчун Иллати Иллатҳо Оламро меофарад, ба ҳаракати олами беканор такони аввал медиҳад, вале минбаъд ин олам тибқи конуниятҳои дохилии худ ҳаракат ва инкишоф мекунад. Ин ҷо андешаи озодии ирода (ки дар таърихи дин зери унвони “теодитсия” маъруф буд, ниҳон аст, ки чун рамз истифода бурда шудааст, яъне намешавад, ки тамоми бори масъулиятро танҳо ба гардани Худо андохт.

     Бо вуҷуди ин Абурайҳон ба андешаи дар шаш рӯз офарида шудани оламро, ки дар динҳои иброҳимӣ доимо ба он ишора меравад, қабул надорад. Ӯ ин андешаи қуръониро дар асараш “Ниҳоят ал амакин” (“Геодезия”) ба як ҳисоб андешаи зидду нақиз медонад ва мегӯяд:

“Рӯзи аввали офариниш, ки офариниши олам аз он оғоз мешавад наметавонад, ки бо шабу рӯз анҷом ёбад, зеро сабаби пайдоиши шабу рӯз тулӯъ ва ғуруби Офтоб аст. Дар ҳоле тибқи ин ақида ин ҷирмҳои осмонӣ на дар рӯзи якум, балки дар рӯзи сеюми офариниш пайдо мешаванд...”.[11]

   Чунон ки мебинем, мушоҳидаи Абурайҳон дар ин робита хеле ҷолиб аст. Тафаккури интиқодии баъзе аз ҳамзамони мо, ки ҳоло хеле таассубзада шудааст, ба гумон аст, ки ба чунин умқ расида тавонад ва онро қабул кунад. Чунонки мебинем, дар ин масъала ҷаҳонбинии Берунӣ на танҳо аз ҳамзамонони худ, балки дар қиёс ба ҳамзамонони мо ҳам пешрафтатар аст!

   Дар бораи сабабияти дохилӣ сухан ронда бояд гуфт, ки дар баррасӣ ва таҳлилҳои илмӣ-табиатшиносии худ Берунӣ ба масъалаи илал, сабабият (детерминизм) диққати махсус медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки сабаби ҳодисаҳои табииро дар дохили худи табиат ҷустуҷӯ намояд.

   Суол: Аз рӯи маълумоти мо ҳануз Берунӣ ҳаракати Заминро эътироф кардааст. Пас назари Абурайҳони Берунӣ дар мавриди ҳаракати Замин чи гуна аст? Таълимоти роиҷи динӣ (дар мафкураи диндорон то ҳанӯз) чунин аст, ки Замин сокит ва маркази олам аст ва тамоми ситораҳову саёраҳо дар гирди он давр мезананд. Оё Абурайҳон ба мисле ки баъдан Галилей ҳаракат кардани Заминро эътироф мекард(ва баъди озод шудан аз инквизитсия “все таки Земля двигается!”), ва суоли дигар ин ки оё ба назари мутафаккир олам дар маҷмӯъ дорои як марказ аст?

Ҷолиби диққат аст, ки Абурайҳон садсолаҳо пеш аз Галилей ҳаракати Замин дар гирди тири худро эътироф мекунад. Дар Аврупои асрҳои хабдаҳу ҳаждаҳ (XVII-XVIII) баёни озоди ин ақида ҳам як унсури инқилоби илмӣ ба шумор мерафт. Вале барои ҷавоб додан ба ин суолҳои шумо мо бояд ба масъалае зери унвони “макони табиӣ” дар фалсафаву илми асримиёнагӣ руй биёрем. Яке аз андешаҳои маъмули Арасту, ки дар Шарқи мусулмонӣ хеле роиҷ буд, ин тасаввурот дар бораи мавҷудияти макон ё “ҷойҳои табиӣ” барои ҳар як чисму моддаҳои олам мебошад, яъне ҳар яке аз унсурҳои табиат ба худ ҷое дорад, ки ба сӯи он ҳаракат мекунад. Тибқи назарияи Арасту ҷисмҳо ду хел мешаванд, ҷисмҳои вазнин (замин, сангҳо, фулузот, об ва ғ.), ки ба маркази Замин ба шиддат ҳаракат мекунанд ва ҷисмҳои сабук (ҳаво, буғ ва оташ) аз маркази Замин, ё “маркази олам” ба тарафи муқобил ҳаракат мекунанд. Ҳамоҳангӣ ва баробарвазнии олам маҳз аз он иборат аст, ки ин ҷисмҳо ҳар яке дар ҷои “табии” худ қарор дошта бошанд. Ин андешаи ғолиби аксар ҷараёнҳои илмиву фалсафаи асрҳои миёнаи ислом, махсусан, фалсафаи машшоъ ҳам буд. Ҷолиби диққат аст, ки Абурайҳон аз ин қатор берун буд, ӯ ин назарияро комилан қабул надошт. 

Берунӣ таълимоти Арастуро дар бораи «маҳалли табиӣ» рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳамаи чизҳо ба сӯи маркази олам кашида мешаванд, новобата аз он, ки онҳо “вазнин”, ё “сабук” бошанд ва масъала ин аст, ки дар ин ҳаракати худ баъзе аз онҳо ба мамоният дучор мешаванд. Ин вазъро ӯ ба воситаи таҷриба кардан ва санҷиши ҳаракати об ва хок дар замин нишон медиҳад ва хулоса мекунад, ки ягон “махалли табиӣ” барои ягон ҷисм вуҷуд надорад. Баъди ин Абурайҳон суол мегузорад, ки

  “...кадоме аз ду ҳақиқат мегӯянд: оне ки мегӯяд, ки об ва замин ба маркази Замин мекӯшанд ва ҳаво ва оташ баръакс аз марказ; ё оне, ки мегӯяд тамоми ҷисмҳо ба сӯи марказ ҳаракат мекунанд, вале ҷисмҳои нисбатан вазнин дар ҳаракати худ ба сӯи марказ нисбат ба ҷисмҳои сабук бошитобтаранд”.

Аз нигоҳи Абурайҳон: 

“...Замин дар марказ қарор дорад, ва аз ин сабаб тамоми ҷисмҳо ба сӯи он ҳаракат мекунанд. Об ба маркази Замин дар сурате ворид мешавад, агар хок бо ҳаво омехта бошад, вале агар замин сахт бошад, об дар сатҳи замин боқӣ мемонад”.[12]

   Нодурустии назарияи Арасту ва Ибни Сино дар бораи “маҳалли табиӣ”- ро Берунӣ аз тариқи таҷрубавӣ ё озмун, эксперименталӣ низ исбот мекунад: ӯ ба зарфи пури об санг меандозад ва нишон медиҳад, ки бо фурӯ рафтани санг об ба болои зарф баланд мешавад.

Ӯ мегӯяд: “Чаро об, ки ҷисми вазнин аст ба боло мебарояд? Ва дар ҷавоб мефармояд, ки дар ин ҷо ба ғайр аз ҳодисаи ҳаракати тамоми ҷисмҳо ба сӯи маркази Замин чизи дигаре нест”. [13]

Яъне таълимот дар бораи мавҷудияти “маҳалли табиӣ” барои баъзе дар боло ва баъзе дар поен нодуруст аст, - ҳамаи ҷисмҳо ба сӯи марказ кашида мешаванд. Мурод аз ин сӯҳбат боз ҳам ҳукми, ба ибораи илми муосир қонуни ҷозибаи замин ва ҷозибаи умумиҷаҳонӣ аст, ки ҳоло мансуб ба И.Нютон шуморида мешавад, вале он ки Абурайҳон дар ин самт фикр мекард, инро муаррихони илм фаромуш кардаанд.

Вале ҳоло бисёр муҳаққиқон бар он назаранд, ки бо рад кардани назарияи “маҳали табиӣ” ва пазириши ҷазби ҷисмҳо ба маркази Замин Берунӣ заминаро барои таълимот дар бораи эътирофи мавҷудияти қувваи ҷозибаи замин ва чаҳон (ҳаракат ва кашида шудани чизҳо ба маркази замину маркази кайҳони нопайдоканор) ба вуҷуд оварад. Зимнан ӯ  ҳаракати ҷисмҳо ба сӯи маркази Заминро эътироф намудааст, ки он амалан фикр ва баъдан назарияи пешниҳодшудаи Иисаак Нютон, физики бузурги англис (а. XVIII) дар бораи қувваи гравитатсия ё қонуни умумиҷаҳонии ҷозибаи олам ва Заминро ба хотир меорад.

Суол: Шумо ин ҷо дар бораи ҳаракати Замин аз нигоҳи Абурайҳон муфассал маълумот додед. Оё имкон дорад, ки назари умумӣ ва умдаи Беруниро дар бораи ҳаракат ҳамчун мақула ва падидаи илмиву фалсафӣ маънидод намоем? Ҳаракат чист ва онро чи гуна метавон ба таври содда барои мардум таъриф ва муаррифӣ намуд?

    Ҷавоб: Аз миёни қонунҳои дохилии олами беканор Берунӣ хосияти универсалии он – ҳаракатро ном мебарад, ки ба таври ҳатмӣ ҷирмҳо ва мавҷудоти оламро ба ҷунбиш ва тағйирёбӣ водор мекунад, тибқи он фаслҳои сол ҳамвора ҷойгузин мешаванд, куҳна ҷои худро бо нав иваз мекунад ва ғ. Яке аз шаклҳои дигари тағийрот ба ғайр аз ҳаракати ҷисмҳо ба маркази Замин, ҷунбиши чисмҳо ва қисмҳо дар умқу сатҳи Замин, ҳаракати гирдогирдии ситораву сайёраҳо дар осмон, табдили моддаҳо аз як шакл ба шакли дигар ва ғ., мебошанд, ки дар маркази диққати Берунӣ қарор дошта буданд.  Ба андешаи Абурайҳон ҳаракати қисматҳои дохилии Замин, ба мисли пайдошавӣ ва ҳамворшавии кӯҳҳо, ҳаракати қишри Замин шароити ҳаракати умумии Заминро фароҳам меоранд, зеро сайёраи “Замин ҳам ба таври куллӣ дар ҳаракат мебошад”.[14]

Агар ба ибораи имрӯза баён созем, қувваи ҷозибаи ашъёҳо ба сӯи маркази Замин (ба ибораи дигар қувви гравитация) ҳамвазниро дар рӯи Замин нигоҳ медорад. Абурайҳон ҷойивазкунии ашъёҳоро дар рӯи Замин, аз марказ ба атрофи замин, ҳаракати чизҳо дар рӯй ва умқи Заминро шарти зарурии мавҷудият ва мувозинати он медонад, ки ин илмро дар замони муосир ҳоло ба ибораи дигар “компенсатсияи изостатикӣ” меноманд.

“Ҳангоме ки ашъёҳо аз як қисми замин ба қисми дигари он интиқол меёбанд, бо ин ҳаракати онҳо ҳамзамон вазнинии онҳо низ ба дигар тараф мекӯчад ва дигар мешавад. Он тағйироте ки дар рӯи замин ба амал меояд сабаби ҳаракати умқи замин низ мегардад ва дар натиҷа ин ҳодиса сабаби ҳаракати умумии Замин мешавад”.[15]

Ин андеша, чунон ки мо дар дигар қисматҳо дида мебароем, андешаи инқилобии Абурайҳон буд, ки ҷаҳонбинии замонҳои минбаъдаи инсоният чи дар Шарқ ва чи дар Ғарбро тағйир дод, яъне тасаввуроти нодурусте, ки дар бораи маркази Олам будани Заминро ба зери шакку шубҳа гузошт. Вале на тамоми намудҳои ҳаракат дар рӯи замин сарчашмаи дохилӣ доранд. Замин бо дигар ситораву сайёраҳо дар алоқаи ногусастанӣ аст. Ҳаракат ва мадду ҷазри баҳрҳоро Абурайҳон натиҷаи таъсир ва тағйирёбии ҳаракати Моҳтоб медонад.[16]

Дар ин раванд, хизмати дигари Берунӣ дар инкишофи назарияи атомистика (ҳаракати зарраҳои хурдтарин дар хало), таълимоти натурфилософӣ дар бораи ҳаракати коинот ва тамоми моддаҳои олам, табдили моддаҳо ба шаклҳои гуногун, пайдоиш ва нузул, мабдаъ ва маод, ҳаракати даврӣ ё сиклии олам (циклическое движение мира), яъне аз офариниш (ибтидо) то интиҳо ва баръакс, ё ба ибораи илми имрӯза – эволюсия ва инволюсия, хеле бузург аст. Дар ин самт Берунӣ дар заминаи таҳқиқи таърихи тамаддунҳои ҷаҳон ба мисли мутафаккирони пешина, ба мисли Ихвон ус сафо бисёр ақидаҳои таълимоти соф диалектикиро баён кардааст: роли зиддиятро дар мавҷудияти табиат бузург арзёбӣ карда, ҳаракат ва тағйирёбиро хосияти умумии мавҷудот шуморида будаст. 

  Суол: Чунонки мо шоҳид мешавем, ҷаҳонбини ва назари Берунӣ хеле густурда ва фарогир будааст. Ҳамзамон илми замони муосир собит мекунад, ки олам беканор аст. Вале чаро Замин аз назари Берунӣ мудаввар аст? Дар робита бо ин масъала Оё олам аз нигоҳи Абурайҳон Берунӣ ягона аст, ё дар кайҳон миқдори бешумори оламҳо вуҷуд доранд? Масъалаи беканории олам дар илми муосир собит аст, пас назари Берунӣ дар ин масъала чист? 

 Ҷавоб: Масълаи касрат ва беохирии олам яке аз масъалаҳои умдаи ҷаҳонбинии илмии Абурайҳони Берунӣ аст. Инҷо аз тасвири Замин шурӯъ мекунем. Замин, ба ақидаи Абурайҳон саққомонанд ё куррашакл буда дар олами куррашакл ва мудаввар қарор дорад. Сабаби куррашакл будани замин ин аст, ки ҳамаи аҷсом ба сӯи марказ кашида мешаванд. Чунонки дар боло зикр карда шуд, Берунӣ тарафдори мавҷудияти олами бешумор (касрат, бисёр) дар коинот, яъне таълимот дар бораи касрати олам мебошад.  Берунӣ дар ҳамовозӣ бо мутафаккири юнонӣ Демокрит фикри мавҷудияти оламҳои беканорро асоснок мекунад ва андеша дорад, ки ин оламҳо метавонанд дар шаклҳои дигар ва бо қонуниятҳои ба худ хос арзи вуҷуд дошта бошанд ва ин барои ягонагии олам ягон мушкиле эҷод намекунад. Ин ақидаи худро мутафаккир дар мукотиботи худ бо Абуалӣ ибни Сино ва дигар асарҳо баён намудааст. Аз ҷумла ӯ иброз медоред, ки:

 Дар баъзе аз ин оламҳо “...на Офтоб аст, на Моҳтоб, дар баъзе аз онҳо офтобу моҳтоб ҳаҷми аз олами мо бузургтар, ва дар баъзеи дигар онҳо бештар мебошанд”.[17]

    Ин ақидаро, яъне мавҷудияти олами комилан дигарро албатта Арасту қабул карда наметавонист, зеро ин андешаи ӯро дар бораи мавҷудияти низоми оламе бо як маркази ягона, ки ӯ тасвир карда буд, барбод медод. Ҳамин тариқ, оламҳои дигаре, ки барои дарки мо, одамон аз имкон дур аст, вале онҳо вуҷуд доранд. Абурайхон дар ин масъала чунин иброз медорад:

“Ба мисле ки одами кӯр наметавонад он чизе, ки дигарон мебинанд бубинад, вале бо он ки онҳо намебинанд наметавон воқеияти биноиро инкор кард. Айнан ба ҳамин монанд оламҳои дигар вуҷуд доранд, вале инсон наметавонад ки онҳоро бо воситаҳо ва кайфиятҳои ба ӯ дастрас буда дарк намояд”.[18]

     Ибни Сино дар мукотибаи худ бо Берунӣ баъди баҳсу талоши бисёр ва далеловарӣ барои ягонагии олам бо андешаи касрати олам розӣ мешавад, вале боз чунин фикре баён медорад, ки эътирофи мавҷудияти оламҳои бисёр барои маърифати олам мушкил эҷод мекунад, зеро агар оламҳои беканорро эътироф кунем, пас мо роҳро барои донистанашвандагии олам (ҳоло бо вожаи агноститсизм машҳур аст!) мекушоем, ақидае ки ба андешаи Абуалӣ ибни Сино ба суфастоиён хос аст. Абурайҳон тайёр аст, ки ба худ лақаб ё “гуноҳи” суфастоиро бипазирад, вале аз ақидаи худ дар бораи мавҷудияти оламҳои дигар даст намекашад. Ниҳоят Абуалӣ ибни Сино бо Берунӣ розӣ мешавад. Ӯ мегӯяд, ки бале оламҳо беканоранд, вале “шояд дар ин оламҳо самти ҳаракат аз олами мо фарқ бикунад, вале баид нест, ки дар табиати худ онҳо бо олами мо ягона бошанд”.[19] Берунӣ мегӯяд, мавҷудияти касрати оламҳо набояд бо ягонагии онҳо дар таззод бошад, зеро ки чунин оламҳо вуҷуд доранд ва ба мисле ки мо ба дарки мавҷудияти табиат ва мақоми чор унсур дар он расидем, ҳамин тавр мо метавонем, мавҷудияти дигар оламҳоро ҳам эътироф намоем. Ҳамин тавр, агар Ибни Сино ба мисли Арасту оламро ба шакли чизе мудаввар, ки бо курраи фазо иҳота карда шудааст ва берун аз он олами дигареро тасаввур намекунад, Берунӣ, баръакс касрати оламро эътироф мекунад, ва дар баробари ин маркази ягонаи оламро, ки дар он оламҳои дигаре низ вуҷуд доранд, мепазирад. Чунонки мебинем, Берунӣ дар инҷо кӯшидааст, ки ду андешаи баҳам муқобил ё зиддро ба ҳам орад: яке андешаи касрати олам ва дигаре андешаи мавҷудияти ягонагӣ ва маркази ягонаи оламро.

   Вале дар фаҳмиши ин масъала боз ҷунбиши минбаъдаи фикрҳо зарур буд. Қадами дигар барои бартараф кардани ин зиддиятро Фахруддина Рази(1149-1209, мутафаккир аз шаҳри Райи Эрони ҳозира), файласуф, мутакаллим ва мунаҷими асри дувоздаҳи тоҷику эронӣ ва   Николай Кузанский (1401-1464, файласуфи олмонӣ, мутафаккир, файласуф, мутакаллим ва табиатшиноси асри понздаҳуми Аврупо тавонистанд, ки гузоранд. Бо истифода аз илми нуҷум ва таълимоти мутакаллимон (аз ин рӯ саҳми илми каломро набояд нодида гирифт!) дар бораи ирода ва қудрати беканори Худо, Фахриддини Розӣ иброз медорад, ки оламҳо ба таври ломутаноҳӣ бешумор ва беканоранд, берун аз ин олами қобили дарк хало (фазое) вуҷуд дорад ва азбаски қудрати Офаридгор беохир аст, ӯ метавонад оламҳои бешумореро ба вуҷуд биёварад, ки ҳар яке аз онҳо дорои осмонҳо, Офтобу Замин ва ситораҳову сайёраҳои бешумори худ бошанд.[20] Ба ибораи дигар Худо зиддияти (диалектикаи) байни консепсияи ломутаноҳӣ ва мутаноҳиро аз тариқи беканории худ ҳалл ва ҳазм мекунад. Ҳамин тариқ дар инҷо дар бораи олам ва беканории он фикри нав мерӯяд.

    Николай Кузанский ба мисли Фахри Розӣ, дар ҳамоҳангӣ бо андешаи имом Фахри Розӣ ба ғайр аз олим будан пеш аз ҳама мутакаллим ва ё  кардинали калисои масеҳӣ буд, ин мушкилро аз тариқи эълон доштани беохирии (ломутаноҳӣ)и олам бо истифода аз усулҳои муқоисавии риёзӣ (математика) ва диалектика ҳаллу фасл мекунад. Албатта, чунон ки зикр рафт, ин андешаҳоро ӯ бо такйя ба назарияи теологӣ-фалсафии худ баён медорад. Ӯ эълон дошт, ки ҷуфти зиддиятҳои диалектикӣ қобили баҳам омадан мебошанд, ба мисли ин мутаноҳӣ ва ломутаноҳӣ ҳар ду метавонанд, ки яке бошанд, чун Худо ки ломутаноҳӣ ё беохир аст ва Оламе ки ба назар табиати мутаноҳӣ дорад. Ба назари Н. Кузанский Худо “бузургии мутлақ- абсолютный максимум” аст ва Олам “бузургии нисбӣ” – “относительный максимум”, онҳо яке давоми дигаре ҳастанд. Худоро аз сабаби беканории он наметавон тасвир кард ва Олам, ки он шакл ва тариқи “вусъатёфтан” ё ифшошудани Худо мебошад,[21] яъне он иборат аз зарраи беканоре, ки қобили дарканд, мебошад. Назари умумии Кузанский ба формулаи машҳури пантеистӣ ифода меёбад:  – “Ӯ дар ҳама аст” ва “ҳама дар Ӯст”, ки ба гуфтаи машҳури мутасаввифҳо бо баъзе тафавутҳо моҳиятан монанд аст: - “Ҳама Ӯст” ва “Ҳама аз Ӯст”. Ин назария барои такони фикри асримиёнагӣ, яъне теосетристӣ ва таҳаввули (ё эволютсия) и он ба ҷаҳонбинии муосири илмӣ аз аҳамияти бузург бархурдор буд.

     Аз ин ҷост, ки Николай Кузанский боварӣ дошт, ки Олам беканор аст ва ин Олам аслан дорои ягон “марказ” нест: на Замин, на Офтоб ва на ягон ҷирми дигари осмонӣ дар ин олам мақоми махсус ё марказӣ надоранд. Тамоми ҷирмҳои осмонӣ дорои табиати ягона буда аз як моя (материя) иборатанд ва шояд дар онҳо ҳам ба мисли Замин зиндагӣ вуҷуд дошта бошад. Азбаски ситораву сайёраҳои нуҷум дар фазо ҳаракат доранд ҳар як мушоҳидачӣ  (дар куҷое қарор надошта бошад) метавонад, ки худро нисбат ба онҳо сокит ва беҳаракат бишуморад.[22]

     Суол: Шумо дар бораи атомистика сухан кардед ва гуфта будед, ки ин масъала ҳам аз масъалаҳои меҳварии таълимоти Абурайҳони Берунӣ аст. Оё Берунӣ тақсимпазирии зарраҳои хурдро тарафдорӣ кардааст ва ё баръакс? Ва умуман дастовардҳои умдаи Берунӣ дар илмҳои табиатшиносӣ боз дар чи инъикос меёбанд? 

  Ҷавоби Ҷонбобоев С. Қайд кардан бамаврид аст, ки таълимоти фалсафиву илмии тамаддуни ҳиндиву юнонӣ дар бораи атомҳо собиқаи бештар аз ҳазорсолаҳоро дорад ва он дар баробари Юнону Ҳинд баъдан дар Шарқи мусулмонӣ низ роиҷ гашта буд, гузашта аз ин он дар тамаддуни исломӣ тарафдорон ҳам дошта буд. Аз ҷумла, аҳли калом ҳам ин таълимотро дастгирӣ мекард ва мегуфтанд, ки Худо оламро дар ҳар як лаҳза бо эҷоди зарраҳо меофарад ва нобуд месозад ва офариши олам амали якаву якбора ва падидаи ягона дар таърих нест, он, яъне офариниш ҳамвора, ҳар замону ҳар лаҳза то ба имрӯз ба вуҷуд меояд.

   Вале бояд ин нуктаро пазируфт, ки дар масъалаи атомистика Берунӣ ақидаи мустақили худро дорад. Ӯ дар масъалаи зарраҳо ё атомистика назарияи тақсимпазирии зарраҳои оламро дастгирӣ мекунад, вале то ба беохир, беинтиҳо тақсим шудани онҳоро рад мекунад, зеро ба ақидаи ӯ ин андеша метавонад ба инкори ҳаракат оварда расонад. Масъалаи мазкур дар мукотиботи ӯ бо Ибни Сино хеле равшан ҳаллу фасл гардидааст. Ҷиҳати исботи ботил будани тақсимшавии беохир ӯ мисоли ҳаракати Моҳу Офтобро меорад, ки ин “беохирӣ”-ро паси сар мекунанд ва яке аз дигаре пеш мегузарад. Диққати Беруниро масъалаҳои дигари натурфалсафӣ, аз қабили “атомизми геометрӣ”, моҳияти фалсафии ҳаракат, масъалаи вакуум (фазои беҳаво), моҳияти табдили ҳолатҳои моддаҳо, масъалаҳои илми назар (оптика) – инъикоси нур ва шикасти рушноӣ ва ғ., ба худ кашидааст. Берунӣ бисёр масъалаҳои физикӣ-табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла, масъалаи шаклҳои ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ғ. мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ба андешаи Берунӣ ягон мавҷудоти олам дар ҳолати оромӣ қарор надорад, ҳама чиз дар тағийрот ва ҳаракат мебошанд (ин андеша инчунин асоси назарияви рад карда шудани мавҷудияти “маҳалли табиӣ” барои унсурҳо ва ҷисмҳои табиат буд). Абурайҳони Беруниро метавон яке аз паҳнкунандаҳои назарияи хуршедмарказии (гелиосентризм) кайҳон муаррифӣ намуд. Абурайҳон дар масъалаи пайдоиши кӯҳу дарёҳо, уқёнусҳо (океан) ва китъаҳои олам низ назарияҳои бикр баён намудааст.

Ҷолиб диққат аст, ки имрӯзҳо олимони таърихи илму тамаддун, аз ҷумла олими амрикоӣ Фред Старр аввалин назарияи барои илм нави мавҷуд будани қитъаи алоҳида дар нимкурраи ғарбиро, яъне Амрикоро ба ӯ нисбат медиҳанд.[23] 

 

  Суол: Баъзе муҳаққиқон Абурайҳони Беруниро барои баррасии таълимоти диалектикии ӯ (ки бешубҳа реша дар тамадудни ҳиндиву эронӣ ва юнонӣ дошт) мавриди ситоиш қарор медиҳанд. Чаро назари Берунӣ ба масоили илми диалектика ё ҳаракату инкишоф аз тариқи муносибати зиддҳо диққати олимону муҳаққиқони мамолики гуногунро ба худ кашидааст, махсусан дар соҳаи қӯҳшиносӣ, пайдоиши Замин, гирдгардии моддаҳои олам дар кайҳон, қонуни ба истилоҳ бақои олам, ҳаракати сиклӣ ё даврии таърих, пайдоиши инсоният ва ғ.?

Ҷавоби Ҷонбобоев С. Абурайҳон Берунӣ ҳарчанд ки олими таҷрибагаро мебошад, вале мутмаинан ба қудрати назарияҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Дар ҷавоб ба селаи суолҳои шумо метавон иброз дошт, ки дар баробари таълимоти Берунӣ дар бораи ҳаракат чун шакли ҳастӣ заминаи аслии афкори илмиву фалсафии ӯро воқеан таълимот дар бораи диалектика (назарияе ки ба таври назариявӣ дар Юнони Қадим коркард шуда ва баъдан чун таълимот дар бораи таҳаввул ва алоқамандии тамоми мавҷудоти олам аз тарафи аксари файласуфон пазируфта шуд) ташкил медиҳад. Абурайҳон ба сифати яке аз мисоли ҳаракат ва тағйирёбӣ дар рӯи Замин қабатҳои кӯҳии геологиро меорад, вақте ки “хушкӣ ҷои дарёро мегирад ва баҳр ба мавзеи хушкӣ мекӯчад”. Ба ғайр аз ин Абурайҳон масъалаи пайдоиши Заминро мегузорад, ӯ андеша баён медорад, ки дар ибтидо зарраҳои замин ва дигар унсурҳои он дар атрофи маркази он дар алоҳидагӣ вуҷуд доштанд ва баъди баҳам часпидан Заминро ба вуҷуд оварданд.[24] Ин дар ҳолест, ки андешаи ҳукмрони он замон чунин буд, ки ҷирмҳои фалаки осмон собит, бетағйир ва доимӣ мебошанд. Бузургии Берунӣ ин буд, ки ӯ андешаи ҳаракат ва тағйироти куллии кайҳониро ҳамчун як олими табиатшинос пешниҳод намуда онро ҷасурона пеш мебарад:

“Чун онҳо офарида шуданд, онҳо хурд мешуданд, калон мешуданд, ва дар айни замон чи дар сифат ва чи дар миқдор,...ҳама чиз дар ин дунё аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегуранд.”[25]

    Дар ин андешаҳо заминаҳои чандин қонунҳои физикӣ, аз ҷумла, қонуни бақо ва табдили энергия ё неруи кайҳонӣ (ки дар китобҳои дарсии макотиби миёна ба номи дигарон ҷой дода шудааст) ниҳон аст. Чун сухан аз таълимоти диалектикии Абурайҳон рафт, наметавон муҳокимарониҳои ӯро дар бораи зиддиятҳо зикр нанамуд. Мавҷудияти зиддиятро Берунӣ шарти зарурии фаолияти ҳаётии организмҳо мешуморад. Вале бояд тазаккур дод, ки андешаҳои диалектикии мутафаккир ба мисли дигар мутафаккирони асрҳои миёнаву давраи эҳё  бо тобишҳои натурфалсафӣ, механикӣ ва метафизикии ӯ омехта мебошанд, ки ин хусусияти тарзи тафаккури ҳамон замон буд. Мо ҳаққ надорем, ки аз мутафаккирони гузашта ҷаҳонбинии замони худро талаб намоем. Муҳим он аст, ки Берунӣ ба мисли олимони ҳирфаии замон имо мушоҳидаҳо ва таҷрубаҳои амалии худро хулоса мекунад ва дар бисёр мавридҳо аз онҳо заминаро барои баровардани фаразия ва назарияи нав ба вуҷуд меорад. Аз ҷумла, хулосаи ӯ дар бораи табиати сиклӣ ё даврӣ доштани ҳаракат дар олами табиат ҷолиб аст, ки ба диалектика такя мекунад: ҳар як падида тавлид мешавад, ба камол мерасад ва ба дараҷҷаи шукуфоӣ мерасад ва баъди он ба таназзул мерасад ва нобуд мешавад. Ба андешаи матафаккир чунин хислати ҳаракат на танҳо барои табиат, балки барои ҷомеа, ё таърихи инсоният низ хос мебошад.

 “Одамон оғози инсониятро аз Одаму Ҳавво ҳисоб мекунанд ва фикр мекунанд, ки вақт ба таври доира давр мезанад, ки дар охири ҳар доирае ҳама чизи тавлидшуда нобуд мешавад, ва дар оғози нав аз сари нав пайдо мешавад.”[26]

Барои дастгирии назарияи даврӣ ё сиклии кайҳону таърихи инсоният Берунӣ ба таълимоти файласуфони ҳиндӣ муроҷиат мекунад.

“Гурӯҳе аз онҳое ки абадияти оламро эътироф мекунанд, мегӯянд ки ҳар замоне ки шумораи одамон дар рӯи замин зиёд мешаванд, ягон бадбахтие рух медиҳад, ба мисле ки онҳоро сели бузурге шуста мебарад, ки баъди он аз сари нав пайдоиши олам шурӯъ мешавад”.[27]

   Албатта, назарияи даврии таърихе, ки Берунӣ тарафдорӣ ва пешниҳод мекунад, то андозае диалектикаи яктарафа буд, зеро он олам ва таърихи инсониятро дар дохили якчанд доира тасаввур мекунад ва мебинад, роҳи пешрафи минбаъдаро нишон намедиҳад. Вале нуқтаи ҷолиби ин назария ин аст, он ба таври дигар абадияти оламро эътироф мекунад, андешае, ки барои аҳли уламои динӣ дар он замон ва ҳам ҳоло хушоянд набуд ва нест.  Андешаҳои диалектикии Абурайҳони Беруниро дар инкор кардани тасаввуроти соддалавҳонаи Арасту дар бораи “тарафи рост”, “тарфаи чап”, “поену боло”-и олам низ дидан мумкин аст. Асосҳои назарияи диалектикаро ба кор бурда Абӯрайҳон Берунӣ мегӯяд, ки ин гуна тарафҳо ва поёну боло мафҳумҳои на мутлақ, балки сирф нисбӣ мебошанд, зеро воқеият ин аст, зидҳо дар раванди ҳаракат яке ба дигаре табдил меёбад.

   Хулосаи матолиб дар мавриди фалсафаи табиатшиносии тоҷики даврони Абурайҳони Берунӣ ин аст, ки дар он давра ду тамоили муҳим ва мустақили фалсафӣ-табиатшиносӣ вуҷуд доштанд, ки яке мактаби муроқибавии пайравони Арасту ва дигаре тамоили аз ҳар гуна система озоди илмӣ-табиатшиносӣ, тамоюли таҷрубавӣ-озмунӣ ё эксперименталӣ мебошанд, ки ин ҳар ду дар бахсу ҷадали ҳамешагӣ қарор доштанд. Бояд тазаккур дод, ки тамоюли дуюм, чунонки аз осори табиатшиносии мутафаккирони ҳамзамони ӯ мебинем, дар осори Абурайҳони Берунӣ хеле барҷаста ба назар мерасад. Хамин тариқ, нахустмоя ё моддии ақсоми кайҳон ба эътирофи Берунӣ чор унсур – обу хоку боду оташ мебошанд. Берунӣ назарияи тарафдорони Арастуро дар борои олам, аз ҷумла, шакли мудаввар ва курра доштан ва дорои як марказ будани онро рад мекунад, идеяи касрат (бисёрӣ) ва беканории оламро дастгирӣ мекунад, системаи геосенристӣ ё заминмеҳвариро ба зери суол мегузорад ва бо такя ба осори Ҳинд (назарияи офтобмеҳварии Ариабхата) назарияи гелиосетризм ё хуршедмеҳварӣ-ро мавриди баҳси илмӣ қарор медиҳад.      

     Вале бояд зикр намуд, ки Берунӣ файласуфи нигилист набуд, ӯ тамоми таълимоти Арастуро рад намекунад, аз ҷумла, таълимоти мантиқии ӯро ба чанд тағйирот ва ислоҳ барои илм муҳим мешуморад, дар “Мол ул Ҳинд” ӯ мантиқи юнониро бо тарзи тафаккури ҳиндӣ муқоиса мекунад ва афзалияти тафаккури мантиқии юнониёнро эътироф мекунад. Ба ғайр аз ин дар масъалаи амали қонуни сабабият (иллалу маълул) дар олам Берунӣ пайравӣ аз мактаби Арасту ва машшоиён мекунад ва амалкарди сабабиятро дар кайҳон эътироф карда меписандад, махсусан, мақоми Муҳаррики Аввал ё Иллати иллатхоро, ки ба мавҷудияти Олам такони аввал додааст. Берунӣ амали қонуни сабабиятро дар силсилаи маротиби вуҷуд, дар нисбати падидаҳои дигари табиату чамъият имконпазир медонад, ки ҳар яке барои дигаре сабабу натиҷа шуда метавонанд. Абурайҳони Берунӣ бархилофи уламои дигари ислом тамоми масъулияти оламро ба души Офаридгор нагузоштааст, ӯ мавҷудияти қонуниятҳои дохилии табиат ва дохили ҷомеаи инсониро таъкид кардааст. Дар ин робита ӯ ба мақоми Ақл (конунмандӣ) дар кайҳон ва ҳаёти Инсон диққат додааст. Инсони дорои ақл дорои масъулият низ мебошад. 

   Суол: Шумо дар ибтидо қайд карда будед, ки Абурайҳони Берунӣ дар масъалаи методология илм, усулҳои маърифати илмӣ ё ба истилоҳ эпистемология навовариҳо ва кашфиётҳои калон дорад. Ин масъалаҳо баро насли имрӯза ҳам омӯзанда мебошанд. Зеро ҳоло ҷавонҳо бо рӯбардоркунӣ ва сибқат бештар машғуланд, усули таҳқиқ ва ахлоқ ё этикаи тадқиқоти илмиро сарфи назар мекунанд, дастовадҳои олимони чдигарро ба худ нисбат медиҳанд. Барои ин чанд сухан дар бораи масъалаҳои методологии илм, маърифатшиносӣ ё эпистемологияи Берунӣ дар ин ҷо барои хонандагони мо иброз медоштед?

Ҷавоб: Дар раванди баёни моҳияти масъалаҳои эпистемологӣ ё назарияи маърифат мутафаккир системаи ибтидоии маърифатро ба тамомӣ ба се қисм тақсим мекунад: ҳисс, ақл ва қалб. Абурайҳон Берунӣ ба нақши ҳиссиёт чун омили бунёдӣ дар дарку маърифати олам баҳои сазовор додааст. Албатта нақши ҳиссҳо чун воситаи ибтидоии дониш дар таҷрибаҳои илмиву амалии худи мутафаккир хеле бузурганд. Боварӣ доштан ба эҳсосот ва ҳиссиёти аввала заминаи муҳимест барои мушоҳидаҳои амалӣ, зероки бисёр одамон, ба андешаи Берунӣ, дар зери таъсири назарияҳои дигарон маълумоти ҳиссҳоро нодида мегиранд. Таассуб на танҳо дар дину маросимҳои динӣ, балки дар илму сиёсат низ роҳ ёфтааст ва меёбад. Ба андешаи Берунӣ “Таассуб чашмҳоро кур мекунад, мағзҳоро хушк мекунад”.

Дар ин масъала менигорад:

“...Оре, таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад ва шахсеро мӯътақид ба умуре менамояд, ки хираду дониш онро гувоҳӣ намедиҳад. Ва агар таассуб ва ҳаводорӣ беҳуда ва ғалат набуд, ҳаргиз бар хотири ин қавм чунин ғалатҳо таҳдид намекард.”[28] Баъди ин суханҳо Абурайҳон ба таври мисол назари нуҷумии дар солнома ва ҷадвалҳои мансуб ба фарорасии моҳҳо (махсусан шаъбону рамазон) дар кутуби шиаи зайдияро чун ривоёт ба қалам медиҳад.

Беруни ба ривоёт ва ахбор бо шубҳа нигоҳ мекунад. Пас ривоёт ва ба ин монанд манбаъҳои дониш манбаи дурусти дониш ва махсусан дониши илмӣ нестанд. Инсон бояд ба воситаи қувваи биноӣ барои маърифати олами офаридаи Худованд кӯшиш кунад ва маълумоти ҳисси биноӣ дар тасмимгирии ақлонӣ кӯмак мекунанд. Ҳисси шунавоӣ бошад , ба андешаи мутафаккир, барои аз худ кардани суханҳои Оллоҳ (улуми нақлӣ) мақоми муҳим дошта бошад, яъне барои дарки додаҳои илми нақлӣ (илми қалом ва ғ). Ҳамин тариқ, Берунӣ чунин мешуморад, ки агар ҳиссҳо (биноӣ) барои Акли инсон дар шинохти Оламу (офариниши Худо) ва (шунавоӣ) барои азхудкардани суханони Худо (Куръон) мадад кунанд, инсон боз эътиёҷ ба қувваи Ақл ва Қалб дорад. Дониши ҳиссӣ ва эҳсосот, ба фикри Абурайҳон манбаи тамоми донишҳои инсон шуморида мешаванд. Дар асари “Китаб-ал-Джавоҳир” ё “Минералогия” Абурайҳон ба тамоми воситаҳои ҳисс ба таври мушаххас баҳогузорӣ ё характеристикаи алоҳида дода, хусусият ва макони моддиву ангезандаҳои онҳоро номбар мекунад, ӯ эҳсосотро зинаҳои муҳими гузариш аз дониши ҳиссӣ ба дониши ақлонӣ (муҳокимаронӣ, хулосабарорӣ, баёни фикр аз тариқи фаразия, назария) мешуморад.  Берунӣ чунин мешуморад, ки агарчи инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва қувваи ҳиссӣ аз дигар мавҷудоту ҳайвонот заифтар бошад, Худо маҳз бо сазовор гардонидани ӯ бо ақл ӯро ҳамчун мавҷуди шариф ба ҷойнишинии худ дар рӯи Замин (халифат-ул-арз) вазифадор кардааст. Берунӣ нафсро бе тан, бе ҷисм тасаввур намекунад, нафс фақат дар ҷисми ба таври махсус ташаккулёфта вуҷуд дошта метавонад.[29]

Ҳамин тариқ, агар ба суоли гузоштаи шумо баргардем, эътироф бояд кард, ки саҳми Абурайҳони Берунӣ дар пешниҳоди усулҳои таҳқиқи илмӣ ва ё методоложии тадқиқоти илм хеле бузург аст. Дар масъалаҳои методологияи илм, маърифат ва эпистемологияи Берунӣ сухан ронда зикр кардан зарур аст,ки ӯ роҳ ба сӯи дониши ҳақиқиро дар санҷиши такрор ба такрори фаразияхои илмӣ, тахминҳо ва аҳкомҳои қабулгардида ё ба ибораи имрӯза усули санҷиш (ё ба истилоҳи ғарбиён верификация) мебинад. Итминон дошт, ки тамоми ақидаҳоро ба воситаи дар амал санҷидани онҳо таҳлил ва баррасӣ кардан мумкин аст. Ба ақидаи ӯ ягон фикри илмӣ ва ақидатиро наметавон аз роҳи тақлиди кӯр-кӯрона қабул намуд. Ин хулосаи методологияшро ӯ борҳо дар Китоб-ал-ҷавоҳир (Минералогия), Мол ул-Ҳинд ва Геодезия (заминченкунӣ) таъкид мекунад. Дар ин раванд Абурайҳон дар муқобили дониши муроқибавӣ дониши озмунӣ ё эксперименталӣ мегузорад. Айнан бо ҳамин чунонки дида шуд, ӯ системаи кайҳоншиносии Арасту ва Ибни Сино, назарияи онҳо дар бораи “макони табиӣ” ва назарияи хало дар баробари заррачаҳои хурдтарин (атомҳо)-ро, ки аз тариқи дониши муроқибавӣ ба даст оварда шуда буданд, рад карда буд. Дар ин бора ӯ дар мукотибаи худ бо Абуалӣ ибни Сино баҳси тунду тез мекунад, андешахои Арасту ва пайравонашро ба чолиш мекашонад. Айнан бо истифода аз ин усул дар асараш “Мол-ул-Ҳинд”  ӯ “илмҳои ботил” (фолбинӣ, фолнома аз тариқи усули астрологӣ, бурҷҳои осмонӣ ва ғ.)-ро рад мекунад ва бо мушоҳидаҳои бевоситаи илмии фалаки осмон, ситораву сайёраҳо, бо дастёбӣ ба донишҳои мушоҳидашаванда ва бунёдӣ  дар асараш “Геодезия” мақоми илми астрологияро, ки ба тахмину боварҳо асос ёфта буд ва дар назди шоҳону ҳокимон мавқеи муайян гирифта буд, камаразиш мешуморад. Айнан ҳамин тавр бархурд Абурайҳони Берунӣ ба “илми” ба истилоҳ “ал кимиё” ё “алхимия” дошта буд. Баъдан илми пешрафтаи Аврупо ҳам дар ҳалли масъалаҳои мазкур ба ҳамин натиҷаҳо расида буд.

Назарияи эпистемологӣ ё маърифатшиносии Абурайҳони Берунӣ ҳанӯз масъалаи заминаҳои пайдоиши ақли инсониро ба таври таҳаввул (эволютсия) намегузорад, ӯ ақлро қобилияти ирсии инсон тасаввур мекунад. Вале ба андешаи ӯ Инсони дорои ақл на фақат дар назди инсоният, балки дар назди олами наботот ва ҳайвонот низ масъул аст, бо пайдоиши умумикайҳонии худ ақли инсон мувваззаф аст ки онҳоро бо қудрати ақл на фақат мавриди истифода қарор бидиҳад, балки муҳофизат ва нигоҳдорӣ  намояд. Вале раванди донишандӯзӣ бо фаъолияти ақли назарӣ (ба ибораи имрӯзаи русӣ бигӯем, теоретическое ё абстрактное мышление) ба охир намерасад. Озмун ё эксперимент дар ин раванд хеле заруранд. Аз ин ҷост, ки дар баробари ҳиссу ақли назарӣ, чунонки ишора рафт, Абурайҳон дар раванди дониш ба мақоми таҷруба, озмун ва ё эксперимент диққати махсус медиҳад, чизе ки таълимоти фалсафии ӯро аз дигар мутафаккирони мусулмон фарқ мекунад. Ӯ ҳаргуна занну гумони худро дар раванди таҳқиқ ҳатман аз тариқи озмун дар табиат месанҷад:

Дар ин масъала ӯ мефармояд: “дар вуҷуди ман дар робита ба ин масъала шак пайдо шуд, ки онро фақат таҷруба ва озмуни такрорӣ бартараф карда метавонист...”.[30]

Диққат деҳед: тарҷруба ва озмуни такрорӣ! Магар дар ҷаҳони ислом ва тамаддуни он чашмҳо торик шуданд, ки ин нуқтаи муҳими маърифатшиносиро надиданд ва дарк накарданд. Чаро аз паси Абурайҳон кам касе вориди майдони баҳси илмиву амалӣ шуд?! Таърихи илм ба ин гуна суолҳо бояд ҷавоб гардонад.

Дар “Геодезия” ӯ таъкид мекунад ки ин вазифаи муҳаққиқ аст,ки “мушоҳидачии дақиқкор бошад, натиҷаи корҳои худро на як бору ду бор санҷида бинад, худро ва ақидаи худашро ҳамвора тафтиш, ё бознигарӣ кунад”. 

Магар бисёре аз муҳаққиқони имрӯз ин корро мекунанд?! Воқеият ин аст, ки на ҳама! Як хислати нотакрори назарияи маърифати Берунӣ он аст, ки ӯ дар ба даст овардани дониш ба ягон шабаҳ ё “бут” (ба истилоҳ, авторитет), чи шахсҳои машҳуру чи назарияҳои олӣ (инро дар мукотибаи ӯ бо Ибни Сино дидан мумкин аст) такя карданро воҷиб намедонад. Дар тафовут аз Абуалӣ ибни  Сино ӯ пайрави ягон мактаби мафкуравиву ақидатӣ нест. Муаллими ӯ ба ғайр аз осори гузаштагон боз ва бештар худи ҳаёт ва табиат аст.

Суол: Ба назари Абурайҳони Берунӣ асоси дониш ва ҳақиқат чист? Ин барои он муҳим аст, ки чунонки шумо пештар фармудед, ҳоло ҷавонон аз манбаҳои гуногуни дониш (асосан интернет) бе санҷиши интиқодӣ истифода мебаранд ва онро ҳақиқати бебаҳс мешуморанд. Дар ин замина чунонки фармудед, муҳаққиқони ҷавон ба нусхабардорӣ ва сибқат даст медиҳанд ва гурӯҳи дигаре дар зери таъсири таблиғоти бегонагон ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд. Дарси Абурайҳон ба ҷавонон дар ин мавзӯъ чи гуна аст?

Дар бораи усул ё методология кори илмӣ сухан ронда бояд қайд кард, ки Берунӣ асоси дониш ва ҳақиқатро таҷруба ва озмун мешуморад, вале бо вуҷуди ин ӯ ба мавқеъ ва макоми назарияву назариясозӣ дар илм назари мусбӣ дорад, зеро тибқи фаҳмиши ӯ назарияҳоро ба воситаи озмун санҷидан мумкин аст, вале инсони алоҳида наметавонад, ки тамоми ҷузъиёти илмҳои гуногунро фаро бигирад ва шахсан худ ҳама чизро бисанҷад. Маҳз ба шарофати дониши бои назариявӣ ба Абурайҳони Берунӣ муяссар шуд, ки ҳанӯз дар асрҳои даҳу ёздаҳ ба кашфи қитъаи дигаре мувозин (симетрӣ) ба Авруосиё, ба кашфи қитаъе баъдан бо нами Амрико дастрасӣ пайдо кунад. Ин як афсонапардозӣ набуд, балки қудрати илмро таҷассум намуд.

Аз ин рӯ ҳооло ҳам зарур аст, ки олими табиатшинос ба ғайр аз донишҳои таҷрубавӣ бо назарияҳои фарогири фалсафӣ мусаллаҳ бошад, то ки бо манзараи умумии сохтори олам, олами беканори ситоразор, қонуниятҳои он, таърихи асосҳои таҳқиқи соҳаҳои мухталифи илм ошноӣ дошта бошад:

“Шахс фақат дар сурате бо илм машғул шуда метавонад, ки бо донишҳои амалӣ ва аниқ мусаллаҳ бошад. Вале дар баробари ин олим бояд ҳатман дорои асосҳои дониши фалсафӣ бошад, ки дар бораи тамоми ҷиҳатҳои илму олами атроф маълумоти бунёдӣ ва кофӣ дошта бошад, зеро умри кӯтоҳи инсон ба ӯ имконият намедиҳад, ки дар ҳамаи илмҳо ба андозаи баробар ворид (дастёб) бошад.”[31]

    Дар ин раванд Берунӣ барои намунаи беҳтарини фаолияти илмӣ ба таҷрубаи юнониҳо муроҷиат мекунад, ки тамоми ҳастиро мавриди омӯзиш қарор дода ҳақиқатҳоро аз таҳқиқи шаклҳои худи ин ҳастӣ кашф мекарданд. Аз ин рӯ барои аксарияти юнониҳо ва худи Берунӣ меёри ҳақиқат, ба истилоҳ, на тахминҳои хаёлӣ ва назарияҳои бофта, ба мисли астрология ва алхимия, балки таҷруба буд. Берунӣ тамоми он олимҳоеро, ки аз таҷрибаву озмун дур буданд ва аз натиҷаҳои пештараи илмӣ, аз анъанаву суннатҳои илмии пештара ноогоҳ, ки бе дарназардошти шароитҳои таҳқиқ, вақт ва макони таҳқиқ ба онҳо муқаллидона пайравӣ мекарданд, сарзаниш мекунад. Дар ин раванд набояд хулоса баровард, ки Берунӣ мехоҳад, ки тамоми масъуляти кори илмиро бори як ё ду олими озмунгар бикунад. Ба қавли ӯ, чунонки зикр рафт як нафар наметавонад ки аз имконияҳои фардии худ болида гардида гумон бикунад, ки ҳама асрори оламро фаро гирифта метавонад. Ӯ бояд он бахшу қисматҳоеро ки дар онҳо ӯ ворид нест, ба шахсони мутахассис бовар бикунад, дар акси ҳол чунин олим “худ ҳисоби корро гум намуда” ба натиҷаҳои номатлуб мерасад.[32]

   Намунаи амалии усули гурӯҳии таҳқиқот ва санҷиши натиҷаҳои онро Абурайҳон дар мисоли ҳамкории худ бо риёзидон ва мунаҷҷими хуросонии асри даҳум ба мисли Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва  Абул Вафо ал-Бузҷонӣ нишон медиҳад. Дар маврди Абул Вафо Берунӣ хабар медиҳад ки онҳо дар соли 387 ҳ.қ. (997 м.) дар як вақт падидаи гирифтани Моҳтобро, яке дар Бағдод ва дигаре дар Кот (Хоразм) мушоҳида намуда, ба натиҷаи якхела расиданд, ки фарқияти байни гирифта шудани Моҳ дар ду ҷо ҳамагӣ дар як соат буд, ки дар муқоиса бо натиҷаи ҳисоби асбобҳои мушоҳидавии имруза ҳамагӣ 5 дақиқа фарқ доштанд.

       Барои ошкор кардани дурустӣ ва ҳақиқати сарчашмаҳои хаттиву шифоӣ Абурайҳон пешниҳод мекунад, ки онҳоро бояд олим пеш аз истифода кардан хеле бодиққатона ва мушикофона аз сарҷиш гузаронид, нусхаҳои гуногуни онҳоро бо ҳам муқоиса бикунад. Ин талаботи илмӣ ҳам барои илмҳои табиӣ ва ҳам барои ҷомеашиносӣ хеле муҳим аст. Ба андешаи ӯ ҳар гуна хулосабароии илмӣ фақат дар сурате қобили қабул аст, агар муаллиф тамоми раванди ҳаракати фикри худ ба сӯи натиҷаи онро тасвир бикунад, яъне нишон диҳад, ки чи гуна, аз кадом роҳу тариқ ба ин натиҷа расидааст ва оё ин усули таҳқиқ қобили қабул аст ё на? Агар олим дар ифшои кори роҳнамоӣ ё методоложӣ ва маълумотҳои ибтидоӣ сустиву кундӣ нишон диҳад, ё ин сарчашмаҳои илмӣ аз тарафи ӯ истифодашуда барои ҳама шаффоф набошанд, ё ки муаллиф аз ифшои камбудиҳо, норасоиҳо ва душвориҳои кори худ руй бипӯшад - ин омили нобоварӣ ба муаллиф хоҳад буд. Муносибати Берунӣ ба илм нишон медиҳад, ки серталибӣ ва самимият нисбат ба кори худ яке аз шартҳои кори илмӣ мебошад. Инро Берунӣ дар мисоли таҳқиқотҳо дар соҳаи математика ва астрономия нишон медиҳад. Абурайҳон менависад:

 “Он ки аз болои осмони ситоразор (нуҷум, илми ҳайат) мушоҳида мегузаронад, бояд ба дараҷҷаи баланд эҳтиёткор бошад, хатову ғалатҳои худро пайгирӣ бикунад, худро доимо мавриди санҷиш қарор дода саъю кӯшиш нишон диҳад, то дар кори ӯ ҳолати дилгирӣ ба вуҷуд наояд”,[33] ки он ба натиҷаи таҳқиқот таъсири манфӣ мерасонад.

Дар кашфи ҳақиқатҳои илмҳои дақиқ ва астрономия Абурайҳон ба ҷои тахмину тахайюл усулҳо ва асбобҳои мушаххаси техникиро пешниҳод мекунад, ки дар гузашта ё ба шакли ғайримукаммал буданд ё тамоман вуҷуд надоштанд. Яъне асбобсозӣ усули нави ба даст овардани донишеро ба вуҷуд меорад, ки аз доираи панҷ ҳисси инсон ва ақли назарии ӯ ва мантиқи суннатии инсон (чи юноиву чи ҳиндӣ) берун мебарояд. Дар ин росто, аз ҷумла соли 994 ӯ барои ҳисоб кардани баландӣ ва азимут ё самти Офтоб аз рӯи сояҳои он дар наздикии Қот (Хоразм) доираи уфукие дорои гномони диаметри 7,5 м. сохта буд. Соли 1016 ӯ дар Гурганҷ барои мушоҳидаи Офтоб ва ситораҳо квадранти дорои 3 м.- ва соли 1019 квадранти дорои диаметри 4,5 м.-ро такмил дод. Ҳамин гуна корҳоро Берунӣ дар вақти сафар ва мушоҳидаҳо дар Ҳинд ҳам ба амал оварда буданд. Ин гуна амалу озмунҳо ва ихтирокориҳо дар таърихи илму тамадуни мардумони мусулмон, махсусан тоҷикону эрониён хеле бисёр буданд, вале бар асари омилҳои сиёсиву мазҳабӣ (таассуби амирону мардуми авом) таъсири онҳо барои ҷомеа нодида гирифта мешуд ё бар зидди онҳо аксуламалҳо ба вуҷуд меомад. Чунончи Султон Маҳмуд дар айёми будиши Берунӣ дар дарбори Маҳмуд як сафири худро баъди додани баёнот дар бораи мушоҳидаҳои худ дар кишварҳои Шимоли дур (Арктика) ва тасвири шафақҳои шимолӣ (северное сияние) ба ҳукми қатл маҳкум намуд. Худи Берунӣ низ барои мушоҳидаҳо ва даъватҳои илмӣ аз тарафи ин ҳоким ба унвони қарматӣ маҳкуми қатл шуда буд....Бояд гуфт, ки чунин тарзи тафаккур (таассубу бадбинӣ ба илму олимон) ҳоло ҳам дар байни мусулмонон ҷой дорад.   

     Ҳамин тариқ, чунонки ишора рафт, Усули таҷрибавии таҳқиқот ва санҷиши такрорӣ (ба истилоҳ верификатсия) дар осор ва эҷоди илмии Абурайҳони Берунӣ ва дигар мутафаккирони тоҷику эронӣ ва Осиёи Марказӣ мавқеи хеле бузург доранд, вале ҳокимони давр ба ин гуна ташаббусҳои илмӣ таваҷҷуҳ намекарданд ва баъакс барои худ хатарнок ҳисобида ба онҳо бо таассуб ва бадбинӣ бархурд мекарданд. Маҳз аввалин устурлоб (харитаи замин ва осмон) ё глобусе (харитаи замин) ки аз тариқи илмӣ пешниҳод шуда буд, Абурайҳони Берунӣ бо истифодаи аз ин усулҳо сохта буд. Ӯ мегӯяд:

“...ман аввал тамоми маълумоти илмии мавҷударо аз китобҳо (ҷуғрофиёи Птолемей, осори олими намоён Ҷайҳонӣ ва ғ.) ҷамъ карда онро бо ҳам муқоиса кардам, баъдан бо мушоҳидаву додаҳои тамоми он сайёҳону баҳрнавардон кӯшиш намудам, ки вохурам ва “он маълумоти парокандаи китобиро бо ахбори зиндаи ҷаҳонгардон як ба як муқоиса кардам, боварибахш будан ё набудани гуфтаҳои худи сайёҳонро дар муқоиса бо якдигар санҷидам ва дониши ҳосилшударо дар рӯи харитаи устурлоб (глобус) дар фосилаи муайяни уфуқи ва тулӣ тасвир кардам ва кашидам. Дар ин кор, мегӯяд ӯ, ман на маблағ ва на қувваи худро дареғ дошта будам. Баъзан натиҷаҳои ба даст омадаро дар дафтар сабт мекардам ва онро дар хотир намедоштам, то дар фурсати мувофиқ ба он баргардам, вале борҳо мешуд, ки бо сабабҳои гурудори замона ин дафтару натиҷаҳои илмӣ аз байн мерафтанд.[34]

   Ҳоло ин гуна сабру тоқат ва матонати илмиро тасаввур кардан хеле душвор аст. Бо вуҷуди ин ба Берунӣ муяссар шуд ки аввалин устурлоб ё глобуси илмиро бо тасвирҳои курравии арзу тули замин созад ва мавриди истифода қарор диҳад. Ҳамин тариқ, чунонки дида мешавад Абурайҳон системаи илмии худро на фақат дар заминаҳои назарияҳои мавҷуда (то замони ӯ расида), балки дар пояи амалияи илмӣ барқарор мекунад, зеро ӯ ҳамзамон аз имкониятҳои илми мантиқ, махсусан, усулҳои дедуктивӣ ва индуктивии таҳқиқот баробар истифода мебарад. 

      Як ҷиҳати дигари кори илмӣ ин маълумот додан дар бораи пешинаи таҳқиқ аст. Яъне олим бояд дар бораи хидмати он муҳаққиқоне, ки дар омӯзиши мавзӯъ дар гузашта саҳм дошанд, маълумот диҳад. Ин талабот на фақат ба ҷиҳати ахлоқии кори илмӣ марбуд аст, балки ба натиҷаи ниҳоии кори илмӣ таъсири бузург дорад, баён медорад Абурайҳон. Берунӣ дар ин робита ва дар ин радиф хидмати  Абул Аббос ибни Ҳамдун, Сулаймон ибни Исмаъ-ас-Самарқандӣ, ва дигар мунаҷҷимони асри нуҳум (IX) қайд ва доир ба онҳо маълумот медиҳад. Берунӣ иброз медорад, ки Исмаъ ас-Самарқандӣ аввалин бор дар Балх бо квадранти девории диаметраш 4 м. бузургии майли сатҳи эклиптика (майлулазим)-ро нисбат ба экватор (ё хатти истиво) ҳисоб карда баромадааст. Дар баробари ин Абурайҳон оид ба олимони илми нуҷуми асри даҳум (10) Абулҳасан Ахмад ибни Махаммад ибни Сулаймон аз Заранҷ ва Абу Али Муҳаммад ибн Абдулазиз ал-Ҳошимӣ аз маҳалли Рикка (шояд Ракка), дар бораи Абулфазли Ҳиравӣ (аз Ҳирот, ноҳияи Эрони қадим ва ҳоло дар Афғонистон), ки дар Рай бо олими номӣ Абуҷаъфар ал-Ҳазинӣ корҳои бузурги илмӣ мебурд, дар бораи мунаҷҷими дарбори Маъмун Синд ибни Алӣ, ки аввалин бор бузургии курраи заминро аз куллаи кӯҳ ҳисоб карда буд, дар бораи Маҳмуди Хуҷандӣ, ки аввалин бор секстанти Фахриро офарида буд, бо мамнуният маълумот медиҳад ва хидмати ҳар яке аз онҳоро қайд мекунад.

   Бояд қайд кард, ки ин гуна дақиқкории олим на фақат барои илме аҳамият дорад, ки дар он ӯ тадқиқот мегузонад, балки ба таври куллӣ барои тамоми илми усули таҳқиқ, барои тарбияи олим, барои таърихи илм ва махсусан барои таърихи тамаддуни ватанӣ аҳамият дорад. Барои мисол Абурайҳон дар вақти буду боши худ дар шаҳри Ғазнӣ дар бораи кашфи зидҷе (харитаи осмон) маълумот медиҳад ки дар рӯи пуст тасвир шуда ҳанӯз дар давраи  эраи Диоклетелион[35] сохта шуда будааст. Ин андешаҳои Абурайҳон, ки зикрашон дар боло рафт, аз доираи назари илми маърифатшиносӣ ё гносеологияи анъанавие ки дар Шарқу Ғарб васеъ паҳн гашта буд, берун мебарояд ва ба дараҷаву мақомоти эпистемологияи замони мо (масалан ба усули фалсафаи таҳлилии Куайн, ки пешниҳод мекард то ки олим заврақи илмро мунтазам таъмир намояд, дар акси ҳол дар дарё ғарқ хоҳад шуд!) наздик мешаванд. Ин гуна андешаҳоро ҳоло ҳам метавон ба роҳбарӣ гирифт ва дар тарбияи муҳаққиқони ҷавон истифода бурд, зеро раванди рушди илми ҳозира нишон медиҳад, ки ахлоқи таҳқикоти илмии замони мо беҳбудиро тақозо дорад.

Суол: Агар имкон дошта бошад, мегуфтед, ки вижагиҳои дигари фалсафаи донишу маърифати Бирунӣ аз чи иборат аст?

Дар ин ростӣ як чизро набояд нодида гирифт. Зеро дар баробари расолати ақлонии инсон Абурайҳони Берунӣ ба қувваи маърифатии қалб диққат медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки ӯ ба мақоми қалб аз дидгоҳи нигоҳдошти суботи ҷомеа ва мақоми оромиши рӯҳ аз тариқи дин, риояи ахлоқи пазируфта дар ҷомеа бархурд мекунад ва ба таври махсус таъкид мекунад, ки ба андешаи ӯ қувати ақл аз тариқи омехтани он бо қалб дучанд зиёд мешавад. 

       Бо такя ба ҳамин гуна андешаҳо, бо вуҷуди ин фалсафаи Беруниро ба таври кулл метавон фалсафаи табиатшиносона, натурфалсафӣ- рационалистӣ номид, зеро барои системаҳои ҷаҳоншиносии натуралистии чи Шарқу чи Ғарб дар баробари муҳокимарониҳои соф мантиқӣ, ҳамин гуна ҳаволаҳо ба қувваҳои рӯҳонӣ, фавқулодда куллӣ ва фавқуттабиӣ низ хос аст, зеро онҳо медонистанд, ки вақте онҳо оид ба ҷаҳони беканор ва то охир донистанашуда сӯҳбат мекарданд, маълум буд, ки барои ҳар як фард тамоми он беохириро бо усулҳои мантиқӣ дарк кардан ва фаро гирифтан аз имкон берун аст.

Суол: Шумо чанде аз андешаҳои зидди таассуби Беруниро қайд кардед. Агар имкон дошта бошад, каме аз озодандешиҳои Абурайҳон сухун гуем. Чун ҳоло таассуб аз сари нав ба маркази афкори ҷомеа ворид шдудааст, шарҳ бидиҳед, ки назари Берунӣ ба астрология, фолбинӣ ва назарҳое ба ҳамин монанд чи аст?

Ҷавоб:    Дар осори Берунӣ ва бо иқрори баъзе аз муҳаққиқон, дар баъзе мавридҳо дар ҷаҳонбинии Абурайҳон тобишҳо аз андешаҳои озодандешона ва то ҳатто  деистӣ зуҳур мекунанд, ҳарчанд ӯ ба аҳкомҳои асосии дини ислом дар бисёре аз маворид назари интиқодӣ дошт, вале ба ин аҳкомҳо ба таври куллӣ эътиқодманд буд, ба онҳо зиддияти шадид низ нишон намедод ва дар “Осор ул боқия” ба амри зурурият расолати ҳар гуна дин (зардуштия, яҳудият, масеҳият, ислом, боварҳои динҳои ҳиндиву буддоӣ)-ро барои кашфи ҳақиқатҳои нуҳуфтаи гузашта, ҳақиқатҳои замони куҳан ва инчунин оромиши равонии ҷомеа таъкид мекунад. Дар баробари ин, чунонки дида шуд, У таассуби диниву мазҳабиро дар ҳаргуна шакле ки набошад, маҳкум мекунад. Инро дар таҳлилу баррасии дини зардуштӣ, монавӣ, маздакия ва мазҳаби исломии ба ном қарматӣ (исмоилияи Осиёи Марказӣ) дидан мумкин аст. Ӯ ҳаргуна айбномаҳоро аз онҳо мебардорад ва заминаи бадбинии мазҳабиро дар манфиатҳои моливу гуруҳҳӣ мебинад. Абурайҳон собит мекунанд, ки ақидаи “никоҳи макорим” (никоҳи хешутаборӣ) дар бораи зардуштиён ва ягонагии зан дар бораи маздакиён аз афсонае беш нест. Берунӣ аҳамияти фолбинӣ ва муайян кардани асрори олам аз тариқи астрология (бурҷҳои фалак) ва усулҳои ғайриҳирфаии таҳқиқотро шадидан танқид карда моҳияти маърифатии онҳоро ба зери суол мегузорад. Астрология ба назари Берунӣ “на илм аст, балки санъати фолбинист”, ки ба ҳақиқат такя намекунад. Ӯ менависад:

“Онҳо (астрологҳо) бо воқеияти ҷисмҳои илми нуҷум (астрономия) кор надоранд, онҳо бо номҳо кор доранд. Онҳо он қадар ба пайравии ақидаҳои кӯҳна дода шудаанд, ки омилҳои табиӣ ва воқеияти аслии илмӣ барояшон арзиш надорад”.[36]

    Дар маҷмӯъ Абурайҳони Берунӣ олими якрӯ ва воқеъбин аст, вале шахси бедин ҳам нест, бо вуҷуди ин ӯ ба дахолати дин дар масъалаҳои илмӣ комилан зид аст. Ин нукта барои замони мо хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд, ки баъзан кор то ҷое мерасад, ки “одамони мутаассиб ва нодон” аз номи аҳли дину имон олимони касбӣ ва файласуфонро аз рӯи аҳкоми шариат ҳукм карда, онҳоро дар “бидъат” гунаҳкор мекунад, ба натиҷаҳои илм зиддияти шадид нишон медиҳанд, мантиқи Арастуро куфр мехонанд, дар ҳоле ки намедонанд, ки он воқеият дошта аз рӯи қонуниятҳои ақл сохта шудааст”.

    Маълум аст, ки ақл инъикоси воқеият аст. Дар асари “Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин”//Геодезия ё заминшиносӣ/ Абурайҳон маҷбур мешавад, ки барои дифои илму фалсафа ҳақиқатҳои фалсафии Арастуро то ҳатто бо истифода аз сураҳои қуръонӣ дастгирӣ кунад.[37] Бо вуҷуди дифои одилонаву оқилона аз илму фалсафа, ба таври кулл дар ҷустуҷӯи илмӣ ӯ ақидаҳои кӯҳнашудаи Арастуро намепазирад, онҳоро чи дар илм ва чи дар фалсафа шахшуда ва ба истолоҳи замони мо, догма мешуморад. Ба ин гурӯҳи ақидаҳо боз назари Арасту доир ба дар оянда аз байн рафтани баҳру уқёнус аз рӯи  сайёраи Замин мебошанд, ки Берунӣ комилан қабул надошта буд.  Вале илми ҳозира собик кардааст, ки замоне об дар рӯи Замин вуҷуд надошт ва он ба мисли қабати атмосфера дар раванди таҳаввули кайҳон дар рӯи ин сайёра пайдо шудааст. Падидаҳои табиӣ, сайёраву ситораҳо пайдо мешаванду дар давоми миллиардҳо сол аз байн мераванд ва боз силсилаи нави ситораву сайёраҳо пайдо мешаванд ва ин кор беохир аст.

     Вале оё як ҳақиқати қобили қабул дар илму фалсафа барои ҳама ва барои ҳама вақту замон вуҷуд дошта метавонад, махсусан дар дину мазхаб? Маълум аст,ва табиист, ки бисёре аз уламои дин даъвои илми абадият ва донишҳои абадӣ мекунанд. Бо вуҷуди пазируфтани гуногунандешиву рангорангии фарҳангҳо дар масъалаи ҷаҳонбинии динӣ Абурайҳон шубҳа баён мекунад, ки:

 “чи тавр як ҳақиқат метавонад, ки одамони пайрави дину мазҳабҳои мухталифро муттаҳид кунад, дар ҳоле ки мавзӯъ ё объекти ибодати онҳо гуногунанд”.[38]

Ин як нуктаи калидӣ аст дар мавриди имкониятҳои маърифатии дину мазҳаб дар масълаи дарёфти ҳақикат. Маълум аст, ки Дин низом ва суботро мехоҳад, илм ҷустуҷуву ҳақиқатро, ки бо азхуд гузаштаниҳо, дар ба гирбон шудан бо низом ва риск ҳамроҳ аст. Берунӣ чун олими табиатшинос ба мақоми шубҳа (скепсис) дар дониш диққати махсус медиҳад, аз ҷумла, ба ҳақиқати ақидаи динии масеҳӣ, ислом ва инчунин Қуръон дар мавриди раванди офариниши олам, давомоти вақту офариниши олам (замони пайдоишҳ ё “синну соли олам”) ҳам шакк меорад ва ақида баён мекунад, ки оғози олам ё синну соли оламро муайян кардан аз имкон берун аст. Барои муайан намудани ин ҳанӯз қобилияти инсону тамаддуни он камӣ мекунад, ин корро як ё ду ва бештар насли инсоният карда наметавонанд. Дар ин маврид ӯ зиддиятҳоеро низ дар Қуръон пайдо мекунад, ки дар сураҳои он як ҷо “давомоти рӯзи офаринишро ҳазор сол” ва дар ҷои дигар “панҷоҳ ҳазор сол” ҳисоб мекунанд.[39] Ба андешаи Абурайҳон зарурияти ғун кардани дониш ва пайдоиши илм аз талаботи ҳаётии инсон сарчашма мегирад, зеро илм ин машғӯлияте барои дилхушӣ нест, балки роҳе аст барои шинохти беҳтари дунё ва беҳдошти хубтари зиндагӣ аст. Аз ҷумла, ӯ пайдоиши илми ҳисобро бо ченак кардани замин ва тақсими моли мерос алоқаманд мекард.  Дарки ҳақиқатҳои илм, аз нигоҳи Берунӣ дар асари зикргардидааш Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//“Геодезия”, кори тулонӣ ва роҳи дуру дароз аст, зеро донишҳои инсонӣ “дар муқоиса ба донишҳои мутлақ”и нақлӣ хислати нисбӣ дошта инсон қудрат надорад, ки яку якбора ҳақиқатро ба тамомӣ ба даст оварад.[40] Донишҳои нисбии одамонро, ба қавли ӯ, фақат олимони бузург дар давоми асрҳо пурра мекунанд. Дар китобҳои муқаддаси гузашта баъзе ҳақиқатҳо ба шакли рамзӣ баён ёфтаанд, ки рамзи онҳоро бояд кушод.

Суол: Пас осори Абурайҳони Берунӣ ва дигар мутафаккирони гузаштаи форсу тоҷик кӯҳна нашудааст ва чун мо дар асри атом ва ҷаҳоншумолӣ (глобализатсия) зиндагӣ дорем, оё он ҷавобгӯи ниёзҳои насли имрӯзаи ҷомеа аст?

Ҷавоб: Илм дар ҷустуҷӯи доимии ҳақиқат аст, воқеан ҳақиқатҳо нав мешаванд, ҳақиқатҳои рӯзгори гузашта кӯҳна шуда чун таассуботу догма ҷои худро ба донишҳои нав медиҳанд. Ва чун зиндагӣ дар як ҷо қарор мегирад, пеш меравад, он маърифтату донишҳои навро тақозо дорад. Бо асбобу анҷоми ҷомеаҳои деҳқонӣ наметавон кайҳони нопайдоканор ва ҷомеаи пешрафтаи муосирро шарҳу тафсир ва кашф намуд. Дар баробари ин албатта ҳақиқатҳои собит ҳам дар илм вуҷуд доранд, чархи таърих наметавонад, ки ҳама гуна таҷрибаи инсонӣ ва ҳақиқатҳоро ба коми худ фурӯ бибарад. Ва ҳоло мо дар ҷомеаи саноатӣ ва ҳатто пасосаноатӣ қарор дорем, ҷомеаи имрӯза дар заминаи истифодаи нанотехнологияи рақамӣ, иттилооти навтарин пеш меравад. Ҳатто абзори маърифатии замони шӯравӣ барои дарку аз худ намудани дунёи нав кӯҳна шудааст. Дар баъзе аз мавридҳо ҷаҳони Ғарб ҳам аз пешрафт огоҳии комил надорад. Мо ҳама имрӯз савори як киштием. Эпистемология, системкаи донишҳо ва абзорҳои нави донишро аз худ бояд намуд, то киштии мо дар дунёи зудтағийрёбанда ғарқ нашавад.

   Вале бо вуҷуди ин таҷрибаи илмии юнониён, эрониён ва ҳундувон ҳамин гуна ҳақиқатҳоро дар бистар ва бағал доранд, ки барои наслҳо хизмат кунанд. Таҷрубаву бойгонии таърихи инсоният гаҳвораи дунёи маънавии инсоният мебошанд. Айни ҳамин фалсафаи табиатшиносӣ, таълимоти маърифатшиносиву фалсафаи илмшиносии мардуми тоҷику форс ва мардумони Осиёи Марказӣ таҷрибаи ғании таърихӣ дорад, он то ҳанӯз ҳам ба ҳеҷ ваҷҳе кӯҳна нашудааст (дар ҳоле, ки то ба имрӯз аз тарафи ин миллат дуруст омӯхта нашудааст!) ва дар сурати мавҷудияти ҳусни нияти нек ва омузиши интиқодӣ метавонъад ҳоло ҳам чун сармояи иҷтимоӣ таконбахши пешрафт бошад. Он инчунин дар тарбияи фикрӣ ва ҷаҳонбинии илмии насли ҷавони миллат хизмати шоиста дошта бошад. Таърихи илму фалсафа бойгонии тафаккур (ба ибораи К.Маркс шираи фикрии замони таърихӣ аст ё квинессенсияи замон) аст ва дар онҳо андешаҳо ва асрорҳое нуҳуфта ҳануз бисёранд ва онҳоро барои имрӯзиён ва ояндагон, барои рушди минбаъдаи илми ватанӣ, таҳкими тафаккури таҳлиливу танқидӣ, даст кашидан аз таассубот ва мафкураҳои ифротиву радикалӣ ва тоталитарӣ истифода бояд бурд. Чунин таҷриба (муроҷиа кардан ба фалсафаву илми Юнон) дар таърихи тамаддуни исломӣ (Бағдоди Аббосиён) ва Давраи Эҳёи Аврупо (замони ба истилоҳ- Ренесанс) вуҷуд дошт, аз он бояд дар баробари омӯхтани тарҷрубаи тамаддуни муосри ҷаҳонӣ дар эҳёи милли мо пайравӣ кард!

Сунатулло ҶОНБОБОЕВ

н. и.ф., Маркази синошиносии ИФСҲ-и АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№2 (29), 2022 

 

 

[1] Ниг.: Деар П., Шейпин С. Научная революция как событие.-М.: 2015.-С. 318.

[2]Абурайҳон Берунӣ. Осор ул боқия. Нашриёти “Ирфон”, Душанбе 1990. С.6. Абу Рейхан Бируни. Памятники минувших поколений. Избранные произведения. Т.1. Т., 1957, с.47.

[3] Толстов С.П. По следам древнехорезмийской цивилизации. Ч. 1. Ниг.: электронная библиотека. http://opentextnn.ru/history/archeology/scientific/tolstov/tolstov-s-p-po-sledam-drevnehorezmijskoj-civilizacii-ch-1/?id=1137.

[4] Толстов С.П. Монеты шахов древнего Хорезма и древнехорезмийский алфавит, ВДИ, 1938, №4, Он же. К истории хорезмийских Сиявушидов (новые данные по нумезматике древнего Хорезма)Щ. ИАП, СИФ, 1945, №4, стр.275. См.: https://www.vostlit.info/Texts/rus17/Biruni_2/framepred.htm

[5] Муроҷиа шавад ба китоби: Ртвеладзе Э.В, Очерки по истории цивилизации….Ташкент. Адолат.2000. С.352

[6] Абурайҳон Бирунӣ. Осор ул боқия. Ҳамон ҷо. С.8.

[7] Забеҳулло Сафо. Бархе аз назарияҳои фалсафии Абурайҳон//Маҷмуаи мақолаҳо дар бораи Абурайҳон. Кобул, 1352.

[8] Бируни. А. Памятники минувших поколений// Абу Рейхан Бируни Памятники минувших поколений / Пер. и прим. М. А. Салье, Избранные произведения, Том I, Ташкент, "ФАН", 1957 –Ал-Асар ал бақия ин ал қурун ал халиса//; Бируни Абу Рейхан. Памятники минувших поклений. (Памятники минувших поколений) В интернете). Пер. и прим. М. А. Салье // Избранные произведения, Том I. Ташкент: Фан, 1957. С. 37.

[9] Абурайҳон Берунӣ. Фи таҳқиқ мал ал Ҳинд//Бируни. Индия. С.214 (доступно в Интернете). Kitab al-Bīrūnī fī Taqīq mā li-al-Hind, Hyderabad: Osmania Oriental Publication Bureau, 1958;

[10] Ҳамон чо. С. 215.

[11] Бируни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966, С.41, 93

[12] Абурайҳани Берунӣ. Китоб ут-тафҳим ли авомили саноат-ит-танджим. Душанбе, 1973, С.54.

[13] Шарипов А.Д. Малоизвестные страницы переписки между Беруни и Ибн Синой//Общественные науки в Узбекистане. 1965. С.41.

[14] Бируни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия //Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966, С. 37, 105. Далее: Геодезия.

[15]  Абурайхон Беруни. Геодезия, С. 54, 94, 105.

[16] Хамон чо, С.84-85

[17] Абурайҳани Берунӣ. Китоб ут-тафҳим ли авомили саноат-ит-танджим. Душанбе, 1973. Булгаков П.Г. Жизнь и труды Беруни. С. 66-67.

[18] Сайид Ҳусейн Наср. Беруни-Авиценна в диалоге века. Введение в исламские космологические доктрины// Курьер ЮНЕСКО. 1974. Июль.

[19] Ҷонбобоев С.Шарҳи як муаммо//Комсомоли Тоҷикистон. 1980. 19 сент.; Булгаков П.Г. Жизнь и труды Беруни. С. 66-67.

[20] Фахруддин Рази. Мафатих аль-гайб или Тафсири Кабир // Adi Setia Fakhr Al-Din Al-Razi on Physics and the Nature of the Physical World: A Preliminary Survey // Islam & Science. — 2004. — Vol. 2. — P. 161-180

[21] Николай Кузанский. Сочинения в 2-х томах. Т. 1:М., Мысль, 1979. — С. 5-45. — 488 с

[22] Еремеева А. И., Цицин Ф. А. История астрономии (основные этапы развития астрономической картины мира). Изд. МГУ, 1989.

[23] So, Who Did Discover America? Frederick Starr. History Today, vol.63, issue 12 Dec.2013. See: https://www.historytoday.com/archive/so-who-did-discover-america

[24] Шарипов А. Великий мыслитель Абу Рейхан Бируни. Ташкент, Фан, 1972. С.84.

[25] Беруни А. Ал Асар ал бақия ин ал қурун ал халиса//А.Беруни. //Памятники минувших поколений// Памятники минувших поколений. С. 37.

[26] Беруни А.Ҳамон ҷо. С. 117.

[27] Хамон ҷо. С. 205.

[28] Абурайҳони Берунӣ. Осор ул боқия. С.92.

[29] Бируни. Катаб ал джавахир. Материалы по истории прогрессивной общественно-философской мысли в Узбекистане. Ташкент, 1957, С.141.

[30] Беруни А. Минералогия (Китаб ул Джавахир). С. 9.

[31] Абу Райхон Беруни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия. С. 43, 262

[32] Ҳамон ҷо. С. 44,137

[33]Ҳамон чо. С. 44, 137

[34] Бируни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия. Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966, С. 57-58, 88-89 (матни иқтибос аз тарафи муаллифи мақола ба таври хулосавӣ бозгӯӣ карда шудааст.)

[35] Дар соли 285 эраи мо дар натиҷаи яке аз ҷангҳои шаҳрвандӣ  императори Рим Диоклетиан таъин мешавад, ки 20 сол ҳукмронӣ мекунад.

[36] Абу Рейхан Бируни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966. С.37, 262.

[37] Абу Рейхан Бируни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966, С.83

[38] Абу Рейхан Бируни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия (Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами) / Исследования, перевод и примечания П.Г. Булгакова, Избранные произведения, Том 3, Ташкент, "ФАН", 1966. С.41

[39] Бируни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия, ҳамон ҷо. С.41,93

[40] Абу Райхан Беруни. Таҳдид ниҳоят ал амокин ли тасхех масафат ал масакин//Абу Рейхан Бируни Геодезия Геодезия. С.39

Хондан 3064 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Ояндаи фалсафа ва фарҳанги миллӣ