JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Ҳикоят

 Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар полати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд»:

 Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.
Изо яиса-л-инсону тола лисонуҳу.
Касиннавир мағлубин ясулу ала-л-калби.
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:23

Мард, духтарак ва хушдоман.

Марде духтаракеро дида, чунон бастааш шуд, ки то ҳанӯз ҷинси латифе варо ин қадр ба худ накашида буд. Мардак бастаи духтарак шуд, ҳарчанд кайҳо зану писар дошт. 

Ва мардак тавонист духтаракро майл кунонад ба хештан ва ҳатто оварда тавонад ба ҳавлии худ.Вале духтарак гул барин нозук буду кӯдак барин малеҳ. Чунон нозуку малеҳ, ки гӯё аз расиши вай барин одами солор озор меёфт. Нозукӣ ва назокати кӯдакона дошт духтарак.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:21

Ашки Ҳасрат

Шаб буд. Ба ғайр аз шир-шириҷӯйчаи назди ҳавлӣ ягон чиз сукунати атрофро халалдор намекард. Малоҳат оҳиста азҷойи хоб хеста, кӯрпаи болои фарзандонашро дуруст намуду ба берун баромад. Табиат низ ба мисли Малоҳат гӯё мотам дошт магар, ки осмонро абрҳо печонида гирифта, ситорае намедурахшид. Малоҳат нафаси чуқуре кашида, боз ба осмон назар кард. Чанд ситораҳоро дид, ки аз паси абри сиёҳ базӯр намуддор мешуданд. Ҳарчанд ӯ дар байни ситораҳо ситораи худро меҷуст, аммо…

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:13

Хушбахтӣ

Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд ва дар бистари марг мехобид, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт:

- Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад?