JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ибни Сино, ки яке аз бузургтарин файласуфони машоияи шарқӣ ба ҳисоб меравад, дар тақсимбандии улум ҳамон принсипҳои Арастуиро риоят намуда, маҷмуи улуми ҳикматӣ ё фалсафиро ба ду тақсим мекунад: назарӣ ва амалӣ. Фалсафаи назарӣ масоили умумии ҳастӣ, ҷавҳари аввалияи ашёҳо ва равандҳоро баррасӣ менамояд. Фалсафи амалӣ бошад, бештар ба масоиле нигаронида шудааст, ки онҳо муатаалиқ ба инсон, табиати инсон, ҷойгоҳи инсон ва муҳимияти инсон дар ҷаҳонро мушаххас менамояд. Ба ин тариқ метавон тасдиқ намуд, ки дар низоми фалсафию илмии тақсимбандии илмҳо дар асри миёна масоили антропологӣ маҳз дар қисмати фалсафаи…
Душанбе, 14 Декабри 2020 05:01

Моро фалсафаи миллии амал зарур аст

Муаллиф:
Асри ХХ бо назардошти зуҳурот ва моҳияти воқеаву фоҷеаҳои дар ҳаёти инсони муосир бавуҷудомада, ки баъзе аз онҳо аз рӯи миқёси худ бебақоии мавҷудияти башариятро дар ҷаҳон ба намоиш гузоштанд, бесобиқа буд. Тағйироту таҳаввулоти дар соҳаҳои мухталиф руйдода, аз ҷумла, муносибати инсон ба сайёра, инчунин, ба қисме аз фазои кайҳонӣ, ки онро инсон аз худ карда истодааст, муносибатҳои байни давлатҳои ҷаҳон, ки ба тақдири башар, ба вижа, табиати ихтилофоти байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва субъектҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ таъсир мегузоранд, на ҳама вақт дуруст дарк карда мешаванд.
Душанбе, 14 Декабри 2020 04:59

Назаре ба фалсафаи Конфутсий

Муаллиф:
Ахлоқ дар Чини Қадим аз нахустин «тсзяо» — таълимоти динӣ-фалсафӣ сарчашма мегирад. Асосгузори он ҳаким ва файласуфи Чини бостон Кун Футсзи мебошад, ки дар солҳои 551-479 пеш аз мелод зиндагӣ кардааст. Ин ҳакими чинӣ дар Аврупо бо номи Конфутсий ва таълимоти ӯ бо конфутсионизм (конфутсчигӣ) маъруфу машҳур аст. Ба гуфтаи худи Конфутсий ӯ дар овони ҷавонӣ зиндагии сангинро аз сар гузаронида, бо обкашӣ ва чаронидани чарвои ҳамсояҳо машғул будааст. Конфутсий аз овони ҷавонӣ дорои зеҳни тез ва ҷаҳонбинии васеъ будааст.
Сешанбе, 18 Августи 2020 05:04

Монтескё-ҷомеашиноси фаронсавӣ (1689-1755)

Муаллиф:
Дар бораи Монтескё Огюст Конт[1] (1798-1857) солҳои баъд чунин навишт: “...Пас аз Монтескё, танҳо пешрафте, ки ҷомеашиносӣ то замони мо ба худ дида аст, асари фаромӯшнашудании Кондорсе (Condorcet) (1743-1794)[2] мебошад...” Манзур китоби: “Тарҳе аз тасвири таърихи пешрафтҳои рӯҳи инсонӣ” аст, ки дар зиндон таълиф шуда аст: Esquisse d,un tableau historique des progre,s de L, esprit humain.
Саҳифа аз 1 то 6

Китобҳо