JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 18 Августи 2020 05:04

Монтескё-ҷомеашиноси фаронсавӣ (1689-1755)

Муаллиф:

  Дар бораи Монтескё Огюст Конт[1] (1798-1857) солҳои баъд чунин навишт: “...Пас аз Монтескё, танҳо пешрафте, ки ҷомеашиносӣ то замони мо ба худ дида аст, асари фаромӯшнашудании Кондорсе (Condorcet) (1743-1794)[2] мебошад...” Манзур китоби: “Тарҳе аз тасвири таърихи пешрафтҳои рӯҳи инсонӣ” аст, ки дар зиндон таълиф шуда аст: Esquisse d,un tableau historique des progre,s de L, esprit humain.

  Ҳарчанд Огюст Конт бо сабаби надоштани маълумоти амиқ ва саҳеҳ ин назарро баён кардааст, Монтескё ва Кондорсе танҳо афроде набуданд, ки дар пешрафт ва пайдоиши ҷомеашиносии ҷадид таъсигузор будаанд.  Бо ин ҳама аҳамияти Монтескёро наметавон нодида гирифт. Ва назариёти муҳимми иҷтимоии ӯ дар мавриди “Қонун” ва масъалаи сабабият комилан навоварона ва арзанда аст.

 Албатта набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз роҳи бисёр тӯлонӣ дар пеш буд. Миёни корҳои Монтескё, ки дар утоқи кор ва бо фаъолияти зеҳнӣ анҷом мешуд, ҷомеашиносии таҷрибӣ, ки аз навъи дигар буд ва ба роҳи дигар мерафт. Бинобар ин метавон гуфт, ки Монтескё бештар як олими фалсафаи таърих ва фалсафаи иҷтимоӣ ба шумор мерафт, на як ҷомеашинос ё олими илми ҷомеа ба маънои имрӯза.

 Китобҳои Монтескё гӯё чунин мебошанд, ки номҳои онҳо баёнгари ин маъно аст: аз қабили: “Таваҷҷуҳ дар мавриди сабабҳои тараққӣ ва таназзули Румиён”, (Consideration sur les causes de la grandeur et de la de, cadence des Romains) ки дар ҳақиқат китобе бахшида ба фалсафаи таърих аст.  Китоби дигар, китоби “Номаҳои эронӣ” (Lettres persanes) аст, ки мавзӯи он баҳси чанд нафар хориҷӣ (Чанд нафари эронии хиёлӣ дар назар гирифта шуда ва бадин ҷиҳат унвони китоби “Номаҳои эронӣ” интихоб шуда аст)-ро дар бораи вазъ ва чигунагии Фаронса ва қонунҳои он нишон медиҳад. Ва бештар ҷанбаи фалсафаи иҷтимоӣ дорад.

 Муҳимтарин ва машҳуртарин китоби Монтескё китоби “Руҳ-ул-қавонин” (L, Esprit des Lois) аст. Ин китоб дар мавзӯи сиёсати иҷтимоӣ ва фалсафаи қонунҳо мебошад. Китоби Руҳ-ул-қавонин назар ба китобҳои дигари Монтескё ӯро ба олами ҷомеашиносӣ наздик кардааст.

 Дар ҳақиқат Монтескё назар ба дигар падидаҳои иҷтимоӣ ба “Қонун” таваҷҷуҳ кардааст. Ва қонунро муҳим ва бештар аз ҳама муҳимтар медонад. Монтескё ба ин назар аст, ки ду навъи қонун вуҷуд дорад:

  1. Қонуне, ки қабулшуда ва навишташуда бошад.
  2. Қонуне, ки навишта нашуда аст. Вале дар расмҳо ва одобу суннатҳои қавмҳо ва миллатҳо вуҷуд дошта бошад.

  Албатта аз назари Монтескё қонунҳои навъи дуюм низ дорои аҳамият мебошанд. Ва ҳатто аз ҷиҳати эҳтиром ва итоат аз қонунҳои навъи аввал кам аҳамияттар нестанд.

  Таваҷҷуҳи хоси Монтескёро ба қонунҳои сабабият дар китоби “Сабабҳои  тараққӣ ва таназзули Румиён” метавон пайдо намуд. Ва дар он китобҳост, ки кӯшиш мекунад, сабаберо, ки боиси таназзул ё рушди миллатҳост, кашф кунад.

   Дар китоби “Руҳ-ул-қавонин”, баръакс таваҷҷуҳи амиқ ба фалсафаи қонунҳо ва шароити қонунгузорӣ равона шудааст. Дар ин китоб Монтескё иброз мекунад, ки барои зиндагии ороми инсоният, ки мавҷуди иҷтимоӣ аст, қонун аз чизҳои муҳимтарин ва зарурии аввалия аст.  Вагарна оромиш ва субот дар зиндагии башар нахоҳад буд. Монтескё аз қонунҳо, беҳтарин ва бартарин он қонунеро мешуморад, ки то ҳадди ниҳояти имкон, боиси озодии башар бошад.

          Ба назари ӯ се навъи ҳукумат мавҷуд аст:

  1. Ҷумҳурӣ.
  2. Салтанатӣ (Подшоҳӣ).
  3. Истибдодӣ.

Ҳукумати ҷумҳуриро низ ба ду навъи гуногун тақсим мекунад.

  1. Ҳукумате, ки дар дасти мардум бошад ва ба воситаи ҷамоат ва омма идора гардад.
  2. Ҳукумате, ки дар дасти ашроф ва аққалияте аз ашроф бошад.

          Монтескё вазифаи ҳукуматро дар се марҳила хулоса мекунад:

  1. Қонунгузорӣ.
  2. Иҷро.
  3. Судӣ.

    Монтескё чунин бовар дошт, ки бояд ин се қудрат яъне қонунгузор, иҷрокунанда ва судӣ аз якдигар ҷудо буда ва истиқлол дошта бошанд.

   Дар мавриди хайр ва шарр ва хубӣ ва бадӣ низ ба нисбӣ ва зоҳирӣ будани онҳо муътақид нест. Балки барои онҳо арзиши ҳақиқӣ қоил аст. Ва мегӯяд, хубӣ ва бадӣ фақат ҳосилшуда аз навъи фаҳмиши мо ё таслими як қонунгузор ва ҳоким ё тасодуфоти мухталиф намебошад. Балки дар дунё аслан хубӣ ва бадӣ мавҷуд аст. Ва баъзе корҳо дар воқеъ шарр ва баъзеи дигар ба таври ҳақиқӣ хуб ва нек мебошанд.

    Аз мавзӯҳое, ки гузашт ба ин нукта таваҷҷуҳ мекунем, ки тарафдорони қонуни сабабият гоҳе аз он ба фоидаи ақида маҷбур будани башар, истифода намуда ва хайр ва шарро масъалаи нисбӣ қаламдод кардаанд. Ва гоҳе низ соҳибназарҳое  монанди Монтескё ба тарафдории ҳамон асли сабабият дар бораи чигунагии вазъи қонун ва асолати хайр ва шарр баҳс намудаанд, бидуни онки зиддияте дар ин амр ёфта бошанд. (Саҳифаи 177-180).  

 

Китоби “Таърихи ҷомеашиносӣ

Таълифи: доктор Ҷамшеди Муртазавӣ.

Теҳрон, Чопи дуюм, соли 1354-и ҳиҷрии шамсӣ=1975 м. (327c).

Баргардон аз хатти форсӣ ба хатти кириллик:

Дидавар Бекзода.

 

 

 

 

[1] Огюст Конт, ҷомеашиноси фаронсавӣ, асосгузори позитивизм.

[2] Condorcet (1743-1794) риёзидон, файласуф, иқтисоддон ва сиёсатмадори фаронсавӣ.

Хондан 1673 маротиба

Китобҳо