Нахустин таҳлили машҳури ҷомеашиносӣ доир ба худкушӣ тавассути Эмил Дюркгейм, ҷомеашиноси фаронсавӣ баён гардидааст. Таърифе, ки Эмил Дюркгейм дар соли 1897-и мелодӣ дар китобаш бо номи “Худкушӣ” овардааст чунин аст: “Ҳар навъ марге, ки натиҷаи мустақим ё ғайримустақими кирдори мусбат ё манфии худи қурбонӣ бошад, ки пешопеш аз натиҷаи амали худ огоҳ будааст” худкушӣ ном дорад.
Э. Дюркгейм дар баррасии сабабҳои худкушӣ чаҳор навъи худкуширо баён карда, ки ҳар чаҳор маврид ба навъи робитаи фард бо ҷомеа марбутанд:
- Худкушии худхоҳона, ки дар шароити фардгароёна ва ҷудоӣ аз ҷомеа руй медиҳад.
- Худкушии дигархоҳона, замоне руй медиҳад, ки шахс вобастагии зиёде бо ҷомеа дошта бошад.
- Худкушии ҳараҷу мараҷгароёна, ки натиҷаи нобасомонӣ, ошуфтагӣ ва беқонунии ҷомеа аст. (Э. Дюркгейм аз истилоҳи аномия (беқонунӣ) барои баёни ин вазъияти ҷомеа истифода мекунад).
- Худкушии тақдиргароёна, замоне руй медиҳад, ки иродаҳо, авотиф ва ангезаҳои аъзои ҷомеа зери контроли шадиди ҷомеа бошанд[1].
Ҳамин тавр доир ба таҳлил ва баррасии масъалаи худкушӣ дидгоҳҳои гуногун вуҷуд доранд. Дидгоҳи ҷомеашиносӣ яке аз дидгоҳҳои аввалин ва классикие буд, ки доир ба ин масъала баҳс мекард. Аз ин сабаб ба он ишора шуд. Дидгоҳҳои дигаре ба монанди: дидгоҳи равоншиносӣ, биологӣ, тиббӣ, антропологӣ, генетикӣ ва ғайра вуҷуд доранд.
Дидгоҳи нейрохимиявӣ доир ба масъалаи худкушӣ чунин назар дорад, ки дар кори даст ба худкушӣ задани инсон, гармони серотонин нақши муҳимро иҷро мекунад. Саволе ба вуҷуд меояд, ки худи серотонин чист? Ҳоло барои равшани сохтани ин савол шуруъ мекунем.
Серотонин дар забони англисӣ, Serotonin ё Hydroxytryptamine, дар забони русӣ бошад, гидрокситриптамин гуфта мешавад. Серотонин навъи интиқолдиҳандаи асабӣ буда, аз навъи моноамини биогенӣ мебошад. Аз ҷиҳати биохимикӣ яке аз унсурҳои триптофан (tryptophan) аст.
Ин модда аз нигоҳи афкори умумӣ ба унвони ҷорикунандаи “эҳсоси хуб” шинохта шудааст[2].
Чи тавре, ки гуфта шуд серотонин аз аминокислотаи зарурӣ бо номи триптофан (tryptophan) сохта мешавад. Ин аминокислота бояд аз тариқи режими ғизоӣ вориди бадани инсон шавад. Билофосила дар хӯрокҳое ба монанди: оҷилҳо (маҷмӯае аз меваҳои хушки дарҳамомехта, мисли писта, бодом, нахуд, кишмиш ва ғайра) панир ва гӯшти қирмиз ёфт мешавад. Камбуди триптофан метавонад ба коҳиш ва камшавии сатҳи серотонин оварда расонад, ки натиҷаи он вайроншавии феълу атвор аз қабили изтироб ё афсурдагӣ мегардад.
Серотонин чи таъсире аз худ ба ҷо мегузорад?
Серотонин бар ҳамаи узвҳои бадани инсон таъсир мегузорад. Аз эҳсосот сар карда то маҳоратҳои инсонро дар бар мегирад. Серотонин ба унвони собиткунандаи хулқу хӯи табиӣ, эътироф карда шудааст. Моддаи химиявие аст, ки ба хобидан, хӯрдан ва ҳазм кардан кумак мекунад.
Серотонин ҳамчунин ба ин ҳолатҳо кумак мекунад:
- Коҳиши афсурдагӣ
- Танзими изтироб
- Пайвастшавии захмҳо
Тариқаи коркарди серотонин дар амалкардҳои мухталифи бадан ба шарҳи зер аст:
Ҳаракоти рӯда:
Серотонин умдатан дар меъда ва руда ёфт мешавад, ки ба контроли ҳаракот ва амалкарди руда кумак мекунад.
Хулқу хӯ
Серотонини мавҷуд дар мағз, изтироб, шодӣ ва хулқу хӯро танзим мекунад. Сатҳҳои поёни ин моддаи химиявӣ бо афсурдагӣ ҳамроҳ аст ва афзоиши сатҳи серотонин сабаби коҳиши таҳрикот мешавад.
Ҳолати дилбеҳузурӣ:
Серотонин яке аз далелҳои эҷоди ҳолати дилбеҳузурӣ аст. Тавлиди серотонин боис мешавад, ки ғизоҳои зарарнок ва нороҳаткунанда аз тариқи дарунравӣ бо суръати бештаре аз бадан хориҷ шаванд. Ин моддаи химиявӣ низ, дар хун афзоиш меёбад, ки бахше аз мағзро контрол карда, ва мағз дар навбати худ дилбеҳузуриро контрол мекунад.
Хоб:
Ин моддаи химиявӣ масъули таҳрики бахшҳое аз мағз аст, ки хоб ва бедориро контрол мекунад. Хобу бедории инсон ба минтақае, ки таҳрик шуда ва гирандаҳои серотонин мавриди истифода қарор гирифта, бастагӣ дорад.
Лахта шудани хун:
Серотонин боиси борик шудани шарёнҳои кӯчакшуда ва ба лахта ва шах шудани хун кумак мекунад.
Саломатии устухон:
Серотонин дар саломатии устухон нақши муҳим дорад. Мизони бисёри болои сатҳи серотонин дар устухонҳо метавонад боиси пӯкии устухон шавад, ки устухонҳоро заиф мекунад.
Амалкарди ҷинсӣ:
Сатҳҳои поёни серотонин бо афзоиши шаҳвати ҷинсӣ ҳамроҳ аст, дар ҳоле ки афзоиши сатҳҳои серотонин боиси коҳиши майли ҷинсӣ мешавад.
Замоне, ки сатҳи серотонини бадани инсон муътадил аст, инсон, ин эҳсосро таҷриба мекунад:
- Шодтар
- Оромтар
- Тамаркузи бештар
- Изтироби камтар
- Пойдории эҳсоси бештар
Як таҳқиқи соли 2007 анҷомшуда, нишон дод, ки афроди афсурда аксар бо сатҳҳои поёни серотонин рӯ ба рӯ ҳастанд[1].
Мафҳуми серотонин ва чи нақш доштани он дар бадани инсон ба мо равшан шуд. Аммо серотонин худкуши инсон чи нақше дорад, ҳоло мо ба ин савол ҷавоб медиҳем. Соли 2006 доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи илмҳои Мактаби Олӣ ва Академияи илмҳои Украина, Юрева Людмила Николаевна, монографияеро зери унвони «Клиническая суицидология» (Днепропетровськ, «Пороги» 2006 (472 с.) ба нашр расонид. Ин яке аз таҳқиқотҳоиҳои муҳим ва ҷиддии соҳаи суитсидология маҳсуб мешавад. Дар ин китоб доир ба таъсири гармони серотонин дар даст ба худкушӣ задани инсонҳо ишора шудааст. Муҳаққиқ Юрьева Л.Н, дар китобаш менависад, ки “Ҳангоми пажӯҳиши беморони гирифтори афсурдагӣ, ки даст ба худкушӣ зада буданд, норасоии серотонин мушоҳида мешуд”. (с.47) Муҳаққиқ суханашро дома дода менависад: Дар баъзе таҳқиқотҳо нишон дода шудааст, ки нафароне, ки ба худкушӣ даст задаанд, дар онҳо камбуди серотонин ба мушоҳида расидааст. Нафароне, ки камбуди серотонин доштанд, 10 маротиба зиёдтар аз онҳое, ки сатҳи серотонинашон боло буда аст, бештар ба худкушӣ даст задаанд”. (с.47). Барои исботи ин фикр муҳаққиқ Юрева Л.Н, ба навиштаҳои муҳаққиқони дигари хориҷӣ ба монанди:
- Asberg M. 5-HIAA in the cerebrospinal fluid A biochemical suicide predictor?// Arch. Psychiatr.-1976.-Vol. 33.-P.1193-1197.
- Brown G. L. Aggression Suicide and Serotonin. Relationships to CSF Amine Metabolites// Amer. J. Psychiatr.-1982.-Vol.139, N6.-P.741-746.
- Becrer U. Low CSF-Serotonin (5-HT) as Marker for Acute Suicidality//Word Congress of Psychiatry Abstracts.-Madrid, 1996.-P.93 ишора мекунад.
Хулоса, бояд дар баробари дигар омилҳои худкушӣ, омили нейрохимиявиро набояд фаромӯш кард. То имрӯз муҳаққиқон доир ба ин масъала пажӯҳишҳо гузаронида истодаанд. Ҳар муҳаққиқ аз дидгоҳ ва ихтисоси худ, кӯшиш ва талош дорад, то ин ки роҳҳои аз байн бурдани худкуширо дарёфт намояд. Таҷрибаҳое, ки гузаронида истодаанд, дорои натиҷаҳои мусбат ҳастанд. Дар оянда аллакай имкон дорад, ки шиддати ин беморӣ, яъне худкуширо камтар намоянд. Сабаб дар он аст, ки таъсири беруна ба инсон зарба зада, ӯро ба он оварда мерасонад, ки инсон аз дохил пош мехӯрад. Ин сабаб мешавад, ки инсон даст ба худкушӣ занад. Нозукии масъала дар ҳамин аст. Дар ин мақола таъсири гармони серотонинро дар даст ба худкушӣ задани инсон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додем. Воқеан ин гармон ё серотонин, дар даст ба худкушӣ задани инсон, таъсири муҳим ва амиқе дорад, ки инро пажӯҳишҳои анҷомшуда дар ин самт нишон медиҳад.
Таҳия ва таҳқиқи
Дидавар Бекзода
Сарчашмаҳо:
- Ашмарина И.П., Стукалова П.В. (ред.).Нейрохимия: Учебник для биологических и медицинских вузов. - 2-е изд. - М.: . Институт биомедицинской химии РАМН, 1996. - 470 с.
- Лихтерман Л. Б. Неврология черепно-мозговой травмы. М.: 2009; 385.
- Болдырев А.А., Ещенко Н.Д., Ильюха В.А., Кяйвяряйнен Е.И. Нейрохимия: Учебное пособие для вузов. М.: Дрофа, 2010. - 398с.
- Хухо Ф. Нейрохимия: Основы и принципы. Пер. с англ. М.: Мир, 1990. - 384с.
- Юрьева Л.Н. Клиническая суицидология: Монография.-Днепропетровськ: Пороги, 2006.-472 с.
[1] Серотонин Serotonin чист? (Матни форсӣ). https://seemorgh.com/health/diseases-and-prevention/important-disease/382034- /سروتونین-چیست؟
[2] Худкушӣ. (Матни форсӣ). https://fa.wikipedia.org/wiki/ خودکشی
[3] سروتونین https://fa.wikipedia.org/wiki/ سروتونین .