JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 27 Марти 2020 06:21

Cуқрот ва падидаи равшанфикрӣ дар ҷаҳон

Муаллиф: Дидавар Бекзода
Суқрот (470-399) Суқрот (470-399)

 “Агар панди маро бипазиред камтар ба Суқрот ва бисёр бештар ба ҳақиқат меандешед” (Суқрот).

  Суқрот яке аз файласуфони номдори Юнони бостон буд. Номи Суқрот ба забони юнонӣ чунин навишта мешавад: Σωκράτης. Талаффузи номи ӯ ба забони юнонӣ ингуна аст: /soˈkra:ti:s/. Суқрот файласуфи классики Юнон  ва аз аҳли Афина буд. Ӯро яке аз бунёдгузорони фалсафаи Ғарб медонанд.  Суқротро аввалин файласуфи ахлоқ дар Ғарб мешуморанд. Ӯ дар соли 470-и пеш аз мелод таваллуд шуда ва дар соли 399-и пеш аз мелод кушта шуд. Суқрот навиштае аз худ ба ҷо нагузошт. Ӯ аз тариқи нависандагони бостон ба монанди Антисфен, Аристип, Аристофан ва шогирдонаш ба монанди Афлотун ва Ксенофон ба ҷаҳон муаррифӣ шуд.

  Диалогҳои Афлотун  яке аз ҷомеътарин навиштаҳоест ки аз даврони бостон  доир ба Суқрот боқӣ мондааст.  Ин  асар  саҳми арзандаи Суқротро дар маърифатшиносӣ ва ахлоқ нишон медиҳад.

  Суқрот аввалин файласуфи бузурги Юнонӣ буд ки дар Афина таваллуд шуд ва дар давроне зиндагӣ кард, ки ба “Асри заррини Афина” шуҳрат дорад. Баъд аз марг 3 фарзанд  аз  худ бар ҷой гузошт. Дар ҷавонӣ фалсафаҳои  роиҷи  он  замонро  фаро  гирифт,  яъне  осори  касоне ки акнун ба “файласуфони моқабли (пеш аз) Суқрот” машҳуранд ва аз роҳҳои мухталифе саъй карда буданд, ки ҷаҳони табиии атрофи худро бишносанд. Суқрот беш аз ҳар чиз таҳти таъсири ду мавзуъ қарор гирифт ва ҳар ду мавзуъро ҷузъ ва нуқоти заъфи файласуфони қабл аз худ медонист.

  Аввал ин ки ақидаҳои онон бо ҳам ихтилофи зиёде дошт ва маҷмуае аз назарияҳои зидду нақиз буд. Ва зоҳиран ҳеҷ роҳи қонеъкунандае барои қазоват миёни онҳо вуҷуд надошт. Онҳо назариёти ҳаяҷонангезе дар бораи ҷаҳон матраҳ мекарданд. Бидуни ин ки аҳамияте барои равиши (методологияи) интиқодӣ қоил шаванд. Бинобар ин, ҳатто агар яке аз онон дуруст ҳам мегуфт, ташхис додану муайян кардани он ғайри мумкин буд. Аммо эътирози дуюми Суқрот ин буд ки ҳатто агар мешуд фаҳмид кадом як аз онҳо дуруст мегуяд, боз ҳам амалан чандон фарқе ба ҳоламон намекард. Масалан, достони фосилаи Хуршед аз Замин ва ё ин ки сатҳи Хуршед ба андозаи ноҳияи Пелопоннес (нимҷазирае дар Юнон) аст ё аз кулли Замин бузургтар аст ва чи таъсире дар зиндагии рузмарраи инсонҳо дошт? Донистани ин гуна масоил, ҳеҷ таъсире бар рафтори мо инсонҳо надорад. Ончи бояд бидонем, ин аст ки чигуна зиндагиамон ва худамонро идора кунем. Пурсишҳои зарурӣ барои мо аз ин қабил аст: Хубӣ чист? Кори дуруст  кадом аст? Инсоф чист? Донистани посухи ин пурсишҳо, бар равиши зиндагии мо таъсири амиқе доранд.

 Суқрот фикр намекард ки худаш посухи ин пурсишҳоро медонад. Аммо медонист ки ҳеҷ каси дигаре ҳам онро намедонад. Вақте коҳини маъбади (ибодатгоҳи)  Делфӣ,  Суқротро донотарин  мардум эълом кард, у бо худ андешид, ки ин фақат мумкин аст бад-ин маънӣ бошад, ки у танҳо касе аст, ки медонад, ки ҳеҷ намедонад. Дар он замон, ҳануз донише бо пояҳои маҳкам аз ҷаҳони табиӣ вуҷуд надошт ва дар бораи зиндагии инсонӣ ҳам чизи зиёде намедонистанд.  

  Пас, Суқрот дар гӯша ва канори Афина мегашт ва масоили бунёдини ахлоқ ва сиёсатро бо ҳар касе, ки тамоил ба шуниданаш дошт, матраҳ мекард. У шахсияти бисёр ҷазобе дошт ва баҳсҳояш чунон ҷолиб буд, ки ҳар ҷо мерафт, мардум ва хусусан ҷавонони муштоқ, даври ӯ ҷамъ мешуданд. Равиши кори ӯ ҳамеша яксон буд. Ибтидо яке аз мафҳумҳои бунёдини дар зиндагии моро интихоб мекард ва масалан мепурсид: “Дустӣ чист?” ё “Шуҷоат чист?” ё “Парҳезгорӣ чист?” ва аз миёни ҷамъ, як нафарро ки фикр мекард, ҷавобашро медонад, ба баҳс даъват мекард; Онгоҳ, посухи ӯро бо матраҳ кардани як ришта аз пурсишҳои мушикофона, нақд ва баррасӣ мекард. Масъалан, агар он шахс гуфта буд, шуҷоат усулан ҳамон қобилияти пойдоре аст, Суқрот мегуфт: “Пас хирасарӣ ва лаҷоҷат куҷост? Одами лаҷбоз ва якрав ҳам метавонад пофишорӣ ва бинобар ин, пойдории фавқулодае аз худ нишон диҳад. Оё ин ҳам шуҷоат аст? Оё қобили таҳсин ҳаст?” ва бад-ин тартиб, тарафи муқобил маҷбур мешуд, ҷавобашро пас бигирад ё лоақал ислоҳаш кунад. Бо ин равиши пурсишгарӣ ҳамеша маълум мешуд, ки он посухи аввалия, иштибоҳ ё ноқис будааст. Пас, собит мешуд, ки шахси мухотаб (посухгӯ) ва дигар ҳамаи тамошочиён ки фикр мекарданд, гӯё медонанд, ки масъалан, “шуҷоат” чист, дар воқеъ намедонистаанд. Ин пурсишгарӣ ба номи пурсишгарии суқротӣ машҳур шуд. Суқрот бо ин равиш, бо як тир ду нишон мезад.   Ҳам нодонии мардумиро намоён месохт, ки фикр мекарданд, медонанд, аммо дар воқеъ, ҳамон тавр, ки коҳини Делфӣ гуфта буд, чизе бештар аз Суқрот намедонистанд. Ва ҳам алоқаи тамошочиёнро ба пурсишҳои бунёдини фалсафӣ бармеангехт ва ононро ба баҳс ва андешидан дар бораашон тарғиб мекард. Бо ин ки ағлаб худи Суқрот ҳам ба посухи ниҳоӣ барои пурсишҳояш намерасид (чун аслан равиши кораш ин буд, ки ҳар посухе бояд дар маърази нақд ва баррасии бештар қарор гирад ва бинобар ин ҳеҷ посухе набояд "ниҳоӣ" маҳсуб шавад). Аммо кунҷковии шунавандагонашро бармеангехт ва дар воқеъ, мардумро водор месохт то ҷиддитар ва амиқтар аз собиқ, дар бораи ёфтани роҳи ҳалли масоилашон андеша кунанд.   

Чи чизе дар вожаҳо ва калимаҳо нуҳуфта аст?

  Вақте Суқрот пурсише мисли: “Адолат чист?”-ро матраҳ мекард, сирфан хостори маънои луғавӣ набуд. Ба ақидаи ӯ, ҳамин, ки мо вожа ва мафҳуми “Одил” ё “Одилона”-ро барои афрод, тасмимот, қавонин ва маҷмуаҳое аз муқаррароти мухталиф ба кор мебарем, нишон медиҳад, ки ҷиҳатҳои муштараке  дар миёни онҳо вуҷуд дорад, яъне хосияти муштараки “Адолат”, ки ҳамаи онҳо дар он шариканд, ва Суқрот мехост вижагиҳо ва хусусиятҳои мушаххасаи ин хосияти муштаракро ошкор созад. Ба иборати дигар ӯ бар ин эътиқод буд, ки чизе ба номи “Адолат” вуҷуд дорад  ва вуҷудаш воқеӣ аст, агарчӣ моддӣ нест ва шояд навъе ҷавҳар бошад, ва ӯ сайъ дар шинохтани моҳияти ин воқеияти муҷаррад дошт.

Адолат чист?

  Ин дидгоҳи ӯ баъдан дар осори шогирдаш Афлотун ба сурати эътиқод ба намунаҳои таҷридӣ (абстрактӣ) даромад, ки суратҳои комил ва абадии аз ҳама мавҷудот ва ҳолатҳое буданд, ки дар дунёи ноқис ва нопойдори зиндагии рузмарраи мо, ёфт мешаванд.

 Корҳои Суқрот воқеан ӯро ба қудрати ахлоқгар ва шӯришӣ табдил кард. Ӯ  ба мардум ёд медод, ки ҳама чизро ба пурсиш бигиранд ва нодонии афроди соҳиби қудрат ва ҳокимро ошкор месохт. Ӯ ба чеҳраи бисёр ҷанҷолӣ табдил шуд, ки ҳам мавриди алоқаи бисёре аз мардум буд  ва ҳам, хашму  нафрати нафарони зиёдеро бармеангехт. Дар ҷашни умумӣ дар тамошохонаи шаҳри Афина, дар намоише танзӣ ва мазҳакавӣ бо номи “Абрҳо” (423-и қабл аз мелод) асари Аристофан, чеҳраи масхарае аз Суқрот дар муқобили ҳамаи ҷамъияти Афина, ба ришханд гирифта шуд. Саранҷом, мақомоти ҳукуматӣ Суқротро ба иттиҳоми фосид кардани ҷавонон ва имон надоштан ба худоёни шаҳри Афина, боздошт ва пас аз муҳокима, ба марг бо нушидани ҷоми заҳр (шавкарон) маҳкум карданд. Гузориши муфассали муҳокима ва марги Суқрот, яке аз таъсиргузортарин трагедияҳо дар таърихи андешаи башарӣ аст.

Суқрот дар зиндон, ҳангоми нушидани ҷоми заҳр

  Ончи Суқротро аз ҷанбаҳое ба машҳуртарини ҳама файласуфон табдил карда, ин  аст, ки ӯ  пурсишгари  пайгир дар бораи мафҳумҳои бунёдинро оғоз кард, ки аз он ба баъд вижагии аслии фалсафа буда аст. Ӯ мегуфт, ки омӯзаҳои (таълимоти) мушаххасро нишон намедиҳад ва фақат пурсишҳоеро матраҳ мекунад. Аммо ин гуфта дуруст набуд. Аз тарҳи куллии пурсишҳои Суқрот пайдост, ки баъзе ақоиди муҳим дар рӯ ба рӯи суханони ӯ такрор мешавад.

  Аз ҷумла ин ки, ба инсоне ки дурусткор бимонад, ҳаргиз ҳеҷ осеби воқеии тулонимуддате ворид намешавад. Ин дунё чунон бесубот аст, ки ҳар касе имкон дорад, ҳама амволашро аз даст диҳад ва ноодилона ба зиндон бияфтад ё бар асари ҳодиса ё беморӣ, замингир ва бистарӣ шавад; Аммо инҳо ҳаводиси дар ҷараёни ҳаётӣ гузарост ки, ба ҳар ҳол, хеле зуд хотима меёбад. Бадиқболиҳоятон нисбатан беаҳмият хоҳад буд, агар рӯҳи шумо солим бимонад. Фоҷиаи воқеӣ  барои инсон, фосид шудани рӯҳи ӯст. Аз ин рӯ, он кас, ки мавриди беадолатӣ қарор мегирад, бисёри бисёр камтар аз касе осеб мебинад, ки муртакиби беадолатӣ мешавад. Мо бояд ба ҳоли касе, ки муртакиби беадолатӣ шуда, дил бисузонем, на барои қурбонии он.

  Ҳамин эътиқод Суқротро ба қаҳрамоне барои файласуфони  равоқӣ табдил кард ки, садҳо сол баъд, навъе қиддис (авлиё)-и ғайридинӣ аз ӯ сохтанд. Як ақидаи бунёдини дигари Суқрот ин буд, ки ҳеҷ кас бо огоҳии воқеӣ, амдан ва қасдан хато намекунад. Яъне, агар воқеан ва комилан хато будани кореро дарк кунед, он вақт он корро намекунед ва, аз сӯи дигар, агар он корро бикунед, маълум мешавад, ки шумо воқеан ва амиқан, хато будани онро дарк накардаед. Ин дидгоҳ ба ин натиҷа мерасад, ки фазилат дар гарави (вобастаи) доноӣ аст. Ин эътиқоди Суқрот, ангезаи аслии ӯ дар пайгирии пурсишҳое буд; монанди: “Адолат чист?” ва бовар дошт, ки фақат агар посухи ин пурсишро медонистем, маҷбур мешудем, ки “одилона” рафтор кунем. Дар чунин мавридҳое талаби дониш ва шинохт бо тамоил ба фазилат, дарҳам меомезад, ва яке мешавад.  

 

Таҳия ва таҳқиқи

Дидавар Бекзода

Сарчашмаҳо:

  1. Суқрот. https://fa.wikipedia.org/wiki/ سقراط
  2. Меггӣ Бриан  (Magge Bryan). Достони фалсафа. Тарҷума ба забони форсӣ. Тарҷумон: Монӣ Солеҳи Аллома. Теҳрон, Нашриёти Ома (Рангдон), 1388-2009. С.20-23. 240 с.
  3. С.А.Жебелев. Сократ. Р.С.Ф.С.Р Государственное Издательство Берлин 1923. 192 с.

 

 

Хондан 1722 маротиба

Китобҳо