JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Декабри 2020 04:59

Назаре ба фалсафаи Конфутсий

Муаллиф:
  Ахлоқ дар Чини Қадим аз нахустин «тсзяо» — таълимоти динӣ-фалсафӣ сарчашма мегирад. Асосгузори он ҳаким ва файласуфи Чини бостон Кун Футсзи мебошад, ки дар солҳои 551-479 пеш аз мелод зиндагӣ кардааст. Ин ҳакими чинӣ дар Аврупо бо номи Конфутсий  ва таълимоти ӯ бо конфутсионизм (конфутсчигӣ) маъруфу машҳур аст. Ба гуфтаи худи Конфутсий ӯ дар овони ҷавонӣ зиндагии сангинро аз сар гузаронида, бо обкашӣ ва чаронидани чарвои ҳамсояҳо машғул будааст. Конфутсий  аз овони ҷавонӣ дорои зеҳни тез ва ҷаҳонбинии васеъ будааст.
 Конфутсий  дар синни 30-солагӣ таълимоташро ба охир расонида, мактаби махусуси фалсафии худро таъсис медиҳад, ки дар он илми ахлоқ ва сиёсат ҷойи намоёнро ишғол мекард. Зикр кардан ба маврид аст, ки таълимоти фалсафии Конфутсий  хусусияти ахлоқии сиёсӣ дошта, муносибати одамонро дар ҷомеа ва тарзи давлатдориро ба танзим медарорад.
Ҷамъияти (аҳолии, табақаи) «жу», ки Конфутсий  ба он тааллуқ дошт, аз донандагони маросимҳо ва расму оинҳои динӣ, тақвим ва ривоятҳои таърихӣ иборат аст. Дар он давра дар Чин одами соҳибмаърифат бояд дорои шаш санъат мебуд, ки иборатанд аз: расму оин, мусиқӣ, тирпарронӣ аз камону ғулак, идораи (рондани) ароба, хондан ва ҳисобро донистан. Фарҳанги ахлоқӣ-маънавӣ бештар бо якум, яъне бо маросим ва расму оинҳо ва қисман бо санъати дуввум, яъне санъати мусиқӣ алоқамандӣ дорад.
Дар маркази таълимоти ахлоқии конфутсиячигӣ тартибу интизоми ҷамъиятӣ, ки  бо тартиботи олам мувофиқ аст, қарор дорад. Инсон бояд дар ҷомеа он мақомеро ишғол намояд, ки ба моҳияти ӯ мувофиқ аст. Одамони разилу нафспараст ва пастфитрат, ки қобилияти анҷом додани корҳои бузургро надоранд, бояд дар табақаи поёни ҷомеа қарор гиранд, одамони олиҳиммату баландмартаба бошанд, лоиқу сазовори табақаи болоии ҷомеа мебошанд.
Муҳимтарин воситаи нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ маросим («ли») мебошад. Ин мафҳум аз амалиётҳои қурбоникунӣ пурра ба зиндагӣ, ба ҳаёт интиқол дода шуд ва танзими ҳама гуна муносибатҳоро ба монанди: байни одамон ва худоҳо-нахустаҷдодон, байни зиндаҳо ва арвоҳи гузаштагон ва инчунин, муносибати байни одамон бо одамони дигарро ба уҳда дошт. Маросим дар панҷ навъи муносибатҳои ҷамъиятӣ интишор меёбад:
— фармонравоён ва фармонбардорон,
— падар ва писар,
— шавҳар ва зан,
— баланду поён аз рӯи мақому мартаба,
— рафиқи хурду бузург.
  Қадимияти маросим ҳамчун кафили алоқамандии он бо тартиботи коинот хидмат мекард. Бо шарофати маросим ҳар як шахс мақому мартабаи худро дар ҷомеа дониста, бо рафтору кирдори беадабонаи худ шахсони аз худ баландмартабаро мавриди таҳқиру озор қарор намедиҳад. Иҷрошавӣ, амалишавии маросим — ин нигоҳдории абадият дар раванди ҳаёти ҳамеша тағйирёбанда аст.
Дар мувофиқа бо тантана парастиши аҷдодон, муносибатҳои байнидавлатӣ аз рӯи сохти оилаи падаршоҳӣ бунёд карда мешаванд. Он давлатҳое инкишоф ёфта, тараққӣ мекунанд, ки манфиати худро дунболагирӣ накарда, ба оилаҳои алоҳида пароканда намешаванд, балки аз як оилаи калонеро ифода мекунанд, ки дар он ҳамаи нақшаҳо аниқ муайян шудаанд.
Конфутсиячигӣ дар баробари маросимҳо дар низоми диниву ахлоқии худ боз чаҳор арзишҳои ҳамвазни мутақобил ва ёрирасонро ворид кардааст, ки онҳо  иборатанд аз:
— «жэн» — инсондӯстӣ, инсонпарварӣ;
— «чжун» — садоқат, вафодорӣ ба ашхоси аз худ боломартаба;
— «и» — адолати ҳақиқӣ;
— «сяо» — эҳтироми фарзандона.
  Ба ҳайси олитарин арзиши ахлоқи конфутсиячигӣ мафҳуми «жэн» баромад мекунад. Ин сифат комилан метавонад хоси роҳбарони давлат бошад. Мазмуни асосии инсондӯстӣ бо «қонуни заррини ахлоқӣ»-и «ончиро ба худ раво намедорӣ ба дигарон низ раво мадор, он гоҳ дар давлату оила нисбати ту душманӣ, кинаву адоват эҳсос карда намешавад», мувофиқат мекунад.
Барои конфутсиячигии Чин некӯкории «сяо» — эҳтироми фарзандона хос аст. Муносибатҳои ахлоқии навъи падаршоҳӣ бевосита дар чунин шакл ифода мешаванд: «сазовори номи фарзандӣ касе нест, ки дигареро аз падари худ бештар дӯст дорад». Бо эҳтиром будан ин маънои пайравӣ кардан ба рафтору кирдори падари худ дар зиндагӣ ва баъди маргашро дорад.
Инсоне, ки дорои тамоми фазилатҳову накӯкориҳои конфутсиячигӣ бошад, дар сатҳи олии камолот қарор гирифта, соҳиби мақоми идеали ахлоқӣ мешавад. Чунин инсони идеалӣ «тсюн-тсзи» («ҷавонмард, марди олиҳиммат, хушахлоқ») номида мешавад.  «Тсюн-тсзи» аз се намуди дилхушиҳо гурезон аст:
— дар ҷавонӣ замоне ҷисм ҳануз пурқувват нашудааст аз ҳаловатҳои ҷисмонӣ;
— дар синни баркамолӣ, вақте  пурқувват шудан аз ҷангу ҷанҷол;
-дар пиронсолӣ вақте ҷисм заиф мешавад аз ҳарисиву бахилӣ ва чашмгуруснагӣ.
Муҳимтарин роҳу воситаи тарбияи чунин шахсият фарҳанги китобдорӣ — омӯзиши матнҳои динӣ маҳсуб мешавад.
Муқобилу мухолифи «шавҳари олиҳиммат, ҷавонмард, накӯахлоқ» мафҳуми «сяо жэн» («одами паст», «фурӯмоя», «разил», «ҳақир», «ночиз») қарор дорад. Фазилатҳои асосӣ дар қалби ӯ умуман вуҷуд надоранд ва ё ин ки танҳо дар шакли ҷанинӣ, ибтидоӣ дода шудаанд.
  Муҳимтарин фарқияти конфутсиячигӣ аз буддоия аз дарку фаҳмиши мусбии олам иборат аст. Олам аслан мавзун буда, дар он мухолифати равшану ошкори «сансара» ва «нирвана» мушоҳида намешавад. Мақсади умумии ахлоқӣ ин ба олам пайвастан аст, на ҷудо шудан ва худро аз он дур сохтан.
Конфутсиячигӣ дар ҳаёти ахлоқиву маънавии халқҳои Корея, Лаос, Ветнам ва Япония таъсири амиқе расонидааст. Аммо аз сабаби он, ки бо сохти анъанавии тақсимоти мансабу мақомот алоқамандиву дилбастагии зиёд дошт, дини ҷаҳонӣ шуда натавонист.
  Ба ақидаи Конфутсий , инкишофи ҷомеаро шахсе тарбия дида, бофарҳанг ва бо ахлоқ таъмин менамояд. Ба ақидаи ӯ, мақсади асосии таълимоти ахлоқиаш ба он равона шудааст, ки инсони комил ва ахлоқиро ба воя расонад.
«Дар пиронсолӣ шуморо сарвати бузурге интизор аст: гузаштаи шумо». Конфутсий «марди шариф» (тсзюнь тсзи)-ро ба «одамони паст» (сяожэн) муқобил гузоштааст, ки аввалиҳо бояд дуввумиҳоро идора карда, барояшон намунаи ибрат бошанд… Мутафаккир онро ба назар мегирифт, ки «марди шариф» адолатро хоҳад шинохту, «одами паст» танҳо манфиатро мешиносад. Илова бар ин «Сару кор гирифтан бо занҳо ва одамони паст ниҳоят мушкил аст. Агар ба онҳо наздик шавӣ, онҳо дигар итоат нахоҳанд кард. Агар аз онҳо дур шавӣ, ҳатман нисбати ту бадбин хоҳанд кард». «Марди шариф дар бораи нуҳ чиз фикр мекунад: дар бораи возеҳу равшан дидан, возеҳ шунидан, кушодарӯй будан, рафтори эҳтиромомез доштан, ихлосмандона сухан гуфтан, мулоҳизакорӣ, ҳангоми пайдо шудани шубҳа аз дигарон пурсидан, дар хотир доштани оқибатҳои ғазаби худ, мадди назар доштани адолат ва ҳангоми мавҷуд будани имконият манфиат ҷӯстан». (ниг. Переломов Л.С., Конфуций: жизнь, учение, судьба, М., «Наука», 1993 г., с. 188-189.). Аз ин рӯ, «ҳангоми вохӯрӣ бо марди шариф, кӯшиш намо, ки бо ӯ баробар шавӣ; агар бо одами паст вохӯрӣ ба ҷаҳони ботинии худ фурӯ рав».
Цзюн-цсзи — одами тарбияёфта, муаддаб.
Хулоса, таълимоти аҳлоқии Конфутсий  ба равияҳои таълимотҳои дигари Чини Қадим таъсири бузург расонидааст. Таълимоти ахлоқии Конфутсий  тарзи зиндагӣ ва анъанаи мардуми Чин ба ҳисоб меравад. Конфутсий  дар синни 73 -солаги вафот кардааст. То ҳанӯз падари маънавии чиниҳо мебошад.
Зиёева Зебониссо Идибековна
ходими калони илмии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.
Баҳоваддинови АМИТ
Ҳафтаномаи "Самак" №50 (475) 09.12.2020 
Хондан 3483 маротиба

Китобҳо