JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Декабри 2020 05:01

Моро фалсафаи миллии амал зарур аст

Муаллиф:

  Асри ХХ бо назардошти зуҳурот ва моҳияти воқеаву фоҷеаҳои дар ҳаёти инсони муосир бавуҷудомада, ки баъзе аз онҳо аз рӯи миқёси худ бебақоии мавҷудияти башариятро дар ҷаҳон ба намоиш гузоштанд, бесобиқа буд. Тағйироту таҳаввулоти дар соҳаҳои мухталиф руйдода, аз ҷумла, муносибати инсон ба сайёра, инчунин, ба қисме аз фазои кайҳонӣ, ки онро инсон аз худ карда истодааст, муносибатҳои байни давлатҳои ҷаҳон, ки ба тақдири башар, ба вижа, табиати ихтилофоти байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва субъектҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ таъсир мегузоранд, на ҳама вақт дуруст дарк карда мешаванд.

  Дар замони муосир амвоҷи тағйироту таҳаввулот боз ҳам шадидтар ва фарогиртар шудаанд. Аз ин ҷост, ки дар асри XXI инсон «Ҷанги сард»-и абарқудратҳо ва системаҳои иҷтимоӣ-сиёсии ташкилнамудаи онҳоро паси сар карда, қадаме ба пеш гузошта бошад ҳам, чунин мушкилот ҳанӯз ба таври бояду шояд ҳал нагардидаанд. Айни замон равандҳои зиддиятноки паҳншавии ақидаҳои бунёдгароёнаву иртиҷоӣ, афзоиши фарқияти иҷтимоию иқтисодӣ дар байни давлатҳо ва инчунин, мавҷудияти таҳаммулнопазирии иҷтимоӣ-этникӣ дар худи ҷомеаҳо мушкилоти дигареро ба вуҷуд овардааст. Ҳамзамон, хатароти буҳронҳои экологию демографӣ бо суръати бағоят бузург густариш меёбанд.

  Аз ин рӯ, барои рафъи ин мушкилот ва ё ҳадди ақал паст кардани сатҳи таъсироти манфии онҳо, вазъияти ҷаҳони муосир аз инсони имрӯза талаб менамояд, ки дар баробари пешрафти илмию техникӣ мунтазам донишҳои самарабахшро аз худ кунад ва ҳар қадар зудтар технологияҳои навро дар истеҳсолот ҷорӣ намояд. Чунки танҳо ин омилҳо метавонанд шароити зиндагии инсонро беҳбуд бахшанд ва хатароти манфии мушкилоти табиию инсониро коҳиш диҳанд.

  Ҳамаи ин дигаргуниҳо ва инчунин, бисёр дигаргуниҳои шадиде, ки ба вуҷуд омада истодаанд, ҳамдигарро тақвият медиҳанд ва чунон ба назар мерасад, ки гӯё ҳамаи ҳодисаҳои дар тамоми гӯшаю канори олам рӯйдиҳанда аз хираду дониши инсонӣ берунанд. Вале чунин фаҳмиш аз воқият дур аст. Дарки дурусти ин масъала на танҳо барои ашхоси алоҳидаи донишманд, балки барои ҳар як инсони одию қаторӣ низ аз аҳамият холӣ нест, зеро воқеият он аст, ки бо тағйирёбиҳо дар умқи иҷтимоиёту иқтисодиёт шумораи инсонҳои ба ин дигаргуниҳо алоқаманд ва ё фаъол низ аз ҳисоби табақаҳои поёнии ҷомеа афзуда истодааст. Тавре ба назар мерасад, дар арсаи ин дигаргуниҳо инсонҳои одӣ на танҳо тамошобини манзара, балки ба сифати иштирокчии бевоситаи рӯйдодҳо низ ширкат мекунанд. Маҳз иштироки бевоситаи онҳо дар рӯйдоду воқеаҳо яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи тағйиротҳои бавуҷудомадаи замони муосир аст.

  Аз тарафи дигар, татбиқи бевоситаи ин дигаргуниҳо ба он рабт дорад, ки ҳар як инсон то чӣ андоза масъулияти ояндаро ба дӯши худ мегирад. Агар инсон ба моҳияти равандҳое, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, сарфаҳм наравад ва ба онҳо аз мавқеи манофеи миллӣ ва меҳанӣ бархӯрд карда натавонад, раванди мазкур имконнопазир мегардад. Мо (тоҷикон) бояд ба ҳар масъалае аз мавқеи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои меҳании хеш назар андозем ва ба онҳо на аз рӯи ченакҳои динӣ (хусусан, исломӣ), балки аз рӯи меъёрҳои илмӣ, дунявӣ ва манофеи миллӣ баҳогузорӣ намоем. Таҷрибаҳои зиёд ва дуру дарози таърихӣ нишон медиҳанд, ки намояндагони миллати мо ба ҳар масъалае аслан бо назардошти дар авлавият гузоштани арзишҳои диниву мазҳабӣ, мавқеи миллатҳои ғайр, манофеи давлатҳои бегона мавқеъгирӣ намуданд ва дар зимн комилан фиреб хӯрданд ва ба шикасту нокомиҳои бағоят бузург мувоҷеҳ шуданд.

  Дар шароити имрӯза низ дар ҷомеа афкору андешаҳои гуруҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ва нафарони алоҳида кам нестанд, ки комилан зидди арзишҳои миллӣ ва манофеи меҳанӣ бошанд. Азбаски, шабакаи ҷаҳонии интернет тамоми кураи арзро фаро гирифтааст ва дастрасӣ ба ҳар гуна иттиллоот ҳеҷ монеагие надорад, ин гуна афкору ақидаҳоро дар ҳар шабакаи иҷтимоӣ пайдо кардан мумкин аст. Маҳз дар ин вазъият ва фазосозии гуруҳҳову нафарони манфиатхоҳ олимону донишмандони моро зарур аст, ки масъалаҳову мушкилоти ҳалталаби ҷомеаро ба сифати мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотӣ интихоб карда, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум ва паст кардани шиддати хурофоту таассуб мусоидат намоянд. Ҳамчунин, ҳар андешаи пайдошуда ва падидаи бамаломадаро новобаста ба он, ки қабул доранд ё на, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳанд. Зеро барои ҳаёти пурраи ҷамъиятӣ зарур аст, ки ҳар як фикри алоҳида на танҳо аз нуқтаи назари як фард ё гуруҳи кӯчаки манфиатхоҳ, балки аз нуқтаи назари манофеи миллату меҳан ҳамаҷониба асоснок карда шавад.

  Ба таври возеҳ маълум аст, ки ҳар як инсони солимфикр ба воқеияти атроф бошуурона ва оқилона баҳо дода метавонад, аммо қобилияти тафаккури оқилона дар инсон модарзодӣ нест. Бинобар ин, аксар донишмандони мо бо вуҷуди он, ки донишҳои соҳавии хуб ва баъзан натиҷаҳои назарраси илмӣ ҳам доранд, дар шинохти дурусти манофеи миллат оҷизанд ва дар ҳифзи арзишҳои миллӣ тамоман бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Барои бартараф кардан ин мушкилот наслеро тарбия кардан зарур аст, ки дар ҳама самт аз мавқеи миллату меҳан баромад намоянд. Дар ин ҷода сараввал шинохти комилан дурусти миллатро аз бомдоди таърих муайян кард ва ба ин хотир, шахсиятҳое номвареро, ба монанди шоҳон (Куруши Кабир, Ардашери Бобакон, Исмоили Сомонӣ, Ғиёсуддини Ғӯрӣ…), лашкаркашони далер (Яъқуби Саффорӣ, Бобаки Хуррамдин, Абумуслими Хуросонӣ, Маҳмуди Торобӣ), олимони ҷаҳонӣ (Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Насириддини Тусӣ, Хайёми Нишопурӣ, Ҷамшеди Кошонӣ), шоирони маъруф (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлавии Балхӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш…) ҳамчун ҳомиёни манофеи миллӣ нишон дода, пайравӣ аз онҳоро дар замири ҷавонону наврасон ҷой додан зарур аст. Яъне, барои ташаккули тафаккури миллӣ ва ҳифзи арзишҳову манофеи миллат беҳтарин мактаб ва фалсафаи миллиро бояд ба вуҷуд овард, ки заминаҳои илмию амалии онро соҳиб ҳастем.

  Аксари инсонҳо олами ҳастӣ ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеаро асосан сатҳӣ тасаввур мекунанду ба моҳияти амиқи масъала намерасанд ва агар дарк ҳам намояд, онро нодида мегиранд. Ҳамзамон, нуқтаи назар ва амалҳои онҳо мустақил нестанд ва ҳамеша зери таъсири афкори мухталиф қарор мегиранд. Албатта, чунин бархӯрд ба воқеият имкон намедиҳад, ки мавқеи мустақилона нисбат ба ҳаёт, мақсад ва арзишҳои шахс асоснок карда шаванд. Барои бартараф кардани мушкилоти мазкур тавассути дастгоҳҳои идеологӣ дар афкору андешаи инсонҳо шинохти дурусти арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатиро ҷой кардан зарур аст.

  Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз мушкилоти асосии ташвишовар ва хатарзо дар шароити кунунӣ терроризму экстремизми динӣ мебошад. Маҳз ин падидаи номатлуб ба амнияти давлатию миллӣ шадидан таҳдид менамояд. Азбаски кулли пайравони терроризму экстремизм дилхоҳ масъаларо бо қонуну меъёрҳои шариъатӣ чен менамоянд, бинобар ин, онҳо тамоми далелҳои муътамади илмӣ ва афкори созандаро инкор ва баъзан, таҳриф менамоянд. Яъне, ба андешаи сиёсатшиноси тоҷик С. Ятимов “дар сатҳи идеология низ шуури инсон метавонад ҳама гуна воқеъияти объективиро бо майли хеш таҳриф намояд. Ҳамин гуна таҳрифкориҳо, ғалат шарҳ додани воқеъияти мавҷуда, ба гумроҳӣ кашидани мардум, хусусан ҷавонон дар ҳамаи мамолики навбунёд ҷой дорад… Барои ҳар миллат он ҳолатҳое фоҷиабор муқаррар мешаванд, ки агар ниятҳои бозигарони минтақавӣ ё геополитикӣ бо мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гуруҳҳои дохилидавлатӣ мувофиқ карда шаванд”.

  Аз ин рӯ, барои шинохти дурусти арзишҳои миллӣ ва ҷудо карда тавонистани онҳо аз арзишҳои аҷнабӣ андеша ва тафаккури миллиро тақвият додан зарур аст. Барои таҳрик додани афкору андешаи миллӣ аввалан ҳадафҳоро мушаххас намуда, баъдан ориентатсияи миллатро ба самти ормонҳои миллӣ майл додан зарур аст. Аллакай, дар ин масир ҳаракат ба вуҷуд омадааст, ки эҳёи номгузориҳои миллӣ ва минҷумла топонимияҳо, таҷлили ҷашнҳову оинҳои миллӣ, бунёди иншоотҳои бузург ва ба онҳо гузоштани номи миллату шахсиятҳои воқеан миллӣ мисолҳои мушаххаси ин гуфтаҳоянд.

  Ҳарчанд дақиқ кардан ва таҳрик бахшидани тафаккури миллӣ кори саҳлу осон нест ва технологияи махсусро талаб менамояд, хушбахтона, хиради азалӣ ва ҳофизаи таърихии миллати тоҷик боис шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ростои шинохти манофеи миллӣ некро аз бад ва хайрро аз шар бишносад ва барои эҳёи фалсафаи миллӣ заминаҳои бунёдӣ гузорад.

  Фалсафаро баъзан ҳамчун як навъ донишҳои абстрактие шарҳ медиҳанд, ки аз воқеияти ҳаёти рӯзмарра хеле дур аст. Баръакси ин гуфтаҳо, ҳар миллате, ки муваффақу комёб аст ва давлати қудратманду тавоно дорад, яқин амалияи он ва сиёсати давлаташ аз қонунияти фалсафаи миллии худи он маншаъ мегирад. Зеро ҳар мушкилоти ҷиддӣ ва амиқи фалсафиро худи ҳаёт ба вуҷуд меорад ва арсаи асосии бурузи он густараи илми фалсафа аст. Ҳамзамон, бояд дар хотир дошт, ки дар фалсафа кӯшиши фаҳмидани воқеият ва муносибати танқидӣ ба ин воқеият мақоми аввалиндараҷа дорад. Бинобар ин, ҳар падидае, ки дар ҷомеаи имрӯза рӯй медиҳад, бояд аз дидгоҳи фалсафӣ таҳлилу баррасӣ шавад.

  Фикри пайвастагии фалсафа бо ҳаёти воқеӣ баъзан дар шакли зерин ифода мешавад: бархе нафарон бар он ақидаанд, ки зиндагӣ фалсафаи дигар ва фаъолият фалсафаи дигарро соҳибанд. Вале дар асли зиндагӣ ва фаъолият фалсафаи ягона вуҷуд дошта, моҳияти аслии ҳаёт дар амалкард ва оқибатҳои он таҷассум меёбад. Маҳз дар ин рӯзҳо зарурати дарки дигаргуниҳои амиқ дар тамоми соҳаҳои ҷомеа ба миён омадааст, ки нишонаи амалкарди инсонҳо дар зиндагӣ ва фаъолияташон аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва эҳтимолие, ки ҳанӯз ба вуҷуд наомадаанд, халқи шарифи Тоҷикистонро дар атрофи ғояҳои миллӣ муттаҳид намуда, фалсафаи миллиро ҳамагонӣ гардонем. Дар ин ҳолат, заминае ба вуҷуд меояд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ ба тадриҷ атрофи ин ғояи бузурги умумиллӣ муттаҳид шаванд.

  Ҳамин тариқ, фалсафа дар рушди таърихии худ ҳамчун як воҳиди ягона ба назар мерасад, ҳарчанд ба намудҳои гуногуни фарҳангӣ ва марҳилаҳои таърихӣ тақсим шудааст. Воқеият он аст, ки ҳар миллати огоҳ барои пешбурд, ташкили давлати миллӣ ва инчунин, муттаҳид сохтани кулли намояндагони худ дар тамоми гӯшаю канори олам фалсафаи миллии худро сохтаанд ва намояндагони хешро дар атрофи он муттаҳид намудаанд. Миллатҳои огоҳ омилҳои мушкилотеро, ки дар ростои пешрафти умумии миллат монеа эҷод мекунанд, барои иттиҳоди ҷомеа шадидан интиқод мекунанд. Дар баробари ин, дар лаҳзаҳои муҳиму ҳассос ба таҷрибаҳои гузаштаи худ такя мекунанд ва аз онҳо сабақ гирифта кӯшиш мекунанд, ки хатоҳои як бор содиршударо дигарбора такрор накунанд.

  Миллати мо дар асри X-XI наҳзати илммеҳваре дошт, ки аврупоиҳо ба он дар асрҳои XIV-XV расида, замони “Эҳё”-аш номида буданд. Он наҳзати илммеҳвар, ки аз фалсафаи миллии мо маншаъ мегирифт, то ҳол дар пасманзари зеҳни мардуми мо нуҳуфтааст. Он фалсафаро эҳё бояд карду такмилу таҳаввул бояд дод. Чун аврупоиҳо, ки илму амалашон аз давраи Эҳё ба маҷрои рушд даромаду решаҳояш аз мазраъи ҳикмати Юнони антиқа об мехуранд, бояд мо аз дар истинод ба решаҳои таърихии хеш дар паи шукуфоии имрӯзу ояндаи миллату меҳани азизи худ бошем.

Номвар ҚУРБОН,

аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳафтаномаи "Самак" №50 (475) 09.12.2020 

Хондан 1699 маротиба

Китобҳо