Андеша кардан сари арзишҳои миллӣ рушанфикронро водор кардааст, ки дар мавриди яке аз арзишҳои асосии ифодакунандаи ҳуввияти миллӣ, яъне либос низ андеша ва аз густариш ёфтани либосҳои қавмҳои дигар бо тарғиботҳои гулзанандаи «либоси исломӣ» изҳори хатар ва нигаронӣ намоянд. Ба назари мо чунин таваҷҷуҳи мардум ба либос ва дигар падидаҳои маънавии бегонагон аз рўи хушбоварӣ ва нокифоягии огоҳии онҳо сурат мегирад. Онҳо вақте ки ифодаи «либоси исломӣ»-ро мешунаванд, гумон мекунанд, ки дар ҳақиқат он исломӣ мебошад, зеро унсуре аз «исломӣ будан», яъне сарро бо рўймол бастан дар он вуҷуд дорад,…