JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:57

Либоси миллӣ муаррифгари зебоиписандии миллати тоҷик

Муаллиф:

   Андеша кардан сари арзишҳои миллӣ рушанфикронро водор кардааст, ки дар мавриди яке аз арзишҳои асосии ифодакунандаи ҳуввияти миллӣ, яъне либос низ андеша ва аз густариш ёфтани либосҳои қавмҳои дигар бо тарғиботҳои гулзанандаи «либоси исломӣ» изҳори хатар ва нигаронӣ намоянд. Ба назари мо чунин таваҷҷуҳи мардум ба либос ва дигар падидаҳои маънавии бегонагон аз рўи хушбоварӣ ва нокифоягии огоҳии онҳо сурат мегирад. Онҳо вақте ки ифодаи «либоси исломӣ»-ро мешунаванд, гумон мекунанд, ки дар ҳақиқат он исломӣ мебошад, зеро унсуре аз «исломӣ будан», яъне сарро бо рўймол бастан дар он вуҷуд дорад, аммо ин фиреби назаре беш нест. Дар фарҳанги исломӣ аслан либоси ягонае вуҷуд надорад ва ҳар миллат тавассути либоси миллии худ дар тамоми давраҳои ислом либос мепушид.

   Либос ҳарчанд ҷиҳати зоҳирии инсонро муаррифӣ мекунад, аммо дар илми зебоишиносии муосири ҷаҳонӣ муаррифгари фарҳанг ва зебоиписандии ҳар қавму миллат дар назди башарият эътироф шудааст. Аз ҷониби дигар, либос барои ҳифзи тани инсон аз ҳаргуна ҳодисаҳои номусоиди табиӣ зарур аст. Либос нақши зебоипарастиро бозида, вобаста ба намуди фаъолияти инсон, маросиму ҷашнвораҳо, синну сол интихоб карда мешавад. Инчунин, интихоби либос ба синну сол ва мавқеи ҷуғрофии маҳал низ вобаста аст, зеро дар манотиқи гарм пўшидани либосҳои ранги сиёҳ ба саломатӣ зарар дорад. Ё баръакс, дар ҷойҳои сард пўшидани либоси ранги сафед ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба тарзи зиндагӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Либос инчунин барои муаррифии дину ойин дар ҷомеаҳои имрўза маълум шудааст, ки метавонад заминаи зиддиятҳову фарқиятгузориро ба вуҷуд оварад. Ин фарқгузориҳо омили таҳқиру тавҳини байни шаҳрвандон гардида, ҷалби ҷавононро ба гурўҳҳои ифротӣ метезонад.

Одатан, гурўҳҳои ифротӣ ва ҷосусии тахрибкор дар ҷаҳони муосир интихоб ва масъули корбурди худро аввалан аз байни занон бо ин роҳ ҷудо карда, баъдан барои ҳадафҳои худ истифода мекунанд.

Мутаассифона, бештари мардуми мо одатан дар пайравӣ ба мўди мардуми бегона тайи чанд соли охир таблиғи либоси мардуми бегонаро доранд. Чунон ки муҳаққиқон муайян намудаанд, либос ҳам метавонад ифодагари шахсияти инсон бошад. Аксарияти мардум тавассути либос мехоҳанд бартарияти худро аз дигарон нишон диҳанд ва бештари вақт ба шакли он аҳамият медиҳанд.

Мақоли «одаму либос- хонаву палос»-ро бештари мардум дуруст нафаҳмида фикр мекунанд, ки либос бояд воситае барои пешниҳоди чизе ба каси дигар аст (масалан, барои намоиш додани тарҳи берунии инсон) Чи гуна либосро ба бар кардани мо бояд хислати фардии моро нишон диҳад.

Яке аз масъалаҳои аслие, ки имрўз мардуми тоҷик ва махсусан занони мо ба он кам аҳамият медиҳанд, ин интихоби нодурусти либос аз рўи ранг мебошад. Интихоби нодурусти либос вобаста ба ранги он метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад. Ин ҷо овардани чанд тавсия барои интихоби либос, аз рўи ранг аз аҳамият орӣ нахоҳад буд:

• Аз интихоби ранги сиёҳ ва камранг (чи дар либос ва чи дар муҳити зист) парҳез бояд кард:

• Ранги лоҷувард ва сабз хусусияти табобатӣ доранд ва аз ин лиҳоз барои саломатии инсон манфиатоваранд.

• Дар раванди барқарорсозии саломатӣ ранги гулобӣ таъсири мусбат мерасонад.

• Ба ҳар инсон, дар давраи муйяни ҳаёташ дар робита бо вазъи саломатӣ ва майли ҷисмониву руҳии он, ранги муайян мувофиқ меоянд. Мутаасисофона, имрўзҳо дар кўчаву бозорҳои Тоҷикистон ҳама намуд либосҳоро дидан мумкин аст, ки бештар хислати таблиғӣ доранд. Ҳатто дар байни ҷавонон либосҳоеро дидан мумкин аст, ки бо шиорҳои бегонапарастӣ аз қабилӣ « Я мусульманин», «Я чеченец», « Я люблю Мухаммед» ва монанди инҳо мазҳаб ва миллатҳои алоҳидаро таблиғ мекунанд. Ин тарз либосҳо барои сохтани ҳуввияти миллӣ, албатта таъсири манфӣ доранд.

 Имрўз мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки зимни интихоби либос саломатӣ, зебоӣ ва урфу одатҳои миллиро ба назар гиранд. Дар асри нав бархўрди фарҳангҳо тезу тунд шуда истодааст ва моро зарур аст, ки аз ин бархурдҳо зарари моддӣ ва маънавӣ набинем. Дар ин маврид бояд ҷанбаи дигари масъала - сабаби муваффақияти густариш ва мавриди писанд гардидани ин либосҳо мавриди омўзиш қарор гирад. Масъаларо мо бояд танҳо бо либос маҳдуд нанамоем. Зеро на танҳо либос балки давлатҳои нисбатан қудратманди исломӣ аз қабили Туркия на танҳо либос, балки осори маънавӣ ва моддии худ аз қабили кино, мусиқӣ, хурокворӣ ва мисли инро густариш ва паҳн карда истодаанд. Дар баробари либос мо ҳамчунин зери таъсири ғояҳои дигаре, ки тавассути кино ва мусиқӣ ва маҳсулоти туркӣ ворид мегарданд, қарор гирифтаем. Рақобат ба ин таъсири идологӣ танҳо он вақт муяссар мегардад, ки мо низ айнан маҳсулоте истеҳсол намоем, ки бо он рақобатпазир бошанд. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз ҷумла либос мо бояд таҷрибаи дигар давлатҳо бахусус Туркияро биомўзем. Масалан, яке аз сабабҳои муваффақияти либосҳои туркӣ ин омезиш додани унсурҳои миллӣ бо дастовардҳои муди имрўза мебошад. Он бо хусусиятҳои миллии худ маҳдуд нашудааст ва агар имрўз мо биниши худро бо либоси миллӣ бидуни ба назар гирифтани дастовардҳои муди имрўза маҳдуд созем, онгоҳ ба чизе муваффақ намегардем. Ҳолати мазкурро ба назар гирифта, зарур мешуморем, ки барои пешгирӣ кардан аз раванди густариши паҳншавии либосҳои бегона, бояд як ҳамоҳангие миёни ниҳодҳои лозимӣ аз қабили тарроҳон, фарҳангшиносон (этнографҳо), идеологҳои давлатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд биёяд. Бидуни иқдоми ниҳоят дурандешона ва густурдаи амалӣ ва ба назар гирифтани ҷанбаҳои миллӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ, танҳо бо роҳи тарғиби сарсарӣ ва ба истилоҳ «фаҳмондадиҳӣ» муваффақ гардидан дар ин самт ғайриимкон мебошад.

Хондан 4915 маротиба

Китобҳо