JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:59

Омӯзиши муқоисавии масъалаи зан дар Тоҷикистон ва Афғонистон

Муаллиф:

   Дар давраи нав баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар муқоиса ба олимони ватанӣ бештар олимону пажӯҳишгарони ғарбӣ ба омӯзиши ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ машғуланд. Яке аз чунин таҳқиқотҳо соли 2009 аз тарафи муҳаққиқи америкоӣ – Кили Лайна Лизе анҷом дода шудааст, ки дар мавзӯи “Марги модар ҳангоми таваллуди кӯдак: Шинохти марги модар дар Боми Ҷаҳон” (Kylea Laina Liese, Motherdeath in Childbirth: Explaining the Maternal Mortality on the Roof of the World) сурат гирифтааст. Ин рисолаи докторӣ дар ҳаҷми зиёда аз 300 саҳифа буда, дар заминаи таҳқиқоти ин бону дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва ноҳияи Дарвози Афғонистон, ки дар рӯ ба рӯи ҳам, дар ду тарафи дарёи Аму ҷойгиранд, навишта ва дар Шуъбаи антропологияи Донишгоҳи Станфорди Амрико дифоъ ёфтааст. Кили Лизе дар муддати зиёда аз як сол дар ин ноҳияҳои сарҳадӣ зиндагӣ ва пажӯҳиш кардааст. Натиҷаҳои муқоисавии ин пажӯҳиш бисёр ҷолиб ҳастанд, ки ин ҷо ба таври мухтасар онҳоро баён мекунем.

   Муҳаққиқ бо он оғоз мекунад, ки ду ноҳияи ҳамном ва ҳамсарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро ба хотири он интихоб кардааст, ки новобаста ба як миллат (тоҷик) ва як мазҳаб (суннимазҳаб) тааллуқ доштани мардумони ин ду ноҳия шароити зиндагӣ, махсусан маргу мир ва бемориҳои занон дар вақти таваллуди кӯдак куллан фарқ мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Занҳои Бадахшони Афғонистон аз ҳама бештар дар байни занҳои ҷаҳон дар вақти таваллуд мефавтанд (6507 фавти модар ба 100 000 таваллуд). Хатари марги онҳо ҳангоми таваллуди кӯдак 1/3, яъне аз 3 як ҳисса аст. Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, аз 100 000 зан 292 нафар дар вақти таваллуди кӯдак мефавтанд ва хатари марги онҳо ҳангоми таваллуди кӯдак 1/115 ё худ аз 115 ҳамагӣ 1 ҳисса мебошад...”

Бо муқоисаи ин омор, ки дар байни ду Дарвоз ва ду Бадахшон фарқияти куллӣ мегузорад, Лизе савол мегузорад: Чаро чунин аст? Ин саволи марказии таҳқиқоти рисолаи доктории ӯ дар мавзӯи антропологияи тиббӣ мебошад. Ин муҳаққиқ худ антрополог мебошад ва бар замми ин давраи алоҳидаи омӯзиши тибро низ гузаштааст. Дар замина ва хулосаи таҳқиқоти худ ӯ консепсияи “хатарҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ табақабандишуда” ро пешниҳод мекунад. Дар хулоса мегӯяд, ки фарқият фақат ба вазъи хизматрасонӣ ва касбияти соҳаи тиб ва табибону пизишкон марбут нест. Сабабҳои ин фарқияти куллӣ ба хатарҳое рабт дорад, ки дар Дарвози Афғонистон бештар ҳастанд. Сипас ӯ ин хатарҳоро номбар мекунад, аз он ҷумла:

Якум, хатари бесаводии занҳо: Дар Дарвози Тоҷикистон дар ҳар як деҳа мактаби ибтидоӣ ва миёна вуҷуд дорад, ки дар онҳо ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон таҳсил баробар ва ҳатмӣ аст. Дар тамоми ноҳияи Дарвози Афғонистон ҳамагӣ як мактаби ибтидоӣ барои духтарон вуҷуд дорад, ки он ҳам бошад ба наздикӣ аз тарафи Бунёди Оғохон сохта шудааст. Дар он ҷо духтарҳо ва писарҳо якҷоя таҳсил намекунанд ва таҳсил барои ҳеч кадоме аз онҳо ҳатмӣ нест. Дар Тоҷикистон 98% занҳо таҳсилкардаи мактаби миёна ҳастанд, дар ҳоле ки 70% занҳои Афғонистон мактабхонда нестанд. Саводнокии духтарони Тоҷикистон 100% ва саводонокии духтарони Афғонистон ҳамагӣ 18% аст.

Дуюм, хатари синну соли башавҳарбароии занҳо: Дар соли 2007 духтарони Дарвози Тоҷикистон дар синни 19 солагӣ хонадор шуданд, дар ҳоле ки духтарони Дарвози Афғонистон ба ҳисоби миёна дар 13 солагӣ ба шавҳар баромаданд. Ин фақат ҳисоби миёна аст ва имкони зиёд вуҷуд дорад, ки духтарҳои Афғонистон дар кӯдакӣ ҳам оиладор мешаванд. Олим чанд мисолеро меорад, ки духтарҳо дар синну соли кӯдакӣ ба шавҳар баромадаанд.

Сеюм, хатари бисёрзанӣ: Лизе ҳамагӣ як нафар мардро дар Дарвози Тоҷикистон мушоҳида кардааст, ки ду зан доштааст. Аммо дар Дарвози Афғонистон бисёрзанӣ падидаи муқаррарӣ мебошад. Ҳатто мардҳое низ ҳастанд, ки синну солашон аз 50 60 боло аст, вале ба духтарҳои аз синни балоғат хурд (аз 9 сола то 15 сола) издивоҷ мекунанд.

Чорум, хатари хариду фурӯши зан: Муҳаққиқи амрикоӣ маҳр ва дигар амалҳоро хариду фурӯши занҳо меномад ва ҳақ ба ҷониби ӯ низ ҳаст. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон маҳр вуҷуд дорад, ки аз издивоҷи маҷбурии духтарҳо дарак медиҳад. Дар Афғонистон ҳолатҳои фурӯши духтарҳо ба хотири чизу мол бештар аст.

Панҷум, бекории занҳо: Дар Дарвози Афғонистон занҳо аксаран бекор ҳастанд, яъне ба корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ машғул нестанд. Ин вобаста ба он аст, ки чунин корҳо барои занҳо вуҷуд надоранд ва ҳамчунин гаштугузори озодона ва танҳои занҳо дар берун манъ аст.

Шашум, хатари “пурда” ва ё худ маҳдудияти гаштугузори занҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ.

Ҳафтум, хатари “маҳрам”: Дар Дарвози Афғонистон талаб карда мешавад, ки агар зан берун аз хона рафт, бояд бо худ маҳрам (шавҳар, бародар...) дошта бошад, вагарна барои ӯ иҷозати гаштугузор нест. Ҳаштум, хатари “чодар”: Муҳаққиқ дар Дарвози Тоҷикистон ҳамаги чанд занеро мушоҳида кардааст, ки ба сар чодар ё сатр мекарданд. Як ҳолат вобаста ба рашки шавҳар будааст. Аммо дар Дарвози Афғонистон ҳамаи занҳои аз 9 сола боло ва ҳатто хурдтар чодар ба сар мекунанд. Чодаре, ки тамоми бадани занро пӯшонад, то омадани Муҷоҳидон ва Толибон махсусан дар Бадахшони Афғонистон вуҷуд надошт. Вале талаботи шадиди ин гурӯҳҳои исломӣ боис гардидааст, ки занҳо ба сар чодар кунанд.Муҳаққиқ як ҳолатро нақл мекунад, ки дар давраи Муҷоҳидон дар маркази Бадахшони Афғонистон – шаҳри Файзобод режими шадиди чодарпӯшӣ ҷорӣ карда шуд. Фақат як зан, ки пизишки бемористон будааст, итоат намекунад ва танҳо бо таҳдиди қатл аз тарафи Муҷоҳидон маҷбур мешавад чодар ба сар кунад.

Лизе хатарҳои пурда, маҳрам ва чодарпӯширо ба он марбут медонад, ки занҳо дигар озодона ҳаққи гаштугузор надоранд. Ҷисми онҳо тобеи талаботи ҷисми мард мешаванд, ки аз назари физиологӣ тамоман дигар ҳаст. Мардҳо ба ҳисоб намегиранд ва иҷозат намедиҳанд, ки зани ҳомиладор бояд ҳамеша дар зери назорати духтур бошад. Аммо ягон деҳаи Дарвози Афғонистон марказҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ ва ҳатто ақаллан ҳамшираи шафқат ва момодояи касбӣ надоранд, ки занҳо ба онҳо муроҷиат кунанд. Барои ба маркази ноҳия рафтан онҳо бояд ба маҳрами худ муроҷиат кунанд, ки ё дар муҳоҷирати корӣ дар Эрон ҳаст ва ё аслан намехоҳад вазъияти физиологии занҳоро ба назар гиранд. Дар натиҷа, бисёри занҳо дар хона таваллуд мекунанд, ки боиси афзоиши фавти онҳо мегардад. Аммо ин ягона сабаб нест, чунки дар Тоҷикистон бисёри занҳо низ дар хона таваллуд мекунанд, вале фавти онҳо бисёр кам аст. Инро муҳаққиқ ба мушкилии чодарпӯшии занҳои афғон вобаста медонад. Аз назари тиббӣ, барои инсон офтоб ғизои зарурӣ мебошад, яъне ӯро бо витамини Д таъмин мекунад. Норасоии витамини Д дар ҷисми инсон боиси сахту шикананда гардидани устухон мегардад. Занҳое, ки чунин норасоӣ доранд, зоиши кӯдакро ба мушкилӣ пушти сар мекунанд, чунки устухонҳояшон чандир нест. Дар натиҷа, ё кӯдак мемирад ва ё зан аз хунравии зиёд мефавтад. Чун занҳои афғон чодар мепӯшанд ва офтоб намехӯранд, норасоии витамини Д дар онҳо ба бемории хроникӣ табдил ёфтааст.

Ҳамин гуна, бесаводӣ, синну соли хурди оиладоршавии духтарҳо ва бисёрзании мардҳо низ марги модарро ҳангоми таваллуди кӯдак афзоиш медиҳад. Занҳое, ки бесавод мемонанд ва мактаб намехонанд, маҷбуран дар синну соли хурд ба шавҳар дода мешаванд. Дар ин синну сол онҳо ба моҳияти оиладорӣ сарфаҳм намераванд ва қариб ҳар сол як кӯдак таваллуд мекунанд. Одатан чунин занҳои афғон баъди 5 6 кӯдак тамоми захираҳои организмашонро аз даст дода, оқибат дар вақти таваллуди кӯдаки навбатӣ мефавтанд. Бисёрзанӣ низ хатари ҷиддӣ барои марги модару кӯдак ба шумор меравад. Одатан марде, ки ду ё зиёда зан дорад, дар нисбати онҳо ва кӯдаконашон масъул нестанд. Ҳатто дар мавридҳое марги як зан барояш сабукии таъмини рӯзгор меорад, ки чунин вазъият ӯро ба марги модару кӯдак манфиатдор ҳам мекунад.

Мо ин масъаларо на ба он хотир овардем, ки мушкилоти Тоҷикистонро ҳалшуда ҳисоб кунем ва дигар хотирҷамъ бошем. Балки таъкид бар он мекунем, ки солҳои охир баъзе падидаҳое дар кишвари мо ҳам мушоҳида мешавад, ки барои тамоми мардум ва махсусан занҳои тоҷик дар ояндаи наздик хатарнок хоҳанд буд. Бесаводӣ, бекорӣ, синну соли хурди оирадоршавӣ, чодарпӯшӣ, бисёрзанӣ ва монанди инҳо аз ҷумлаи ин мушкилиҳои афзояндаи ҷомеаи тоҷик мебошанд. Дар расонаҳо баҳсҳои беҳудае ба роҳ монда шудааст, ки чаро занҳои мо чодар напӯшанд? Аммо оё дар мавриди робитаи чодарпӯшӣ ва беморию марги модару кӯдак фикр кардаем? Ҳамин гуна саволҳо бисёр ҳастанд, агар мо ба масъалаҳо бе чорчӯбаи маҳдуди сиёсӣ ва идеологӣ нигоҳ кунем.

Як нуктаи дигар, ки қобили зикр аст, ба таҳқиқоти илмӣ вобаста мебошад. Яъне, мо бояд чунин таҳқиқотҳои ба истилоҳ “майдонӣ” ро дар байни мардум бештар гузаронем, то ба саволҳои сиёсишуда ва идеологишуда ҷавоби дуруст ва нишонрас дошта бошем. Дар ин маврид таҳқиқоти ин олими америкоӣ ташаббуси хубест, бинобар ин, хулосаи онро манзури хонандагони тоҷик намудем. Аз ин гуна муҳаққиқон ранҷидан даркор нест, ки онҳо мушкилоти моро ошкор мекунанд. Балки бо истифода аз онҳо ва махсусан неруи ақлонии худ боистӣ дар пайи шинохт ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин мушкилот бошем.

Ҳафиз Бобоёров

Хондан 2104 маротиба

Китобҳо