JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:00

Чаро ҷомеаи мо динзада шуд

Муаллиф:

   Суоли матраҳшуда ҳар шахси огоҳро водор месозад, ки сари ин нукта андеша кунад ва омилҳои онро чи аз дохил ва чи аз берун муайян кунад, то ҷанбаҳои ифротӣ шуданҳо ва аз зиддияти иҷтимоиву ақибмондагии кишварро ошкор созад. Ҳар масъалае, ки дар ҷаҳони муосир мавриди омўзиш қарор мегардад, сарчашма аз мушкилоти мавҷудаи ҷомеа гирифта, омилҳо ва ҷанбаҳои мушкилофаринии он ташхисшуда, роҳҳалҳои он пешниҳод мегардад. Мушкилоте, ки имрўз дар сатҳи чаҳонӣ бештари зиддиятҳои ичтимоиро ба вуҷуд меоварад, ин суистифода кардан аз дину бовариҳои мардум аст, ки бештар арзишҳои таҳрифшуда ва зиддиятҳоро дар ҳар ҷомеа роҳандозӣ мекунад. Фаҳмиши ҷомеа фаҳмиши арзишҳое мебошад, ки дар низоми муайян дароварда шуда, барои ҳамагон қабул аст.

   Ин арзишҳо пеш аз ҳама муносибатҳои иҷтимоӣ ва шахсии инсониро муайян карда, ҳар афроди ҷомеа худ ва дигаронро бо ин арзишҳо баҳогузорӣ мекунад, мисли сифатҳои неку бад, хушбахтиву бадбахтӣ, адолату худнамоӣ ва дигар сифатҳоро дода, байни инсонҳо тафриқа мегузорад. Тафриқа бо маънои маърифист, ки ҷанбаи ташхисӣ дорад ва ҳар обектро аз обекти дигар ҷудо карда, хусусиятҳои монандӣ ва фарқияти онро мушаххас месозад. Дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ пеш аз ҳама боварии инсонро ба як мабдаи фароҷисмие, ки қудрати муъҷизаофаринӣ дорад, ифода мекунад. Кудрати муъчизаофаринии дин бештар хусусияти ҷомеаҳое аст, ки сатҳи донишу маърифат поин буда, тафаккури ташхисӣ - танқидӣ вуҷуд надорад ё дар таърихи гузаштаи миллатҳо бештар ҳамчун фишанги саркубкунанда истифода шудааст, то инсонҳоро ҳамеша дар ҳолати ибтидоӣ ва дастнигарӣ нигоҳ дорад, пеш аз ҳама руҳониён ва сиёсатмадорон, ки дар таърихи гузашта як чеҳра доштанд, динро на ҳамчун омили маърифатӣ, ахлоқи ҳуқуқӣ ва бовармандӣ, балки ҳамчун фишанги қудрати мудирияти ҷомеа истифода мекарданд. Динҳо дар ҷомеаҳои ибтидоӣ бештар хусусияти ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмиро дошта, оламро дар сатҳи мушоҳидавӣ дарк мекарданд ва мушкилоти мавҷуди худро бештар дар сатҳи примитивӣ аз роҳҳои парастиши бутҳои гуногуни шахсӣ, авлодиву қабилавӣ, курбонӣ кардани инсонҳову ҳайвонот ва зораву таваллои аҷроми заминиву самовӣ роҳҳал меҷустанд. Гарчанде дар ибтидо рисолати ҳар пайғамбар овардани арзишҳои нав ба ҷомеа буд ва ба қудратҳои вақт, даст ба гиребон буд, аммо баъдан аз тарафи пайравон ва қудратталабон ба ҳар тарзе, ки мехостанд аз ин ниҳоди нав ташаккулёфта суистифода кунанд ва онро дар доираи манфиатҳои худ маҳдуд созанд. Агар нақши динро дар таърихи гузаштаи мо ба таври куллӣ арзёбӣ кунем, дин падидаи (дини зардуштӣ ва ислом) шояд дар ибтидо тавоноист арзишхои шоҳигарӣ ва худкомагии онҳоро шикаст диҳад, аммо натавонист ҷойгузини он низомеро ба вучуд оварнд, ки чунин худкомагон зуҳур кунанд ва тамаддуни бавуҷудовардани он тавонад ба таҳоҷуми хориҷӣ муқобилият кунад. Махсусан ислом дар муборизаҳои сиёсӣ бештар аз таҳаввулоти инқилобии ҷомеа кор гирифта, тамоми арзишҳои гузаштаро ҷохилият эълон карада, онҳоро тахриб кард ва ба коми нобудӣ афканд. Дар тули 1400 сол хулафои рошидин, Уммавиён, Аббосиён, Чингизиён, Сомониён, Темуриён, Манғитиён дар Осиёи Миёна дар ҷомеаи ислом ва рўҳоният ба ғайр аз мутобиқат шудан ба ислом ва суистифода кардани он ҳамчун як фишанги сиёсӣ барои нигоҳдошти низоми худкомаи хеш дигар нақше надоштанд. Гарчанде чунин амалкарди сиёсиву маънавии ҳукуматҳои динӣ дар замони эҳёи Урупои Ғарбӣ шикаст хурд ва ҷойгузини он давлатҳои дунявӣ ба вуҷуд омаданд, аммо баъди шикасти тамаддуни Урупоӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Амрико боз аз дин суистифода карда, дар ҷомаи боварҳои динӣ ва миллӣ-мардумӣ қудрати худро амалӣ сохта истодааст. Яке аз фишангҳои чанги сард дар баробари Иттиҳоди Шуравӣ ва мавкеи пайдо кардани қудрати Амрико дар Ховари Миёна, Покистон, Афғонистону Осиёи Миёна ва умуман Евроазия, ки маркази тамаддунофари замин буд, барои ба вуҷуд овардани зиддиятҳои иҷтимоӣ дар ин ҷомеаҳо истифодаи дин ва ангезиши бархурдҳои иҷтимоӣ, инчунин бо истифода аз боварҳои мардумӣ ва урфу одатҳои миёншикан ва муфлисшавии низоми оиладорӣ – қабилавӣ ва шикасти ҷаҳонбинии илмӣ ба дасти ҷаҳонбинии динӣ дар баробари идеологияи маҳдуди догаматикии вақт оҳиста - оҳиста дастаҳо ва гуруҳҳои ( мафияҳои) ҷиноятӣ ташаккул ёфта, қудрати сиёсиро фалаҷ сохта ва масрафкории зиёд дар соҳаи истеҳсолот ва дуздии моликияти давлатӣ ва суистифодаи он, миёни низоми иқтисодии кишварро шикаста, низоме ки дар асоси диалектикаи рушд таъсис ёфта буд ба догма табдил шуда аз байн рафт. Дар ҳоле ки чаҳонбинии маркисистӣ он буд, ки бояд ҷомеаҳо дар асоси зиддиятҳо рушд мекарданд. Аз ҷанбаи дигар агар ба низоми диалектикии маркисистӣ таваҷҷуҳ кунем, бояд ба чунин инқилоб ҷомеаҳое, ки форматсияи таърихи иҷтимоиро қабул доштанд мерасиданд. Ва воқеият нишон дод, ки чунин амал воқеияти пайдо кард ва ин низомро чаппа сохт ва боз ба асли хеш баргашта, динҳо суистифода шуданд ва имрўз дар тамоми рўи замин руҳониён ҷойгоҳ пайдо карда, дин ҳамчун фашанги сиёсӣ барои қудратталабон истифода шуд. Хулоса имрўз дин ҳамчун омили конфликтсози ҷомеаҳо аз тарафи қудратталабон ва сиёсатмадорон ҳамчун амалкарди сиёсӣ истифода мешавад. Ин амалкард чи дар дохили кишварҳо ва чи аз берун мудирият мешавад ва ҳамчун омили тасодуфӣ ва ғайри максаднок нест. Дар чаҳони муосир дин наметавонад, ҳамчун омили маърифатӣ - фарҳангӣ мавқеи пештози арзишофаринӣ ва муайянкунанда дошта бошад. Аммо ҳамчун муқаддасоти таърихӣ ачргузор мешавад, ки дар саҳифаҳои таърихи башарият чой дорад. Инчунин дин ҳамчун омили фарҳангӣ дар таърих тавонист муносибатҳои иҷтимоиро дар асоси арзишҳои инсонӣ ташаккул диҳад.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ

Хондан 2153 маротиба

Китобҳо