JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:43

Ситораи думдор (Комета) Кометаи C / 2013 US10 Каталина

Муаллиф:

Кометаи C / 2013 US10 Каталина бо ёрии  телескопи кайҳони қутри оинааш 0.67 метраи Шмидт-Кассигрен дар моҳи октябри соли 2013 кашф карда шуд.


  

Расми 2. Масофаи наздиктарин ба Офтоб.

Масофаи наздиктари ба Офтоб 0,823 воҳиди астрономи, яъне дар 123,45 млн.км масофа аз Замин 1,752 в.а. яъне 262,8 млн.км баробар буда, рузи 15 ноябри соли 2015 дар мадор бо сурати 46,4 км/с харакат карда гузашт.  Дурахши он ба 4,5 бузургии ситорави баробар буд, таъсирбахш аз он мебошад кометаи Каталина C / 2013 US10 ҳангоми гузаштан ба масофаи наздиктарин аз Офтоб ба чашм намоён  мерасид. Бо ёрии телескопи АЗТ-8 Расадхонаи астрономии Ҳисор Кометаи Каталинаро аз моҳи декабри соли 2015 то инҷониб мушоҳида давом ёфта истодааст, ки ҳангоми аз масофаи наздиктарин ба Замин гузаштанаш  мушоҳида карда шуд.

 

Расми 3. Масофаи наздиктарин ба Замин.

Масофа комета аз Офтоб 1,386 в. а. яъне 207,9 млн.км ва дар бурҷи ситоравии Дуби Акбар (Большая Медведица) масофа аз Замин 0,725 в. а. яъне 108,75 млн.км буда сурати нисби кометаи Каталина бошад ба 35,7 км/с баробар буда аз назди Замин харакат карда гузашт. Кометаи Каталинаро то моҳи июни соли 2016 дар фазои осмони Точикистон мушоҳида карда мешавад.

Расми 4. Роҳи ҳаракати Комета дар миёни ситораҳои қутби шимол.

Расми 5. Бинои телескопи АЗТ-8 Расадхонаи астрономии Ҳисор.

Ин кометаро бо ёрии телескопҳои ҳарду Расадхонаҳои Тоҷикистон  яъне Расадхонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох  мушоҳида намуда натиҷаҳои илми ба даст оварда мешавад.

Абдуллоев C.Х, Ҳамроев У.Х.
Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Хондан 2578 маротиба

Китобҳо