Владимир Маяковский шоир, намоишноманавис ва бозигар (актёр)-и рус дар таърихи 19 июли соли 1893 дар Гурҷистон ба дунё омад.
Дар Русияи сезарӣ бар зидди сезар мубориза мекард ва ба зиндон афтод. Маяковский қабл аз инқилоби соли 1917 ба шуҳрат расид. Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид.
Ӯ шоире футурист буд. Футурист ба ин маъно ки гузаштаро инкор мекард ва ба оянда боварӣ дошт. Дар ҳоле, ки Ленин, раҳбари инқилоб ба ашъори суннатитар ва анъанавӣ тамоил дошт. Ленин, ки аз шеър ва адабиёти модерн сар дар намеовард (намефаҳмид) бо ӯ чандон ба меҳр набуд.
Решаи аслии хурофот нодонӣ ва бовармандӣ мебошад. Инсон дар баробари ҳаводиси рӯзафзуни табиат ҳамеша дучори мушкил аст. Асли ин мушкил аз он маншаъ мегирад, ки агарчи инсон пайваста бо табиат вуҷуд дорад ва берун аз он вуҷуд дошта наметавонад, лекин боз ҳам дар мутобиқшавӣ бо равандҳои табиӣ нисбат ба дигар намудҳои зинда осебпазир аст. Инсонҳо дар шароитҳои гуногун вобаста аз вазъиятҳои бавуҷудомада роҳҳои гуногуни ҳалли мушкилро меҷӯянд. Он гоҳ ки эҳсос кунанд, роҳи ҳалли мушкил тариқи ақлу хирад ва таҷриба дар дасташон нест, ба хаёлпардозӣ рӯ меоранд. Воқеан баъзе одамон сахт эҳсосӣ мешаванд.
Хурофотзудоӣ ва такмили фарҳанги ҷомеа дар кишварҳое, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотӣ ва хирадситезона аст, амре муҳим ва бунёдӣ дар ростои ҷомеасозист. Ин гуна давлатҳо ниёз ба ислоҳоти густурдае доранд, ки он бояд тамоми абъоди ҷомеаро фаро бигирад ва алалхусус, ҷаҳонбинии ирратсионаливу тафаккури эътиқодмеҳвар ва тақдирбовари шаҳрвандонро бо воқеияти кори ҷаҳон созгор намояд, зеро “шарти нахустини мавҷудият ва пойдориву мондагории давлат вижагиҳои сифатии шаҳрвандони он аст” (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.470).
Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, ҷисман ва рӯҳан хаста шудааст. Албатта, ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд, вале ҳоло ҳам ҷомеаи тоҷикӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан наҷот наёфта, тадриҷан раванди ташаннуҷи таассубпарастӣ ва ҷаҳолатхоҳии оммавӣ дар Тоҷикистони кунунӣ, мутаассифона, тақвият ёфта, тадовум пайдо карда истодааст.