JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Январи 2020 06:51

Хурофотгароиву тақдирпарастӣ ва таъсири он ба характери  миллӣ

Муаллиф: Асадзода НАЗРӢ

  Хурофотзудоӣ ва такмили фарҳанги ҷомеа дар кишварҳое, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотӣ ва хирадситезона аст, амре муҳим ва бунёдӣ дар ростои ҷомеасозист. Ин гуна давлатҳо ниёз ба ислоҳоти густурдае доранд, ки он бояд тамоми абъоди ҷомеаро фаро бигирад ва алалхусус, ҷаҳонбинии ирратсионаливу тафаккури эътиқодмеҳвар ва тақдирбовари шаҳрвандонро бо воқеияти кори ҷаҳон созгор намояд, зеро “шарти нахустини мавҷудият ва пойдориву мондагории давлат вижагиҳои сифатии шаҳрвандони он аст” (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.470).

  Ҳар як фарҳанг бар мабнои низоми муайяни арзишҳо ташаккул ёфтааст. Қисматҳои таркибии низоми арзишҳое, ки як фарҳангро бунёд гузоштаанд, дар фазои зеҳнии ҳомилони фарҳанг, ба таъбири ҳандасӣ, дар як ҳамворӣ қарор надоранд, балки нисбат ба ҳамдигар дар сатҳҳои мутафовит ҷойгиранд. Метавон гуфт, ки ин низом аҳромшакл ё ба таъбири дигар иерархалӣ аст. Аз ин рӯ, баҳси тақаддуму тааххури арзишҳо масъалаест, ки онро наметавон нодида гирифт. Он арзишҳое, ки дар низоми иерархалии арзишҳо дар қуллаи аҳром ҷойгиранд, ориентатсияи ҳомилони фарҳангро инъикос мекунанд ва ба нуқтаи тамаркузе табдил меёбанд, ки хатти машйи ҷомеа ба ҷониби он нигаронида шудааст. Ин арзишҳо дар аҳроми мазкур мавқеи меҳварӣ ва таъйинкунанда доранд. Гузашта аз ин дар ҷомеаҳое, ки дидгоҳи аксари афроди он ортодоксалӣ аст, арзишҳои мазкур на фақат меҳвариву таъйинкунандаанд, балки ба курсии тақаддус низ шинонда шудаанд. Аз ин рӯ, касоне, ки аз бистари чунин фарҳанг сар боло мекунанд, табиист, ки ҳамчун продуксияи ҷомеаи худ ҳама гуна падидаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва амалкарди афродро дар қазоват ба арзишҳои меҳварии мавҳуми хеш баҳо медиҳанд. Меъёри шинохти “хуб”-у “зишт” ва “бояд”-у “набояд”-и  онҳо низ маҳз ҳамин арзишҳо хоҳанд буд. Масалан, як фарде, ки дидгоҳи мазҳабиву тафаккури эътиқодмеҳвар дорад ва арзишҳои мазҳабиро дар авлавият мегузорад, табиист, ки дар мавриди мавқеъгирии шахсӣ ва ё баҳо додан ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ҳамчунин қазовати аъмоли атрофиён огоҳонаву ноогоҳона бо назардошти манофеи мазҳабӣ тасмим хоҳад гирифт, аммо шахсе, ки ҷаҳонбинии илмиву ҳувийяти миллӣ ва тафаккури давлатӣ дорад, ҳатман манофеи милливу давлатиро маҳаки қазовати худ қарор хоҳад дод ва аз ин равзана ба манзараи ҷаҳон ва падидаҳои он назар хоҳад кард.

  Чунонки ишора шуд, арзишҳо ҳамчун компонентҳои муҳими таркиби ҳувийяти иҷтимоӣ (масалан, ҳувийяти миллӣ, маҳаллӣ, мазҳабӣ ва ғ.)  нуқтаҳои тамаркузе мебошанд, ки ориентатсияву хатти машйи ҷомеа ба самти онҳо нигаронида шудааст.  Нуктаи ҷолибе, ки онро илми аксиология (арзишшиносӣ) тасдиқ мекунад, ин аст, ки аксар маврид ҳаводорони арзишҳо, ки мудом таҳти таъсири ҷозибаи арзишҳои худ қарор доранд, эҳсосмадорона ва ҳатто нохудогоҳона ба масири ғояҳое савқ дода мешаванд, ки ин арзишҳо онҳоро ба вуҷуд овардаанд. Ба таъбири дигар, онҳо ба сарбозони ихтиёрии ҷабҳаи арзишҳои худ табдил меёбанд. 

  Аз нигоҳи олими амрикоӣ Харрисон, фарҳанг маҷмӯи арзишҳо ва ба қавле, иерархияи арзишҳоест, ки рафтори шахсро муайян мекунад. Амалҳои ҳаррӯзаи мо, муносибати мо дар оилаву ҷамъият ва дар маҷмӯъ, тамоми кори моро аслан он арзишҳое муайян менамоянд, ки онҳоро нисбат ба арзишҳои дигар дар авлавият гузоштаем.

  “Миллатҳо ва қавмиятҳо бо фарҳангашон аз якдигар мутамоиз мешаванд ва ҳувийяташон дар фарҳангашон нуҳуфтааст” (Ҳасан Малик, Фарҳанг ҳастаи муқовимат дар баробари таҳоҷуми бегонагон аст. http//http. Kavehroom. Com/-C.145). Фарҳанги миллат василаи ифода ва таҷассуми андешаву шуури ҷамъиятӣ, инъикоси сатҳи рушди фикрӣ ва ориентатсияи миллӣ низ мебошад. Аз фарҳанги миллат дар тӯли замонҳои муайян метавон пай бурд, ки дар ин ё он марҳилаи таърихӣ нерӯҳои зеҳнии ҷомеа ба кадом самтҳо тамоил доштанд ва ориентатсияи миллӣ ба кадом самт нигаронида шуда буд. Масалан, гироиши мардум ба тасаввуф ва пуркорбурд будани мафҳумҳои ирфонӣ дар осори хаттӣ ва шифоҳии халқи мо дар асрҳои XII-XIX бозтоби ба масоили абстрактиву метафизикӣ таваҷҷуҳи фавқулода ва бардавом доштани гузаштагони мо аст. Дар ин муддати тӯлонии таърихӣ нерӯҳои зеҳнии миллати мо аслан дарк ва шинохти воқеияту ҳақиқати олами ҳастиро  фақат аз тариқи басирату интуитсия имконпазир дониста, ағлабан корбурди усулу услубҳои хирадгароёнаву истидлолҷӯёна ва таҷрибиро қобили қабул намедонистанд ва ҳатто амале хато ва шаккокона меҳисобиданд. Аз ин буд, ки мо гӯё рӯ ба олами кубро ва ухро таваҷҷуҳе ба олами суғро ва дунё надоштем. Машғули кашфу шуҳуди руъёиву тахайюлӣ аз кашфи асрори табиӣ ва дунёи воқеие, ки дар он зиндагӣ мекардем, амдан ғафлат меварзидем. Аз ин рӯ, тафаккури мантиқиву улуми табиӣ дар ҷомеаи асримиёнагии мо бар хилофи Аврупо чандон рушд накард ва мо бо ин сабаб аз масири рушду пешрафти илмиву технологӣ берун афтодем. 

  Ҷаҳонбинӣ ва муқаррароти мазҳабӣ озодии андешаи шахсро маҳдуд мекунанд ва имкон намедиҳанд, ки шахс доир ба масоили кулливу ҷузъӣ фаротар аз доираи дидгоҳи мазҳабӣ  биандешад ва изҳори назар кунад. Дар афкори умум ва ҳатто дар зеҳни аҳли илму адабу зиёи миллати мо ҳамакнун  "асрори офариниш", тасвири ҷаҳон ва ҷойгоҳи инсон дар он куллан ортодоксалӣ аст, то ҳадде, ки ҳатто дар маҳофили илмӣ ҳам, агар касе бидуни эътибор ба боварҳои ирратсионалии умум  мавқеъгирӣ кунад, ҳатман ба вокунишҳои ошкору пинҳони мутаассибона мувоҷеҳ  хоҳад шуд. Аз ин рӯ, шахс дар ин гуна муҳити "фарҳангӣ" ва дар доираи чунин ахлоқи миллӣ маҷбур аст, ки нохудогоҳ ва ҳатто огоҳона ба тамоми падидаҳо на аз дидгоҳи илмиву мантиқӣ ва ҳатто шахсӣ, балки маҳз аз равзанаи суннатӣ нигарад.

  Мушкилоти дидгоҳи суннатӣ ва шуури ҷамъии мо дар он аст, ки аз бунёд фаталистӣ, мифоложӣ, вопасгароёна, ғайриилмӣ ва ҳатто ғайримиллӣ аст. Ин яке аз омилҳои боздорандаи рушди миллист.

  Ҷомеаи муосири мо ба ҷаҳонбинии дигар ниёз дорад. Барои он ки мо ҷаҳонбинии нав дошта бошем ва ҳамқадами миллатҳои мутамаддину мутараққӣ шавем, ҳатман бояд қолабҳои фарҳангӣ ва ахлоқи суннатиамонро такмил диҳем. Ин қолабҳо ва тарзи ҷаҳонбинӣ миллати тоҷикро дар тӯли бештар аз ҳазор сол дар ҳоли бардагӣ, бедавлатӣ, истеъмори аҷнабиён, заъфу нотавониву хориву зиллат нигаҳ доштанд ва аз ин ба баъд низ мо аз тариқи онҳо яқинан ба ҷое нахоҳем расид. Аммо тағйир додани ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи миллӣ кори бисёр мушкил аст, зеро он тағйири урфу одат ва анъанаҳову суннатҳои мардумро, ки нерӯи аз ҳама консервативии ҷомеа аст, тақозо мекунад.

  Аз ин рӯ, набояд ба якборагӣ дар фикри барандозии тамоми ин қолабҳои боздоранда шуд, чунки урфу одат ва суннатҳои як ҷомеа падидаи устувори иҷтимоиву равонӣ аст ва онро наметавон осон аз зеҳни мардум ва ба вижа, насли бузургсоли ҷомеа сутурд. Роҳи беҳтарини ислоҳи вазъ коркарди услубҳои ҷадиду муассири таълиму тарбия, рушди илм ва эъмори ҷомеаи донишбунёд аст.  Дар ин росто тағйир додани қолабҳои тарбиятӣ, усулҳои тарбия ва ба таъбире педагогикаи миллӣ амре ногузир аст. Услубҳои таълиму тарбияи пешини мардуми мо дар қуруни вусто, педагогикаи шӯравӣ ва шеваи кунунии таълиму тарбия дар кишвар ҳама аслан авторитарӣ буду ҳаст. Дар сатҳи хонаводаҳо низ дар ҷомеаи мо тибқи "суннат"-ҳои аҷдодӣ услуби тарбия зӯргӯёнаву авторитарӣ аст. "Фарҳанг"-и  сиёсии ҷомеаи мо низ ҳамчунин зӯргӯёнаву авторитарист (ниг. ба: Савин Н.В., Педагогика, Душанбе, "Маориф", 1975, С.165-166).  Дар ин гуна "фазои тарбиятӣ", табиист, ки аксарияти афроди ҷомеаи мо наметавонанд ҷуръатманду сахткӯш, ташаббускору масъулиятпазир ба воя расанд. Ин "фазои тарбиятӣ" аксарияти шаҳрвандони кишварамонро дар рӯҳияи заъфу нотавонӣ, зулмпазирӣ, беҳувийятӣ, камҷуръатӣ, муқовиматнопазирӣ, таслим дар баробари зӯроварӣ ва умуман, дар рӯҳияи бардагӣ ба воя расонидааст. Табиист, ки миллате, ки аксари афроди он чунин "характери миллӣ"-и заиф доранд, наметавонад дар арсаи пур аз муборизаи байналмилалӣ рақобатпазир бошад ва ба таври сазовор манфиатҳо ва мавқеъи худро дар баробари миллатҳои қудратманд ҳифз кунад.  Ба қавли Арасту: “Тарбия бояд ба ҳар як сохтори давлатдорӣ мувофиқ ояд. ...Мувофиқат кардани характер ба ҳар навъ сохтори давлатдорӣ барои ҳифз кардани он сохтор хизмат мекунад. (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.536) Дар ин росто бо камоли таассуф бояд иқрор шуд, ки раванди ҳувийятсозӣ (англ. construction of identity ; русӣ: конструирование идентичности)  ва дар зимн, ташаккули характери миллӣ  дар сатҳи ниҳодҳои марбутаи ҷомеаи мо, ки рисолати зеҳниятсозиро ба дӯш доранд, аз ҷумла дар сатҳи оила, мактаб ва муҳити иҷтимоӣ аслан  на  ба он шакле ҷараён дорад, ки мебояд. Ин раванд дар ҳамаи сатҳҳо таҳти таъсири ғояҳое шакл мегирад, ки аз бунёд бо сохти давлатдории мо созгор нест ва метавонад дар оянда миллионҳо нафар ҳомилони афкори хурофотӣ ва бунёдгароёнаи мазҳабиро ба бор оварад. Яке аз омилҳои аслии ба ин шакл ҷараён гирифтани кор дар он аст, ки мо то ҳанӯз барномаи коромаду муассири ҳувийятсозии миллӣ  насохтаем. Он чӣ дар ин росто мавҷуд аст, фақат чанд нуктаи хушки шиоргуна асту бас, ки бо онҳо наметавон дар ҳамаи сатҳҳои ҷомеа кори низоммандеро анҷом дод, хоса ҳангоми рӯ дар рӯи бо ниҳодҳо(институтҳо)-и иҷтимоии таърихан ташаккулёфтаи мазҳабӣ, ки фаъолияти системавии фарогир доранд.

  Пажӯҳишҳои педагогӣ  ва психологӣ  тасдиқ карданд, ки кӯдакон бештарини корҳо ва рафторҳои  худро дар  тақлид  бар амалҳои афроди бузургсолтар аз худ ва ба вижа, волидайн анҷом медиҳанд. “Хурдсолон бештар на аз тариқи донистан, балки аз тариқи тақлид зудтар меомӯзанд. Бинобар ин муҳим аст, ки ҳанӯз аз солҳои аввали таҳсил оид ба ташаккули улгӯҳо ва идеалҳои ахлоқии насли наврас кор барем (Савин Н.В., Педагогика, Душанбе, "Маориф", 1975, С.182). Онҳо аз  бузургсолон на фақат шеваи рафтору гуфтор, балки донишҳои нахустинро дар бораи олами атроф низ мегиранд. Бо ин андӯхтаҳо ва омӯхтаҳо хишти нахусти бинои шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо гузошта мешавад.  Хиштҳои баъдии ин биноро дар баробари хонавода, ҳамчунин муассисаҳои таълимӣ ва муҳити иҷтимоӣ  мегузоранд. Боиси нигаронист, ки мо ҳанӯз дар ҳеҷ кадоме аз ин ниҳодҳои зеҳниятсоз фазои мусоиду созгоре барои ташаккули тафаккури илмиву  мантиқӣ ва хештаншиносии миллӣ ба вуҷуд наовардаем. Ҳатто китобҳои дарсии муассисаҳои таълимии мо пур аз маводи хурофотӣ, миллиситезона ва фаталистӣ аст. Муҳтавои баъзе китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ, ҳатто фанҳои забон ва адабиёти тоҷик на танҳо ба масири миллӣ ва методологияи илмӣ мутобиқ нестанд, балки куллан дар қутби муқобили он қарор доранд ва ба раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ садамаи ҷиддӣ ворид месозанд. Мутаассифона, иддае аз мураттибону муаллифони китобҳои дарсӣ ҳангоми таҳияи  маводи таълимӣ ба ҷойи такя кардан ба илму фалсафа ва методологияи илмӣ, ба меъёрҳои хурофӣ ва муқаррароти мазҳабӣ такя кардаанд. Ин навъ китобҳои дарсӣ бархилофи хатти машйи сиёсии кишвар, бидуни шак, боиси бештар шудани худбохтагиву беҳувийятии насли наврас,  густариши  хурофоту таассуби мазҳабӣ дар миёни ҷавонон ва таҳкими мабнои ҷаҳонбинии бунёдгаронаи динӣ дар муҳити иҷтимоии кишвар мегарданд. Барои тасдиқи ин иддао чанд намунаи мухтасареро аз гузориши коршиносони соҳа дар ин бора ироа медорем. Дар китоби “Адабиёти тоҷик” барои синфи 6 (нашри сеюм, Душанбе, “Маориф”, С.2014) ба Муҳаммад Ғазолӣ боби алоҳидае бахшида шудааст ва ӯ ҳамчун адиби равшанфикри миллат муаррифӣ гардидааст (саҳ.69-76), дар ҳоле, ки  ӯ  новобаста ба маъруфияти худ аслан як шахси мазҳабгарои миллиситезу хирадситез буд, ки алайҳи рушди илмҳои табиӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бисёр тунд метохт(дар идома ба ин масъала ба таври фишурда ишора хоҳад шуд).  Аз се ҳикояе, ки аз эҷодиёти ӯ мураттибон дар китоби дарсӣ иқтибос овардаанд, дутояш тақдирпарастиву хурофотро таблиғ мекунад. Дар ҳикояи “Моҳигир ва ҷавони ситамкор” (саҳ.71) қаҳрамон роҳи ҳалли мушкилро дар хоб мебинад ва дасти буридаи ӯ дар як шаб бозофарида мешавад. Дар ҳикояи “Савор ва марди нобино” (саҳ.72) муаллиф бо зӯроварӣ аз худ кардани ҳамёни бегона ва қатли як пири нобиноро аз сари қаҳру ғазаб дуруст мешуморад. Маънии он ҳикоят ин аст, ки одамон бояд доир ба сабабу омилҳои падидаҳое, ки дар ҳаёт ба вуқӯъ мепайванданд, аз ҷумла падидаҳои номатлуб, набояд биандешанд ва роҳи ислоҳи онҳоро набояд биҷӯянд, балки бидуни чуну чаро ба тақдир тан диҳанд, чунки ҳамаи онҳо тибқи хости илоҳӣ ҷараён мегиранд.

  Ба  дидгоҳ ва хулосаҳои “илмӣ”-и муаллифони китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 9 (Душанбе, “Маориф”, С.2014) зимни шарҳи воқеаҳои таърихӣ таваҷҷуҳ кунед: “...Агар аз як тараф, ноуҳдабароии шоҳону ҳокимон сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, ба хотири он ки ба халқ ҷабру зулми беҳад карданд, ғазаби Худо шуд ва онҳо аз тоҷу тахт маҳрум гардиданд” (саҳ. 111).

  Ҳамчунин то ҳанӯз муаллифони китобҳои дарсии адабиёт бидуни эътибор ба моҳияти масъала дар тақлид ба гузашта дар пайи таблиғи асарҳое чун “Хирадномаи Искандарӣ” мебошанд ва ашхоси мутаҷовизе чун  Искандарро, ки Ватани моро ғорат кардаву ҳазорон ҳазор ниёгони баруманди моро аз дами теғ гузаронида таъриху фарҳангамонро хор карда буд, ҳамчун улгӯи  адолатпарварӣ ҷилва додан мехоҳанд (ниг. ба китоби мазкур, саҳ. 242-255).

  Дар китоби “Адабиёти тоҷик барои синфи 10-ум” (нашри сеюм (бо такмил ва иловаҳо), Душанбе, “Маориф”, 2018) боби алоҳидаву муфассале ба Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ихтисос дода шудааст(саҳ.318-332).  Дар зимн, аз эҷодиёти Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ асари “Ақоид-ун-нисо»-и  ӯ  низ баргузида шуда, мазмуну мундариҷаи он ба тафсил тавзеҳ  дода шудааст, дар ҳоле, ки ба хонандагон шарҳ додани мавзӯъҳои матраҳшуда аз диди тарбиятӣ муносиб нест, ба вижа дар  дарси адабиёт. Бобҳои ин асарро муаллифон дар китоби дарсӣ ба тартиби зерин дарҷ кардаанд (саҳ.329):

Боби якум: «Дар баёни вузӯ ва ғусл»

Боби дуюм: «Дар баёни авқоте, ки намоз соқит аст ва тарки он воҷиб аст»

Боби сеюм: «Дар баёни рӯза»

Боби чорум: «Дар никоҳ дар шаб ё рӯзи зифоф»

Боби панҷум: «Дар баёни аъмоли шаби зифоф»

Боби шашум: «Дар баёни зоёнидани занон»

Боби ҳафтум: «Дар баёни ҳаммом рафтан»

Боби ҳаштум: «Дар баёни созҳо ва феъли он»

Боби нӯҳум: «Дар баёни фаслҳо ва авқоти он»

Боби даҳум: «Дар баёни муоширати занону шавҳарон»

Боби ёздаҳум: «Дар баёни матбуоте, ки ба назар воҷиб аст»

Боби дувоздаҳум: «Дар баёни таъвиз ба ҷиҳати захми чашм»

Боби сенздаҳум: «Дар баёни маҳраму номаҳрам»

Боби чордаҳум: «Дар баёни истинҷоби дуо» ва ғайра.

  Дар мавриди тавзеҳи боби якум «Дар баёни вузӯ ва ғусл» мураттибони китоб ин нуктаро иқтибос овардаанд: “вузӯ ва ғуслро ҳамаи уламо (панҷ нафар бибиҳо…) воҷиб медонанд, вале дар ҳолатҳои зерин: вақте ки зан ба дасти худ ҳино баста бошад, ё бар абрӯяш усма кашида бошад, ё шавҳар ба ӯ иҷозати ҳамом рафтан надода бошад, ба ақидаи Бибишоҳ Зайнаб, то панҷ рӯз ин ҳолат давом бояд кунад ва ба қавли Бибихоли Ҷӯйборӣ, то як ҳафта ва ба гуфтаи Бибимоҷони Базморо, то ба як моҳ тарки ғуслро воҷиб медонад ва ғайра”.

  Албатта, бояд ба эътибор гирифт, ки ин мисолҳо ба қавли Саъдӣ фақат “муште аз хирвору намунае аз бисёр” мебошанд.

  Китобҳои дарсии фанни “Адабиёти тоҷик” ағлабан бо тарзи бинишу фаҳмиши асримиёнагӣ таълиф гардидаанд, ҳол он ки адабиёт аз ҷумлаи фанҳоест, ки дар раванди зеҳниятсозӣ ва ташаккулу таҳаввули биниши миллӣ метавонанд нақши калидӣ дошта бошад. Дар ин росто нуктаи шигифтангез он аст, ки муаллифони китобҳои дарсӣ бо вуҷуди он ки соҳибони унвонҳои баланди илмианд, аммо мутаассифона, дар бештарини маворид мавзӯъҳои матраҳшударо на бар асоси метологияи пазируфташудаи илмӣ, балки  бар мабнои муқаррароти мазҳабӣ таҳлил кардаанд. Хатти машйи таҳлилу баррасиҳо дар ин китобҳо усулан хурофотию мазҳабӣ аст ва ориентатсияи миллӣ дар он вуҷуд надорад. Омӯзгороне, ки бар асоси чунин китобҳо фаъолияти худро ба роҳ монда зеҳниятсозӣ кардан мехоҳанд, яқинин аз диди ғоявӣ сардаргум хоҳанд шуд, чунки аз он ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон хатти машй(ориентатсия)-и миллиро дарёфт.  "Агар омӯзгор дарк кунад, ки ориентатсияи ҷомеа чист, барои расидан ба мақсад талош хоҳад кард. Баръакс, дар он ҷое, ки фаҳмиши дақиқу равшани мақсад нест, бешак аз тарафи омӯзгор барои такомули шахсияти тарбиягирандагон кори созандае наметавонад анҷом дода шавад. Дар он гуна муҳит дар раванди тарбия стихиянокӣ ва номуназзамӣ авҷ мегирад, кор характери тасодуфӣ хоҳад гирифт ва фақат барои он анҷом дода хоҳад шуд, ки вақти барояш ҷудошуда сарф карда шавад. Фаъолияти тарбиявиеро, ки бидуни ҳадаф анҷом дода мешавад, аслан наметавон фаъолияти тарбиявӣ донист". (Савин Н.В., Педагогика, .Душанбе,  "Маориф", 1975, С.43) Агар дидгоҳи олимони адабиётшиносе, ки китобҳои дарсиро таҳия мекунанд, то ин ҳад хурофабунёд бошад, пас, аз омӯзгорону хонандагони макотиби миёнаи умумӣ чӣ метавон интизор дошт ва чӣ гуна метавон аз онҳо гила кард?

  Мушкил то ба ин ҳад амиқ аст, ки иддае аз муаллифони китобҳои дарсии фанҳои филологӣ насли наврас ва ҷавонро ошкоро ва ҳадафмандона ба сӯйи хурофоти мазҳабӣ ва хушкандешӣ раҳнамоӣ мекунанд. Ин таноқузро бинед, ки аз як тараф, мақомоти марбутаи давлатӣ ҷиҳати хунсо кардани созмону гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ва коҳиш додани ангезаҳои  ифротгаройии динӣ ҷаҳду талош меварзанд, аз сӯйи дигар, муаллифони муҳтарами китобҳои дарсии фанни забону адабиёти тоҷик хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳуриро дар рӯҳияи таассубу хурофоти динӣ “тарбия” кардан мехоҳанд.

  Дар сатҳи хонаводаҳо вазъи тарбиятии насли навраси миллат хеле печидатар аз он аст, ки дар сатҳи муассисаҳои таълимии давлатӣ мушоҳида мекунем.

  Худ қазоват кунед, ки ин муҳитҳои “тарбиятӣ” бо он ҳолу ҳавое, ки доранд, чӣ ба бор хоҳанд овард?! Ба қавли муҳаққиқи эронитабори амрикоӣ Амирҳусайни Лодан “Мо зоида(маҳсул; продуксия)-и фарҳангамон ҳастем” (Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣ,  Лос-Анҷелес, 2014), С.16). Ин фарҳанг мустақиман дар амри ташаккули шахсият ва ҳувийяту хулқу хислат(характер)-и афроди миллати мо нақш дорад. Афроди ҷомеаи мо ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ ғайриихтиёр таҳти таъсири чунин муҳити фарҳангӣ мемонанд ва табиист, ки ночор ба қолабҳову меъёрҳои он мутобиқ мешаванд. Онҳо бо назардошти афкори умум огоҳонаву ноогоҳона ба рафтори ҷамъӣ тақлид ва пайравӣ мекунанд. Тақлиди бардавому пайравӣ ва пойбандии якумрии фард ба чунин муқаррароту суннатҳои ҷомеа  боиси он мешавад, ки амалҳо ва рафторҳои муқаллидона тадриҷан ба одатҳо табдил ёбанд. Одатҳо рафторҳоеянд, ки дар заминаи такрор ба такрор ва ҳамеша анҷом дода шуданашон ба амалҳои автоматизатсияшудае мубаддал мегарданд, ки минбаъд онҳоро фард ва ё ҷомеа аслан ғайрииродӣ ва бидуни таваҷҷуҳ ба дуруст ва ё нодуруст буданашон иҷро мекунад. Одатҳо аз дидгоҳи илми психология он навъ аз рафторҳои фард ва ҷомеа мебошанд, ки ба мисли амалҳои автоматизатсияшуда аслан на ба василаи шуур, балки ба василаи зершуур танзим мешаванд. Маҳз аз ин рӯ чунин одатҳо ба компонентҳои хулқу хислат ва характери афрод, ки онҳо ҳам аслан ба василаи зершуур контрол мешаванд, табдил меёбанд. Дар урфият мардуми мо мегӯянд: “Одат чу қадим шуд, табиат гардад”. Воқеан ҳам, дар ин зарбулмасал ба таъсиргузор будани равандҳои иҷтимоӣ дар ташаккули падидаи равоние бо номи характер ва минҷумла характери миллӣ  дуруст ишора шудааст, ки онро илми психологияи муосир низ тасдиқ мекунад.  Ба ҳамин тариқ, одатҳое, ки таҳти таъсири муҳити иҷтимоӣ ба фард таҳмил мешаванд,  тадриҷан ба падидаҳои устувору такроршавандаи психологиву рафтории аксари афроди миллат табдил меёбанд, ки онҳо дар ташаккули характери миллӣ таъсири ҷиддӣ, амиқ ва мондагор мерасонанд. Дар иртибот ба ин масъала бояд ба эътибор гирифт, ки фазои ақидативу муҳити иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии мардуми мо, ки тӯли қарнҳо бар мабнои фарҳанги таваккулу ризо, тақдирпарастиву хурофот ва зулмпазирӣ, яъне таслим дар баробари зӯроварӣ шакл гирифта буд, наметавонист тафаккури истеъморӣ ва рӯҳияи бардагӣ ба бор наоварад. Ин сифатҳо ҳамчун падидаҳои устувору такроршавандаи психологиву рафторӣ, шӯрбахтона, ҳанӯз ҳам ҷузъе аз характери миллии мост ва яке аз омилҳои ҷиддии боздорандаи рушди миллии мо маҳсуб мешаванд. Маҳз чунин характери милливу тафаккури истеъморӣ ва  тақдирбоварӣ имкон намедиҳад, ки нерӯ ва потенсиалҳои миллӣ пурсамар истифода шаванд. Ин навъ ҷаҳонбинӣ дар зеҳни фард ва дар зимн ҷомеа фазои бастаи психологиро ба вуҷуд меоварад, ки дар натиҷа мардум наметавонанд ба нерӯи худӣ бовар дошта бошанд. Он маҷозан завлонаи пою занҷири дасти потенсиалҳои зеҳниву ҷисмии миллионҳо нафар фард аст. Бидуни шак ин тафаккури баста дар ташаккули психологияи ҷамъиятии мо ва қисматҳои таркибии он, аз ҷумла менталитет, ҳувийят ва характери миллӣ нақш мебозад, ки мутаассифона, ин нақш манфӣ ва тахрибист. Яке аз вижагиҳои чунин психологияи ҷамъиятӣ талқини таҳаммулгароии ифротии бидуни муқовимат ва рақобат аст. Ҳомилони чунин характер бо талқини таҳаммулгароӣ аслан бидуни чуну чаро тан ба тақдир супурданро таблиғ карда, моҳиятан рақобати солим ва муқовимат дар баробари таъсироти хориҷиро муҳим намешуморанд. Таблиғ мекунанд, ки ба сӯи мо агар "ҳар раҳгузаре санг занад, кор" надошта бошем ва ҳатто "ор надошта бошем". Дар ин дунёе, ки яке аз аслҳо ва ҳатто омилҳои рушди он муборизаи аздод аст, паёмади чунин мавқеъгирӣ барои дорандандагони чунин хислат ва фитрат наметавонад чизе ба ҷуз  хориву зиллат бошад. Маҳз таҳти таъсири чунин "фарҳанг" буд, ки миллате бо он гузаштаи пуршаҳомати давлатдориҳои абарқудрат дар аҳди антиқа, ки ҳатто ба бахши аъзаме аз Африқову Аврупо ҳам ҳукм меронд, дигар дар қуруни вусто ба миллати бечораву мазлуме табдил ёфт, ки ҳатто дар ватани худ таҳти султаи аҷнабиён қарор дошт. Маҳз бо таъсири ҳамин "фарҳанг" ва чунин психологияи миллӣ буд, ки мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон дар тӯли таърихи тӯлонии қариб ҳазорсолаи худ дар асрҳои миёна ҳаргиз талоши фарогире барои бозофаринии давлатдориҳои миллии хеш накарданд. Ва феълан низ ин мардум бо ин "фарҳанг" ва чунин характери миллӣ дар қисмати аъзами сарзамини аҷдодӣ, аз ҷумла ҶИА, ҶИЭ ва ғ. таҳти султаи миллатҳои дигар ба сар мебаранд.

  Бо назардошти ин мушкилот, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад, мо бояд барои ислоҳи нуқтазаъфҳои характери миллӣ ҳатман омилҳои дегредатсия ва тазъифи онро шиносоӣ кунем, чунки характери миллӣ, ба қавли иддае аз ҷомеашиносону этнологҳои маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла аз нигоҳи Ганс Моргентау, яке аз аз 8 унсури асосии ташаккулдиҳандаи қудрати миллӣ мебошад (ниг. ба: Morgentay H. Politics Among Nations. – New York, 1964. –Р.110). Дар қадами дувум бояд роҳкорҳо ва технологияи ҳувийятсозии миллӣ ва тақвият додани характери миллиро дарёфт ва мавриди корбурд қарор дод. 

  Воқеиятҳои олами ҳастӣ ва раванди таърихи башарӣ ба мо ин нуктаро талқин мекунанд, ки ба мафҳуми миллат ҳамчун падидаи иҷтимоӣ аз дидгоҳи конструктивӣ нигарем. Миллатро бояд сохт. Шароити созгори зеҳниву ақидатӣ ва иҷтимоиву сиёсие ба вуҷуд бояд овард, ки миллат ташаккул ёбад ва рушд кунад. Бо истифода аз фазои истиқлоли сиёсии кишвар роҳи рушди устувори миллатро  ҳамакнун бояд ҳамвор кард.  «Оянда давоми табиӣ ва ногузири имрӯз  аст. Оянда оғози худро аз имрӯз мегирад…” (И.Д.Ковальченко, Методы исторического исследования. –М.: Наука, 2003. –С.88). Аз ин рӯ, заминаи ояндаи солими ҷомеаи худро аз имрӯз бояд гузорем. Ба қавли ҷомеашиноси амрикоӣ Девид Метюз: “Албатта, тағйир додани ҳама чиз ва дар як рӯз ғайримумкин аст, вале аз чизе бояд сар кард” (Девид Метюз, Сиёсат барои мардум, Душанбе, 1998, С.57). Ислоҳоти густурда ва фарогире, ки Пётри Кабир дар асри XVIII дар кишвари  Русия роҳандозӣ карда буд, заминаи устувору созгореро барои рушди минбаъдаи Русия ба вуҷуд овард. Пётри Кабир зарурати тағйир додани шуур ва ҷаҳонбинии ҷамъиро ҳамчун пешзаминаи таҳаввулоту рушди кулли соҳаҳои ҷомеа хуб дарк карда буд. Аз ин буд, ки ба дастури ӯ қариб тамоми китобҳои илмӣ ва адабии аврупоиён ба забони русӣ тарҷума ва бо теъдоди хеле зиёд интишор дода шуданд, то тамоми мардум ба он дастрасӣ дошта бошанд ва бо истифода аз онҳо аз вартаи хурофот раҳоӣ ёбанд.

  Дар воқеъ, ҳеҷ гуна ислоҳоти аз ҷониби давлат роҳандозишуда агар дар байни ҷомеа аз лиҳози моҳиятӣ замина надошта бошад, ҳаргиз наметавонад ба падидаи устувор табдил ёбад. Ислоҳоте, ки бе таҳияи ин пешзамина роҳандозӣ мешаванд, хусусияти муваққатӣ дошта устувору мудовим нестанд ва фақат ба талошу кӯшиши давлатмардони ислоҳотгар вобастаанд. Бо коҳиш ёфтани тамоили ислоҳотгароёнаи ин афрод ва ё поён ёфтани маъмурияти онҳо табиист, ки раванди чунин ислоҳот низ поён хоҳанд ёфт. Барои он ки ҷомеа амали солиму созанда дошта бошад, ногузир бояд назари солиму созанда дошта бошад. Ба таъбири дигар, барои дар ҷомеа ба падидаи устувор табдил додани амалияи солиму созанда бояд назаргоҳ, яъне ҷаҳонбинии ҷомеаро солиму созанда кард.

  Яке аз омилҳои боздорандае, ки монеи рушди миллист, ҷанбаи фаталистӣ доштани ҷаҳонбинии мардуми мост. Фатализм ва ё тақдирпарастӣ навъе аз хурофотгароист, ки эҳсоси масъулият  ва дар зимн, нерӯи талоши фард ва ҷомеаро дар баробари мушкилот аз байн мебарад. Аҳли ҷомеае, ки мушкилоти худро ба тақдир нисбат медиҳанд, табиист, ки барои бартараф кардани он ба таври ҷиддӣ масъулият намепазиранд ва саъю талош карданро дар ин роҳ амре ҳатмӣ намеҳисобанд. Аз сӯи дигар, ба  дӯши сарнавишт ва қисмат бор кардани масъулияти худ навъе фарофиканӣ ва ба ин васила пинҳон кардани заифию нотавонӣ ва беҳунариву камҷуръатии худ низ ҳаст. Дар миёни ҷомеаи мо ба ҳукми одат даромадааст, ки мардум ва ҳатто равшанфикрон низ дар мавриди мушоҳидаи мушкилоти кору рӯзгори атрофиён ва таъминоти маишии онҳо гӯё ба хотири таскин бахшидани онон омили мушкилотро ба тақдиру қисмат рабт медиҳанд ва файласуфона мегӯянд, ки: “зиндагӣ ҳамин аст, сабр бояд кард, ҳама кор ба тадриҷ хуб мешавад” ё “тақдирро тадбир нест, инсон ҳар чизеро, ки дар пешонааш навишта шуда бошад, ноилоҷ хоҳад дид”. Зоҳиран тақдиргароӣ дар баробари мушкилоти рӯзгор амале таскиндиҳанда ва оромбахш дар назар меояд, аммо ин амал монанди корбурди доруҳои таскинбахш дар мавриди беморӣ аст, ки бо вуҷуди ором бахшидани дард ҳаргиз онро шифо нахоҳад бахшид, гузашта аз ин боиси куҳнатару музминтар ва шадид шудани он хоҳад шуд.

 Ҳар миллате, ки ба ҷои талош кардан дуо карданро роҳи ҳалли мушкилоти худ медонад ва аз ин тариқ умедвори тағйироти муъҷизаосову натиҷаҳои зудрасу безаҳмат аст, аслан миллати масъулиятнопазиру роҳатталаб ва тақдирпарастест, ки роҳ ба ҷое нахоҳад бурд. Ин гуна миллат бо чунин сатҳи андешаву навъи шуур на фақат қудрати ояндасозӣ надораду масъулиятеро дар ин росто намепазирад, балки зиллату хориву дармондагии худро дар шароити ҳозира ва шикастҳову нобарориҳои кори худро дар гузашта низ ба худ нисбат намедиҳад ва маншаъи онро дар авомили фавқуттабиӣ медонад. Мушкилоти ин навъи тафаккур дар он аст, ки ҳомилу соҳиби он қодир ба дарки мақулаҳои сабабу натиҷа нест, аз ин рӯ гумон мекунад, ки натиҷаҳои матлубу дилхоҳ бе талошу заҳмат ва бидуни таҳияи заминаҳои он ба вуҷуд хоҳанд омад. «Баръакси ҳақиқат дурӯғ аст. Вақте ки дурӯғ ҳамчун ҳақиқат фаҳмида мешавад, гумроҳист» (Кант И. Трактаты и письма. – М.: Наука,1980. – С. 360).

  Бовар ба дуо кардан ва ба ин васила умедворӣ ба раҳоии муъҷизаосо аз вартаи мушкилот худ навъе эътироф бар аҷзу нотавонии  хештан аст.

  Аз ин аст, ки соҳибони чунин тарзи тафаккур дар баробари мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ зуд таслим мешаванд ва иддае аз онҳо агарчи гоҳе зоҳиран эътироз кунанд ҳам, аммо ҳаргиз худро масъули ислоҳи вазъ намедонанд. Ба қавли муҳаққиқи эронитабори амрикоӣ  Амирҳусайни Лодан: “Бовар ба маҳдуд будани ихтиёри инсон дар зиндагиву анҷоми кор як омили тахрибӣ ва боздорандаи фарҳангамон мебошад”(Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣЛос-Анҷелес, 2014, С.198). Ба махфигоҳи тақдир рабт додани мушкилоти рӯзгори худу аҳли ҷомеа гурезгоҳу паноҳгоҳест барои пинҳон кардани заъфу нотавонии назарӣ ва амалии хеш, хосса  дар мавриде, ки  роҳкори дурусти бурунрафте  рӯ дар рӯи бунбастҳои мушкилоти  фардиву иҷтимоӣ надорем.

  Суоле ба миён меояд, ки чаро мо дар мавриди рӯ дар рӯӣ бо мушкилот ба ҷои сахткӯшӣ ва барномарезии воқеъбинонаву оянданигарона мехоҳем бо оростани хони “аз барои худо”, гирифтани дуо, назр ба мазорҳо, маросими мушкилкушо, “хун кардан”-и бузу гӯсфанду мурғ барои рафъи “бало” ва дуову ниёиш гиреҳи корҳои баста ва мушкилоти худро кушоем? Ва бо анҷом додани ин корҳо гумон мекунем, ки масъулияти худро барои рафъи мушкилот ба ҷо овардаем.  Чаро интизор ва умедворем, ки ба ҷои мо мушкилотамонро нерӯҳои осмонӣ ва ё  арвоҳи бузургон ҳал кунанд? Посухи кӯтоҳ ба ин суол ин аст: Чунки шинохти дурусте аз воқеият надорем, олами воқеиро маҷозӣ ва олами маҷозиро воқеӣ мехонем.

  Дар ташаккули чунин навъи ҷаҳонбинӣ нақши фарҳанги исломӣ низ хеле бориз аст. Ба ин таъсиргузории номатлуби фарҳанги исломӣ ҳатто баъзе аз намояндагони шинохтаи олами ислом низ иқрор шудаанд. Бубинед, ки Алии Шариатӣ, ки худ аз донишмандони улуми исломӣ аст, дар ин маънӣ чӣ гуфта: "Дар ислом ва бахусус дар ташайюъ шеваҳои хосе пеш гирифтаанд, масалан медонем, ки дар мабонии эътиқодии шиа ҳамчунон ки адл ва имомат ҳаст, тавассулу шафоат ва ибодату тақво ва тазкияи нафсу тавба, тақияву тақлид ҳам ҳаст. Ин мабонӣ бештар ҷанбаи фардӣ ва рӯҳиву ахлоқӣ доранд ва гузашта аз он содатар метавон таҳрифашон кард ва мардумро ба ин васила аз масоили ҳод(ҳассос)-и зиндагии иҷтимоӣ ва пардохтан ба масъулиятҳои ҷамъӣ ва андешидан ба авомилу иллати бадбахтиҳои умумӣ ва тазодҳову табъизҳо боздошт ва ба номи тақияву тақлид сокиташон кард ва ба баҳонаи ибодату тазкия ба худ сарбандашон сохт(Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣЛос-Анҷелес, 2014, С.185). Ин ҷо бояд ишора ва илова кард, ки ин “мабонӣ”, аз ҷумла тавассулу шафоат, тақвову тазкияи нафс, таваккулу ризо, қаноату сабр ва мақулаҳои дигаре амсоли инҳо  дар мазҳаби  суннӣ ва ирфон низ аз ҷойгоҳи вижае бархурдоранд ва дар ташаккули ахлоқи миллӣ нақши тахрибӣ бозидаанд.

  Дар ростои мухолифати рӯҳоният бо дониш ва огоҳӣ муроҷиа мекунем ба андеша, боварҳо ва суханони бузургони рӯҳоният:

- Шофеъӣ - фақеҳи маъруф ҳукм дод, ки агар бандае дар улуми ғайришаръӣ назар кунад, ононро тозиёна бизананд ва дар миёни ашойир ва қабоил бигардонанд ва бигӯянд: "Ин сазои касе аст, ки китоб(манзур Қуръон аст) ва суннатро раҳо кард ва ба улуми ақлӣ рӯй овард".

- Ибни Ҷузӣ - фақеҳи ҳанбалӣ дар "Талбиси Иблис" худ ин қабил уламоро гурӯҳе муаррифӣ кард, ки Иблис ононро фирефтааст. Иблис дар фирефтани онон аз ин роҳ қудрат ёфтааст, ки онон барои дарки ҳақоиқ танҳо ба ақли худ рӯй оваранд.

- Ҳатто Ғазолӣ бо ҳама нубӯғи худ ба соиқа(бурҳон)-и таассуби мазҳабии хеш навишт: "Хавз(фурӯ рафтан) дар риёзиёт мусулмони муъминро ба куфр мекашонад ва назар дар илми Уқлидус ва таъаммуқ дар ҳисобу ҳандасаро мояи фасод донист.

- Закариёи Розӣ - бузургтарин пизишки таърихи ислом дар синини пирӣ бар асари он ки китобҳои ӯро ба сараш кӯбиданд, биноии худро аз даст дод.

- Ибни Сино - шайхурраиси ҷаҳони дониши исломӣ муаллифи "Қонуни шифо" ва беш аз 120 китобу рисолаи дигар, ки осори тарҷумашудаи лотинии ӯ то чандин қарн баъд аз худаш аз муҳимтарин китобҳои дарсии донишгоҳҳои аврупоӣ буд, аз ҷониби фуқаҳо ва муташарриъини асри худ "зиндиқ ва мулҳид" эълом шуд ва "илми дурӯғину фиребандааш" мояи гумроҳии халқ ва дур кардани онон аз роҳи Ҳақ ва ҳақиқат ба шумор омад ва ба амри халифа Ал-мустадӣ китобҳояш дар соли 555-и ҳиҷрӣ сӯзонда шуд (Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣЛос-Анҷелес, 2014, С.312).

  Бояд таъкид дошт, ки хирадситезии табақаи рӯҳоният  на фақат дар Шарқ, балки дар Аврупои қуруни вусто низ омили боздорандаи ҷиддие буд. Ба қавли донишманди эронӣ Шуҷоъуддин Шифо:  ”Душманӣ бо ҳар гуна донише аз мумаййизоти усулии ҳар се оини тавҳидӣ аст...  Дар "Таврот" Худованд усулан дар баробари дониш ва донишмандон ҷабҳа мегирад ва тасреҳ мекунад, ки: "Ҳикмати ҳакимонро ботил ва дониши донишваронро табоҳ хоҳам кард.  ... Калисо аз ҳамон замоне, ки ба қудрат расид, кӯшид то бар ҳар гуна фаъолияти илмӣ дар хориҷ аз он чӣ худ муҷоз медонист, лагом бизанад” (Таваллуде дигар-Эрони куҳан дар ҳазораи нав, Шуҷоъуддин Шифо, С.167). Аммо дар Аврупо ва ба дунболи он дар ҷаҳони мутамаддин тавонистанд шиддати тундравии Динро дар уфуқҳое, ки бо Миллату Илм зиддият дошт, ислоҳ кунанд ва ба ин васила ҷомеаҳои худро аз хурофотгароӣ раҳо намуда,  дар заминаи худшиносии милливу рушди илмиву техникӣ ба авҷи тараққӣ бирасонанд, аммо миллатҳои хурофотгаро бо пойбандӣ  ба таассуби диниву мазҳабӣ ҳамчунон аз масири рушд берун мондаанд.

  Аврупо дар асри XVII- XVIII бо раҳо кардани зимоми зеҳни  ҷомеа аз дасти калисо ва ба ҷои ҷаҳонбинии динӣ ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ тавонист ба суръат тараққӣ кунад. Дар "Таърихи Пётри Кабир" - навиштаи Волтер омада, ки Пётр ба кашишону доноёни кишвараш гуфт: "Зулмати рӯҳонӣ ва дахолати муллоён дар амри мамлакатдорӣ садди роҳи ислоҳталабӣ ва навҷӯӣ аст. ..."  (Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣЛос-Анҷелес, 2014, С.183)

  Дар мисоли давлатҳои Русияву Туркияи усмонӣ, ки намояндаи Ғарбу Шарқ (олами ислом ва насоро) ҳастанд, тӯли асрҳои XVII-XIX, ки ҳар ду дар он замон қудрату имконоти низомиву иқтисодии тақрибан баробар доштанд (ва ҳатто дар бисёр самтҳо давлати Туркҳои усмонӣ нисбат ба Русия афзалият дошт), ду падида ва раванди баръакси ҳамдигарро мушоҳида метавон кард. Шоҳони рус ва ба вижа, Пётри Кабир мекӯшиданд ҷомеаи хурофотзадаи худро ба масири хирадгароӣ ва мудернизатсия савқ диҳанд, аммо туркҳо дар ҳамон ҳоли ортодокс қарор доштанро афзал медонистанд. Ин равандҳои ба ҳам мутаноқиз боиси рушди Русияву заволи Туркияи Усмонӣ шуд. Зимнан бояд гуфт, ки русҳо аз ақибмондатарин миллатҳои Ғарб буданду туркҳо аз пешрафтатарин ва қудратмандтарин миллатҳои Шарқ.

  “Туркон  то асри  XVII  агарчи дар сояи шамшер то қалби Аврупо пеш рафта буданд ва хеле бештару пештар аз Русия бо Аврупои Ғарбӣ иртибот доштанд, аммо натавонистанд баҳраи чандоне аз илму ҳикмати он бибаранд. Ҳатто аз таҳаввулоти фикриву иҷтимоии бузурге монанди Ренесонс ва моҳияти ислоҳи дину  инқилоби санъатӣ ва асри рӯшноӣ хабардор нагаштанд. Сарсахтии ин қавм дар донишнопазирӣ  аз шигифтиҳои таърихи фарҳанги башар аст!!! Ҳадди таъаққули мадании Усмониро дар қарни XVII аз ин ҷо бояд шинохт, ки ҳатто фанни соатсозиро таҳрим карданд(!!!), барои ин ки соат кори муаззини масҷидро зоеъ мегардонад!!!”  (Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣЛос-Анҷелес, 2014, С.183) Аз ин буд, ки нухбагони турк баъд аз шикасти давлати Усмонӣ дар ибтидои асри XX даст ба ислоҳоти густурдае заданд, ки яке аз муҳимтарин абъоди он модернизатсия буд ва ҳаст.

  Миллате, ки таҳти таъсири хурофот қарор дорад, табиист, ки авомили суду зарари худро наметавонад дуруст ташхис кунад, аз ин рӯ бисёр осон ба абзори дасти нерӯҳои манфиатҷӯ табдил меёбад ва нохудогоҳ ба зарари худу ба нафъи бадхоҳони хеш талош меварзад. Миллатҳои ноогоҳу худбохта аксар маврид нисбат ба фарзандони содиқу ватанпарвари худ ва талошҳои ислоҳотгаронаи онҳо на фақат бетафовутанд, балки ҳатто аз ҷаҳолату худношиносӣ онҳоро маҳкум низ мекунанд. Садриддин Айнӣ  дар китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» дар бораи ҳаракати равшанфикрӣ ва тамоили шадиди ислоҳотгароёнаву маорифпарварона доштани он дар Аморати Бухоро изҳори назар карда, ҳамчун шоҳиди ҳол гуфтааст: “... вале ин халқи мазлуму нодон ба тарафдорӣ аз ҳукумату косалесони он – муллоҳо ба муқобили ислоҳот омода мешуд» (Садриддин Айнӣ, Таърихи инқилоби Бухоро, - Душанбе: Адиб, 1987. С.240).

  Аврупову Амрико ва олами мутамаддин аз он ба пешрафт ноил шуданд, ки зеҳнияти ҷомеаашон аз тасаллути хурофот раҳоиш  ёфт ва усули зиндагиашон бар бунёди хирадгароиву воқеънигарӣ ниҳода шуд.   Ба тафовут аз қуруни вусто, ки хурофот меҳвари дидгоҳашонро ташкил медод, феълан он ҳеҷ гуна ҷойгоҳе дар низоми ҷаҳонбинии ҷомеаашон надорад. Мо ҳам агар мехоҳем ба пешрафт ноил шавем, бояд ногузир дар масири хирадгароӣ, мардумсолорӣ, эътимод ба нафс ва сахткӯшӣ қарор дошта бошем. «Қадами аввал барои ба зиммаи худ гирифтани масъулияти навиштани сарнавишти худ ин эътирофи он аст, ки мо имконияти интихоб дорем», яъне мавҷуди соҳибихтиёрем, на ин ки ҳар як амали мо аз қабл бо қалами тақдир навишта шудааст (Девид Метюз, Сиёсат барои мардум, Душанбе, 1998, С.185). Ба чанд масъалае, ки ба мавзӯи мавриди назар марбутанд, таваҷҷуҳ мекунем:

  1. ДЕМОКРАТИЯ ДАР ҶОМЕАИ ВОПАСГАРО

  Дар ҷомеаҳое, ки зеҳнияти аксарияти афроди он хурофотист, ҳатто корбурди услубҳои мудерни давлатдорӣ ва равиши мардумсолоронаи маъмурияти ҷомеа низ наметавонанд ба худии худ заминаи рушди устуворро ба вуҷуд оваранд. Демократия ва унсурҳои аслии он, яъне ҳукумати мардумсолору қонунбунёд, адолати иҷтимоӣ, озодии баёну интихоб, раъйпурсии умумӣ ва ғ.  мустақиман наметавонанд роҳро ба сӯи  рушди ҷомеа боз кунанд. Масалан, дар ҷомеае, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотист, табиист, ки мафҳуми озодӣ дар чаҳорчӯби муқаррароти мазҳабӣ ва эътиқодоти умум тафҳим мешавад. Қонунсолории ҷомеа аслан ба маънои дар авлавият гузоштани муқаррароти мазкур фаҳмида хоҳад шуд. Аз тариқи интихоботу раъйпурсии умумӣ низ дар чунин ҷомеаҳо афроде шонси бештари интихоб шуданро хоҳанд дошт ва лоиҳаҳои қонунҳое имкони мавриди пазириши умум қарор гирифтанро метавонанд дошта бошанд, ки ба хостаи аксарият мутобиқ аст. Демократия аслан равиш ва услуби ҳукумат кардан аст, маъмурияти ҷомеа бар асоси хостаҳои умум аст, на форматсияи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ё мактаби фикриву фалсафӣ. Аз ин рӯ, агар хостаҳои умум иртиҷоиву вопасгароёна ва ғайривоқеъбинона бошанд, табиист, ки он ҷомеа ҳатто бо корбурди равиши демократӣ низ роҳ ба ҷое нахоҳад бурд. Ба қавли ҷомеашиноси амрикоӣ Девид Метюз: “Барои рушди демократия... мардум бояд бошуур бошанд”. (Девид Метюз, Сиёсат барои мардум, Душанбе, 1998, С.137) Албатта, ин ҷо бояд ба эътибор гирем, ки манзури Девид Метюз аз корбурди вожаи бошуур аслан шуури илмиву сиёсӣ аст.

 Бинобар ин барои рушди ҷомеа ташаккул додани ҷаҳонбинии воқеъбинонаву илмии умум ва такмили шуури ҷамъиятӣ омили аз ҳама муҳим ва бунёдӣ аст. “Мардумсолорӣ ё ширкати мардум дар таъйини сарнавишти хеш дар сурате имконпазир мебошад, ки ҳам омодагии зеҳнии касратгароӣ дар ҷомеа вуҷуд дошта бошад ва ҳам бунёнҳои чорчӯбии он барпо шавад. Мардумсолорӣ як шиор нест, балки як пружа ва як систем аст” (Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣЛос-Анҷелес, 2014, С.46).

  1. МАШРУЪИЯТИ ФАРОИҶТИМОӢ (ИЛОҲӢ) ДОДАН БА ДАВЛАТ ДАР ҶТ

  Як нишонаи равшани хурофотӣ будани ҷаҳонбинии ҷомеаи мо дар он зоҳир мешавад, ки ҳатто кормандони давлативу зиёиён ва адибону назарияпардозони сиёсии ҷомеаи мо мисли рӯҳониёни дарбории қуруни вусто, Ҳукумати кишварро, ки расман дунявию демократӣ, яъне мардумсолор эълом шудааст, кӯшиш мекунанд, ки худосолор ҷилва диҳанд. Давлат ва Ҳукумате, ки худро худосолор ҷилва медиҳад, ба он ишора мекунад, ки гӯё он машруъияти илоҳӣ дорад. Худосолорӣ аслан як мактаби сиёсии динӣ аст. Бар асоси таълимоти ин мактаби сиёсӣ роҳбари давлат “тобеи қонуни заминӣ, мамлакатӣ ва мардумӣ нест, зеро машрӯъияташ мустақим аз тарафи Худо мебошад. Бинобар ин ӯ ҳеҷ гуна масъулияте дар баробари қонун ва мардум надорад, яъне дар баробари қонун ва мардум посухгӯ нест” (Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣЛос-Анҷелес, 2014, С.13).

  Мавқеъгирии назарияпардозони давлатие, ки барои ҳифзи бақои давлат онро худосолор нишон додан мехоҳанд, аз як тараф, агар бозгӯи дидгоҳи хурофотии онҳо бошад, аз тарафи дигар, далели камзарфиятии онҳо аз лиҳози илмӣ аст, ки наметавонанд дар такя ба донишҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ мавқеи давлат ва сиёсати раҳбарияти онро ба таври муътамаду мустанад ҳимоят карда, мардумро мутақоид созанд. Ҳар гуна кӯшише дар ростои машруъияти фароиҷтимоӣ додани давлат  куллан хилофи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва қонунгузории кишвар аст. Дар ҷомеаи демократӣ (мардумсолор) давлат ва роҳбари он бар асоси раъйи мардум рӯи кор меоянд ва аз ин рӯ, маҳз раъйи аксарияти мардум мабнои фаъолияти қонунии онҳост.

  Мутаассифона, дар кишвари мо кам нестанд назарияпардозони сиёсӣ ва адибону зиёиёне, ки ба таври ошкоро аз тариқи садову симои кишвар ва дигар васоити ахбори омма ин гуна дидгоҳи хурофотиро ироа медоранд. Ин  “назарияпардозон” ба таври мустақим ва ғайримустақим ғолибан бар он ишора мекунанд, ки машрӯъият, яъне асоси қонунии фаъолияти Ҳукумати феълӣ на аз раъй ва хости мардум, балки аз ҷойгоҳи мавҳуми фаромардумиву мовароиҷтимоӣ маншаъ мегирад. Баъзе аз онҳо дар чунин маврид ҳатто аз корбурди таъбирҳои омиёнаи  “назаркарда” низ сарфи назар намекунанд ва нохудогоҳона дар мавқеи ақидатие қарор мегиранд, ки хилофи муқаррароти моддаи I Конститутсияи ҶТ мебошад. Ин навъи мавқеъгирӣ хурофотӣ будани ҷаҳонбинии на фақат омма, балки нухбагону зиёиён ва кормандони давлатии моро низ ба намоиш мегузорад, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ.

  1. МАЗОРПАРАСТӢ

  Дар кишварҳои мусулмоннишин ва ба хусус, дар кишвари мо мазор ва мазорпарастӣ яке аз анъанаҳои хурофотиест, ки бисёр густариш ёфтааст. Дар Тоҷикистон наметавон минтақа ва ҳатто деҳаеро ном бурд, ки дар он ва гирду атрофи он чанд мазор ва ё ба қавле, макони муқаддас вуҷуд надошта бошад. Парастиши мазорҳо ва эътиқод ба нерӯи фавқуттабиӣ доштани онҳо навъе аз боварҳои хурофотист. Эътиқод ва парастиши мазорҳо аз тарафи мардум марбут ба тарзи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии онҳост. Мардумоне, ки чунин ҷаҳонбинӣ доранд, бар онанд, ки мазорҳо ва арвоҳи ашхоси дафншуда метавонанд ба вазъи зиндагии онҳо ва шаклгирии равандҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маишии аҳли ҷомеа таъсиргузор бошанд. Дар робита ба ин навъи эътиқод аст, ки мардуми мо ба мазорҳо рӯ меоранд ва барои ҳалли мушкилоти худу аҳли ҷомеа “шафоат” мехоҳанд. 

  Ин гуна шинохт ва ҷаҳонбинӣ роҳро ба таври фарох ба сӯи фатализму тақдиргароӣ ва дар зимн, бемасъулиятӣ боз хоҳад гузошт, яъне миллионҳо нафар барои рафъи мушкилоти худ ва ҷомеа роҳи ҳалро дар он мебинанд, ки рӯ ба мазорҳо оранд ва арзи ниёзу дуо кунанду шафоат талабанд.

 Рушди миллӣ ба сатҳи ташаккули тафаккури миллӣ робитаи мустақим дорад ва ҳамчунин маншаъи мушкилоти ҳар ҷомеае низ аслан дар шуури ҷамъиятии он аст. Он чӣ доир ба ин масъала нигаронкунанда аст, вазъи ҷаҳонбинии имрӯзаи мардуми мост.

 Дар байни мардуми мо мазорҳои зиёде, аз ҷумла мазори Бурхи Валӣ дар ноҳияи Рашт, мазори Аскарӣ дар ноҳияи Шӯробод, мазори Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ дар шаҳри Роғун, мазори Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Балҷувон, мазори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар ноҳияи Айнӣ ва ғ. хеле маълуму машҳуранд,  аммо гӯри шаҳидону қаҳрамонони ин миллат, аз ҷумла Спитамен, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ, Мунтасири Сомонӣ, Восеъи диловар,  Сарбадорони Самарқанд ва ғ. куллан ношинохта ва нопайдост. Барои чунин шакл гирифтани қазия рӯҳониёни миллати мо беш аз дигарон сабабгоранд. Мутаассифона, дар тӯли таърих рӯҳониёни мо на фақат маънаван аз мавқеи миллату манофеи миллӣ дифоъ намекарданд, балки дар бештарини маворид миллиситезӣ карда, барои маҳви арзишҳои милливу унсурҳои фарҳанги миллӣ беш аз бегонагон талош меварзиданд.  Маҳз дар робита ба ҳамин тарзи бархурду муносибат ва миллиситезии рӯҳониён аст, ки мазорҳо ва парастишгоҳҳои мардуми мо бидуни камтарин истисно ҳама ҷанба ва моҳияти диниву мазҳабӣ ва бегонапарастӣ доранд. Дар ин росто ҳатто як намунаеро наметавон мисол зад, ки марқади ватанпарасте ва ё қаҳрамони миллие ба мазору зиёратгоҳ табдил ёфта бошад.

 Гузашта аз ин, мардуми мо нисбат ба арзишҳо ва қаҳрамонҳои миллӣ беэътиноанд. Иддае аз онҳо ҳатто тавҳин бар гузашта ва гузаштагони таърихи ғайриисломии худ мекунанд. 

 Яке аз омилҳои заиф шудани ҳувийяти миллӣ таҳмили муқаддасоту арзишҳои бегона ва тарҷеҳ додани онҳо бар арзишҳои миллӣ  аст. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо чунонки гуфтем, ҷаҳонбинии омма ва ҳатто зиёиён аслан ортодоксаливу хурофотист. Мавқеи меҳварӣ доштани арзишҳои ғайримиллӣ дар зеҳни мардуми мо далели рӯшани худбохтагиву бегонагароӣ ва набуди тафаккури миллӣ дар ҷомеаи мост.

 Вожаи “мазор”, ончуноне ки аз луғоти муътабар пайдост, лафзи арабист ва бо вожаҳои “зиёрат”, “зоир”, “мазур” ва калимоте аз ин қабил  ҳамреша аст. Маънои вожаи “зиёрат” дидор ва боздиде аст, ки ба хотири таъзиму такрим, яъне бузургдошту гиромидошт анҷом дода мешавад. Арабҳо зиёраткунандаро “зоир” ва “зоира”, зиёратшавандаро “мазур” ва макони зиёратро “мазор” мегӯянд (“Муъҷам-ул-мақоис-ал-луғат”, С.443; “Лисон-ул-араб”, ҷилди 4, С.336). Аммо мафҳуми мазор маъмулан ҳаммаънии “зиёратгоҳ”, “зиёратҷой”, “марқад”, “оромгоҳ”, “қабр”, “қадамҷой” ва мадфани ашхоси муқаддаси исломӣ аст (Ислам. Энциклопедический словарь.-М.,1991, С.151). Дар миёни ом мафҳуми мазор аслан маънии “макони дафни шаҳид”–ро дорад, яъне мадфани шахсе, ки дар роҳи дин қурбон шудааст. Дар қуруни вусто мафҳуми мазор маънии густурдатаре ба худ гирифт. Таҳти ин  мафҳум на танҳо маконҳое, ки оромгоҳи шаҳидон маҳсуб мегаштанд, дар мадди назар буд, балки мадфани намояндагони қишрҳои соҳибимтиёзи исломӣ ва ба вижа сайидон, хоҷагон, эшонҳо ва тӯраҳо, ки бо марги табиъӣ вафот карда буданд, низ дар назар гирифта мешуд. Дар иртибот ба суннатҳову анъаноти тоисломӣ дар ҷомеъаи исломӣ кӯҳҳо, ғорҳо, сахраҳо, шаҳобсангҳо, чашмасорон низ чун мазор аз ҷониби мардум парастиш мегаштанд.

 Анъанаи мазор ва мазорпарастӣ аслан ба навъи эътиқодоти башар дар бомдоди таърих марбут аст, ки аз он дар таърих ҳамчун даврони ҷомеаҳои ибтидоӣ ном бурда мешавад. Башарият дар он марҳилаи рушди худ бисёре аз падидаҳои табиатро, ки ба мармуз ва пурасрор менамуд, парастиш мекард. Парастиши падидаҳои табиӣ ва аҷроми осмонӣ ба эътиқодоти одамони даврони ибтидоӣ хос буд, ки онро дар диншиносӣ “динҳои табиӣ” мегӯянд ва ашёпарастиро ҳамчун фетешизм ва рӯҳпарастиро ҳамчун анемизм ном мебаранд1.

 Омилҳои мазорпарастӣ дар ҷомеаи мо хеле зиёданд, ки дар ин навишта мо ба хотири ба дарозо накашидани баҳс аз шарҳи онҳо худдорӣ мекунем, аммо новобаста ба ин метавон бо қотеият гуфт, ки аз миёни тамоми он омилҳо ҷиддитарин омили ривоҷи анъанаи мазорпарастӣ дар кишвари мо, бидуни шак, ҷаҳонбинии ғайриилмӣ ва хурофотӣ доштани аксари афроди ҷомеа аст. Касоне, ки аз дарки ҳаводиси табииву иҷтимоӣ оҷиз мемонанд, бинобар ноогоҳӣ табиист, ки дидгоҳи хурофотӣ хоҳанд дошт. Барои ин гуна ашхос бовар ба нерӯи фавқуттабиӣ доштани баъзе падидаҳои табиӣ, аз ҷумла сангҳову чашмасорону дарахтҳои куҳансол ва ғ. амре маъмулӣ хоҳад буд. Ин гуна одамон, ба вижа ба нерӯи арвоҳ ва дар зимн, ба “шафоат”-и мазорҳо эътиқоди фавқулода доранд.    

 Бояд гуфт, ки ба густариши чунин ҷаҳонбинӣ таълимоти мазҳабӣ хеле мусоидат мекунад. Бисёр унсурҳои фетешизм ва анемизмро дар динҳои тавҳидӣ метавон мушоҳида кард. Зиёрати амокини муқаддасу мазори ашхоси муътабар, парастиши санги сиёҳ(ҳаҷаруласвад), қасам хурдан бо офтоб, моҳ, ситорагон, ки дар осори динӣ мушоҳида мешавад ва талаби шафоат кардан аз ин гуна амокину аҷром ва ашё истидлоли ин иддаост.   

 Мазорпарастӣ ҳамчун навъе аз хурофотпарастӣ аслан ва абадан бо тафаккури илмӣ созгор нест. Мазорпарастӣ бидуни муболиға худ як навъ эътиқодест, ки моҳиятан ҷиҳоду шаҳодатро таблиғу талқин мекунад. Мардумро беҳувийят ва бегонапараст менамояд ва аз масири ватанпарастӣ мунҳарифу мунсариф месозад, чунки мазорҳои кишвари мо қариб ҳама ба ашхосе мутааллиқ дониста мешаванд, ки андактарин иртиботе ба масъалаи меҳанпарастӣ надоранд, гузашта аз ин, аксари онҳо аслан аҷнабианд ва дар ташаккули илму фарҳанги тоҷик саҳме нагузоштаанд.

 Яке аз омилҳои ақибмондагии давлатҳои ҷаҳони сеюм хурофотгароӣ ва тақдирбоварии аксари афроди ҷомеаҳои онҳост, зеро хурофотгароӣ ва тақдирбоварӣ эҳсоси масъулияти иҷтимоии мардумро то ҳадди сифр поин бурда, роҳҳали мушкилоти инфиродиву иҷтимоиро дар дуову ниёиш ва рӯи ниёз овардан ба шахсиятҳои муътабари рӯҳониву мавзеъҳои ба ном муқаддас медонад. Парастиш ва эътиқоди ҷоҳилона омили таассуб аст ва таассуб инсонро ба тундравию ифротгароӣ ангеза медиҳад. Аслан парастиш як мафҳуми мазҳабӣ аст ва дар ҷомеаҳои мазҳабмеҳвар роиҷ аст. Дар ҷомеаҳои мудерни Ғарб, ки аксари афроди он бар асоси мантиқу истидлол ва хирадгароиву андешаи солим амал мекунанд, ин падида ҷойгоҳи таъсиргузор ва фарогире надорад, ки фазои афкори умумро таҳтушшуо қарор бидиҳад.   

 Ба масъалаи тарғиби мазорпарастӣ ва дар зимн, ташвиқи хурофот ҳавасманд будани баъзе нерӯҳои хориҷӣ ва рӯҳониёни дохилиро аз қазияи марги Анвар-пошшои турк дар солҳои 20-уми қарни гузашта метавон дарёфт. Рӯҳониёни кишвари мо дар такя ба эътиқодҳои содалавҳонаи мардуми ҳувийятбохтаи маҳал баъди марги Анвар-пошшо ва дафн кардани ӯ ба тадриҷ болои марқадаш мақбара сохта, онро ба мазор табдил дода буданд. Давлати Шӯравӣ ин мақбараро вайрон кард, аммо новобаста ба ин рӯҳониён бо дастгирии мардум дигарбора мақбараро эҳё карда, ба ин миссионери аҷнабӣ ҳамчун муҷоҳиди роҳи ислом ва қаҳрамон арҷгузорӣ мекарданд ва мекунанд.   Ин қазия, аз як сӯ, далели рӯшанест, ки тақаддусбахшӣ ва мазорпарастӣ як технологияи санҷидашудаву муассири ҳувийятсозии динӣ аз тарафи баъзе нерӯҳои манфиатҷӯи хориҷӣ ва рӯҳониёни дохил буду ҳаст ва аз сӯи дигар бозтоби нохудогоҳии миллӣ, бегонапарастӣ, мазҳабзадагӣ ва худбохтагии миллати мост.

 Агар як гурӯҳи қавмӣ ва ё иҷтимоӣ бихоҳад, ки низоми сиёсиву иҷтимоии гурӯҳи қавмӣ ва ё иҷтимоии дигарро заиф кардаву ба тадриҷ онро шикаст диҳад, нахуст арзишҳову муқаддасоти он ҷомеаро дар назари худи онҳо хору беқадр мекунад. Дар ин росто панарабистон ва исломгароёни тундрав дар тӯли таърих барои мағзшӯии мардуми мо ва аз масири миллигароиву ватанпарастӣ мунҳариф кардани онҳо аслан аз ду васила истифода карда буданд ва айни замон низ аз он абзор истифода мекунанд. Василаи аввал тақаддусзудоӣ буду ҳаст, ки он дар назари мардум беарзиш ва хор кардани арзишҳо ва улгӯҳои миллӣ аст. Василаи дувум тақаддусбахшӣ мебошад, ки он ба ҷои арзишҳову улгӯҳои миллӣ арзишҳо ва шахсиятҳои диниву мазҳабиро ҷойгузини онҳо намудан аст.

 Бо мақсади ҷуброн кардани аъмоли истеъморгароёнаи аҷнабиён, ки дар тӯли таърих ба тадриҷ арзишҳои миллии худро ба арзишҳои меҳварии мо табдил дода, истиқлоли зеҳнии моро аз байн бурда буданд ва боиси ҳувийятбохтагии миллати мо шуданд, мо айни замон бо истифода аз истиқлоли сиёсии кишвар  бояд барои ба даст овардани истиқлоли зеҳнии миллат ва ташаккули тафаккури миллӣ талош варзем. Ислоҳи вазъи равонӣ ва такмили шуури ҷамъиятии ҷомеа ё истиқлоли зеҳнии миллат заминаи аслии  устувории  истиқлоли сиёсии миллат аст.

 Дар боло ба раванди тақаддусзудоӣ ва тақаддусбахшӣ ишора шуда буд. Барои ислоҳи вазъи равонӣ ва ҳувийятбохтагии ҷомеаи худ  мо айни замон маҳз аз ҳамин роҳкор, яъне аз технологияи заиф кардани ҷойгоҳи арзишҳои ғайримиллӣ ва ҷойгузини онҳо кардани арзишҳову улгӯҳои миллӣ бояд истифода кунем. Аммо дар ин самт набояд бидуни роҳкор ва нақшаи мукаммал амал кард, зеро ин гуна бархурд  натиҷаҳои баръакс дошта метавонад ва вокунишҳои ҷиддиро ба бор оварда, суръати раванди мазкурро кунд мекунад.  Бояд ин амал дақиқан барномарезӣ шуда, бо равиши нарм марҳила ба марҳила анҷом дода шавад. Корсоз ва натиҷабахш будани ин амалро дар робита ба мазори Рӯдакӣ метавон мисол овард, ки дар ин росто хидмати Қаҳрамони миллати тоҷик С. Айнӣ хеле зиёд аст. Ин роҳкори С.Айниро дар самти улгӯсозии чеҳраҳои миллӣ ба шеваҳои муносиб ва ҷадид идома бояд дод ва ҳадди ақал барои қаҳрамонҳо ва чеҳраҳои сиёсии барӯманди миллие чун Куруши Кабир, Спитамен, Ардашери Бобакон, Анушервони Сосонӣ, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Саффорӣ, Мунтасири Сомонӣ, Восеъ, Сарбадорони Самарқанд ва ғайра муҷассамаҳову тандисҳо созем, ҷойгоҳҳои шинохтаеро ба номи онҳо гузорем ва корномаҳои меҳанпарастонаашонро ба таври шоиста муаррифӣ ва таблиғ кунем.

 Дар воқеъ, мо ба хотири дастёбӣ ба рушди миллат ниёз ба тағйироте бунёдӣ ва куллӣ дорем, ки он аслан бояд дар сатҳи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии мо ба вуҷуд ояд. “Шарафманд ва лоиқи даврон гардонидани давлат на ба тақдир, балки ба дониш ва иродаи шаҳрвандон вобаста аст” (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.536).

  1. ФАРҲАНГИ ТАВАККУЛ ВА АДАМИ ТАЛОШ (сахткӯшӣ)

 Бидуни шак, як омили бисёр муассири ташаккули шуури ҷамъии мо  фарҳанги мост. Аз ҷумла, авомили аслии нуқтазаъфҳои менталитети мо-тоҷиконро низ аз лобалои фарҳангамон бояд ҷуст. Дар мавриди рӯ дар рӯӣ бо мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ умед бастани мардуми мо ба нерӯҳои фавқуттабиӣ ва ё қаҳрамонҳое, ки вижагиҳои фароинсонӣ доранд (масалан, Маҳдӣ, шайхҳои соҳибкаромот, ҳуккоми соҳибқирону назаркардаи худо ва ғ.), нишона ва далели бовар надоштани мардум ба нерӯи худ, масъулиятнопазирӣ, бетарафӣ, беҷуръатӣ, тақдирпарастӣ, ноогоҳӣ аз нақши худ дар таъйини сарнавишти худу масири иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ва ояндаи Ватан аст. Ин тарзи тафаккур, яъне бовар ба тағйири муъҷизаосои вазъи мушкили ҷомеа ва ба ин васила бидуни ҳеҷ заҳмате ба якборагӣ рафъ шудани тамоми мушкилоти мавҷуда, агар аз як сӯ, далели масъулиятношиносиву роҳатталабии мо бошад, аз сӯи дигар, дидгоҳи хурофотӣ ва ғайриилмиву ғайривоқеии ҷомеаамонро ба намоиш мегузорад. Ин дидгоҳи тахайюлпарварона, ки аз бунёд бо дидгоҳи илмӣ созгор нест ва бо мақулаҳои сабаб ва натиҷа мухолиф аст, бозтоби он аст, ки мардуми мо бидуни фароҳам овардани шароити муносиб ва анҷом додани корҳои зарур ба якборагӣ натиҷаҳои матлубро ба даст овардан мехоҳад ва орзуи ҳалли мушкилотро мекунад, ки он ба ҳеҷ ваҷҳ имконпазир нест. Адабиёти шифоҳиву хаттии мо ва ба вижа, осори мутасаввифа, ки дар зеҳниятсозии хосу оми ҷомеаи мо нақши муассире дорад, пур аз ҳикоёту қиссаву ривоёте аст, ки дар онҳо кадом як шайху авлиёе бо як дуо ва каромот муъҷизае меофаринад ва якшаба тамоми мушкилоти мардумро ҳал мекунанд. Нақши таъйинкунанда доштани мардумро дар эҷоди сарнавишти худ (ва зимнан, дар рафъи мушкилоти иҷтимоиву сиёсии кишвар) дар адабиётамон ба нудрат метавон мушоҳида кард.

  Дар адабиёти қадим ва ҳатто муосири мо низ ба таври мустақим ва ё ғайримустақим ба машрӯъияти мовароуттабиӣ доштани ҳукумат ишора мешавад. Эътимоди аксари мардуми мо ба машрӯъияти мовароуттабиӣ доштани ҳукумат ва нақши таъйинкунанда надоштани омма дар ташкил ва танзими давлат масъала ва мушкилоте аст, ки решаи он аз фарҳанги қадими мо об мехурад. Ба таври фишурда барои тасдиқи ин иддао метавон аз ҷойгоҳи вижаи мафоҳиме чун "фарри каёнӣ", "фарри эзадӣ", "Сушиёнт" ва ғ. дар таърих ва фарҳанги бостониамон ёдовар шуд. Ислому ирфон низ бо қоил будан ба мақоми фароиҷтимоии анбиёву авлиёву абдол ва имомҳои замону имоми охируззамон пояҳои ин "фарҳанги сиёсӣ"-ро таҳким бахшидааст. Аз ин аст, ки мардуми мо амалан барои пазириши аслҳои ҷомеаи демократӣ, яъне ҷомеаи мардумсолор омода нест ва дар ҳолати тамоил доштани ҳукком ба навъи худкомаи маъмурият вокуниши қобили мулоҳизае нишон намедиҳад. Аз ин рӯ, барои дар кишвари мо ташаккул додани ҷомеаи мардумсолор ногузир бояд қолабҳо ва форматҳои зеҳниятсозӣ, аз ҷумла фарҳангу суннатҳои миллиамон тағйир ва такмил дода шаванд.

 Интизори қаҳрамон (ва ё Сушиёнт, ё Маҳдии замон, шоҳи одил ва ғ.) будани мардум ин ҳақиқатро ба намоиш мегузорад, ки дар воқеъ, ҷомеа аз вазъи мавҷуди худ розӣ нест ва умедвори ислоҳи вазъият аст, аммо мушкил дар он аст, ки мардум барои дастёбӣ ба ин ҳадаф худро масъул намедонад ва интизори он аст, ки каси дигаре ба ҷои ӯ ин корро анҷом диҳад. Мардум ормонҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва вазъи матлубро дар тахайюлоти худ ва зимнан, дар адабиёти хеш меофарад. Агар мардум “вазъи матлубро ба сурате месохт, ки бо воқеияти иҷтимоӣ ба наҳве қобили интибоқ мебуд ва бо тағйироте ҳарчанд пурзаҳмат ва дарозмуддат таҳаққуқ меёфт, ҷомеаро ба самти ислоҳ савқ медод”. (Алӣ Ризоқулӣ, Ҷомеашиносии нухбакушӣ, Теҳрон: Нашри Най, 1377. С.28)

 Боварӣ доштан ба ризқи азалӣ низ яке аз омилҳоест, ки боиси коҳилӣ, адами сахткӯшӣ, ақибмондагӣ ва камбизоатии эътиқодмандони ин таълимот аст. Ин ақидаи нодуруст аксари эътиқодмандонро аз сахткӯшӣ дар роҳи беҳдошти вазъи иҷтимоии худ ва ҷомеа  боздоштааст. Ҷомеаи хурофазада ва тақдирбовар дар баробари мушкилот  муқовиматпазир нест.

 Доир ба масъалаи тарғиби таҳаммулгароӣ низ мо бояд ба ифрот роҳ надиҳем. Бо тарғиби таҳаммулгароӣ набояд миллатро дар рӯҳияи зулмпазирӣ ва созишкорӣ тарбият кард. Сабру тоқат кардан дар баробари ноадолативу фасодкорӣ ва хориву зиллат ҳеҷ иртиботе бо таҳаммулгароӣ надорад. Ин рафтор аз адами эътимод ба нафс, аҷзу нотавонӣ ва гузашта аз он, аз беҷуръативу беҳувийятӣ сарчашма мегирад.

 “Моҳияти миллат дар характери миллат ифода меёбад. Характери миллӣ меъёри асосии арзёбии ҳар миллат аст. Он дар системаи муносибат ба тақдири худи миллат ва дар муносибат бо дигар миллатҳо зоҳир мешавад. Характери миллат дар муқоиса бо дигар миллатҳо муайян, мушаххас ва арзёбӣ карда мешавад. Характери миллӣ бо худшиносии миллӣ сахт вобаста аст. Ҳар дуи он дар шинохти мансубияти шахс ба худи миллат, дар тақдирсозии он миллат, аз лиҳози маъно муродиф мегарданд.

 Дар муайян кардан ва баҳо додан ба характери миллӣ, суханҳо, шиорҳо, назарияҳо ва таъбири дигар ҳиссиёт, аҳамияти камтар доранд. Амали намояндаи миллат баёнгари аслии сифати миллист”. (С.Ятимов, Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ, Душанбе, Ганҷ нашриёт, 2015, С.36)

 Зеҳният ва шуури ҷамъиятии ҳар ҷомеае, қабл аз ҳама, дар робита ба фарҳанги он шакл мегирад. Аз ин рӯ, агар ҷаҳонбинии як ҷомеа ғайриилмӣ ва хурофотӣ бошад, пас, барои ислоҳи вазъи фикрии ҷомеа, қабл аз ҳама, фарҳанги ҷомеаро ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи шуури ҷамъӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода, қолабҳои маҳдудкунандаи онро шиносоӣ ва ислоҳ бояд кард.

Асадзода НАЗРӢ

муҳаққиқ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (19), 2020 

 Китобномаи мухтасар

  1. Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010.
  2. Кант И. Трактаты и письма. – М.: Наука, 1980.
  3. С.Ятимов, Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ, Душанбе, Ганҷ нашриёт, 2015
  4. И.Д.Ковальченко, Методы исторического исследования. –М.: Наука, 2003
  5. Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣ", Лос-Анҷелес, 2014
  6. Шуҷоъуддин Шифо, Таваллуде дигар-Эрони куҳан дар ҳазораи нав, Теҳрон, 1382.
  7. Садриддин Айнӣ, Таърихи инқилоби Бухоро, - Душанбе: Адиб, 1987
  8. Алӣ Ризоқулӣ, Ҷомеашиносии нухбакушӣ, Теҳрон: Нашри Най, 1377
  9. Девид Метюз, Сиёсат барои мардум, Душанбе, 1998
  10. Савин Н.В. Педагогика, Душанбе, "Маориф", 1975
  11. Энциклопедический словарь. -М., 1991.
Хондан 3442 маротиба

Китобҳо