JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Хурофазадагӣ, ҷаҳл, тассуб ва нодонӣ, яке аз мушкилоти асосии асри равон дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки паёмадҳои бисёр манфиро дар ҷаҳони имрӯз ба бор овардааст. Аз ҷумлаи бархӯрду даъвиҳои номуносиб худхоҳӣ, тамомиятхоҳӣ, эҳтиром накардани арзишҳои дигарон, таҳаммулнопазир ба дину бовар ва андешаҳои дигар, сабаби бебандуборӣ ва куштору нобудӣ гардида, хатари аз байн бурдани давлату миллатҳоро дар ҷаҳони имрӯз ба миён овардааст.
Сиёсатгарони дин одатан дар суханрониҳои хеш аз арзишҳои башарӣ ҳарф мезананд ва чунон дар суханрониҳои хеш пардозгарӣ менамоянд, ки дар аввал кас гумон мекунад, ки онҳо воқеан аз ҳамин арзишҳо пайгирӣ менамоянд аммо ин танҳо як зоҳири фиребоест, ки ҷиҳати расидан ба аҳдофи хеш аз он кор мегиранд. Гурӯҳҳои исломгаро (исломгаро- нафароне, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои сиёсии хеш аз Ислом ба ҳайси восита истифода менамоянд) аз дарку фаҳми ин нуктаро надоранд, ки дар ҷаҳони имрӯз ҳама умур боясти ба маънии созгори ақлу мантиқ ва илму фанноварӣ ба роҳ монда…
Яке аз заминаҳои аслии хурофот тарс ва нодонӣ дар баробари ҳаводиси табиию ҷамъиятӣ аст. Ҳанӯз аз замони аввалин огоҳии башар дар нисбати худу ҷаҳон шояд аз аввалин чизҳое, ки ӯ дарк намудааст, ин осебпазирӣ дар баробари ҳаводиси табиию ҷамъиятӣ будааст. Махсусан дар он замон, ки ҳанӯз инсон зиндагии нимаваҳшӣ дошт, бо бархӯрд ба ҳаводиси даҳшатноки табиӣ, аз қабили сел, тӯфон, зилзила, оташсӯзӣ, раъду барқ ва амсоли ин, ҳамчунин, ҳадафи туъмаи ҳайвоноти бузургҷуссатаре қарор гирифтан, инсонро маҷбур намудааст то дар баробари ин ҳаводис чораандешӣ намояд.
Дар ҷомеае, ки он ҷо хаёл бар андеша ва бовар бар илму таҷриба бартарӣ дорад, аксари мардумон побанди суннатҳо ва арзишҳои бофтаю сохтаи зеҳнианд. Ҳамин аст, ки нодонию хурофот бо ҳам тавъам амал мекунанд ва яке дигареро пурра мегардонад. Он ҷо ки барои собит кардани ин ё он ҳодисаю воқеа вақт ва заҳмат талаб мекунад, аксар аз инсонҳо худро ба боварҳо таскин медиҳанд ва барои дарёфти ин ё он ҳақиқат ба тарзи илмӣ аслан кушише ба харҷ намедиҳанд.
Саҳифа аз 1 то 5

Китобҳо