Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, ҷисман ва рӯҳан хаста шудааст. Албатта, ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд, вале ҳоло ҳам ҷомеаи тоҷикӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан наҷот наёфта, тадриҷан раванди ташаннуҷи…