Инсон бо кор гирифтан аз неруи ақлу хирад дар ҷаҳону ҳастӣ ҷойгоҳ ва мақом пайдо мекунад ва олами будро маъно мебахшад. Ин аст, ки хирад ба унвони асли вуҷуди инсонӣ муҳаррики рушду тараққӣ буда ва ҳаст. Аммо дар муқобили он хурофот ва тафаккури хурофӣ қарор дорад, ки инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи инсониро ба қафо ва вопасгароӣ мекашад. Муҳимтар аз ҳама, чун хурофот дар ҷомеа тасаллут ёбад, таассубу ҷаҳолат ташаннуҷ пайдо мекунад ва билохира ҷаҳонбинии хурофотӣ меҳвари биниши мардумӣ мегардад. Дар ин ҳолат аст, ки ҷомеа ба бунбасти фикрӣ, сиёсӣ,…