JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 15 Сентябри 2020 12:01

Исломи қудрат - заминаи асосии исломгароӣ

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

 

  Гоҳе ки ислом аз доираи ибодат ва ҷамоат берун меравад ва он гоҳ ки дастурҳои шаръӣ ҳатмӣ мешаванд, дар зеҳни як мусалмон ҳар нафаре, ки дастуроту ҳукмҳои шариатиро анҷом намедиҳад, ба ҳайси як шахси манфӣ ҷилвагар мешавад. Чун дастуроти шаръӣ нафареро, ки ин қавонинро иҷро намекунад, бояд ӯро маҳкум намуда, дузахӣ ва муртаду кофар эълон медоранд. Танҳо дар зинаи ибодӣ ё шакли ибодӣ ислом метавонад, дақиқтараш як боварманди исломӣ метавонад, бо бовармандони дигар динҳову мазҳабҳо ё нобовармандон ҳамчунин бо низомҳои сиёсии  дунявию мардумсолорӣ мувофиқат намояд. Зеро дар ин зина фард ҳанӯз таҳти таъсири гурӯҳҳои сиёсӣ, ки ба хотири даст ёфтан бар манофеи иқтисодию сиёсӣ мағзшӯӣ нашудааст ва ибодатро танҳо ба хотири осуда намудани ниёзҳои ботинии хеш анҷом медиҳад ва розу ниёзи фардии худро бо маъбуде, ки ба он бовар дорад, дар миён мегузорад.

  Ба ҳар сурат исломи ибодатӣ ва ҷамоатӣ ҳарду метавонанд ба дунявият канор биёянд ва ҳамчун исломи муътадил амал намоянд. Қобили қайд аст, ки замони мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ ислом дар байни мардум дар шакли ибодӣ мавҷуд буд. Ҳарчанд исломи ҷамоӣ то андозае маҳдуд буд, вале мардумон ибодат ва боварҳои хешро анҷом медоданд. Новобаста аз маҳдудиятҳо то андозае исломи ҷамоатӣ низ ҷой дошт, ҳарчанд баргузории расмии намозҳои ҷамоат ва иду маросимҳо расман қайд нашуда буд, вале аз тарафи мардум намозҳои ҷамоат ва баргузории иду маросимҳо аз ҷумла иди қурбону рамазон, намози ҷумъа ва намози ҷаноза баргузор карда мешуд. Дар айни ҳол бошад, дар мо исломи ибодӣ ва исломи ҷамоатӣ пурра роиҷ аст. Чунин ба назар мерасад, ки камхатартарин навъи ислом, ки бо ҷаҳони имрӯз метавонад мутобиқшаванда бошад, ҳамин ду навъи ислом аст.

  Хатарноктарин навъи ислом замоне ба вуҷуд меояд, ки 3 исломи дигар, яъне исломи шариатӣ, қудратӣ ва ҳуввиятӣ канори ҳам оянд. Аз ин падида ба унвони исломгароӣ ёд мешавад ва ҳукуматҳои мисли ДОИШ, Толибон ва низомҳои сиёсии исломӣ рӯи кор меояд. Ҳамин се унсур вақте бо ҳам муштарак амал мекунанд, саркӯбгар мешаванд ва сабаби исломҳаросӣ дар ҷаҳони имрӯз гардидаанд. Вақте ин се дар канори ҳам меоянд, онҳо  ба идеология табдил меёбанд ва ҳангоме ки қудрати сиёсӣ дар пушти шариат қарор мегирад, низоми саркӯбгаре ба вуҷуд меояд, ки танҳо дастуроти шаръиро анҷом медиҳад. Исломи ҷамоат, шариат ва ибодат ҳар кадоме дар танҳоӣ  метавонанд хатарангез набошанд, вале он гоҳ ки ин ҳама якҷо шуданд ва исломи қудрат  ё сиёсат онҳоро зери нуфузи худ қарор дод, метавонанд ба исломи саркӯбгар ва хатарнок табдил ёбад. Ба ибораи дигар, гоҳе ки исломи ҷамоату шариату ҳуввият канори ҳам қарор гирифтанд, заминаи асосии исломи қудрат мешаванд.

  Заминаи асосии исломгароӣ исломи қудрат аст, ки тавре дар боло ишора шуд, исломи шариатию ибодӣ ва исломи ҳуввиятиро канори ҳам мегузорад ва ононро зери нуфузи худ қарор медиҳад. Ҳукмҳои исломи шариатиро бечуну чаро иҷроишашонро талаб намуда, дастуроташонро ҳатмӣ медонад. Ин боиси он мегардад, ки барои дигарандешон ё мардумоне, ки бовару эътиқод ба дигар дину оин ё мазҳаб доранд, амалан дар чунин фазо озод ба сар бурда наметавонанд. Онон мавриди таҳқир сарзаниш, куштор ва ҷисман аз байн бурдан қарор мегиранд. Заминаи асосии ифротгароиву даҳшатафканӣ дар шакли исломии он маҳз аз исломи қудрат маншаъ мегирад. Исломи қудрат на танҳо ба дину оинҳои дигар ва бо низоми сиёсии дунявию мардумсолорию либерол дар мухолифат қарор мегиранд, балки бо мазҳабҳои дар дохили худи исломбуда низ дар мухолифату душманӣ қарор мегиранд. Агар ба амалкардҳои исломгароӣ ба чанд соли ахир таваҷҷуҳ намоем, исломгароён на танҳо ғайри мусалмонон, балки бештари мусалмононро зимни амалиётҳои худ ба қатл расонидаанд. Исломгароён ба ҷуз аз ақидаву бовари худ ва дар шакли ифротӣ пазируфтани ислом дигар навъи бовар ва амалкардҳоеро, ки аз ислом маншаъ гирифтаанд, рад менамоянд. Онон вақте дар сатҳи баланди ифрот ва хушкандешӣ мерасанд, илло ҳампаймоёни хеш ҳеҷ каси дигарро таҳаммул надоранд ва ононро ба ҳайси ғайри исломӣ ва муртаду кофар ба қатл мерасонанд. Ин баёнгари он аст, ки исломгароӣ на танҳо ба мардумони ғайри мусалмон, балки пеш аз ҳама ба худи мусалмонон хатарнок ва нобудкунандатарин аст. Натиҷаи як таҳқиқ тавассути Маркази байналмиллалии мутолиоти ифротгароӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ҷиҳодии исломгаро танҳо дар моҳи ноябри 2014 5042 -нафарро  дар саросари дунё куштаанд, ки аксари онҳо ғайри низомиён ва мусалмонон будаанд. Масалан, 1770 нафар аз он дар Ироқ 784 нафар дар Нигерия 782 нафар дар Афғонистон 693 нафар дар Сурия. Ба ҳисоби миёна дар як моҳ ҳар рӯз 147 нафар ба дасти ин гурӯҳҳо кушта шудааст, ки аз онҳо 60 дар 100  ба воситаи ДОИШ-у Боку ҳаром анҷом гирифта, 80 дар 100 ин кушторҳо дар кишварҳои Ироқу Нигерия ба Афғонистону Сурия рух доданд. ДОИШ 20204 қатл Боку ҳаром 801 Толибон 720 дар сафи пеш қарор мегирад. Пас аз онҳо Ал-қоида Ҷабҳатуннусра,  Толибони Покистон ва Ҷамоати аҳрор қарор мегирад.

 Ҳаракатдиҳандаи асосии ҷараёни исломгароӣ, ки аз исломи қудрат маншаъ мегирад, нафрат ва душманӣ аст, ки ҳамарӯза дар расонаҳо ва таблиғоти исломгароён тавлид ва вазъ мешавад. Тавассути ғасб кардани фазои иттилоотӣ ва дар зеҳни мусалмонони бошандаи кишвари мавриди ҳадаф бедор кардани нафрат бар алайҳи низоми мавҷуда, бовармандон ва пайравони дигар кешу оин ҳисси ҷангиро дар онҳо боло бурда, аз лиҳози равонӣ ононро то сарҳади аз байн бурдани дигарандеш ё ба тарзи дигар маҳкуми қатл будани он ва бо қатл кардани он расидан ба биҳишту ризоияти офаридгор аз як мусалмони маъмулӣ як террорист дуруст мекунанд. Дар ин ҳолат исломгароён ниёз ба мубалиғоне доранд, ки аз назари истеъдод қобилияти суханварӣ ва таъсиргузорӣ дошта бошад ва дар айни ҳол тавонад мағзу иродаи гурӯҳҳои бовармандро идора кунад ва ононро ҳадафнок ба як самт равона созад. Ҳамин аст, ки гурӯҳҳои исломгаро маблағҳои бузургеро сарфи нафароне месозанд, ки онон қобилияти баланди таъсиргузорӣ дар ҷомеаро дошта бошанд.

 Исломи қудратӣ ки заминаи асосии ҷараёни исломгароӣ аст, ҳарчанд бисёриҳо даъво мекунанд, ки онҳо аз исломи мусалмонӣ дуранд, вале новобаста аз ин онон дар байни гурӯҳҳои қишрҳои муайяни ҷомеаҳои мусалмоннишин пойгоҳи иҷтимоӣ доранд, ки ин метавонад аз чанд омил вобаста бошад. Омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ. Ҳамин аст, ки ин гурӯҳҳо зуд шакл мегиранд ва сафи худро афзоиш медиҳанд ва ба як қувваву ҷараён табдил меёбанд. Чунин вазъро метавон дар шаклгирии исломгароён дар Сурияю Ироқ, ки дар як муддати кӯтоҳ ба қудрати ДОИШ табдил ёфтанд, мисол зад.

 Вобаста ба шаклҳои исломе, ки дар боло мавриди таҳлил қарор гирифтанд, танҳо шакли исломи ибодӣ ва то андозае ҷамоатӣ метавонанд бо низоми мардумсолор ва дунявӣ канори ҳам оянд ва дар шароити феълии ҷаҳон, ки фарҳангҳои гуногун дар як фазо қарор мегиранд, мусолиматомез бошанд. Аз тарафи дигар танҳо дар марҳилаи исломи ибодӣ аст, ки як боварманди мусалмон розу ниёзҳои хешро ҷиҳати наздикӣ бо офаридгораш аз рӯи бовари дарунӣ дар миён мегузорад ва дар ҳамин зина аст, ки дин ҳам барои инсон ҷойгоҳи баланд дорад ва ҳамчун як падидаи қудсӣ ба он арҷ гузошта мешавад ва ин арҷгузорӣ ҳам аз ҷониби бовармандон ва ҳам аз ҷониби ғайрибовармандон сурат мегирад. Бо назардошти ҳамин нукта ва таҳлилҳои дар боло оварда шуда ҷомеаи моро зарур аст, ки дар он ислом дар шакли ибодӣ ва то андозае ҷамоатӣ амал намояд. Чун мо дар низоми дунявӣ ба сар мебарем ва ин низом кафили пешрафт ва саодати инсонӣ ва кишвари мо низ ҳаст, аз ин лиҳоз, танҳо дар ҳамин шакл барои мардум ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мазҳабҳои гуногун метавонад ба тарзи мусолиматомез ва бидуни хушунату бархурд қарор бигирад.

  Ҳамчунин бояд тавзеҳ дод, ки нафароне, ки ба хотири ҳадафҳои хеш низоми дунявиятро мавриди мазаммату таҳқир қарор медиҳанд ва таблиғи аз бовари мардум ба даст овардани қудрати сиёсиро тавассути расонаҳои гурӯҳӣ ба миён мегузоранд, онон аслан манфиатҳои гурӯҳию сиёсии худро доранд. Ҳарчанд даъво аз мардумсолрию дифои ҳуқуқи башар ҷор мезананд, вале амалан имкон надорад, исломи қудрат дар ҳар шакле набошад, бо мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар обашон дар як кӯза ғунҷоиш кунад. Маҳз ҳамин нафаронанд, ки сабаби исломҳарросӣ дар ҷаҳони муосир гардидаанд. Инон исломи мусалмониро то ҳадде поин бурдаанд, ки дар ҳар кишвари ҷаҳон аз як нафаре, ки аз табаияти мусалмон бошад, агарчӣ бо афкору андешаи дунявӣ ҳам бошад, сокинони буми он кишвар аз ӯ меҳаросанд ва ба он ба назари машкук менигаранд. Дар худи кишварҳои мусалмонишин ҳаминҳое, ки аз ислом қудрату сиёсат месозанд мухолифату беқайду бориро ба миён оварда, муҷиби бозмондагиву бархурд ва куштору фақр ва муҳоҷирати густурда гардидаанд. Аз ин лиҳоз, набояд сокинони кишвар ба таблиғоти зиддимиллии гурӯҳҳое дода шаванд, ки мехоҳанд аз ислом сиёсат созанд ва тавассути бовару эътиқоди мардум ба қудрат бирасанд. Имрӯз давлат ва ниҳодҳои он тамоми шароитро дар чорчӯбаи қонунгузорӣ ҷиҳати анҷом додани бароварда кардани ниёзҳои як боварманд новобаста аз навъи бовараш муҳаё намудаанд. Сели борони таблиғоте, ки тавассути расонаҳои гурӯҳии нафароне, ки ба хотири расидан ба қудрат алайҳи давлат равона месозанд ва гӯё барои иҷрои амалҳои бовармандон монеа мавҷуд бошад, туҳмату буҳтоне беш нест. Мутаассифона, ин нафарон ҳеҷ гоҳ аз роҳи ақлу хирад ва воқеияти ҷойдошта боре тавзеҳ намедиҳанд, ки низомҳои сиёсии сохтаи исломӣ дар кадом кишвари ҷаҳон бартарият доранд ва он мардуми ҳамон кишварро ба саодат расонидааст. Ба ҷуз аз таблиғоти бебунёди мағзшӯӣ чӣ далели воқеӣ доранд?!

  Аз тарафи дигар дар низоми дунявӣ он қонуну дастуроте, ки аз рӯи зарурати иҷтимоӣ қабул гардидаанд, бояд риояти онҳо барои ҳама яксон бошад. Саҳлангорӣ дар ин кор бар суди ҷомеа нахоҳад буд. Набояд дастуроти исломи шариатӣ ва қонунҳои иҷтимоии амалкунандаро ба ҳам омезиш дод. Нодида гирифтани баъзе аз масоил метавонад заминаи авҷ гирифтани исломи қудратӣ шавад ва дар маҷмӯъ ба исломгароӣ оварда расонад. Махсусан дахолат кардани умури динӣ дар умури дунявӣ ва хосатан дахолати он бо корҳои давлату давлатдорӣ метавонад як заминае барои Исломгароӣ  бошад.

 

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 1400 маротиба

Китобҳо