JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Сентябри 2020 06:48

Исломи сиёсӣ заминаи асосии хушунату нооромӣ ва абзори саркӯби ҳувиятҳои миллӣ

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Дар ҷаҳони муосир кор гирифтан аз дину боварҳо ва онҳоро табдил додан ба як гузинаи сиёсӣ ҷиҳати расидан ба қудрат ба яке аз омилҳои асосии  гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ мубаддал гардидааст. Махсусан ин масъала дар кишварҳое, ки аксар бошандагонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва кеши асосии аксар Ислом аст, бисёр доғ ба назар мерасад. Вазъи кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон аз ин мисоли зайл аст. Имрӯз гурӯҳҳои зиёди ҷиҳодиву даҳшатафкан бо номҳои гуногуне дар фазои кишварҳои мусалмоннишин амал мекунанд. Ин гурӯҳҳои ифротиву даҳшатафкан таҳдид на танҳо ба кишварҳои алоҳида,  балки ба минтақаҳо ва дар маҷмӯъ кишварҳои ҷаҳонро доранд. Дар ин росто минтақаи Осиёи Миёна ва махсусан Тоҷикистон аз ин хатар эмин буда наметавонад. Вобаста ба ин суоле, ки пеш меояд, ин аст, ки аз чӣ роҳҳое бояд истифода намоем, то аз ин хатар кишвар ва минтақаи хешро эмин нигоҳ дорем. Мусаллам аст, ки аксари бовармандони кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд ва онон бахше аз зиндагиашонро бовар ва маросимоти динӣ ташкил медиҳад. Моро зарур аст, ки аз як тараф низоми дунявиро ҳамчун низоми сиёсии фаъол ва пешбарандаву пешқадами инсонӣ, ки метавонад рушд ва пешрафту саодати миллиро таъмин намояд, нигоҳ дорем ва аз тарафи дигар бо боварҳои мардум канор оем. Барои расидан ба чунин ҳадаф бояд анвоъи коргирӣ аз ислом фазои таъсиргузории онро, ки дар анвоъи мухталифи ҷомеаҳо истифода мешаванд, аз лиҳози иҷтимоию маънавӣ мавриди таҳлил қарор диҳем. Ин навъи тақсимот ва биниш маънои онро надорад, ки навъҳои зикршуда комилан аз ҳам ҷудо бошанд. Дар дарозои таърих онон гоҳ чуну гоҳ чунон ҳам будаанд ва решаҳои ягонаро низ доранд. Аммо дар вазъи феълии ҷаҳон, ки кишварҳову давлатҳо бо равобити зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии ҳамдигарӣ расидаанд ва ҷаҳонро ба як деҳкада табдил додаанд, ки бояд дар он фарҳангҳо ва боварҳои гуногун дар як фазои мусолиматомез канори ҳам зиндагӣ намоянд, зарурате пеш меояд то  дар чунин як шароит бишиносем, ки кадоме аз шаклҳои бовармандӣ дар дараҷаҳои иҷтимоӣ коромад ва камхатару беҳтар аст.

  Имрўз вобаста ба тарзи таъсиргузорию коргирӣ метавон аз панҷ равзана ба ислом назар кард, ё ҳадди ақал онро ба 5 навъ  тақсим намуд.

Исломи ибодат. Ин исломест, ки аксари мардуми боварманд аз роҳи намоз хондану рӯза доштан, дуову зикр ва ғуслу вузӯъ, инчунин дигар корҳои фардӣ ба хотири наздик шудан ба Худо анҷом медиҳанд. Мусаллам аст, ки инсонҳо ҳамеша вобаста аз вазъи ҷуғрофиёӣ, иқтисодиву сиёсӣ, хатароти заминиву кайҳонӣ нигарониҳои зиёде доранд ва дар дарозои таърих ҳама ин мушкилоти вуҷудӣ будаанд, ки сабаб гардидаанд то ин ниёзҳои хешро аз роҳи ибодат ва парастишҳо ва маросимот бароварда созанд ва худро оромиш бахшанд. Ба тарзи дигар ибодати фардиро дар баробари вуҷуд анҷом диҳад. Ин масъала на танҳо ба Ислом, балки ба тамоми динҳо ва боварҳои дигар хос аст. Дар Ислом  пешниёзи ин ибодатҳо усули каломии ислом, яъне тавҳиду нубуват ва меъод ҳастанд. Ин умур бахши қобили таваҷҷуҳе аз рисолаҳои амалияи шариатро ташкил медиҳад.

Исломи ҷамоат. Ин ҳамон исломи оинӣ ё маросимҳост. Намозҳои ҷумъаву ҷамоат ва иди қурбону фитр, ҳаҷ, зиёрат, назр ва амсоли инҳо ҳастанд.  Дар сурати вуҷуд доштани ҳокимияти дунявию либерал ин ду навъи ислом метавонанд барои бошандагони як кишвар озод ва ихтиёрӣ бошанд. Яъне агар касе боварманд аст, ва ё мехоҳад ибодат ва зиёрату намози ҷамоаро анҷом медиҳад. Агар намехоҳад, ҳеҷ кас ӯро ҳаққи маҷбурнамоӣ надорад. Ба тарзи дигар дар ин ду дараҷа аст, ки як инсон на аз рӯи тарсу бим, балки аз рӯи эътимоду эътиқод ва холис ибодати хешро анҷом медиҳад ва дину оин барояш дар дараҷаи қудсӣ боқӣ мемонанд.

Исломи шариат. Исломи шариатӣ сохтаи фуқаҳо, мадрасаҳо ва мактабҳои фиқҳӣ аст. Дини фақеҳӣ дар айни  дар бар гирифтани чорчӯбаҳо ва дастуроте барои ибодату ҷамоат дар пайи шакл додан ба уммати исломӣ ва мудирияти ҷомеа аст. Маҳз ҳамин хусусияти исломи шариатӣ сабаби ба вуҷуд омадани Исломи қудрат ё исломи сиёсӣ мегардад. Исломи ибодату ҷамоат бе мавҷудияти шариат имкон дорад, аммо исломи шариат бе дастуроти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ имконпазир нест. Исломи шариатӣ, ки талқинкунандаи он хатмкардагони мадорисанд, дар зеҳнашон чунин тасаввуре ба миён меояд, ки гӯё онон бояд идораи ҷомеа дар дасташон бошад ва мардумон боястӣ аз рӯи чорчӯбаҳо ва дастуроти шаръӣ амал кунанд. Зеро онон мутмаъинанд, ки фармудаҳои офаридгорро анҷом медиҳанд ва пуле байни замину осмонанд. Бархурди мазҳабҳои гуногун дар Ислом ҳам дар доираи исломи шариатӣ ба вуҷуд меоянд. Ин ҷост ки шариати ҳар мазҳаб хешро асли воқеият ва ҳақ меҳисобад ва мазҳабу шариати дигарро инкор намуда, онро мазамат менамояд. Табиист, ки ихтилофи фуқаҳо ва таблиғи ихтилофангезу мухолифи онон дар нисбати пайравони мазҳаби дигар, минбаъд сабабгори дар зеҳни пайравонашон ба вуҷуд омадани нафрату душманӣ мегардад, ки онро метавон дар аксари кишварҳои мусалмоннишин мушоҳида намуд.

  Исломи шариат таноқузоти зиёде бо низоми дунявӣ дорад ва ҳамин аст, ки бо ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон ва озодиҳои инсонӣ мухолифат меварзад. Бо исломи шариатӣ ҳукмҳои шаръӣ аз қабили эъдоми муртад, шалоқ задан, сангсори зинокор, буридани дасту ангуштони дузд, шалоқ задан ба шаробхор ба миён меоянд. Мадрасаҳои маъруфе пойгоҳи аслии исломи шариатианд. Масалан барои исломи шариатии аҳли шиъаи исноашарӣ, марказҳои шариатӣ Қуму Наҷаф ба ҳисоб мераванд ва барои аҳли суннат Алазҳари Миср, Зайтунаи Тунис, Ҳазрамути Яман ва Қарунини Марокаш.

Исломи қудрат. Ин навъи ислом ба аспи зинзадае монанд аст, ки нафарони муаяйн ба хотири касби қудрати сиёсӣ динро ба ҳайси абзори сиёсӣ ба роҳ монда, ҷунбишҳои сиёсию иҷтимоиро зери нуфузи худ медароранд. Ин гурӯҳи қудратталаб аз соддабоварии мардумон сӯйистифода намуда, ба онон биҳишти адн ва ҳукумати адли илоҳиро ваъдаву ваъид мекунанд. Мардумони бехабар аз нӯшобаи заҳрогини онон нӯш карда, кишвару ҷомеаи хешро ба дасти нафароне медиҳанд, ки ба як қудрати иртиҷоӣ ва зидди инсонӣ табдил ёфта саркӯбтарин низом мегардад. Ин гурӯҳҳо  бештар бовармандонро ба мубориза алайҳи низоми дунявӣ даъват месозанд ва онро ғайри қобили қабул ва озодандешону бовармандонро мавриди таҳқиру таҳвин ва қарбзадаву амсоли ин барчаспҳо қарор медиҳанд. То замони вуҷуд надоштани исломи қудрат ҳам исломи шариатӣ пурра таъсиргузор нест ва он ҳам танҳо дар рӯи қоғаз қарор мегирад. Ин исломи қудрат аст, ки исломи шариатиро ва қонуну дастуроти назмкардаи онро ба фишанги асосии хеш табдил медиҳад ва иҷрои бечуну чарои ин дастуротро ҳатмӣ менамояд.

Исломи ҳувият. Исломи ҳувиятӣ барои таъйин бахшидан ба ҳувияти фардию иҷтимоӣ барсохта шудааст. Ин ҳувият дар баробари ҳувиятҳои миллию қавмӣ ва ҳирфаию ҷинсиятӣ қарор мегирад. Ҳувияти динӣ замоне, ки ба навъи ҳувияти мутлақ табдил меёбад, ҳувиятҳои дигарро саркӯб мекунад ва онҳоро бебунёд эълон медорад. Масалан як зани мусалмон вақте аз лиҳози исломи ҳувиятӣ мавриди сўйистифода қарор мегирад ба он тавзеҳ дода мешавад, ки ў қабл аз оне ки зан бошад ў мусалмон аст ва боястӣ ҳамон чорчӯбаҳои шариати исломиро, новобаста  аз он ки ҳуқуқҳои инсонии занонро паст задаву таҳқир мекунад, бояд бипазирад. Ба ҳамин монанд барои як нафаре, ки аз ин ё он миллат ба гурӯҳҳои исломи сиёсӣ аз қабили толибон, давлати исломӣ ё алқоида ворид мешавад, дигар барои ў муҳим нест, ки ин нафар дорои табаъияти миллие ба мисли тоҷик, узбек, англис, фаронсавӣ  ё рус бошад. Исломи ҳувиятӣ бештар сохтаи дасти нафароне аст, ки мехоҳанд аз он бар суди хеш истифода намоянд ва  давлатҳои имрўзаеро, ки аз лиҳози ҳувиятӣ, миллӣ, дунявӣ ва мардумсолору либерал ҳастанд, онҳоро аз байн бибаранд. Исломи ҳувиятӣ фардгароӣ ва инсонгароиро аз фарди мусалмон мегирад, исломи ҳувиятӣ бештар аз исломи қудрат ва исломи шариат дар ситез ба дунявият ва мардумсолорӣ аст. Ҳамин аст, ки барои дар кишварҳои мусалмоннишин барангехтани нифоқ аз ҳувиятҳои диниву мазҳабӣ кишварҳои манфиатдор ба навъи аҳсант истифода менамоянд. Ононро ба ҳамдигар мавриди даргириву хушунат қарор медиҳанд. Аз тарафи дигар дар кишварҳое, ки мусалмонон ақаллиятро низ ташкил медиҳанд, сӯйистифода аз исломи ҳувиятӣ сурат мегирад. Бо таҳрик додани ин ҳувиятҳо ононро дар муқобили бовармандону мардумони ғайр мешӯронанд, ки ба куштору даргирӣ ва даҳшатафканӣ анҷом меёбад. Ин вазъро дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва Русияву Чин ва кишварҳои ҷануби осиё метавон мушоҳида намуд. 

 

Исомиддин  Шарифзода,

номазади илмҳои фалсафа

Хондан 1216 маротиба

Китобҳо