JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Сентябри 2020 07:35

Хурофот ва имкони наҷот

Муаллиф: Н. Нуров

  Инсон бо кор гирифтан аз неруи ақлу хирад дар ҷаҳону ҳастӣ  ҷойгоҳ ва мақом пайдо мекунад ва олами будро маъно мебахшад. Ин аст, ки хирад ба унвони асли вуҷуди инсонӣ муҳаррики рушду тараққӣ буда ва ҳаст. Аммо дар муқобили он хурофот ва тафаккури хурофӣ  қарор дорад, ки инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи инсониро ба қафо ва вопасгароӣ мекашад. Муҳимтар аз ҳама, чун хурофот дар ҷомеа тасаллут ёбад,  таассубу ҷаҳолат ташаннуҷ пайдо мекунад ва билохира ҷаҳонбинии хурофотӣ  меҳвари биниши мардумӣ мегардад. Дар ин ҳолат аст, ки ҷомеа ба бунбасти фикрӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ақидатӣ ва маданӣ мерасад ва карахтию вопасгаройӣ бедод мекунад.

 Дар навбати худ, пешоҳангони ҷараёни равшанфикрӣ ва рӯшангарӣ дар ҳар давру замоне  ба он саъю талош мекунанд, ки ҷомеаҳои ақибмондаро  аз ҳолати карахтӣ ва фақру заъфи  фикрӣ наҷот бахшида, ба сӯйи воқеъгаройӣ ва инсонмеҳварӣ ҳидоят намоянд. Биниши воқеӣ ва реалӣ инсонҳоро аз бандубасти фикрӣ ва ақидатӣ раҳо намуда, роҳро барои вазъи нормалу муътадили иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маданӣ ҳамвор месозад. Аз сӯйи дигар, хурофот, ки реша дар нодонӣ ва бемасъулиятӣ дорад, ҷомеаҳоро дар муқобили илму хирад қарор медиҳад ва душмани  сарсахти  рушду  тараққӣ  маҳсуб  меёбад. Дар зимн, вақте ки ҷомеа хурофӣ ва хурофазада мешавад, аз масири рушду тараққӣ бозмемонад ва дар натиҷа, муҳити носолими эҷодию фикрӣ ва иҷтимоию маданӣ  боиси  нафасгир шудани неруҳои  пешқадам ва таҷаддуписанд мегардад. Аз ин ҷост, ки вуҷуду ҳузури фаъоли хирадмандону равшанфикрон дар муҳитҳои иҷтимоӣ  ва ба илму дониш тамоюл пайдо кардани табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ амри заруратӣ ба шумор меравад.

 Аслан,  хурофот  ва  тафаккури  хурофӣ аз мушкилоти зеҳнию фикрии ҷомеа  маншаъ  мегирад  ва дар ҳар давру замон, вобаста ба сатҳи  донишу маърифати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ  дар  шаклҳои  гуногун  арзи  ҳастӣ  мекунад.  Пажӯҳишгарон  бар  ин  назаранд,  ки  ҳар қадар  таассубу  хурофот дар ҷомеа реша давонад, ҳамон қадар мушкилоту инҳирофоти  равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, маданӣ ва  сиёсӣ  зиёд  мегардад  ва  инсонҳо  аз  масири  рушду  инкишофи  зеҳнию  ақлонӣ  ва иҷтимоию  фарҳангӣ дур мешаванд.

 Чун  мавзӯи  мо  хурофот аст, дар ибтидо сари  мафҳум ва  маънои  он  иҷмолан  таваққуф  мекунем. Хурофот  аз  вожаи  арабии  “ал-хурофа” (шакли ҷамъи он “ал-хурофот”) гирифта шуда,  маънои мавҳумот, суханони  хилофи  ҳақиқат,  пиндор, афсона, ёва ва эътиқод  ба  ҷоду  ва тилисмотро ифода мекунад. Он  чи  ки дар зимни шарҳи вожаи “хурофот” метавон илова кард, ин аст, ки дар қабилаи арабии Бани Омир, ки  Маҷнуни  достонӣ  (манзур достонҳои “Лайлӣ ва Маҷнун”) аз он тоифа будааст, дар давраи пеш аз ислом марде бо номи Хурофа  ибни Воил ал-Омирӣ зиндагӣ мекардааст. Ин мард мубталои бемории рӯҳӣ шуда буд ва бар асари беморӣ миёни мардум суханони  пучу беҳуда бисёр  мегуфт.  Бо таваҷҷух ба ин, мардуми қабилаи Бани Омир дурӯғгӯён  ва  ёвасароёнро  ба  Хурофа ибни Воил ташбеҳ намуда, ҳарфу  суханони  ононро  пучу  хурофӣ  арзёбӣ мекарданд. Ин буд, ки дар фолклори  мардуми  араб калимаи “хурофот” маънои  суханони беҳударо гирифт ва натиҷатан, дар фарҳангномаю луғот  ба маънои суханҳои дурўғ, бепоя ва бемантиқ  омадааст.

  Ин аст, ки  хурофот маҷмӯаи бовару эътиқодотест, ки решаи ақлонӣ  надоранд.  Ин боварҳо  фарогири  маҷмўае  аз  ахбор, ақидаҳо, андешаҳо ва одату  амалҳои ѓайриилмӣ ва хилофи мантиқ ҳастанд, ки дар робита ба мавзўъҳо ва падидаҳои табиию воқеӣ ба вуҷуд меоянд. 

  Агар ба таърихи рушди башарият назар афканем, инсоният то замони расидан ба марҳилаи тамаддун ва шинохти воқеӣ аз худ ва ҷаҳони  нопайдоканоре,  ки  ўро фаро гирифтааст, ҳамеша дар пайи посух  ба  пурсишҳое  будааст, ки дар фаҳму дарк ва ҳаллу фасли  онҳо оҷиз мемондааст. Аз ин лиҳоз, инсон  бо  ҳар  роҳу васила кўшиш мекардааст, ба  моҳияти ҳодисаву  падидаҳое, ки  бо  онҳо  мувоҷеҳ мегардад, сарфаҳм равад, бо суолоти худ  ҷавоб ёбад ва саранҷом дар баробари  ҳодисаҳои  табиӣ қудратнамоӣ кунад. Ҳамин тариқ, инсони ибтидоӣ дар зиндагии рўзмарраи худ ба воқеаҳои гуногун, рўйдодҳо ва ҳодисаҳои табиӣ  бархўрд мекард. Шоҳиди  тағйироти  мудавоми  фаслию  солӣ  мегардид  ва  бо  мушкилот, рӯйдод ва зуҳуроти рӯзмарраи зиндагӣ дасту панҷа нарм мекард  ва аз ин тариқ аз вуҷуду ҳузури худ дар олами ҳастӣ дарак медод. Дар маҷмӯъ, барои инсони ибтидоӣ ду мавзўъ муҳим будааст:  аввал, фаҳму дарки воқеаҳо ва далелҳои  рўйдодҳои  неку бад ва  дуюм,  роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз бунбастҳои ранҷовар, халосӣ аз мусибат ва сахтиҳои рӯзгор (имрӯз ҳам, қатъи назар аз он ки инсон ба пешрафтҳои назаррасе ноил гардидааст, ба хурофот майл дошта, ғолибан побанди  хушкандешони  мазҳабӣ  мебошад. Мутаассифона, ин воқеиятест, ки дар аксари ҷомеаиҳои баста ва вопасгаро вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, хурофазадагӣ мушкили ҷиддии замони мо низ ҳаст).

 Дар гузаштаи дури таърихӣ  тақрибан тамоми сохтори иҷтимоии инсони саҳронишин ва ё бадавиро боварҳои хурофотӣ ва тасаввуроти ваҳмангез  фаро  гирифта буд. Бад-ин манзур, таҷрибаи мувоҷеҳа бо марг ва тарс аз рухдодҳои табиӣ, мисли сел, зилзила, вабо, тоун, бемориҳои гуногун ва амсоли инҳо ўро ҳамеша дар ҳолати ташвишу изтироб қарор медоданд ва дар ин замина гурўҳҳои иҷтимоие пайдо шуданд, ки бо такя ба боварҳои хушк ҳодисаҳои табииро шарҳу тафсир менамуданд. Аз ин рў, афсунгарӣ  ва  ҷодугарӣ  ба сифати василаи ҳалли мушкилот мутаносибан дар ҳамаи фаъолиятҳои рўзмарраи  зиндагии  иҷтимоии  инсони  бадавӣ  нақши  калидӣ  доштааст.

 Хушбахтона, дар натиҷаи саъю талошҳои  фаровони  аҳли илму фалсафа  ва  ба  таври  тадриҷӣ татбиқ гардидани  барномарезиҳои  нави илмӣ  сатҳи  боварҳои хурофотие, ки  аз  шинохти  нодурусти  ҳодисаву  воқеаҳо  сарчашма  мегирифтанд,  пойин рафт  ва  шароити  мусоид  барои таҳаввулу инкишофи ҷомеаи инсонӣ фароҳам омад.  Бад-ин минвол пешрафти  илму фалсафа  сабаб  гардид,  ки  бовару  этиқодоти  хурофотӣ  тадриҷан  аз  саҳнаи  зиндагии  инсонҳо берун рафт ва ҷойро ба донишҳои нав ва тасаввуроти тоза дод. 

 Бояд дар  хотир  дошт,  ки  ҷуғрофиёи миллӣ (Тоҷикистони таърихӣ) ҳамеша майдони ҳузуру нуфузи дин ва хурофот будааст.  Сарчашмаҳои  динию фарҳангӣ,  аз ҷумла Авесто, Ригведа, Яштҳо, Готҳо, Динкард, Вандидод ва амсоли инҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аз куҳантарин замонҳо  шурӯъ карда, то ба даврони Ҷамшед, Зардушт, Монӣ, Маздак, Сосониён, Сомониён ва империяи Шӯравӣ  мубориза  байни  хурофот ва дин  ҳеҷ  гоҳ  қатъ  нагардидааст. Нуктаи  муҳим ин аст, ки дар даврони Ҷамшед  рӯҳониёни зарвонӣ ва дарбориёни бегонапараст давлати дунявии Ҷамшедро ба шикаст дучор намуданд. Азбаски Ҷамшеди Пешдодӣ  як шахсияти барҷастаи илмӣ ва фалсафӣ буд, қишри  рӯҳонияти  вақт назарот, иқдомот ва барномарезиҳои  созандаи ӯро, ки ба  манфиати  умум  равона  шуда буданд,  таҳаммул карда натавонист  ва  мардумро  алайҳаш шӯронид.  Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ  дар “Шоҳнома” дар боби подшоҳии Ҷамшед ёдовар мешавад, ки худи Ҷамшед шахсан  17 кашфиёти илмӣ карда, ба ин восита дар қаламрави давлати худ биҳишти заминӣ  сохтааст. Тибқи  ривоёт, ӯ мардумро аз қаҳтию гуруснагиву беморӣ наҷот бахшида, баробарӣ  ва  адолати  иҷтимоиро  барқарор кардааст.

 Мутаассифона,  тафаккури хурофотӣ  имрӯз  низ ҷомеаи моро таҳдид мекунад ва дар ҳоле ки бархӯрдҳои сиёсию динӣ дар гӯшаю канори  сайёраи  Замин  ташаннуҷ  пайдо  менамоянд, рӯ овардан ба илму хирад ва пайвастан ба фарҳанги воқеиятпарасти миллӣ аз роҳҳалҳои асосӣ буда метавонад.  

  Ба таври куллӣ, хурофот ва хурофотпарастӣ ҷомеаро ба самти ақибмондагӣ, таассуб (фанатизм) ва вопасгаройӣ савқ медиҳад  ва  дар маҷмўъ, ҷомеаро дар баробари хатарҳо аз ҳар ҷиҳат осебпазир месозад.  Барои он ки ҷомеа фиреби хурофотиёну мутаассибонро  нахӯрад,  бояд  ки  сатҳи огоҳиҳои  иҷтимоӣ,  сиёсӣ,  фалсафӣ ва илмӣ  боло  бошад. Сатҳи  зарурии  огоҳӣ шароиту  имкони мусоиди  наҷот  аз  хурофотро  фароҳам  меоварад.  Мунтаҳо,  сатҳи  нуфузи  хурофотпарастиро  танҳо аз  роҳи дастаҷамъӣ ва  иштироки  афроди  пешқадами  ҷомеа  метавон пойин бурд ва мушкилро тадриҷан аз миён бардошт.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода 

Хондан 1281 маротиба

Китобҳо