Дар индекси мазкур[1] таносуби динории аҳолӣ бо фоиз, новобаста аз худро «диндор» эътироф кардан, ба ибодагоҳҳо рафтан ё нарафтан ва «бедин» ё даҳрӣ будан, нишон дода шудааст. Мувофиқи тадқиқоти солҳои 2001-2005 анҷомдодаи Донишгоҳи Гарвард (ИМА), аз соли 1900 то соли 2000 63 давлат аз дини давлатӣ даст кашидаанд, ба монанди Россия, Чин, Ҷопон, Бразилия ва ҳоказо. Дар ин муддат танҳо 17 давлат ба дин баргаштаанд, аз қабили Бангладеш, Эрон, Покистон ва ғайра. Инчунин, тибқи ин тадқиқот 75 давлат дини давлатӣ дошта, 113 давлати дигар дини давлатӣ надоранд, яъне давлатҳои дунявӣ…