JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 21 Августи 2017 05:06

Диндортарин ва даҳритарин кишварҳои ҷаҳон

Муаллиф:

  Дар индекси мазкур[1] таносуби динории аҳолӣ бо фоиз, новобаста аз худро «диндор» эътироф кардан, ба ибодагоҳҳо рафтан ё нарафтан ва «бедин» ё  даҳрӣ будан, нишон дода шудааст.

 Мувофиқи тадқиқоти солҳои 2001-2005 анҷомдодаи Донишгоҳи Гарвард (ИМА), аз соли 1900 то соли 2000 63 давлат аз дини давлатӣ даст кашидаанд, ба монанди Россия, Чин, Ҷопон, Бразилия ва ҳоказо. Дар ин муддат танҳо 17 давлат ба дин баргаштаанд, аз қабили Бангладеш, Эрон, Покистон ва ғайра. Инчунин, тибқи ин тадқиқот 75 давлат дини давлатӣ дошта, 113 давлати дигар дини давлатӣ надоранд, яъне давлатҳои дунявӣ мебошанд.

  Тадқиқоти Маркази илмию тадқиқотии Pew Research Center (шаҳри Вашингтон, ИМА) нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон 5,8 миллиард ҷавонону наврасон (аз 230 кишвар ҷаҳон) ба динҳои мухталиф алоқамандӣ доранд. Аз рӯи маълумоти соли 2010, ки маркази мазкур тадқиқоти демографӣ гузаронид ва беш аз 2500 варақаи барӯйхатгириро таҳлил кард, дар ҷаҳон 2,2 млрд. насронӣ (32% аҳолии ҷаҳон), 1,6 млрд. мусулмон (23%), 1 млрд. ҳиндуӣ (15%), қариб 500 млн. буддоӣ (7%) ва 14 млн. яҳудӣ (0,2%) мавҷуд аст.

Ба ғайр аз ин, зиёда аз 400 млн. нафар аҳолии ҷаҳон (6%) аз динҳои халқии гуногун ва анъанавии худ пайравӣ мекунанд, аз ҷумла динҳои анъанавии африқоӣ, динҳои халқии чинӣ, динҳои ҳиндуӣ ва динҳои австралиягиҳои муқимӣ. Аз рӯи баҳодиҳии экспертҳо бошад, 58 млн. сокинони сайёра (камтар аз 1%) пайрави динҳои дигар, аз қабили баҳоӣ, ҷайнӣ, сикхӣ, синтоӣ, даосӣ, тэнрикё ва зардуштӣ мебошанд,

Дар ин вақт тадқиқоти нави Форуми Пю нишон дод, ки дар тамоми ҷаҳон тақрибан аз шаш нафар одам якеаш (1,1 млрд. ё 16%) ба ягон дин мансубият надорад. Аз ин рӯ, одамони ғайримуътақид ба дин ва даҳриён баъд аз масеҳиён ва мусулмонон, сеюмин гурӯҳи бузургро ташкил медиҳанд.

Тақсимоти географии гурӯҳҳои динӣ бисёр тағйир меёбад. Зеро якчанд гурӯҳҳои динӣ бештар дар минтақаи Уқёнуси Ором ва Осиё ҷамъ омадаанд, аз ҷумла пайравони ҳиндуия (99%), буддоӣ (99%), динҳои халқӣ ё анъанавӣ (90%) ва намояндагони дигар динҳои ҷаҳонӣ (89%).

Аз чор се одаме, ки ба ягон гурӯҳи динӣ мансубият надорад ё каме даҳринамо аст (76%), дар ноҳияи сераҳолитарини минтақаи Уқёнуси Ором ва Осиё зиндагӣ мекунад. Шумораи одамони ғайридинӣ танҳо дар марзи Чин (700 млн. нафар) аз аҳолии умумии ИМА ду маротиба бештар аст.

Бештари мусулмонон (62%) низ дар минтақаи Уқёнуси Ором ва Осиё зиндагӣ мекунанд. Наздик ба 20% мусулмонон дар мамолики Ховари Наздик ва Африқои Шимолӣ ва тақрибан 16%-ашон дар Африқо (дар тарафи ҷануби Саҳрои Кабир) умр ба сар мебаранд. Аз гурӯҳҳои бузурги динии дар тадқиқот овардашуда, аз ҳама бештар насрониҳо гурӯҳи баробар паҳншуда мебошанд. Шумораи гурӯҳҳои масеҳӣ тақрибан ба ҳамдигар баробар аст, аз ҷумла дар Аврупо (26%), дар Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Қариб (24%) ва аз самти ҷануб то Саҳрои Кабир (Африқо) (24%).

Инчунин, дар рафти тадқиқотҳо якчанд далелҳои аҷоиб мушоҳида карда шуданд:

  1. Одамони камбағал назар ба одамони сарватманд бештар диндор мебошанд. Одамони сатҳи даромадашон паст нисбат ба одамони сатҳи даромадашон баланд аз 17% зиёдтар диндоранд.
  2. Дар ҷаҳон, дар давоми солҳои 2005-2011 шумораи одамоне, ки худро диндор меҳисобанд 9% кам гардида, дар ин муддат шумораи инсонҳои ба даҳриён баробар (ҳаммонанд) кардашуда 3% афзудааст.
  3. Аз соли 2005 то соли 2012 дар байни аҳолии чор кишвари ҷаҳон шумораи диндорон зиёда аз 20% кам гардидааст. Дар Швейтсария ва Фаронса миқдори диндорон 21%, дар Ирландия 22% ва дар Ветнам 23% кам шудааст.

Дар идома индекси диндории давлатҳои ҷаҳон ба тартиби камшавӣ нишон дода мешавад.

Гана - 96% диндорон; Тибқи маълумоти барӯйхатгирии соли 2000 дар Гана 68,8% насронӣ, 15,9% мусулмон, 8,5% пайравони дину оинҳои анъанавӣ ва 0,7% муътақидони дигар динҳо зиндагӣ мекунанд.

Нигерия - 93% диндорон; Бештари сокинони Нигерия мусулмон (зиёда аз 50 %) буда, протестантҳо 33% ва католикҳо 15% мебошанд.

 Арманистон - 92% диндорон; Дар эътиқодоти динӣ қисми зиёди аҳолии Арманистонро масеҳиён (94%) ташкил медиҳанд.

Фиҷи - 92% диндорон;  Дар Фиҷи насрониҳо 64,5%, ҳиндуҳо 27,9%, мусулмонҳо 6,3% ва сикхҳо 0,3% мебошанд.

Maкедония - 90% диндорон; Дар Ҷумҳурии Македония бештар масеҳиён (64,7 %) зиндагӣ мекунанд ва мусулмонон 33,3%-и аҳолиро ташкил медиҳанд.  

Румыния - 89% диндорон; Дар Руминия дини расмӣ вуҷуд надорад, лекин қисми зиёди сокинон насрониҳои православ (86,8%) мебошанд.  

Ироқ - 88% диндорон; Аксари сокинони Ироқ мусулмонанд. Тибқи бархе сарчашмаҳо дар ин кишвар 65% шиамазҳаб ва 35% суннимазҳаб умр ба сар мебаранд.

Keния - 88% диндорон; Дар Кения 45% протестант, 33% католик, 10% мусулмон, 10 % пайравони дину оинҳои қадимӣ ва 2% эътиқодмандони динҳои дигар зиндагӣ доранд.  

Перу - 86% диндорон; Мувофиқи маълумотҳои соли 2007 дар Перу 81,3% католикҳо, 12,5% евангелистҳо ва 3,3% муътақидони динҳои дигар ба рӯйхат гирифта шудаанд.

Бразилия - 85% диндорон; Барӯйхатгирии соли 2010 нишон медиҳад, ки дар Бразилия наздики 64%-и аҳолӣ пайрави калисои католикии Рим ва қариб 22%-и мардум протестант мебошанд.

Ирландия - 10% даҳриён; Дар Ирландия дини масеҳӣ бартарӣ дорад.

Австралия - 10% даҳриён; Дар Австралия масеҳиён 63,9%-и аҳолиро ташкил медиҳад. Ақаллиятҳои динии дигар чунин аст: буддоӣ 2,1%,  мусулмон - 1,7%, ҳиндуӣ - 0,7%, яҳудӣ - 0.4%. Инчунин, 2%-и сокинон аз динҳои гуногуни дигар пайравӣ мекунанд.

Исландия - 10% даҳриён; Дини асосии Исландия насронӣ буда, 92,2%-и аҳолии диндорро фаро мегирад.  

Австрия - 10% даҳриён; Дар байни динҳои мардуми Австрия пайравбуда, маъмултаринашон католикӣ аст. Мувофиқи маълумоти барӯйхатгирии соли 2001, 73,6%-и аҳолӣ католик ва 4,7% протестант (лютеран) мебошанд.

Ҳолланд - 14% даҳриён; Ҳолланд давлати дунявӣ буда, дини давлатӣ надорад ва дар ин кишвар пайрави аз дилхоҳ дину мазҳаб озод аст. Дар мамлакат таърихан дини масеҳӣ бартарӣ дошта, 43,4%-и аҳолӣ эътиқодманди дини насронианд.

Олмон - 15% даҳриён; Бештари оламониҳо масеҳӣ буда, пайравони он 64%-и аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Кореяи Ҷанубӣ - 15% даҳриён; Дини асосии Кореяи Ҷанубӣ буддоии анъанавӣ мебошад ва дар як қисми мамлакат, ба қарибӣ насронӣ паҳн гардидааст. 

Фаронса - 29% даҳриён; То солҳои наздик касе бовар надошт, ки дар тамоми ҷаҳон Фаронса ягона кишваре мебошад, ки аксарияти мардумаш (57%) даҳрианд. Фоизи даҳриёни фаронсавӣ аз ҳисоби сели муҳоҷирон ба ин кишвар кам шудааст.

Чехия - 30% даҳриён; Дини асосӣ дар Чехия католикии анъанавӣ буда, тайи 40 соли коммунистӣ чехҳо комилан даҳрӣ буданд.

Ҷопон - 31% даҳриён; Аз рӯи бархе баҳодиҳиҳо аз 84 то 96% аҳолии диндори Ҷопон буддоиҳо ва синтоистҳо мебошанд.

Чин - 47% даҳриён; Дар Чин буддоӣ, даосизм, ислом, католикӣ ва протестантӣ динҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.

Ин тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки давлатҳои диндор торафт, сол ба сол кам мешаванд ва давлатҳои дунявӣ баръакс, зиёд мегарданд…

 Аз Huffington Post, тарҷума ва тавзеҳоти

Номвар ҚУРБОН

 [1] http://islam-today.ru/obsestvo/samye_religioznye_i_ateistichnye_strany_mira/

Хондан 2763 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Тақдиргароӣ ва осебшиносии иҷтимоӣ »

Китобҳо