JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 26 Декабри 2017 03:46

Тақдиргароӣ ва осебшиносии иҷтимоӣ

Муаллиф:

Яке аз мушкилоти зеҳнии рушди иҷтимоӣ тақдиргароӣ ва бовару эътиқод ба он маҳсуб меёбад. Боварӣ ба тақдир бори масъулиятро аз дӯши одамӣ мебардорад, рӯҳияи инфиолӣ ба фард таҳмил мекунад ва тавоноии инсонро  барои ифои нақши барҷаста ва муассир дар ҳаёти иҷтимоӣ аз ӯ мегирад. Бо бартараф кардани ин бовар аз фарҳанги ҷомеа  инзивои иҷтимоӣ коста шуда, рӯҳияи ҳамкориву таовун тақвият меёбад. Бинобар ин шинохти падидаи мазкур ва афзоиши огоҳиву дониш нисбат ба он барои ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аз аҳамияти босазое бархӯрдор аст. Бо назардошти муҳимияти масъала барои ҷомеаи муосир хостем як таҳқиқоти кӯтоҳ ва иҷмолиро рӯйи масъалаи мазкур аз диди ҷомеашиносӣ анҷом диҳем.

Тақдиргароӣ ё ба истилоҳ, фатализм аз масоили куҳане аст, ки дар тамоми тамаддунҳо вуҷуд дошта, дар давраҳои мухталиф инсонҳо ба сӯйи он кашида шуданд. Асли масъалаи тақдиргароӣ аз он бармеояд, ки оё инсон дар анҷоми корҳо озод аст ва зӯру фишоре паси он нест ва ё ин ки маҷбур асту дар ҳақиқат, омилҳое шинохтаву ношинохта ӯро ба сӯйи ҳадафи хоссе савқ медиҳанд. Чунин тарзи тафаккур аз қадимулайём мавриди таваҷҷуҳи бештари афроди башарӣ буда, ҳар яке аз онон дар ҳудуди истеъдоди худ ба таҳлили он пардохтаанд. Ба ҳар ҳол, ҳар инсоне, ки баҳрае аз тафаккур дорад, моил аст бидонад нақшаи зиндагии инсонҳо ба дасти худи онҳо сохта мешавад ва ё тарроҳу барномарез касе дигар аст. Тафсири роиҷ ва ё омиёна он аст, ки дасти тақдир ба унвони як омили ношинохта ва мармуз гиребони ҳар инсонеро гирифта ва аз лаҳзае тавлид то замони марг ӯро ба ҳамон ҷиҳате, ки мехоҳад, ҳидоят мекунад ва инсон хоҳ-нохоҳ хамон масирро тай карда, ҳеҷ гуна ҳаққи интихоб надорад. Бесабаб зарбулмасалҳое аз қабили “ҳар чӣ бодо, бод”, “ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд”, “ин низ бигзарад”  ва монанди инҳо ба тарзи тасодуфӣ дар зиндагии рӯзмарраи мо ҷойгоҳ пайдо накардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки такрори ин одатҳо фикри инсонро аз талош ва кӯшиш бозмедорад.  Дар чунин шароит фард ба мавҷуди комилан шикастхӯрда мубаддал мешавад.

Ба таври куллӣ, тақдиргароӣ падидаи иҷтимоӣ аст, ки реша дар таҷрибаҳои таърихӣ ва масъалаҳои сиёсӣ дорад. 

Тақдиргароиро метавон чунин таъриф кард: Пазириши бечунучарои воқеаҳо ва таслим дар баробари онҳо ва рабт додани онҳо ба берун аз худи инсон ва иртибот ба қувваҳои ғайбӣ-хориҷӣ. Ба баёни равшантар, асолатро ба тақдир додан дар ҷое ки иродаи инсон қодир ба тасмим ва амал бошад. Дар тақдиргароӣ фард ба ин бовар аст, ки оянда ва муҳити иҷтимоӣ дар зери назари ӯ нест ва тақдир вазъияту ояндаи ҳар касро рақам мезанад[1]

Таърихан, яке аз масоиле, ки башар ҳамвора рӯйи он андешидааст, масъалаи ҳоким ва мусаллат будан бар сарнавишти хеш аст. Ба дунболи ин, пурсишоте аз ин қабил: оё инсон худ ҳоким бар сарнавишти хеш аст, метавонад ояндаи худро ба неруи саъй ва амали хеш бисозад ва ё ин ки неруҳои хоссе ба сарнавишти ӯ ҳукумат мекунанд, ӯ мутааҳҳид ва маҳкуми неруҳост ва ҷуз таслим чорае надорад, ҳамвора инсонро ранҷ медиҳанд. Ҳангоме ки бо нигоҳи дақиқ ба масъала менигарем, мушоҳида мекунем, ки тақдиргароӣ,  пеш аз он ки ба шакли фардгароёна қобили дарк бошад, бояд ба сурати иҷтимоӣ дида шавад ва ба унвони як воқеияти иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад. Дар шароити кунуӣ, ки ҷомеаҳо ба суръати рӯзафзуне дар ҳоли тағйиру таҳаввул ҳастанд, тавсеа ва дағдағаи аслии бештари ҷомеаҳо сармояи инсонӣ ва такя намудан ба донишҳои дақиқи илмию ақлӣ ва дар ин замина фароҳам овардани фанновариҳои навин дар ҳалли масоили инсонӣ маҳсуб мешавад, ки омили фарҳангӣ ва ичтимоӣ  дар ин замина нақш доранд.

Дар ҷомеаи кунунии мо муносибатҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии вижае ҳокиманд, ки монеи  пайдоиши андешаҳои навини ақлӣ ва халлоқиятҳои инсонӣ мешаванд. Бар асоси назари  дастае аз ҷомеашиносон, шарти тавсеаи ҷомеа вуҷуди арзишҳои навин ва халлоқи инсонӣ, навовариҳои фардиву иҷтимоӣ аст. Ин гурӯҳ тақдиргароиро аз ҷумлаи омилҳое медонанд, ки монеи пазириши фарҳанги нав мешаванд. Тавсеаи ниёзмандии инсони нав, халлоқ, мубтакир ва таъсиргузор бар ҷомеа як навъ тағйиротро дар муҳити зеҳнӣ ба вуҷуд меоварад. Инсони нав масъул аст ва метавонад бар сарнавишт ҳоким бошад ва онро тағйир диҳад. Чунин инсоне ба дунболи тағйири шароити ҷомеа  ва назорат бар муҳити хеш аст. Баръакс, бар ҷомеаи суннатӣ инсон тобеи неруҳо(моддӣ ва ғайримоддӣ)-е аст, ки  қудрати таъсиргузориро аз ӯ салб карданд. Инсони тақдиргаро маҳсули табиии чунин вазъият аст. Вазъияте ки дар он фард эҳсос мекунад бар муҳити худ назорат надорад ва наметавонад коре барои тағйир додани мавқеияташ анҷом диҳад. Тақдиргароӣ, ҳарчанд дар биниши аввал хусусияти фардӣ дорад, вале дар маҷмӯъ, он бештар хусусияти иҷтимоӣ касб менамояд ва ба тарзи тафаккури як ҷомеаи мушаххас табдил меёбад.

Дар тӯли таърих, махсусан дар замони Шӯравӣ шиддати тақдиргароии ҷомеаи тоҷик хеле пойин омад ва рушди донишҳои ақливу табиӣ боло гирифт. Бо сабаби пош хӯрдани Шуравӣ, ки аслан, иддаи зиёди мардум тасаввуроти онро надоштанд ва зери таблиғоти идеологӣ сабабу омилҳои асосии аз байн рафтани Шӯравиро дарк намекарданд, дубора ба тақдиргароӣ рӯ оварданд. Аз ҷониби дигар, бархӯрдҳои сиёсии солҳои 90-ум низоми сиёсию иҷтимоии ҷомеаро пурра шикаст ва то шакл гирифтани низоми нав ва ба эътидол омадани ҷомеа мушкилоти зиёди иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву амниятӣ ба миён омаданд, ки сатҳи тақдиргароии ҷомаеро ниҳоят боло бурданд. Ҷомеаи тақдиргаро ҷомеаест, ки ҳалли мушкилотро ба салоҳияти худ намедонад ва интизор дорад, касе ҳатман меояд ва мушкили ӯро ҳал менамояд. Ба таври куллӣ, ҷомеаи тақдиргаро ҷомеаи нигарон ва ҷомеае, ки дар он тағийрот ба кундӣ сурат мегирад, навовариро қабул надорад ва ҳама кор дар он на аз рӯйи барномарезии муайян, балки дар чорчӯбаи таваккул сурат мегирад. Тақдиргароӣ ба рушд ва инкишоф мухолиф аст. Ҷомеаи тақдиргаро дар баробари вазъиятҳои бавуҷудомада ва бавуҷудоянда бетафовут аст, зеро афроди ин ҷомеа муътақидан, онҳо ҳеҷ вазъиятро дигар кардан наметавонанд ва ҳама вобастаи тақдир ва сарнавиштанд. Барои идомат пайдо кардан ва ба зеҳнияти доимӣ табдил ёфтани тақдиргароӣ омилҳои зиёде таъсиргузор будаанд. “Омили муҳиме, ки муҷиб шуд тақдиргароӣ коркарди худро ҳифз кунад ва ба табъи он дар ҷомеа ҳузураш эҳсос шавад, ин аст, ки мардум аз андешидан дар бораи он манъ шудаанд”.[2]

Таъсири тақдиргароиро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ метавон дар тамоми низоми иҷтимоӣ эҳсос кард. Низоми ҷомеа ба чаҳор самт тақсим мешавад, ки иборатанд аз: сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ.

Тақдиргароӣ бар низоми сиёсии ҷомеа чунин таъсир мегузорад, ки гурӯҳе, ки қудрати сиёсӣ дар дасти онҳост, муътақид мешаванд, ки тақдир ё сарнавишт ба онҳо чунин имкониятро додааст ва оҳиста-оҳиста иродаи ҳокимиятро ба иродаи илоҳӣ талаққӣ мекунанд ва аз ин шеваи кор манфиатдоранд, ки тақдиргароӣ бештар дар байни мардум ривоҷ ёбад. Афроди тақдиргаро вақте ба мақоме таъйин мегарданд, масъулияти иҷтимоиро эҳсос намекунанд ва бо халлоқияту созандагӣ ва такя намудан бо неруҳои инсонӣ идоракуниро ба роҳ намемонанд, баръакс, бо роҳи таваҳҳуму хурофот ва истибдод бақои ҳокимияти хешро тадовум мебахшанд. Бешак, агар андешаи тақдир ба ҳар ҷомеае нуфуз кунад, истибдод дар он реша ёфтаву масъулияти афзоиши он ба як омили берунӣ (тақдир) нисбат дода мешавад ва бад-ин тариқ мардум дар муқобили низоми ҳоким халъи силоҳ мешаванд. Ба илова, ривоҷи ин андеша муҳити муносиберо барои “бозтавлиди истибдод ” фароҳам мекунад. Ба иборати дигар, тақдиргароӣ ва истибдод  дар як ҳаракати доираӣ қарор гирифта, ба бозтавлиди якдигар мепардозанд. Ҳамчунин, дар тӯли таърихи мавҷудият тамоми султаҳои сиёсие, ки дар минтақаи мо рӯйи қудрат омадаанд, ба навъи аҳсант аз тақдиргароӣ истифода намудаанд. Онҳо ҳамеша худро “баргузидаи илоҳӣ”, “сояи Худо” ва амсоли инҳо таҷассум намудаанд, то чунин зеҳнияти тақдиргароро ба мардум тавсеа ва аз ин роҳ умри ҳокимиятҳои сиёсии хешро тақвият бахшанд. Ба таври куллӣ, подшоҳон ба қудрат такя зада, барои ҳифзу машруъият ва тадовуми ҳокимияти хеш саъй карданд таъйиди мақомоти рӯҳониро бигиранд. Зеро танҳо омили муҳим дар баробари фармонравоии мутлақ мазҳаб буд. Бинобар ин ҳокимияти сиёсӣ бидуни ҳимояти  аносири динӣ қудрати амалӣ ва нуфуз надошт. Дар натиҷа, дин ва давлат бародар шуданд ва подшоҳон аз ин талфиқ танҳо ваҷҳи “намояндагии осмонӣ” -ро гирифта, тақвият карданд. Бар ин асос Салтанат ба масобаи “атияи илоҳӣ” аз сӯйи Худованд ба подшоҳон ато шуд ва бо ташкили низоми истибдодӣ дигар ҳеҷ ниёзе ба қонун набуд. Ин буд, ки дар ҳокимият иродаи фардӣ бо иродаи осмонӣ талфиқ шуд ва шоҳон худро “сояи Худо” қаламдод карданд”.[3]

Дар ин масъала дар тӯли таърих барои сиёсатҳо ва ҳокимиятҳо рӯҳониён ҳамчун мубаллиғи асосии тақдиргароӣ тавонистанд ҳам нуфузу аҳамияти сиёсиву иҷтимоии хешро тақвият бахшанд ва ҳам мардумро дар чорчӯбаҳои бунбастӣ нигоҳ доранд. “Метавон ин гуна арзебӣ кард, ки дар таърихи Эрон ҳукуматҳо бо қабза кардани сиёсат ва ин ки мардуми оддӣ набояд дар кори сиёсат ва кори намояндаи Худо ва битабъ кори Худо дахолат кунанд, афродро дар чорчӯбаи хоссе аз шароити муҳитӣ қарор медоданд. Ба гунае ки худро дар баробари қудрати лоязолӣ, ки бар онҳо ҳукм меронад, бубинанд ва аз сӯйи дигар, ҳукком ва сардамдорони ҳукуматӣ барои таҳкими мавқеияти худ тафаккури тақдиргароёна ва таслимпазирии фардро дар баробари Худованд ва намояндаи ӯ таблиғ мекарданд. Дар чунин сохте фард ба тарки хоссе аз давлат ва ҷойгоҳи худ мерасид, ки дар он ҳеҷ гуна ихтиёр ва иродае барои худ мутассавир намешуд ва дар як фароянди дар ҳам омехта аз шароити айнӣ ва зеҳнӣ, ки таблиғ мегардид, фард  ба тақдиргароӣ савқ дода мешуд”.[4] 

Қобили қайд аст, ки тақдиргароӣ бештар дар  ҷавомеи низоми сиёсиашон динӣ ва анъанавӣ густариш ёфтааст ва барои сиёсатмадорони анъанагаро бо роҳи ба тақдир ва сарнавишт ҳавола кардани мушкилоти мардум онҳоро дар як муҳити баста ва ором нигоҳ медоранд. Дар чунин сохторе робитаи фард ва ҳукумат ба робитаи ноҳамгун ва осебпазир ифода меёбад. Фард дар чунин ҷойгоҳе эҳсоси амнияти худро дар баробари хатароти иҷтимоӣ ва табиӣ воқиф мешавад ва кулли ҷомеа дар инҳисори чунин қудрат (сарнавишт) қарор мегирад.

Дар низоми иҷтимоӣ инсони тақдиргаро ниҳодҳои иҷтимоиро ислоҳнопазир мепиндорад ва худро тавоно ба эҷоди тағйирот дар даруни низомҳои иҷтимоӣ намебинад. Аз назари ӯ, низомҳои иҷтимоӣ аз қабл таъйин шудаанд ва инсонҳо вазифадоранд  дар он зиндагиро ба иҷбор ба сар баранд.  “Инсони ин дидгоҳ худро даст ба дасти тақдир медонад ва эҳсос мекунад наметавонад дахолате дар масоили сарнавиштсоз дошта бошад. Бинобар ин талоше дар  ҷиҳати тағйири умур намекунад. Дар заминаи корҳои иҷтимоӣ аз фикри ислоҳи онҳо хориҷ мешавад ва идораи умури иҷтимоиро ба дасти омилҳои мовароӣ (тақдирӣ) вомегузорад. Ин амр боис мешавад, мардум барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ба дунболи “қаҳрамон” бошанд, ғофил аз ин ки қаҳрамон худашон ҳастанд. Дар чунин ҷомеа инсон бо пардохтан ба сарнавишт аз “масъулияти фардӣ  ва иҷтимоӣ” мегурезад ва аз заҳмати тасмимгирӣ раҳо мешавад. Аз ин рӯ “бетарафӣ”  ва “интизории инфиолӣ” ба ҷомеа ҳоким мешавад”[5]. Фарди тақдиргаро арзиш ва эҳсоси озодиро аз даст додааст. Барояш тасаввурнопазир аст, ки худ мустақил метавонад, бе ҷиҳати сарнавишт амалеро анҷом диҳад. Ҳамин аст, ки низоми иҷтимоии ҷомеаи тақдиргаро ба кундӣ дигар мешавад. Тағйироти иҷтимоӣ дар он ба оҳистагӣ ба вуҷуд меояд. Ин гуна ҷомеа хурофотӣ, вопасгаро ва осебпазир аст.

Низоми иқтисодӣ. Тақдиргароӣ таъсири манфии хешро дар системаи иқтисодӣ низ мегузорад. Фикри тақдиргарона инсонро аз фаъолиятҳои ҷиддӣ дар иқтисод ва ҳаёти моддӣ бозмедорад ва онро ба камтарин ҳадди мумкин мерасонад. Дар ин ҷойгоҳи фикрӣ ҳама чашм ба рӯзии Парвардигор медӯзанд ва аз кор “ғафлат мекунанд”.  Агар масъалаи мазкурро аз зовияи таърихӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем, дар ҳавзаи иқтисодӣ низ подшоҳон ва соҳибони ҳокимияти сиёсӣ аз таҳриф боз наистодаанд, онҳо бо ривоҷ додани андешаи тасаввуфӣ ё инзивопарастонаю дунёгурезона ва тарғиби пушти по задан ба ҷаҳони моддӣ пардохтаанд ва мардумро аз неъмати дунявӣ бениёз кардаанд, то ба андак қуввате басанда кунанд. Бар ин асос, ҳамон гуна ки дар боварҳо Худованд соҳибу молики кулли ҳастӣ аст, подшоҳ (сояи Худо)  низ молики дороиҳои дунявӣ мебошад.  Иқтисоди ҷомеаи тақдиргаро ниҳоят ба кундӣ рушд мекунад, зеро афроди ин ҷомеа интизор доранд, ҳар чӣ аз сарнавишт бошад, аз назари моддӣ онро дарёфт мекунанд. Яъне дар чунин ҷомеа иқтисоди муназзами фаъол, ки дар чорчӯбаҳои қонунмандии иқтисодӣ тарроҳӣ шуда бошад, вуҷуд надорад. Дар ҷомеаи тақдиргаро бештар сӯфимашрабӣ боло гирифта, иқтисод низ дар дасти як гурӯҳе, ки гӯё тақдир ба онҳо додааст, маҳдуд мегардад. Бароварда кардани ниёзҳои моддӣ танҳо дар ҳадд қутти лоямут аст.

Низоми фарҳангӣ. Ҷомеаи тақдиргаро аз назари фарҳангӣ ҷомеаи хушҳол аст. Шояд мусбаттарин ҷиҳати таъсири тақдиргароӣ дар ҳамин бошад. Зеро афроди ин ҷомеа бар ин эҳсосанд, ки ҳеҷ амале аз онҳо вобастагӣ надорад. Шеър, мусиқӣ ва осори бадеиашон пур аз симоҳои тақдирзада аст. Дар дарозои таърих мардумони сарзамини мо мушкили гуногуни табиӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиро бо таҳаммулу оромиш қабул намудаанд ва аксаран, ба онҳо вокуниши ҷиддие ҳам надоштаанд, ки ин ҳам аз афкори тақдиргароёнаи ҳокимбудаи ин манотиқ маншаъ мегирад. “Эрониён бо оромиш ва тасаллут бар нафси эъҷобоварӣ дар интизори марг мемонанд. Ҳаргиз он ҳоли пуршиканҷаи тарс аз маргро, ки дар аврупоиҳо ағлаби пизишкон бо он рӯ ба рӯ хастанд, дар Эрон надидам. Оромиши эрониён хангоми рӯёрӯӣ бо марг мубтанӣ бар имон ва итминон ба ин амр нест, ки зиндагиашон ба наҳви  худописандона, ба сурати дигар дармеояд ва ба дунёи беҳтар мешитобанд. Ин оромиши хаёлӣ аз он ҷо маншаъ мегирад, ки кулли ин аъмол ба тақдир ҳавола мешавад ва аксари эрониён ба он бовар доранд”.[6]

Хулоса. Ҷомеаи тақдиргаро ҷомеаи бетараф, вопасгаро ва бозмондааст, ки он дар баробари ҳама гуна вазъиятҳо осебпазир буда, дар он баданаи иҷтимоии қавӣ вуҷуд надорад ва аз ин ки дар он масъулияти фардиву иҷтимоӣ дар баробари масъалаҳои муҳими тасмимгирӣ вуҷуд надорад, ҳамеша беқайду бебандубор ва осебпазир боқӣ мемонад(албатта, то он даме ки ҷомеа, аз назари фикрӣ ва иҷтимоӣ тағйири ҳол нанамояд ва дар баробари мушкилот тасмимоти инфиродӣ нагирад, дар ҳоли қайду банд боқӣ мемонад ва сарнавишт ононро таҳти султа қарор медиҳад). Хулласи калом, тақдиргароӣ ҳолати инфиолиест, ки мардумро дар ғафлат нигоҳ медорад, рӯҳи ғуломиро дар онҳо парвариш медиҳад ва монеи асосии рушд мегардад. Бояд аҳли равшанзамири ҷомеа ҷиҳати аз байн бурдани ин падидаи манфӣ роҳҳалҳоеро ҷустуҷӯ ва барномарезӣ намоянд, то тавониста бошанд ҷомеаро аз паёмадҳои манфии он наҷот бахшида, роҳро барои тасмимгириҳои инфиродӣ, истиқлоли фикрӣ ва ҷасорати иҷтимоӣ ҳамвор созанд. 

Исомиддин ШАРИФЗОДА 

номзади илмҳои фалсафа

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017 

 

[1] муфассалтар ниг.: Боқири Сорухонӣ. Муқаддимае бар доиратулмаорифи улуми иҷтимоӣ. Теҳрон: Кайҳон, 1375

[2] Абдулҳусайни Зарринкӯб. Ҳикоёт ҳамчунон боқӣ. –Теҳрон: Сухан, 1376. –С. 239-240

[3] Римун Орван. Мароҳили асосии андеша дар ҷомеашиносӣ. Тарҷумаи Боқир Пурҳон,.Теҳрон:Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1377.  –С..34

[4]Ҳамидризо Анварӣ. Пажӯҳише роҷеъ ба тақдиргароӣ. Теҳрон: Донишгоҳи аллома Таботабоӣ, 1373. –С. 49

[5] Алии Ризоқулӣ. Ҷомеашиносии худкомагӣ. Теҳрон: Нашри Най, 1371. –С. 27

[6] Меҳрдод Ҷавонбахтӣ. Эронӣ аз нигоҳи эронӣ. Исфаҳон: Интишороти Омўза, 1379. –С. 94

Хондан 1960 маротиба

Китобҳо