Яке аз таноқузоте, ки дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, набуди огоҳии равшан аз низоми сиёсии динӣ ва шинохти озодӣ аст. Аксар нафарон чун иттилои дурусте на аз дунявият доранду на аз низоми сиёсии динӣ доранд ва дақиқтараш аз пайдоиши дину оин ба ҳайси як падидаи иҷтимоӣ ва раванду таҳаввули он огоҳ нестанд, дар тасаввурашон чунин ба назар мерасад, ки гӯё низоми сиёсии динӣ, ки аз амру найҳи динӣ маншаъ мегирад, одилонатарин низоми сиёсӣ буда бошад. Аммо гоҳе ба таҳқиқ сари масъалаи мазкур меандешӣ, хоҳӣ дарёфт, ки воқеият чизи дигар…