JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 10 Ноябри 2020 09:09

Оятҳои Қуръонӣ ва дидгоҳи зиндагӣ (назаре иҷмолӣ)

Муаллиф: Абдухалилзода Кароматулло

  Эҳтимол муҳаққиқон то ба имрӯз дар бораи ҳеҷ китобе чун Қуръон ба миқдори зиёд китоб ва ё мақола нанавишта бошанд. Мутаассифона, дар байни китобҳои сершумор ҳамзамон баъзе китобҳое низ дучор мегарданд, ки муаллифони онҳо Қуръонро дар чашми аҳли башар ғайривоқеӣ ҷилвагар месозанд. Ин зумраи муаллифон эҳтимол мепиндоранд, ки бо чунин аъмолашон хидмати хирсонае баҳри рушди ислом ва ё ба манфиати аҳли ҷомеаи мусулмонон карда истодаанд.  Дар ҳақиқати ҳол, аз нигоҳи мо, онҳо ҷуз зарар чизе ҳосил ба бор намеоваранд. Манзури мо ин ҷо аз тарафи баъзе муаллифон ҳамчун сарчашмаи тамоми илмҳо муаррифӣ намудани Қуръон аст. Мутаассифона, андешаи нодурусти зикршуда дар мафкураи зиёди ҷавонони мо ҳатто имрӯз низ амиқ реша давондааст.

  Воқеан, хеле тааҷҷубовар аст, ки ҳамаи донишмандони исломӣ, ки ба хонанда ошно намудани муъҷизаҳои Қуръонро ҳадафи хеш қарор медиҳанд, худ бо онҳо баъд аз кашф ва ошкор гардидани он асрор аз тарафи донишмандони аврупоӣ огоҳ мегарданд. Аммо чизе, ки ин ҷо шигифтангез аст, дар ин самт таҳрифкориҳои эшон аст. Ба хотири ё худро воқеан ҳам, донишманд нишон додан ё худро дӯстдори ислом муаррифӣ кардан, ё ба хотири ҳадафи дигаре ба дурӯғу таҳриф даст мезананд.  Барои боварӣ ҳосил намудан ба таҳрифкориҳои чунин муаллифон зикри чанд намунаро зарур мешуморем. Камол Рӯҳонӣ дар китобаш «Эъҷози Қуръон дар асри фазо ва текнулуҷӣ» хостааст, ки муъҷизаҳои Қуръонро ба хонанда ифшо намояд. Камол Рӯҳонӣ барои он ки аз кадом унсур таркиб ёфтани ҷаҳонро аз дидгоҳи Қуръон нишон диҳад, дар мавзӯе зери унвони «моддаи бунёдии ҷаҳонофариниш аз дидгоҳи Қуръон» ояти 3-ро аз сураи «Сабаъ» мисол меорад: «Аз Худованд ба андозаи заррае (атом) на дар осмонҳо ва на дар замин аз вай пӯшида нест ва на кӯчактар аз он (атом) ва на бузургтар аз он аз ӯ пинҳон намебошад, ҷуз ин ки дар китобе равшан ва баёнгар дарҷ шудааст». Зимни шарҳи оят муаллиф дар хусуси кашфи атом дар нимаи аввали қарни 20 ва ҳаҷми он сухан ронда, боз меафзояд, ки «атом аз ду навъи зарра, ки прутон ва нейтрон номида мешавад, ташкил шудааст» [6, 50-51]. Дар мисоли мазкур таҳрифкории муаллиф дар он ифода меёбад, ки аввалан, ояти мазкур на маънои «аз чӣ бунёд ёфтани олам», балки маънои «аз ҳама чиз огоҳ будани Худо»-ро дар назар дорад. Сониян, муаллиф зимни тарҷимаи оят баъд аз калимаи «зарра» дар қавсайн калимаи «атом»-ро ҳамчун маънои он илова менамояд. Дар ҳамин ҳол ҳам бояд зикр намуд, ки тасаввурот дар бораи заррачаи хурдтарин, ки аз он ҳама чиз пайдо шудааст, ҳазор сол пеш аз Қуръон аз тарафи Демокрит пешниҳод гардида буд [5.45]. Бо вуҷуди ин маънои «заррача»-и қуръонӣ бо маънои «атом» дар фаҳмиши имрӯза мувофиқат наменамояд. Зеро «зарра» маънои умумии ҷисми номуайяни хурдтарин аст. Калимаи мазкур хеле васеъ дар мавридҳои мухталиф истифода мегардад. Атом бошад, моддаи физикӣ буда, дар навбати худ боз таҷзияшаванда аст. Муаллиф зимни шарҳи хеш бо калимаи «зарра» ғайр аз атом боз прутону нейтронро низ ифода менамояд. Яъне, андешаи муаллиф ғайримантиқӣ буда, пуртаноқуз аст. Мутаҳо, агар Рӯҳонӣ дар ояти мазкур кашфиёти физикиро дидааст, пас савол пайдо мешавад, ки чаро атому прутону нейтрон дар Қуръон бо се калимаи алоҳида не, балки бо як калимаи сермаъно ва оммафаҳми «зарра» баён ёфтаанд?

  Камол Рӯҳонӣ ояти 24-и сураи Юнусро шарҳ дода, «нуктаи эъҷози оят»-ро ба таври зер зикр намудааст: «Худованд фармуд: «Қиёмат рӯзу шаб сар мерасад; атоҳо амруно лайлан ав наҳоран». Муаллиф дар идомаи шарҳ саволгузорӣ намудааст, ки «чаро Худованд мушаххас накард, ки қиёмат шаб ё рӯз мерасад, чун равшан аст, агар омадани қиёмат дар шаб набошад, дар рӯз хоҳад буд» [6,138]. Ба андешаи муаллиф, «посух ба савол бо пешрафти илм мушаххас шуд ва парда аз таъбири Қуръон бардошта шуд… Зеро қиёмате, ки Қуръон аз он сухан мегӯяд, дар кулли замин рух хоҳад дод ва мо медонем рӯзу шаб ҳамазамон дар замин вуҷуд дорад. Замоне ки назди мо рӯз аст, бидуни шак, дар иқлиме дигар шаб аст. Лизо қиёмати Худованд дар назди касоне, ки дар билодашон шаб аст, шаб хоҳад буд ва назди касоне, ки рӯз аст, рӯз ба вуқуъ мепайвандад ва он ношӣ аз ҳаракати курравии замин аст» (ҳамон ҷо).  Ин ҷо агар мо ба маънои оят дақиқ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки Рӯҳонӣ оятро табдили маъно намудааст. Зеро агар Худованд он маъноеро, ки Рӯҳонӣ баён намуд, мехост, «лайлан ва наҳоран» мегуфт, аммо вай ҳиссачаи «Ё» (ав)-ро истифода бурда, якеи онҳоро қайд намудааст. Бинобар ин, андешаи Рӯҳонӣ дар хусуси он ки манзури Худованд ҳам шабу ҳам рӯз аст, саҳеҳ нест. Сониян, муъҷизаи мазкур танҳо баъд аз он ошкор гардид, ки вақте дақиқ шуд, ки замоне дар гӯшае аз замин рӯз аст ва замоне дар гӯшаи дигар аз замин шаб фаро мерасад.  Аз ин рӯ, дар мисоли мазкур на танҳо таҳриф, балки иваз намудани маънои ҳақиқии ояти Қуръон мушоҳида мегардад. Илова ба ин, зимни рӯоварӣ ба тафсири ояти номбурда маълум мегардад, ки Камол Рӯҳонӣ инчунин оятро низ нодуруст пешкаш намудааст. Китоби «Тафсиру анвор-ил-Қуръон» ояти «атоҳо амруно лайлан ав наҳоран»-ро, ки К. Рӯҳонӣ «Қиёмат рӯзу шаб сар мерасад» тарҷума намудааст, дар шакли зерин шарҳ додааст: «Баногоҳ фармони мо, яъне азоби мо шабе ё рӯзе ба замин омад, пас онро монанди зироа аз бун бурида гардонидем». Чи хеле ки аз муқоисаи ду шакли тарҷумаи як оят бармеояд, Камол Рӯҳонӣ ба хотири расидан ба ҳадафи хеш калимаи арабии «амр», ба забони тоҷикӣ «фармон»-ро, ки ҳамчун «азоб» шарҳ ёфтааст, «қиёмат» тарҷума намудааст.

  Раванди таҳрифкорӣ, яъне аз дин илмсозӣ дар таълимоти яке аз донишмандони маъруфи исломи имрӯза Аҳмад Дидат низ мушоҳида мегардад. Ӯ назарияи илмии аз об пайдо шудани ҳаётро дар асоси ҳукми ояти Қуръон дастгирӣ намуда, зикр менамояд, ки биологҳо чун астрономҳо бар он андешаанд, ки миллиардҳо сол пеш аввалин мавҷуд протоплазмаро ҳосил намуд ва аз он амёба пайдо гардид.  Аз ин омезиши баҳрӣ тамоми мавҷудоти зинда ба вуҷуд омад. Вақте аз биологҳо пурсида мешавад, ки аз об пайдо гардидани тамоми мавҷудоти зинда кай кашф гардид, онҳо ҷавоб медиҳанд: Дирӯз. Дар чунин ҳол 14 қарн пеш ягон файласуф ё олим наметавонист, ки ин кашфи биологиро дарёбад, ин дуруст аст? Онҳо ҷавоб медиҳанд: Оре. Пас, «фарзанди бесаводи биёбонро гӯш намоед: «Ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем? Оё имон намеоранд?» (Сураи «Анбиё», 21:30).  Ҳукми  мазкур дар китоби Худо дар дигар ҷо низ тақвият меёбад: «Ва Худо ҳар ҷонвареро аз об офарид. Пас, аз инҳо он аст, ки бар шиками худ меравад; ва аз инҳо он аст, ки бар ду пой меравад; ва аз инҳо он аст, ки бар чаҳор пой меравад. Худо ҳар чи хоҳад, меофаринад. Ба дурустӣ ки Худо бар ҳар чиз Тавоно аст» (Сураи «Нур», 24:45) [4].

  Ин ҷо суоле, ки бояд мавриди таваҷчуҳ қарор гирад, аз он иборат аст, ки оё Қуръон дар мавридҳои зикршуда, воқеан ҳам, ҳамон маънои илмиро дар назар доштааст, чуноне ки Аҳмад Дидат мепиндорад, ё чизи дигарро?  Ҷавоб ба саволи мазкур таҳқиқи бештар ва ҷиддитарро тақозо менамояд. Пеш аз рӯ овардан ба андешаи муфассирон ба Қуръон -- ба маънои оятҳои зикршуда таваҷҷуҳ менамоем. Вақте ояти 45 аз сураи «Анбиё»-ро аз Қуръон дармеёбем, сохтакории Аҳмад Дидат дарҳол маълум мегардад. Зеро Аҳмад Дидат бо мақсади таҳрифи маънои оят танҳо охири оятро зикр намудааст, ҳол он ки оят дар шакли комил ба таври зер аст: «Оё кофирон надиданд, ки осмонҳову замин баста буданд, пас, онҳоро во кардем («Во кардани осмонҳо» - фурӯ борондани борон аст; «во кардани замин» - рӯёндани гиёҳ аз вай аст) ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем? Оё имон намеоранд?». Чи хеле ки аз маънии оят бармеояд, мурод аз об оби борон аст, ки тавассути он аз замин гиёҳҳо мерӯянд. Маънии мазкур ҳеҷ умумияте бо назарияи илмии пайдоиши ҳаёт аз об надорад. Барои огоҳии бештар аз маънии оятҳои зикршуда ба тафсирҳо рӯ меорем. Дар «Тафсиру анвор- ил- Қуръон», ки баргузидае аз се тафсир: «Фатҳ-ул-қадир»-и Шавконӣ, Тафсири Ибни Касир ва «Тафсир-ул-мунир»-и Ваҳбаи Зуҳайлист, дар шарҳи ояти 30 аз сураи «Анбиё» оварда шудааст: «Ва оё кофирон надонистанд, ки мо «ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем?», яъне мо ҳар мавҷуди зиндаро – аъам аз ҳайвон ва набот – бо обе, ки онро аз осмон нозил мекунем, зинда сохтем ва обро сабаби ҳаёти ҳар мавҷуди зиндае дар арсаи замин гардонидем. Ин мақтаъ аз оят назарияи илмиеро, ки мегӯяд: маншаи пайдоиши ҳаёти аввалия дарё будааст, таъйид мекунад». Тавре ки аз тафсири оят низ бармеояд, мурод аз маънии оят сабаби рӯидани растанӣ ва зиндагии ҳайвонот будани об аст. Бинобар ин, ояти мазкурро сарчашмаи назарияи илмии мазкур номидан таҳрифи маънии оят маҳсуб меёбад. Баръакс, ояти мазкур, чунонки тафсир иқрор медорад, назарияи собитшудаи илмиро таъйид менамояд.

  Хусусияти илмӣ надоштани андешаи қуръонӣ дар бораи аз об пайдо шудани ҳаёт ва танҳо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт истифода шудани обро ояти 45 аз сураи «Нур» низ собит менамояд. Ояти зикршударо «Тафсиру анвор-ил-Қуръон» ба таври зер шарҳ медиҳад: «Ва Худост, ки ҳар доббаеро аз об офаридааст». Добба ҳар он чи ки бар замин аз ҷондорон мехазад ва меҷунбад. Пас асоси хилқати аввалияи ҳар ҷондоре аз об аст. Ё ин ки мурод, оби нутфа, яъне оби манӣ аст. «Пас бархе аз онҳо бар рӯи шикам роҳ мераванд» монанди морҳо, моҳиҳо, ҳашарот ва монанди инҳо «ва бархе аз онҳо бар рӯйи ду по роҳ мераванд» монанди инсон ва паррандагон «ва бархе аз онҳо бар рӯйи чаҳор по роҳ мераванд» чун соири ҳайвонот. «Худо ҳар чӣ бихоҳад меофаринад» аъам аз он чӣ, ки дар ин ҷо аз онҳо ёд кард ва низ он чи, ки дар ин ҷо аз онҳо ёде накард, чун ҷунбандагоне, ки бар бештар аз чаҳор по ҳаракат мекунанд, монанди харчанг, анкабут ва бисёре аз ҳашарот ва кирмҳои дигар ва низ чун ҷимодот, аъам аз мураккаб ва басити онҳо, нумукунанда ва нумунакунандаи онҳо. «Бегумон Худованд бар ҳар коре тавоност» ва ҳеҷ чиз бар ӯ душвор нест».

  Дар тафсири ояти мазкур низ бараъло мушоҳида мегардад, ки фаҳмиши илмии аз об пайдо шудани тамоми мавҷудоти зинда барои Қуръон бегона аст. Муфассирон ҳамон шарҳеро пешниҳод менамоянд, ки барои фаҳмиши сатҳи миёнаи одамон хос мебошад. Ҷои шубҳае нест, ки шарҳи зикршудаи Аҳмад Дидат низ танҳо баъд аз интишор ёфтани назарияи илмии пайдоиши мавҷудот аз об пайдо шуд. Агар Аҳмад Дидат ҳадди ақалл панҷоҳ сол пеш аз кашфи мазкур зиндагӣ менамуд, ба ҳеҷ ваҷҳ, андешаи имрӯзаи худро баён карда наметавонист. Бинобар ин, хулосаҳои Аҳмад Дидат дар хусуси матни оятҳои Қуръонро ҳамчун сарчашмаи ин ё он назарияи илмӣ муаррифӣ намудан танҳо таҳрифи маънои ҳақиқии матни Қуръон асту халос. Аз маврид истифода бурда ҳамзамон таъкид бояд намуд, ки файласуфи юнонӣ Фалес ҳоло дар қарни VI пеш аз милод ғояи аз об пайдо шудани тамоми мавҷудотро баён намуда буд, аммо он, ба ҳеҷ ваҷҳ, аз тарафи донишмандон ҳамчун назарияи илмӣ пазируфта нашудааст. 

  Гумон меравад, ки таҳрифи воқеият аз тарафи Аҳмад Дидат ба авҷи аълои худ мерасад, вақте ӯ дар хусуси таҳрики мусулмонҳо аз тарафи Қуръон ба омӯзиши биология, физикаи муосир, химияи муосир, геологияи муосир, ҷуғрофияи муосир, астрономияи муосир ва метеорологияи муосир сухан ронда, билохира чунин андешаҳои ғайривоқеӣ ва пуртаноқузро баён медорад: «Агар Мусулмонҳо намебуданд, Аврупо ҳеҷ гоҳ марҳилаи Эҳёи худро намедид ва марҳилаи илми имрӯза ҳеҷ гоҳ фаро намерасид. Халқҳое, ки донишҳои илмии худро аз Аврупо гирифтаанд, амалан шогирдони бавоситаи ҷомеаи исломӣ мебошанд.  Инсоният аз Ислом сахт қарздор аст ва абадан бояд аз он миннатдор бошад» [4,228-230].

  Воқеан, ин суханони зикршудаи Аҳмад Дидат хеле ва хеле тааҷҷубовар мебошанд. Чӣ тавр мусулмононро муҷиби замони Эҳёи Ғарб номид, дар ҳоле ки ҳатто имрӯз, яъне баъд аз 500 сол ҳам дар олами ислом Эҳёи воқеӣ фаро нарасидааст? Сониян, аз хулосаи мазкури Аҳмад Дидат чунин бардошт ҳосил мегардад, ки ӯ аз вожаи «эҳё» огоҳ аст, лекин аз мундариҷаи он не. Зеро «Эҳё» моҳиятан маънои эҳёи фарҳанг ва арзишҳои томасеҳию тоисломиро, ки ба ҷои таҳқиқи арзишҳои динӣ омӯзиши инсон ва табиатро ҳадафи таҳқиқи хеш қарор дода буд, дар назар дорад, на чизи дигарро.  Чӣ тавр мусулмононро муҷиби Эҳёи Ғарб маҳсуб донист, ки онҳо тамоми бузургони илмро зери таҳқиру фишор қарор дода, онҳоро ба куфр ҳукм намуда буданд? Чӣ тавр мусулмононро муҷиби Эҳёи Ғарб шуморид, ки яке аз хусусиятҳои Эҳё ақлгароӣ маҳсуб меёбаду мусулмонон дар ватани хеш «нақл»-ро аз «ақл» афзал шуморида, ақлгароёнро таъқиб менамуданд? Чӣ тавр мусулмононро муҷиби Эҳёи Ғарб номид, дар ҳолате ки мусулмонон ҳатто дар охири қарни XIX  низ дар Бухоро хурдтарин навовариро бо ҳукми ҷадид зери таъқиб қарор медоданд? Аҳмад Дидат иддао менамояд, ки агар мусулмонон намебуданд, марҳилаи имрӯзаи илм ҳеҷ гоҳ фаро намерасид. Дар чунин ҳол суоле пайдо мешавад, ки худи мусулмонон кай ба дарёфти нозукиҳои илми имрӯза ворид мегарданд? Мувофиқи маълумотҳо,  аз байни мардуми ғайримусулмон 170 нафар Ҷоизадори мукофоти нобелӣ ҳасту саҳми мусулмонон дар ин самт хеле ночиз мебошад.  Аҳмад Дидат мусулмононро таҳрикдиҳандаи як қатор илмҳои муосир номидааст. Ин ҷо савол пайдо мешавад, ки агар хонандаи хушзавқ китобҳои илмӣ ё таълимиро доир ба соҳаҳои номбаршуда варақ занад, чанд маротиба ӯ бо номи донишманди исломӣ дучор меояду чанд маротиба бо номи донишманди ғайриисломӣ? Эҳтимол таносуб як бар сад не, балки як бар ҳазор бошад.

  Қобили зикр аст, ки таҳрифкориро мо дар навиштаҳои донишманди шинохта ва дар саросари олами ислом паҳнгардида Ҳорун Яҳё низ мушоҳида менамоем.  Яке аз китобҳои Ҳорун Яҳё бо номи «Муъҷизаҳои Қуръон» аз тарафи рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба забони тоҷикӣ тарҷима гардидааст ва он соли 2011 аз чоп баромадааст. Китоби мазкур бо чунин ояте, ки ба таъиноти ахлоқӣ доштани китоб ишора менамояд, оғоз мегардад: «Ва ба ҳақиқат, ин Қуръон ҷуз панде барои оламиён (чизи дигар) нест» (сураи «Қалам», ояти 52). Ояти мазкур мавзӯи таълимоти Қуръонро сареҳатан баён намуда, мавҷудияти дигар мавзӯъҳоро ба таври қатъӣ истисно намудааст. Ҳамчунин дар сураи «Ҳадид», ояти 25 низ таъкид мегардад: «Ба дурустӣ, ки Мо пайғамбарони Худро бо нишонаҳои возеҳ фиристодем ва ҳамроҳи онҳо Китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардумон ба инсоф амал кунанд». Дар ояти мазкур низ танзими муносибатҳои байниҳамдигарии одамон ҳамчун рисолати пайғамбарон ва ҳадафи Қуръон равшан муайян гардидааст. Бо вуҷуди ин, агарчанде дар саҳифаи якуми китоб муаллиф таъкид менамояд, ки «Мусаллам аст, ки Қуръон рисолаи илмӣ нест», боз дар саҳифаи баъдӣ ӯ менависад: «Қуръони карим дар тамоми соҳаҳои илм: астрономия, физика, тиб, химия, биология, таърих инсониятро аз донишҳо бархӯрдор намуд ва дар бораи чизҳое, ки инсоният комилан бехабар буд, аз ҷумла офариниши олам (олами кабир) то офариниши одам (олами сағир), сохти атмосфераҳо ва ҳамоҳангии қонунҳои физика маълумоти дақиқ ва аниқ пешниҳод намуд»[9,6].  Пӯшида нест, ки аз мундариҷаи Қуръон аввалин шуда мусулмонон огоҳ гардиданд, аммо, аз чӣ сабаб бошад, ки доир ба илмҳои фавқуззикр аз мусулмонон дида аврупоиҳо пештару бештар маълумоти дақиқ ва аниқ ба даст оварданд.  Ба қавли дигар, худи Қуръон таъкид месозад, ки вай панд аст, на чизи дигар, аммо муаллифон ба Қуръон кашфиётҳоеро нисбат медиҳанд, ки худашон аз онҳо баъд аз кашфи аврупоиҳо огоҳ гардидаанд. Гумон меравад, ки ҳукми ояти 105 аз сураи «Наҳл» «Ҷуз ин нест, ки дурӯғро касоне ифтиро мекунанд, ки ба оятҳои Худо имон надоранд ва онҳо дурӯғгӯянд» маҳз чунин донишмандони мусулмонгумроҳкунандаро дар назар дорад. Ҳорун Яҳё дар китоби зикршудаааш баъзе оятҳоро интихоб намуда, кашфиётҳои илмиро ба таври исканапайванд бо мазмуни оят пайваст намудааст. Аз ҷумла, оятҳои 1-6 аз сураи «иншироҳ»- «Оё синаатро барои ту накушодем? Ва он бори туро аз (дӯши) ту барнагирифтем, ки пушти туро гарон карда буд? Ва зикратро барои ту баланд сохтем. Пас, ба дурустӣ, ки бо душворӣ осонӣ аст. Албатта, бо душворӣ осонӣ аст»-ро зикр намуда, ӯ дар бораи тангшавии рагҳои хунгарди дил (атеросклероз), ки метавонад тадричан ба басташавии рагҳо ва дар ниҳоят ба сактаи дил оварда расонад, маълумот додааст. Чизе, ки зиёда аз ин хандаовар аст, дар охири қисмати мазкур Ҳорун Яҳё боз таъкид менамояд, ки баъд аз сураи мазкур «сураи «Тин» меояд, ки дар он Аллоҳ Таоло доир ба анҷир хабар дода, бо анҷир ва зайтун савганд ёд мекунад, ки барои сиҳатии одам хеле муфиду зарурист» [9,74-75]. 

  Қобили зикр аст, ки муаллифи «Сирату-л-яқин» ҳодисаи зикршударо пора кардани синаву баровардани баҳраи шайтон арзёбӣ кардааст. Тибқи ривоят бошад, ду марде шиками пайғамбарро «чок карданд ва чизеро дар он ҷустуҷӯ карда, онро гирифта андохтанд» ва он чӣ будааст, ӯ худ намедонистааст [8,18-19]. Аммо Ҳорун Яҳё зимни шарҳи ҳодисаи мазкур дар кӯдаки хурдсоли бузғолабон нишонаи атеросклерозу сактаи дилро дарёфтааст, ки аз ҳақиқат дур буда, хеле ва хеле хандаовар ҳам мебошад.  

  Чунин ба назар мерасад, ки дар таҳрифи маънии оятҳои Қуръон ва эҷодкориҳои маонии нав дар он Абдулкарими Беозори Шерозӣ ба худ ҳамто надорад. Номбурда ояти 2 аз сураи «Алақ»-ро ба таври зер: «Худованд инсонро аз алақ биёфарид» тарҷума намуда, бо чунин маънӣ тафсири худро пешниҳод намудааст: «Дар марҳилаи саввум инсон аз алақ офарида шудааст, алақ дар луғат кирмест, ки ба девори раҳм мечаспад ва ба маънои золуву (зуллук) (шуллук-А.К.) ҳайвони шиновари хунхӯр низ омадааст. Ва иттифоқан имрӯза вақте испермотузуйидро зери микрускуп мегузоранд, анбуҳи касири кирмакҳои зиндаи шиновареро мушоҳида мекунанд, ки ин кирмакҳо вақте вориди раҳм мешаванд, монанди золу ба девораи раҳм мечаспанд.

  Алақ, ки ба он кирмак ё испермотузуйид гуфта мешавад, дар ҳудуди чаҳор сонти мукааб аст, ки дар ҳар як аз 100 то 200 миллиюн ҳайвони зиндаи шиновар ёфт мешавад» [3,65]. Аввалан, вобаста ба вожаи «алақ» ҳаминро бояд гуфт, ки вай дар «Арабско-русский словарь»-и Х.К.  Баранов ҳамчун шуллук (ҳайвоне, ки тахминан баробари нохун ҳаҷм дошта, дар чашмаҳо зиндагӣ менамоянд ва зимни об нӯшидани говҳо ба таги забони онҳо даромада, хуни онҳоро мемаканд) ва ҳамчун «хуни лахтбаста» тарҷума шудааст. Аммо дар тарҷимаҳои зиёди Қуръон, аз ҷумла дар тарҷумаи И. Ю.  Крачковский, Э. Кулиев, М. Н. Османов ва В. М. Порохова «алақ» ҳамчун «хуни баста» (сгусток) тарҷума шудааст. Ҳамчунин дар китобе зери унвони «Тарҷумаи луғоти Қуръони карим» тарҷумаи вожаи зикршуда дар шакли «хуни баста» дучор меояд [10]. Вожаи «алақ» ҳамчунин дар тафсири яке аз муфассирони маъруфи муосири араб Абдураҳмон ибни Носир ас-Саъдӣ низ чун «хуни баста» мушоҳида мегардад [2]. Чи хеле ки дида мешавад, дар тамоми тарҷумаҳои Қуръон вай ҳамчун хуни лахтбаста пешниҳод шудааст. Аммо донишманди мазкур бидуни шарму ҳаё онро сперматозоид тарҷума намудааст. Ҳол он ки сперматозоидро микроскописти ҳолландӣ Антони ван Левенгук соли 1677 бо нишондоди рафиқи дӯсташ, донишҷӯи табиб Иоган Гам кашф намуда, пурра тасвир намудааст.

  Вобаста ба чунин тарҷума ва шарҳҳо як идда саволҳо пайдо мешаванд. Аввалан, агар алақ маънои сперматозоидро дошта бошад, пас хидмати Левенгук ва Гам дар чӣ ифода меёбад? Сониян, барои чӣ то ҳол он ҳамчун хуни лахтбаста тарҷума мегардад? Солисан, оё мумкин аст, ки дар бораи ҷондоре, ки онро танҳо тавассути микроскоп дидан мумкин аст, дар фазои ғайриилмии қарни VII сухан ронд? Албатта, не! Пас, оё конкордизм (мувофиқсозӣ)-и сунъӣ ва аз воқеият дур бар зарари шаъни Қуръон нахоҳад буд? Оё чунин амал, яъне таҳрифи маънии Қуръон аз нигоҳи шаръӣ ҷоиз аст? Магар чунин дурӯғбофиҳо оқибати хуб доранд? Тасаввур намоед, ки чанд сол пеш дар ҳама ҷо номи Ҳорун Яҳё ҳамчун кашшофи бесобиқаи илм дар Қуръон тавассути китобҳою дискҳо вирди забонҳо гардида буд. Имрӯз, чун мардум аз ҳақиқат воқиф гардиданд, касе ӯро ёд наменамояд, пас мардум фаҳмиданд, ки таҳрифкориҳои ӯ дар маънои Қуръон робитае бо воқеият надоранд.

  Албатта, баъд аз ин андешаҳо ва намунаҳои овардашуда саволе пеши назар меояд, ки пас Қуръон дар бораи чист? Ҷавобан ба саволи гузошташуда бояд зикр намуд, ки маънӣ ва мазмуни Қуръонро аз муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии қарни VII араб ҷудо тасаввур намудан иштибоҳи бузург маҳсуб меёбад. Худи тақсим гардидани сураҳо ба маккагӣ (маккӣ) ва мадинагӣ- ду шаҳри асримиёнагии Арабистон далели гуфтаҳои болост. Сониян, агар ба маънии оятҳо таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки андешаҳо аз номи Худо тавассути пайғамбар ба мардуми араб, пеш аз ҳама, мушрикон нигаронида шудаанд. Яъне, мардуми арабро аз бутпарастӣ баргардонида, ба ибодати Аллоҳ водор сохтан мавзӯи асосии Қуръон маҳсуб меёбад. Аммо дар баробари мавзӯи асосӣ боз сарпечӣ ва муқовимати мушрикон, саргузашти пайғамбарони пешин, муаяйн намудани рафтору кирдори байниҳамдигарии арабҳои мусулмонгардида ва амсоли инҳо низ дар Қуръон матраҳ гардидаанд. Аз ҷумла, ояти якум аз сураи «Алақ» «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид» хоси ибтидои ваҳй буда, бевосита ба Муҳаммад нигаронида шудааст. Яъне, амри мазкур маҳз Муҳаммад ва маҳз оғози ваҳйро дар назар дорад. Ҳукми ояти 94 аз сураи «Ҳиҷр» «Пас он чиро, ки ба он фармуда мешавӣ, ошкор кун ва аз мушрикон рӯй бигардон» низ хусусияти мазкурро шомил аст.  Ояти мазкур баъд аз се соли даъвати пинҳон нозил гардид ва ба Муҳаммад амр намуд, ки ба даъвати ошкоро гузарад. Ҳамчунин аст ҳукми ояти 7 аз сураи «Мудассир», ки баъд аз 40 рӯзи канда шудани ваҳй ба Муҳаммади дар ҷомапечида амр намуд, ки бархезаду бим диҳад». Тавре  ки дида мешавад, тамоми оятҳои зикршуда хоси шахси мушаххас ва вақти мушаххас мебошанд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳукми оятҳои 214-216 аз сураи «Шуаро» маҳз ба хешовандони пайғамбар нигаронида шудаанд ва бевосита марҳилаеро инъикос менамоянд, ки мушрикони Макка аз даъвати пайғамбар рӯ гардонида буданд. Оятҳои зикршуда ба таври зер садо медиҳанд: «Хешовандони наздики худро бим кун. Ва барои онҳое аз муъминон, ки ба ту пайравӣ карданд, бозуи худро суст кун (Яъне фурӯтан бош). Пас, агар нофармонӣ, бигӯ: Ҳамоно аз он чӣ шумо мекунед, безорам».

  Дар ояти 24 аз сураи «Зуҳруф» мубоҳисаи байни Муҳаммад ва мушрикон, ки хоси ибтидои ислом аст, иброз гардидааст: «Гуфт: (Яъне пайғамбар) «Оё агарчи ба шумо дине овардаам, ки аз чи бар он падарони худро ёфтаед, зиёдтар роҳнамоянда аст?» (Яъне: боз ҳам ба падарони худ пайравӣ мекунед) гуфтанд: «Ҳамоно мо ба он чи, ки шумо ҳамроҳи он фиристода шудед, беэътиқодем».

  Дар воқеъ, мавзӯи андешаҳои қуръонӣ ҳамон муҳити иҷтимоиест, ки дар он Муҳаммад фаъолият намудааст. Ба таври мисол, дар Қуръон дар ояти 24 аз сураи «Ҷосия» дар хусуси ашхосе маълумот дода мешавад, ки онҳо суханони Муҳаммадро дар хусуси зинда гардонидан баъд аз миронидан инкор мекардаанд ва иддао менамудаанд, ки ғайр аз ҳаёти ҳамин дунё дигар ҳаёт вуҷуд надорад ва моро танҳо ҳукми замона (даҳр) ба ҳалокат мерасонад. Қобили зикр аст, ки ашхоси мазкур суханони Муҳаммадро инчунин дар бораи ҷаннат ҳамчун макони неъматҳои фаровони моддӣ мавриди истеҳзо қарор медодаанд. Аз ҷумла, ҳамон Ос ибни Воил (падари Амр ибни Ос) аз қабилаи Саҳм ва Қурайш аз яке аз мусулмонон қарздор будааст. Ин мусулмон вақте қарзашро талаб менамояд, Ос мегӯяд: Оё Муҳаммаде, ки ту дар дини ӯ ҳастӣ, намепиндорад, ки ҳар оина дар ҷаннат барои аҳли он мувофиқи талабашон тилло ё нуқра ё ҷомаҳо ва хидматгузорҳо мебошад? Он мусулмон мегӯяд: Оре. Пас, Ос мегӯяд: То он рӯз маро муҳлат деҳ, зуд аст, ки маро молу фарзанд дода мешавад, пас қарзи туро адо мекунам.  Бояд гуфт, ки оятҳои 77-80 аз сураи «Марям» маҳз ба шахси зикршуда, яъне Ос бахшида шудааст. Дар оятҳои 29-30 аз сураи «Мутаффифин» ҳолати истеҳзо ва масхара гардидани мусулмонон аз тарафи мушрикон зимни дар кӯчаҳо рӯбарӯ гардидан ифода ёфтааст.

  Мавзӯи марказии таълимоти Қуръон будани муҳити иҷтимоии Муҳаммадро инчунин ҳодисаи зерин собит менамояд. Яке аз душманони сарсахти Муҳаммад Уқба будааст, ки дар ҳамсоягӣ бо Муҳаммад мезистааст. Боре ӯ маъракае меорояду дар он Муҳаммад низ иштирок доштааст. Муҳаммад ба ӯ мегӯяд: Ман таоми туро намехӯрам, то вақте ки ба пайғамбарии ман шаҳодат надиҳӣ. Уқба шаҳодат медиҳад. Хабари мазкур ба дӯсти ӯ Убай мерасад. Убай ба Уқба мегӯяд: Рӯи ман бар рӯи ту ҳаром аст, агар Муҳаммадро бархӯрд кунӣ ва гардани ӯро накубӣ ва ба рӯяш туф накунӣ ва бар чашмаш сила назанӣ. Ҳангоме ки Уқбо пайғамбарро дучор меояд, гуфтаи Убайро анҷом медиҳад. Суханоне, ки дар оятҳои 27-29 баён ёфтаанд, маҳз амалҳои Уқбаро дар назар доранд, яъне амалҳои содирнамудаи Уқба сабаби баёни оятҳои зикршуда мебошанд [8,60].

  Аз ҷумлаи озордиҳандагони Муҳаммад Валид ибни Муғира маҳсуб меёбад, ки Муҳаммадро соҳиру ҷодугар меномидааст. Оятҳои 11 то 26 аз сураи «Мудассир» пурра ба ӯ нигаронида шудаанд. Аз ҷумлаи озордиҳандагони Муҳаммад инчунин Назр ибни Ҳорис будааст. Ӯ мегуфтааст, ки дар суханварӣ аз Муҳаммад беҳтар аст. Оятҳои 6-7 аз сураи «Луқмон» дар ҳаққи ӯ гуфта шудаанд. Он пайравони пайғамбар, ки заиф буда, зери озору шиканҷа қарор доштаанд, мавриди таваҷҷуҳи ояти 5 аз сураи «Қасас» қарор гирифтаанд.

  Вақте ки озору шиканҷаи мушрикон натиҷа намедиҳад, онҳо Утба ибни Рабиаи Абшамиро мефиристанд то бо пешниҳодҳо Муҳаммадро аз роҳаш боздоранд. Дар ҷавоб Муҳаммад ояти 16 аз сураи «Фуссилат»-ро ба ӯ қироат менамояд. Вақте зулму фишору ҷоҳу мансабу сарвати пешниҳодшуда натиҷа намедиҳад, онҳо пешниҳод мекунанд, ки пайғамбар дар ибодаташон шарик шавад. Ба сифати ҷавоб ба онҳо сураи «Кофирун» хонда мешавад. Пас, аз Муҳаммад талаб мекунанд, ки аз мазаммати бутҳо, сахт бим додан даст кашад, ё Қуръонро иваз намояд, ё таҳриф созад, ё Қуръони дигаре биёварад. Маънии баёншуда дар ояти 15 аз сураи «Юнус» ифода ёфтааст [8,75].

  Хулоса, оятҳое, ки бевосита ба раванди мусулмонгардонии арабҳо ва мушкилоти дар ин самт пайдошаванда нигаронида шудаанд, дар Қуръон хеле зиёданд.  Аммо намунаҳои овардашуда бори дигар собит менамоянд, ки мавзӯи марказии Қуръон аз он иборат аст, ки мардуми Макка тибқи даъвати Муҳаммад аз парастиши бутҳо даст кашида ба ибодати Худои ягона – Аллоҳ пардозанд ва Муҳаммадро расули Худои ягона эътироф намоянд. Яъне, даъват намудани аввалан мардуми Макка ва баъдан аҳолии дигар манотиқ ба сӯи ислом аз мазӯъҳои калидӣ ва марказии Қуръон маҳсуб меёбад. Албатта, дар ин раванд аз тарафи мардуми бутпараст муқовимати ҷиддӣ сурат мегирад. Бинобар ин, масъалаи мутмаин сохтани мардум ба дурӯғин будани худои онҳо   ва росту ҳаққонӣ будани суханони Худо ва таъин гардидани Муҳаммад ба сифати расули ӯ аз мавзӯъҳои марказии Қуръон маҳсуб меёбанд. Барои ба даст овардани эътиқоди мардум Муҳаммад нишонаҳои Худоро дар хусуси офарида шудани олам ва одам, бо иродаи Худо сурат гирифтани ҳодисаҳои мухталифи динӣ иброз медорад.  Аммо бояд қайд намуд, ки андешаҳои гуногун доир ба ҳодисаҳои мухталифи табиат овардашуда мутобиқ ба сатҳи фаҳмиши арабҳои ибтидои қарни ҳафтуми Арабистон мебошад. Аз ин нуқтаи назар, дар Қуръон ҷустани андешаи илмии дар қарнҳои XVIII-XX кашф гардида на танҳо гумроҳсозии аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад, балки тадриҷан моҳият ва таъиноти динии Қуръонро дар ҳошия қарор додан аст.

  Дар хулоса, бори дигар зарурат ба такрор аст, ки оятҳои Қуръон бо ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Арабистони Марказии қарни VII робитаи қавии ногусастанӣ доранд ва чанд далели дар робита ба масъалаи мазкур овардашуда танҳо қатрае аз баҳр маҳсуб меёбанд. Бо вуҷуди ин ҳар гуна шахси тааммулу тааққулкунанда дар асоси чанд мисоли овардашуда низ имкон пайдо менамояд, ки дар бораи маънои умумии оятҳои Қуръон тасаввуроти дуруст ва воқеӣ ҳосил намуда, аз ҳама гуна шарҳу тафсирҳое, ки таъиноти сиёсӣ-идеологӣ доранд, худро дар канор гирад.

  Воқеан, аз доираи кашфиёт ва дастовардҳои илмии қарнҳои XIX-XX ба фаҳмишу тасаввуротҳои хоси қарни VII назар андохта, маонии онҳоро тағйир додан, бидуни шубҳа, танҳо ба хотири, аз як тараф, татбиқи хоҳишу мақсадҳои дунявии манфиатнок, аз тарафи дигар, бо мақсади дунболагирӣ намудани аҳдофи сиёсӣ-идеологии моҳиятан хориҷии зиддиинсонӣ сурат гирифтаанд. 

 

Абдухалилзода Кароматулло

номзади илмҳои фалсафа

  Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (22), 2020

Адабиёт

 

  1. Қуръони карим. Матни асл ва тарҷумаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ. Душанбе, «Эр-граф», 2011.
  2. Абд ар-Рахман бин Насир ас-Саъди. Толкование Священного Корана. Облегчение от великодушного и милостивого. Т.3. Перевел Эльмир Кулиев. М. 2012.
  3. Абдулкарими Беозори Шерозӣ. Қуръон ва табиат. Баргардони Обид Шукурзода ва Мирзо Шукурзода. Теҳрон, 2002.
  4. Дидат Ахмед. Выбор. Международный Исламский Университет,1-е издание: 1 июля 1998 г. -С. 288.
  5. Макаров А.Д. Историко-философское введение. М.: «Мысль», 1967. -С. 422.
  6. Рӯҳонӣ Камол. Эҷози Қуръон дар асри фазо ва текнулуҷӣ. (Маркази бахш Санандиҷ, пахши китоби Имом Ғазолӣ, чопи сеюм, 1389), -С. 330.
  7. Тафсир-ул-анвор. Тартиб ва тарҷумаи Абдуррауфи Мухлис. Ба хатти форсӣ. URL: http://www.qurancomplex.com.
  8. Шайх Муҳаммад Хузарӣ. Сирату-л-яқин. Тарҷумаи Нуру-л-яқин. Душанбе, 2010. -С. 446.
  9. Ҳорун Яҳё. Муъҷизаҳои Қуръон. -Душанбе, 2011.-С. 179.
  10. Ум Хузайма бинти Абдулҳамиди Шофеӣ. Тарҷумаи луғоти Қуръони карим (Ба хатти форсӣ). URL: www.aqeedeh.com.
Хондан 3313 маротиба

Китобҳо