JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 27 Июни 2019 15:22

Ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи мутамаддин

Муаллиф: Абдулҳаев Каромат

   Пеш аз он ки ба баррасии масъала пардозем, мо бояд ҳадди ақал эътироф намоем, ки бунёди ҷомеаи мутамаддин мақсади асосии на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванди бомаърифат ва оқил ба ҳисоб меравад. Ба хотири он ки ҳадафи мо нишонрас ва муфид бошад, зарур меҳисобем, ки худи мафҳумҳои ҷомеаи мутамаддин ва дин мавриди шарҳу эзоҳи оқилона ва мантиқӣ қарор гиранд. Аз нигоҳи мо ҷомеаи мутамаддин гуфта ҷомеаеро гӯянд, ки он дар самти рушди ҳаматарафаи хеш ба сатҳи тамаддуни пешрафта, ки нишонаҳои асосии он истеҳсолу истифодаи васеи технологияи муосир ва сатҳи баланди накӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад, ноил гардад.

   Тамаддун бошад, калимаи арабӣ буда, масдари феъли навъи панҷум аст, ки он худ аз феъли навъи дуввум-маддана-»шаҳр бунёд намудан» гирифта шудааст ва бо калимаи арабии «мадина» (шаҳр) ҳамреша аст ва аз ин нуқтаи назар сатҳи баланди рушди фарҳанги модӣ ва маънавиро ифода менамояд. Таърихан низ шаҳрҳо ҳамеша маркази фарҳангу тамаддунҳо ба ҳисоб рафта, дар онҳо сатҳи зиндагии мардум баландтар буданд. Шакли русии калима – «цивилизация» аз калимаи лотинии «civilis» гирифта шудааст ва аз ҷиҳати этимологӣ маънои «шаҳрвандӣ, ҷамъиятӣ»-ро ифода менамояд. Яъне, дар ҳама ҳолат вай аз мафҳуми «фарҳанг» ё «маданият» фарқ дошта, маҳз сатҳи баланди рушди онро дар назар дорад. Аз ин нигоҳ низ дар зери мафҳуми ҷомеаи мутамаддин ҷомеае дар назар дошта мешавад, ки он шомили сатҳи баланди фарҳанги модӣ ва маънавӣ мебошад. Бо бунёди чунин навъи ҷомеа ҳар халқу миллат имкон пайдо менамояд, ки дар байни миллату давлатҳои сершумор мақом ва ҷойгоҳи муносибро касб намуда, ҳатто бо он ифтихор намояд. Бинобар ин, бунёди ҷомеаи мутамаддин орзуи ҳар як шахси солимфикру бофарҳанг бояд ба ҳисоб равад.

  Чун яке аз нишонаҳои асосӣ ва марказии ҷомеаи мутамаддин сатҳи баланди рушди фарҳанги модист, зарур мешуморем, ки унсурҳои асосии фарҳанги ҷомеаи мутамаддин, тарзи бунёди он шарҳу эзоҳ ёфта, мақоми дин ва принсипи дунявият мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор дода шавад. Дар зери мафҳуми фарҳанги модӣ биною иншоот, воситаҳои мухталифи нақлиёт (заминӣ, ҳавоӣ, баҳрӣ), асбобу воситаҳои техникӣ, ҳама гуна тарзу усулҳои пешбурди ҳаёти инфиродию ҷамъиятӣ (иқтисодию  сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ) дар назар дошта мешавад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки унсурҳои фавқуззикри фарҳангӣ ҳар чи бештар муосир, мукаммал ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир бошанд, ҳолати мазкур аз сатҳи баланди тамаддуни ҷомеа дарак медиҳад.

  Дар ҷомеаҳое, усули дунявии ҳаёт хеле амиқ реша давонда, мақом ва нақши динро маҳдуд сохтаанд. Рӯҳонии шинохтаи ШМА Роналд Ролҳей зер вазъи имрӯзаи динии кишвари худро бо ҳасрат ба таври зер тавсиф намудааст: «Калисоҳои мо холӣва кӯҳна шуда истодаанд, бисёре аз фарзандони худи мо дигар ба роҳи имон нарафта истодаанд, ва ҳадди аққал бо мо имони калисогӣ дигар вуҷуд надорад. Аз ҳама душвортарин соҳаи рисолат дар дунё имрӯз фарҳанги ғарбӣ, дунявият аст, ки маҷлисгоҳҳо, хонаҳои зист, хонаҳои хоб, хонаҳои истироҳатиро, ки дар онҳо мо бо оилаҳоямон зиндагӣменамоем, кор мекунем, бозӣ мекунем, фаро гирифтааст» [7, 16]. Бо андешаҳои Р.Ролҳейзер розӣнашудан душвор аст. Ӯ, аз як тараф, фарҳанги ғарбиро барҳақ дунявият ном мебарад, аз тарафи дигар, қайд менамояд, ки вай фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инфиродию ҷамъиятии аҳли ҷомеа гардидааст. Агар мо чунин фаҳмиши дунявиятро қабул намоем, мебинем, ки на танҳо зиндагии мардуми одӣ, балки зиндагии пешвоёни дин низ хусусияти дунявиро касб намудааст. Бо ҳамин нигоҳ агар мо ба мафҳуми «диният» назар андохта, мундариҷаи вайро кушоданӣ шавем, вай баҳри мо чун ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шахшудамондаи асримиёнагӣ ҷилвагар мегардад ва ҳеҷ гоҳ ҷавобгӯи талаботҳои инсони замони муосир буда наметавонад.

  Дар бораи вазъи дин дар кишварҳои мутамаддини Аврупо андеша ронда, бояд ёдовар шуд, ки аксари муҳаққиқон дар он тағйиротҳои назаррасро қайд месозанд. Муҳаққиқи рус О.Ф.Лобазова чунин меҳисобад, ки «ҳар чӣ бештари одамоне, ки дар кишварҳои «ҷомеаи индустриалӣ» зиндагӣ менамоянд, зимни ҷустуҷӯи такягоҳи маънавии ҳаёт ба дин ва калисои анъанавӣ муроҷиат накарда, мустақилона созмон додани ҷаҳонбинии хешро афзал мешуморанд. Ин як раванди ногузирест, ки дунявият – «хусусӣ»-созии динро ҳамроҳӣ менамояд. Чун мундариҷаи ин диндорӣ аз динҳои ҷаҳонӣ, анъанавӣ фарқ менамояд, бинобар ин чунин ҳолати шуурро шуури наздикбадин (Околорнелигиозное сознание) номидан дурусттар хоҳад буд» [3, 338]. Ба андешаи ӯ ҳаракати бузурги иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки дар нимаи дуввуми асри XX дар мамлакатҳои Ғарб ташаккул ёфтааст, Ню Эйдҷ – Асри нав номида мешавад. Мафҳуми калидии Ню Эйдҷ «инқилоби шуур» аст. Вижагиҳои хоссаи ин ҳаракат пайдоиши навъҳои «дунявӣ»-и диндорӣ, ташаккул додани муқаррарот дар асоси таҷрибаи шахсӣ, шавқ ба идроки экстрасенсории ҳодисаҳо, парапсихология, магия, астрология ва ғ. ба ҳисоб меравад. Ҳаракати мазкур барои бартараф намудани ҳама гуна маҳдудиятҳои табиати инсонӣ – миллӣ, динӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳатто биологӣ даъво пешниҳод менамояд [3, 338]. Муҳаққиқи дигари рус Е.Д.Руткевич дар мақолаи худ «Сотсиологияи Ғарб доир ба дурнамои дин» [4, 343] доир ба вазъи динӣ дар кишварҳои Ғарб масоилеро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки х еле ҷолиб буда, таваҷҷуҳи амиқ ва ҷиддиро тақозо менамоянд. Тибқи андешаи ӯ мо дар ҷаҳоне зиндагӣ менамоем, ки номҳои гуногун: пасоиндустриалӣ, умумибашарӣ, пасомуосирӣ, серфарҳангӣ, пасомасеҳӣ, пасодунявӣ касб намудааст ва вобаста ба он назарияҳое бо номи «интиҳои таърих», «баъдитаърихӣ», «таркиши тамаддунӣ», «Эҳёи нав» ё ҳаракат ба сӯйи ким-кадом тамаддуни умумибашарӣ пайдо шудаанд. Ба ҳар ҳол, менависад ӯ, сухан дар хусуси марҳилаи нав дар рушди тамаддун меравад [4, 343]. Ӯ дуруст қайд намудааст, ки солҳои охир мафҳуми «ҳувият» таваҷҷуҳи махсусро ҷалб намуда истодааст ва дар байни навъҳои ҳувият ҳувияти динӣ, ки маҳаки шахсиятро ташкил менамояд, дар қатори дигар навъҳои ҳувият тағйир ёфта истодааст.

  Е.Д. Руткевич дар мақолаи номбурда мафҳумҳои калидӣ ва соҳаҳои мушкилзои сотсиологияи дини Ғарбро дар нимасри охир, чун дунявият, гуногунандешии динӣ, шаклҳои нави диндорӣ ва ҳувияти динӣ, «деприватизатсия»-и дин, навъҳои диндорӣ, «ҳуқуқи инсон», вазифаҳои «шахси диндор» қайд сохта, ба падидаи дунявият ва таъсири он ба дину диндорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Бо мақсади мазкур Е.Д.Руткевич типологияи сотсиологи амрикоӣ Л.Шайнерро, ки шаш навъи дунявиятро шомил мебошад, мавриди тааммулу тааққул қарор додааст. Қобили зикр аст, ки зуҳури тадриҷии онҳоро дар ҷомеаи рӯ ба бунёди ҷомеаи мутамаддин ниҳодаи тоҷик низ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар таълимоти навъи аввал дунявият ҳамчун кам шудани таъсири дин ба дараҷаи шуури фарди алоҳида тавсиф меёбад. Яке аз ҳомиёни дунявият Б.Вилсон онро ҳамчун «раванде муайян менамояд, ки дар ҷараёни он ниҳодҳои динӣ, шуур ва амалия аҳамияти иҷтимоии пешинаи худро аз даст медиҳанд» [4, 347]. Дар кишварҳои гуногун тағйиротҳои динӣ ба таври мухталиф сурат мегиранд. Аммо, ба андешаи Вилсон, на амалияи динӣ ва на ниҳоди динӣ, балки шуури динӣ мавриди тағйиротҳои амиқ ва назаррас гардидаанд. Одамон имрӯз нисбат ба дирӯз дигар хел фикр менамоянд, онҳо ба олам воқеъбинона назар меандозанд ва ҳар чӣ камтар дар асоси аҳкоми динӣ амал менамоянд. Пардаи ниҳодии дин ва шуури динӣ метавонад ҳатто ҳифз шавад, аммо мундариҷаи он тағйир мепазирад, ки он ба дунявияти шуур ишора менамояд.

  Дар таълимоти навъи дуввум (М.Вебер, П.Бергер ва ғ.) ба тағйиротҳо дар худи гурӯҳҳо ва ниҳодҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад, яъне тамоюл ба «он олам» бо тамоюл ба «ин олам» тағйир меёбад. Мундариҷаи фишурдаи Вебер дар бораи этикаи протестантӣ ва таълимоти П.Бергер, ки гурӯҳҳои динӣ ба масоили заминӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, намунаи равшан ба ҳисоб мераванд. Аъмоли фаъоли дунявии ташкилотҳои динӣ нишондиҳандаи равшани дунявият ба ҳисоб меравад, ки он аз дунявишавии гурӯҳҳои динӣ шаҳодат медиҳад.

  Барои таълимоти навъи сеюм (Т.Парсонс, Р.Белла, Х.Казанова ва диг.) фаҳмидани дунявият ҳамчун натиҷаи ҷудошавии сохтории ҷомеа, ҷудошавии дин ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ азниҳодҳои иҷтимоӣ (маориф, оила, сиёсат, ҳуқуқ, ахлоқ, иқтисодиётвағ.) ва умуман аз ҷомеахос мебошад. Дин аз сарчашмаи асосии машруият бахшанда дар ҷомеа ҳарчӣ бештар ба кори хусусии инсон, масъалаи интихоби инфиродии ӯ табдил меёбад. Ин равандро ниҳод вайронсозӣ (де-институциализация) ё хусусигардонии дин номидан мумкин аст, ки дар натиҷаи он соҳаи таъсири дин маҳдуд гардида, вазифаҳои вай ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва аз ин ҷо нақш ва аҳамияти он дарҷомеа гумм мешавад. Тибқи андешаи Парсонсин ҳолатро тағйирёбии вазифаҳои дин ва пайдоиши шаклҳои нави дин номидан ба мақсад мувофиқ мебошад. Ба андешаи Р.Белл, П.Бергер, Т.Лукман моҳияти падидаи дунявиятро раванди «индивидуалишавӣ»-и дин, ки ҳар як шахс эътиқодҳои анъанавиро ба таври худ шарҳ медиҳад ё дини хешро созмон медиҳад, ташкил менамояд. Т. Лукман яке аз аввалин сотсиологҳо шуда ба чунин масъала, ки дар қатори афтиши «диндории калисогӣ» диндории ғайрикалисогӣ метавонад ҳифз шавад ва ҳатто рушд ёбад, таваҷҷуҳ зоҳир намудааст [4, 348].

  Е.Д. Руткевич муҳити динии Аврупоро дар асоси тадқиқоти сотсиологҳои Ғарб мавриди таҳкиқи амиқ қарор дода, менависад, ки ду сифати асосии фарҳанги ғарбӣ –ақлгароӣ ва масеҳият ҷойи худро ба индивидуализми ахлоқӣ ё диндории нав дода истодаанд. Ба сифати намунаи тағйирёбии ҷиддӣ анъанаҳои масеҳии Нидерландияро метавон зикр намуд. Фоизи одамоне, ки ба ҳеҷ яке аз калисои масеҳӣ тааллуқ надоранд, аз соли 1958 то соли 1995 зиёда аз думароти ба (аз 24% то 60%) афзудааст. Дар натиҷа соли 1995 танҳо 19% худро католик ҳисобидаанд, 15% худро ба яке аз ду калисои асосии протестантии Ҳоландия (9% ба калисои ислоҳотии Ҳоландия, 6% ба неокалвинистон) мансуб донистаанд. Ҳамзамон Е.Д. Руткевич сарчашмаеро[8] зикр намудааст, ки дар он муҳаққиқон сабаби холигии калисоҳоро мавриди баррасӣ қарордодаанд. Онҳо пешниҳод намудаанд, ки сабаби он ақлгароӣ ва инфиродишавии ҳувиятидинӣ ба ҳисоб меравад.

  Мувофиқи навъи чоруми таълимот дунявият маънои ивазгардидани дини анъанавиро бо «эквивалентҳои функционалӣ» ва «ивазкунандаҳои камарзиши динӣ»-и (религиозный суррогат) он, чун марксизм, натсионализм, атеизм, ратсионализм ва ғ. дар назар дорад. Дар ин ҳол дар бораи дуняви созӣ ҳамчун дар бораи «диндории суррогатӣ» сухан рондан мумкин аст. Аммо масъалаи «дини суррогатӣ яке аз шаклҳои дин аст ё ба вай ҳеҷ муносибате надорад», то ҳол ҷавоби сареҳ наёфтааст.

  Тибқи навъи панҷуми таълимот дунявисозӣ–ин раванди «қудсиятзудоӣ»-иоламаст. Олами муосир хусусияти динӣ, қудсии худро гумм менамояд, зеро инсон ва олам оқилона тавассути сабабҳои табиӣ, на ғайритабиӣ шарҳ меёбад. Ва ахиран навъи шашуми таълимот дунявисозиро ҳамчун ҳаракат аз ҷомеаи «муқаддас» баҷомеаи «дунявӣ» муайян менамояд. Намояндаи асосии он Г.Беккер ба ҳисоб меравад, ки тағйиротро дар соҳаи мазкур на дар сатҳи дин, балки дар сатҳи тамоми ҷомеа мушоҳида менамояд. Дар ҷомеаи «муқаддас» муқовимат ба навовариҳои фарҳангӣ зиёд ба чашм расида ҳамкории сермаҳсул байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида намерасад. Инчунин низоми ғайришаффофи арзишҳо ҳифз мегардад. Барои ҷомеаи дунявӣ бошад, баръакс омодагӣ ва қобилия тбарои тағйирот, шаффофии низоми арзишҳо хос мебошад. Дар он навоварӣ истиқбол гирифта мешавад. Қобили зикр аст, ки тибқи андешаи Е.Д. Руткевич навъҳои панҷум ва шашумро муттаҳид намуда, онро дунявисозии фарҳанг номидан мумкин аст [4, 351]. Дунявисозии фарҳанг маънои камгардидани таъсир ва мундариҷаи диниро дар фалсафаву адабиёт ва илму санъат ифода менамояд. Ғайр аз дуняви созии ҷомеаву фарҳанг боз дунявисозии шуур вуҷуд дорад, ки тибқи он ҳарчӣ бештари одамон баҳаёти худ ва ба олам бидуни шарҳу тавзеҳоти динӣ назар меандозанд.

  Аммо бояд таъкид намуд, ки бунёди чунин навъи ҷомеа кори саҳлу осон нест. Вай пеш аз ҳама муборизаи шадиду бардавомро бо нерӯҳои кӯҳнапарасту қафомонда ва бемаърифати ҷомеа тақозо менамояд. Зеро дар ҷомеа қишрҳое вуҷуд доранд, ки ба сифати маҳдудии илмӣ ва маънавии хеш арзишҳои навро бегона ҳисобида, бар зидди онҳо муқобилат нишон медиҳанд. Ҳамзамон боз қишрҳое вуҷуд доранд, ки дар сохтору низом ва арзишҳои кӯҳна манфиатҳои зиёди дунявӣ доранд. Аз ин рӯ, ғояҳои пешрафт, тағйирот, рушд, ҷойгоҳи муносиб ёфтан дар байни халқияту миллатҳои мухталиф, ифтихори миллӣ ба онҳо бегона буда, сукути ҳаёти модӣ ва маънавии хешро (ҳолати онҳоро танбалӣ, бесалоҳиятӣ, корношоямӣ номидан дақиқтар аст) аз ҳама гуна тағйирот авло мешуморанд. Нақш ва мақоми барҷаста ва муайянкунандаи қишрҳои мазкур дар кишварҳои исломӣ, махсусан дар таърихи тоинқилобии миллати мо омили асосии дар корвони ҳаёт лангар партофтани миллат буд.

  Ин ҷо суоли мубраме, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирад, ҳамин аст, ки ҷомеаи мутамаддин чӣ тавр бунёд мегардад? Он худ ба худ пайдо мешавад, ё барои тавлиди он нерӯҳои асосӣ ва пешқадами ҷомеаро сафарбар бояд кард? Дар ин самт ба кадом навъи тафаккур, ки унсури масъул дар интихоби роҳи ҳаёт аст, бояд такя намуд: ба тафаккури эътиқодӣ, ки агар Худо хоҳад, ҷомеаи мутамаддин худ ба худ пайдо мешавад, ё ба тафаккури илмие, ки хосияти он эҷодкорию созандагӣ буда, маҳсули он улуми дунявисту маҳз он улум ҳам офарандаи технологияи пешрафта ва ҳам таъминкунандаи сатҳи баланди накӯаҳволии мардум баҳисоб мераванд? Чуноне ки таҳлилу омӯзиши ҷомеаҳои мутамаддини муосир собит менамоянд, дар бунёди чунин ҷомеа нақши асосӣба чунин унсури фарҳанги маънавӣ-илм, ки шакли мавҷудияти он тафаккури илмӣ- эҷодист, дар муқобили тафаккури эътиқодии шах шудамонда, ки дар бораи он баъдтар сухан хоҳем ронд, тааллуқ дорад. Воқеан ҳам бидуни тардид тамоми унсурҳои фарҳангии чи модӣ ва чи маънавӣ маҳсули тафаккури илмӣ-эҷодии пайваста ва рушд намоянда мебошанд. Аз ин нигоҳ замина ва омили асосии пешрафти ҷомеа ва бунёди ҷомеаи мутамаддин маҳз имкониятҳои васеи татбиқшавӣ ва қудрати бемисли маҳз тафаккури илмӣ -эҷодии пайваста ва рушднамоянда ба ҳисоб меравад. Чунин шакли тафаккур хосияти зотии мағзи сари ҳама гуна инсон аст, ки ҳеҷ гоҳ бо дарёфта қаноат накарда, балки доимо дар ҷустуҷӯ ва ковиш аст.

  Дар муқобили тафаккури мазкур, чуноне ки аллакай зикр гардид, боз тафаккури эътиқодӣ низ, ки маншаъ ва шакли ҳастии он дин ба ҳисоб меравад, вуҷуд дорад. Моҳияти зиддилмӣ ва зиддиақлонии тафаккури эътиқодӣ аз таълимот ва ҷаҳонбинии Абдулкарими Шаҳристонӣ бисёр ҷолиб, равшан ва барҷаста хулоса мегардад. «Бидон, аввал шубҳае, ки дар халқ зоҳир шуд, аз Иблис буд ба ҷиҳати истиқлоли ӯ дар раъйи худ дар муқобалаи нас (илоҳӣ, ки каломи Худост) ва ихтиёр кардани ӯ ҳавои нафси худ бар ризои Ҳақ Таъоло ва беҳтар пиндоштани моддаи хилқати хешро, ки оташ аст, бар моддаи офариниши Одам, ки гил буд.

  Ва аз ин гумроҳӣ ӯро ҳафт шубҳа пайдо шуд ва дар дигар халқ сироят кард ва дар зеҳнҳои мардум даромад то он ки аз он шубуҳот мазҳабҳои бидъат ва гумроҳӣ падид омад (ва раъйҳои ҷаҳолат ва вубол мутаваллид гашт ва дар аснои мунозара ва радду бадал, ки миёни Иблис ва малоика воқеъ шуд, баъд аз амри Ҳақ, ки ӯро ба саҷдаи Одам – алайҳи салом – фармуд ва сарбузургӣ намуда ва ба ҷо наёвард, ин шубуҳот овард)»[5, 29]. Ва баъд аз эътирофи бузургии Худо Иблис ба малоика арз медорад, ки пас аз офариниш ҳафт шубҳа домангири фикри ӯ шудааст. Ин ҷо Шаҳристонӣ он ҳафт шубҳаро паиҳам зикр месозад, ки аввалини он чунин аст: Чун Ҳақ Таъоло пеш аз офариниши ман ба илми қадим доно буд, ки аз ман чӣ чизҳо содир шавад, аввалан чаро маро офарид ва дар хилқати ман чӣ ҳикмат буд [5, 29]? Ин ҷо мо таъкид кардан мехоҳем, ки мақсад аз овардани иқтибоси мазкур на дастгирӣ ё танқиди Шаҳристонӣ асту на пуштибонӣ аз Иблис ва ё лаънат хондан бар он. Балки ҳадафи мо манзури хонанда сохтани чунин падида аст, ки фаъолияти озоди ақл, ки сарчашмаи тафаккури илмию дарёфти ҳақиқат буда, барои ӯ табиатан ҷустуҷӯю ковиш ва пурсишу талош хос аст, бо нас (гуфтаи кутуби муқаддас), новобаста ба он ки вай дар кадом аср ваҳй гардидааст, боздошта мешавад. Аз нигоҳи динӣ ҳукми кутуби муқаддас, хоҳ зодаи асри VI пеш аз мелод бошад, хоҳ асри I мелодӣ, хоҳ асри VII ҳукму фаъолияти ақлро абадан бояд дар тобеияти худ нигаҳ дорад, яъне ақл ҳеҷ гоҳ ҳақ надорад, ки дар доираи масоили ба табиати дин ва аҳкоми кутуби муқаддас номувофиқ андешаронӣ намояд.

  Қобили зикр аст, ки Шаҳристонӣ сарчашмаи пайдоиши шубҳаро дар олами ислом низ зикр сохтааст, ки он ҳам аз рӯи табиати худ ба шубҳаи аввал монандӣ дорад. Тибқи ривоят Хувайсираи Тамимӣ ба Паёмбар мегӯяд, ки адл кун, эй Муҳаммад, ки дар ин қисмат ту адолат намеварзӣ. Паёмбар посух медиҳад, ки агар ман адолат намекунам, пас одил кист? Хувайсира сухани худро такрор намуда, мегӯяд, ки дар ин қисмат ҷониби Худоро манзур намедорӣ. Ин ҷавоби ӯ, аз тарафи Шаҳристонӣ, эътироз ва хуруҷ ба паёмбар арзёбӣ мегардад. Тибқиандешаиӯ, вақте бо эътироз кардани шахс бар Имоми барҳақ шахс хориҷӣ маҳсуб мегардад, пас касе ки бар расули худо эътироз кунад, аз роҳи рост ва қавли Худо баргашта маҳсуб мешавад [5, 33]. Бояд гуфт, ки бо овардани ривояти мазкур низ мо мехоҳем ба як масъала таваҷҷуҳ намоем, ки баҳогузорӣ ба фаъолияти иҷтимоии шахсияти муътабари динӣ, бидуни он ки дурустӣ ё нодурустии он мавриди таваҷҷуҳ қароргирад, аз ҷониби донишманди дин барои шахс ба таври тақдирсоз ҳаллу фасл гардидааст. Мисоли оварда низ мунҳасир гардидани фаъолияти ақлро дар доираи фазои динӣ ва пойбанди доимӣ буданро ба тафаккури эътиқодӣ бори дигар собит месозад.

  Ин ҷо бори дигар ёдовар мешавем, ки агарчанде барои тафаккури эътиқодӣ низ қисман хусусияти эҷодӣ хос аст, лек дар умум вай сарбаста буда, доимӣ нест. Вобаста ба ин масъала мавриди таваҷҷуҳи ҳомиёни дин сохтанием, ки дар асрҳои миёна агар чанде тафаккури эътиқодӣ дар шахсияти Ибни Куллоб, Ашъарӣ, аҳли муътазилаю баъзеравияхои фалсафӣ бо такя ба аҳкоми ақл камее рушд намуда буд, лек дар умум он рушд пайвастаю доимӣ набуд, зеро аз як тараф, мутуни муқаддаси динӣ ба вай имконияти парвози озодро намедод, аз тарафи дигар, вай ба муқобилати сахти соҳибони тафаккури эътиқодии анъанавӣ дучор мегардид. Таърих гувоҳаст, ки чӣ тавриддае аз соҳибони тафаккури эътиқодӣ барои кӯшишҳои хеш баҳри рӯоварӣ ба тафаккури илмӣ –эҷодии озод доир ба масоили ҳам аҳамияти илмӣ ва ҳам хусусияти ҷаҳонбинӣ дошта ба таҳқиру куштор дучор шуда буданд. Ин ҷотаҳқиру таъқиб ва фишор дар Шарқ нисбат ба Синою Розию Берунӣ ва дар Ғарб нисбат ба Ҷ. Бруно, Г.Галией ва Н.Коперникро метавон ҳамчун намунаи барҷаста ёдовар шуд.

  Ҳамзамон мавриди таваҷҷуҳ бояд қарор дод, ки аксари осори маънавии донишмандони дин на танҳо дар ҳаёти модӣ ба таври амалӣ татбиқ нашудаанд, балки бо мафҳумҳои «било кайфа» ё «бидъат» сарбаста гардидаанд. Ҳамин тавр, тамоми нерӯҳои зеҳнии ҷомеаҳое, ки дар онҳо мақомвануфузидинқавӣаст, ба сабаби фавқуззикр мубталои бемории фалаҷ гардида, аз имконияти рушд маҳрум гардидаанд. Ҳолати мазкури чунин ҷомеаҳоро ба киштиҳои баҳрҳое бояд шабеҳ донист, ки ба сабаби набудани об аз ночорӣ ба таври доимӣ лангар партофтаанд.

  Аз ин рӯ, чунин тарзи тафаккур, яъне тафаккури эътиқодӣ барои ҷомеаҳое хос мебошад, ки дар онҳо дин мақом ва нуфузи зиёд дорад. Яъне, дин бо ҳар роҳе набошад, монеаи рушди тафаккури илмӣ -эҷодист, ки ин аз зоти худи дин бармеояд, чуноне ки ҳам аз иқтибоси аз Шаҳристонӣ овардашудава ҳам таърихи рушди фарҳанги олами ислом ва ҳам олами масеҳӣ ба таври бе баҳс собит мегардад.

 Барои мутмаин гардонидани хонанда ба ҳақиқати андешаи мазкур ва беғаразонаю воқеъбинона баён намудани мавқеи хеш зарур мешуморем, ки инчунин таърифи илмии дин аз тарафи ду шахсияти бузурги афкори фалсафии башарият – Гегел ва Эрих Фромм мавриди таваҷҷуҳ ва шарҳу эзоҳ қарор гирад. Тибқи назари Гегел «дин ҳамон соҳаи шуури мост, ки дар он тамоми муаммоҳои бунёди олам ҳалли худро ёфтаанд, тамоми ихтилофҳои андешаи амиқ бартараф шудаанд, тамоми дардҳои эҳсосотхомӯш гаштаанд. Вайсоҳаи оромии абадӣ, ҳақиқати абадӣ ва сулҳи абадист» [2, 205]. Агарчанде ин таъриф аз тарафи бузургтарин намояндаи равияи идеализми объективӣ дар фалсафа баён шудааст, вай ба ғайр аз шомил будан ба хусусияти баланди воқеъбинона ва ҳақиқатнигорона будани хеш боз шомили сифати моддагароёна аст. Ин нуқтаи назар бо он асоснок мегардад, ки мутафаккир дар таърифи мазкур динро хоси шуури инсонӣ ҳисобида, мантиқан ба он ишора намудааст, ки мавҷудияти вай берун аз шуури инсонӣ истисност. Бардошти дигар аз ин андеша чунин хоҳад буд, ки сатҳи пешрафту рушди дину масоили марбут ба дин ба сатҳи шуур сахт вобастагӣ дорад. Қисмати дигари таърифи мазкури Гегел ба он ишора менамояд, ки дар дин тамоми муаммоҳои олам ба якборагӣ ҳалли худро ёфтаанд. Яъне, бунёди ин олам бо тамоми тағйиротҳои гузаштаю имрӯза ва ояндаи хеш бо иродаи Худованд ҳамчун унсури асосӣ ва ҳатмии ҳама гуна дин сурат мегираду ҳама гуна муаммо бо ҷавоби «кори Худо» ҳал мешавад. Аз ин нуқтаи назар гӯё пешрафту рушд ва саодатмандии аксари мардуми ғайримусулмони Чину Ҷопон ва Аврупою Амрико ва қафомонию карахтӣ ва бадбахтии аксари мардуми мусалмони иддае аз кишварҳои исломӣ низ бо ирода ва хости Худованд сурат мегирад. Яъне, чунин хусусияти асосӣ ва зотии дин тафаккури эътиқодиро ба пайравони хеш таҳмил намуда, пеши роҳи ҳама гуна рушду пешрафтро бо садди ногусастанӣ мебандад. Ин ҷо хонандаи муҳтарам имкон дорад тасаввур намояд, ки чӣ тавр бо чунин тарзи тафаккур унсурҳои асосии фарҳанги модии дар боло зикршударо ҳамчун нишонаи асосии ҷомеаи мутамаддин офаридан мумкин аст. Оё мо имрӯз ба атрофи хеш назар андохта, чизеро аз маҳсули тафаккури эътиқодӣ ёфта метавонем?

  Дар қисмати дигари таърифи мутафаккир ишора шудааст, ки дар дин тамоми ихтилофҳои афкори амиқ бартараф шудаанд. Аслан афкори амиқ хоси илм аст, на дин чуноне ки пайхас карда мешавад. Яъне, илм ихтилофҳои падидомадаро омӯхта, бартараф намуда, ҳақиқати илмиро дармеёбад. Дин бошад, мавҷудияти тамоми ихтилофҳоро марбут ба иродаи Худо дониста, зарурати омӯзиш ва дарёфти роҳи ҳалли онҳоро як амри зиёдатӣ ва нолозим ба қалам медиҳад. Ифодаи «дар дин дарди тамоми эҳсосот хомӯш мегардад» аз ҷиҳати маънӣ маонии пешинаро мукаммал месозад. Яъне, марбутият ва мансубият ба иродаи Худо дар дин бояд дар чунин сатҳе бошад, ки тамоми эҳсосоту вокуниш ба тағйиротҳои иҷтимоӣ, табиӣ куллан бояд хомӯш бошанд. Ахиран Гегел динро соҳаи оромии абадӣ, ҳақиқати абадӣ ва сулҳи абадӣ номидааст. Дар динҳои комил воқеан ҳам ҳамин тавр ҳам ҳаст. Зеро ҳақиқат ва низоми абадӣ яку якбора дар фармуда ва таъиноти Худо муайян гардидааст. Шахсе, ки дар ӯ дини комил ҳаст, барои вайрон намудани табу, ё ин ё он таъиноти Худо баъзан мубталои марг мегардад. Аз ин нуқтаи назар, ба андешаи мо дини комил танҳо дар динҳои ибтидоӣ ё табиӣ ба мушоҳида мерасад, баръакси мавқеи Гегел, ки ба сабаби ҳоло аз табиат ҷудо нашудани рӯҳ онҳоро динҳои нокомил ном мебарад. Мо бошад дар ин номгузории хеш маҳз муносибати диндорро ба объекти эътиқод дар муайян намудани дин асосӣ шуморида, онро ба асос гирифтем. Ба андешаи мо мутаносибан бо мавқею нуфузи зиёдтар пайдо намудани ақл дар ҳаёти шахс дини комил тадриҷан ноқис шудан мегирад. Зеро ақл танҳо зимни ночорию нотавонӣ ва заъфи хеш ҳаводиси табиию иҷтимоиро тобеи иродаи Худо меҳисобад ва ҳангоми нерӯ гирифтанаш мавқеи худро тағйир дода, сарчашмаи онҳоро меҷӯяд. Аз нигоҳи ин ҷониб дину диндории на танҳо мардуми асри XX, балки дину диндории инсони се ҳазораи ахирро бояд дини ноқис номид. Зеро аллакай аз ҳамон давр дар ҳаёти инсон ба таври умум ақл ва маҳсули он – илм аз худ дарак додан мегирад. Вобаста ба ин масъала таъкид намудани мавқеи таҳқиқгари динҳои африкоӣ Шарлде Бросс хеле ба маврид мебошад. Ӯ нуқтаи назари донишманди шинохтаи асри якуми Рим – Тситсер онро дар хусуси он, ки мисриҳо дари мони хеш ба Худо будани ҳайвонот нисбат ба римиҳо ҳатто зимни ба маъбади муқаддас дар омадани эшон бештар устувортаранд, тасдиқ месозад [1, 106]. Бинобар ин, мақом ва нақши ақл ва маҳсули он – илм дар ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии шахс ба чӣ андозае бештар гардад, ба ҳамон андоза дини ӯ бояд ноқис ҳисобида шавад. Дар робита ба ин андешаҳо таъкид намуданием, ки имрӯз аз тарафи баъзе пешвоёни дини ислом коркард ва мавриди истифода қарор додани мафҳуми «имони комил»- у «имони заиф» мардум фиребие беш нест, зеро дар диндории худи эшон заъфро ба миқдори мавҷҳои уқёнуси Ором дарёфтан мумкин аст.

  Эрих Фромм бошад, динро ба таври зер таъриф медиҳад: «Дин – ин ба сифати идоракунандаи тақдир аз тарафи инсон эътироф шудани мавҷудияти ким-кадом нерӯи олии диданашавандаест, ки фармонбардорӣ, парастиш ва ибодатро тақозо менамояд» [6, 48]. Агар ба таърифи Э.Фромм бодиққат таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки вай то андозае ба таърифи Гегель шабоҳат дорад. Яъне, дар таърифи мазкур аз тарафи инсон эътироф гардидани мавҷудияти ким-кадом нерӯе таъкид мегардад, ки тақдири ӯро идора намуда, ҳамзамон аз ӯ фармонбардорӣ ва ибодату парастишро тақозо менамояд. Аз нигоҳи мо таърифи мазкур чун таърифи Гегел ба кушодани моҳияти ҳама гуна дин созгор мебошад. Тибқи ин таъриф низ тақдири инсон дар дасти ӯ нест. Яъне, инсон аз тафаккуриилмӣ- эҷодӣ маҳрум буда, тафаккури эътиқодиро чун роҳу усули ягонаи пешбурди зиндагӣ бояд қабул намояд. Аз нигоҳи мо танҳо диндории шахсе, ки ба таърифи мазкур пурра мувофиқат менамояд, дини комил ба ҳисоб меравад. Ва ҳар замоне, ки тақдири хешро соҳибӣ намуда, онро ба ҳукми ақл тобеъ месозад, дини ӯ нуқс пайдо кардан мегирад. Аз нигоҳи ин таъриф низ дини комил танҳо хоси ҷомеаи ибтидоӣ буда, бо пешрафти ҳаматарафаи ҷомеа, ки маҳсули фаъолияти дин маҳдуд созандаи ақл аст, ноқис шудан мегирад.

  Бояд гуфт, ки таърифи Шаҳристонӣ низ азрӯи моҳияти худ аз таърифҳои донишмандони аврупоӣ кам фарқ менамояд: «Дин, менависад ӯ, иборат аст аз итоат ва таслим аст–яъне фармонбардорӣ кардан ва гардан ниҳодан ба Ҳукми Худо» [5, 58].

  Хулоса, мавқеи мо дар хусуси он ки динҳои имрӯза аз рӯи моҳияти худ дар умум ноқисанд ва бо пешрафти илму тавсиа ёфтани раванди дунявият ноқистар шуда, мавқеъ ва аҳамияти иҷтимоии худро тадриҷан аз даст додан мегиранд, бо маълумоти рӯҳонии Амрико Р.Ролҳейзер дар хусуси холишавии калисо дар зери таъсири раванди дунявишавии ҷомеа, баҳогузории муҳаққиқи рус О.Ф. Лобазова дар хусуси моҳияти диндории имрӯза, ки онро маҳсули шуури наздикбадин номидааст ва анвои дунявият, ки олими амрикоӣ Л. Шайнер пешниҳод намудаасту дар мамолики мутараққӣ пурра ва дар мамолики рӯ ба тараққӣ қисман ба зуҳур мерасанд, аз ҷиҳати назариявӣ таъйид меёбанд. Фарқият дар андешаҳои мо танҳо дар он ифода меёбад, кимо диндории имрӯзаро бо диндории ҷамоаи ибтидоӣ муқоиса намудему муҳаққиқони номбурда бо динҳои анъанавии ҷаҳонӣ. Ин ҷо бояд таъкид намуд, ки дар мавқеъгирии хеш нисбат ба дини масеҳӣ мо нуқтаи назари Тситсеронро ва нисбат ба дини ислом тақсимшавии ҷамоаи муслиминро аз худи оғоз ба равияҳои суннӣ ва шиа маҳз ба хотири аҳдофи дунявӣ, яъне қудрати сиёсӣ ва зуҳури васеъ ва ҳамагонии дунёпарастиро дар диндории пеш аз ҳама пешвоёни дин ба инобат гирифтем.

Ҳамин тавр, дар робита ба вазъи динии имрӯзаи ҷаҳон, яъне:

- густариш ёфтани тарз ва принсипҳои ҳаёти дунявӣ ва тадриҷан холӣ шудани калисоҳо дар кишварҳои мутамаддини Аврупо ва Амрико;

- зиёд шудани аъмоли ваҳшиёна, аз ҷумла таркишу куштор дар роҳи «ҳифз»-и арзишҳои исломӣ дар иддае аз кишварҳои мусулмоннишин;

- ҳукми анъана ва одатро касб намудани аъмоли зиддиисломӣ ва зиддиахлоқии иддае (эҳтимол аксари) пешвоёни дин дар аксари мамолики исломӣ; инчунин бо дарназардошти анвои дунявият, ки сотсиологи амрикоӣ Л.Шайнер пешниҳод намудааст, зарур аст, ки дар ҷомеаҳои рӯ ба тараққӣ иқдомоти зерин амалӣ карда шаванд:

а) рушди илми диншиносӣ, афзалият бахшидан бештар ба самти сотсиологияи дин ва равоншиносии дин;

б) муайян сохтани сатҳи таъсири принсипи дунявият дар ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии одамон;

в) муайян сохтани сатҳи диндорӣ (религиозность)-и мардум тавассути истифодаи усулҳои сотсиологияи дин ва равоншиносии дин.

  Мо мутмаинем, ки татбиқи иқдомоти мазкур, хусусан ду иқдоми ахир собит месозанд, ки дар зери инқилоби илмӣ-техникии садаи охир, тавсиа ёфтани фарҳангу тамаддуни мамолики пешрафта, густариш ёфтани принсипи дунявият дар ҳаёти инфиродӣ ва ҷамъиятии одамон мақоми дину сатҳи диндории одамон дар ҷомеаҳои рӯ ба тараққӣ рӯ ба таназзул ва инқироз овардааст. Зеро бартарият ёфтани арзишҳои «индунёӣ» бар арзишҳои «ондунёӣ» дар аъмолу афкори аҳли ҷомеа, хусусан пешвоёни дин имрӯз ҳар чӣ бештару барҷастатар ба чашм мерасад. Бинобар ин, ҳама гуна кӯшишу талоши абарқудратҳо барои ҳифзи арзишҳои динӣ дар мамолики рӯ ба тараққӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи дин ва ғ. танҳо барои гирифтани пеши роҳи рушд дар ин кишварҳо ва бо истифода аз дин амалӣ сохтани аҳдофи муғризонаи геополитикии эшон нигаронида шудаанд.

 Абдулҳаев Каромат

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №4 (244)

Адабиёт

1 Бросс Шарл де.О фетишизме / Б. Шарл де. -М, : «Мысль», 1973. – 207с.

2 Гегел Г. В. Ф. Философия религии / Г. В. Ф.Гегел. Том.1.М.: «Мысль», 1975. - 532с.

3 Лобазова О.Ф. Религиоведение (Учебник) / О.Ф. Лобазова.- М.: Дашков и К. 2013. – 488с.

4 Руткевич Е. Д. Западная социология о перспективе религии/Е.Д. Руткевич// Религия в самосознании народа (Религиозный фактор в идентификационных процессах) М.: Институт социологии РАН, 2008. – 415с.

5 Тавзеҳи милал. Таҳрири нав ва тарҷимаи Мустафо Холиқдод Ҳошимӣ, Ҷилди аввал. Теҳрон, 1373.-418 с.

6 Фромм Эрих. Психоанализ и религия / Э.Фромм.-М.: 2010.-363 с.

7 Rolheiser Ronald. Secularity and the Gospel. New York. The CrossroadPeblishing Company. 2006. – 237с.

8 Why Do the Churche Become Empty? While New Age Grows? // Secularization and religious change in the Nitherlands/ Ed. By D. Houtmann, P. Machini, M. Gels. Rotterdam: Erasmus University, 2001.-216 с.

Хондан 6641 маротиба

Китобҳо