JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 26 Марти 2021 03:24

Хушбоварие, ки моро душмани ҳамешагист

Муаллиф: И. Шарифзода

  Дар ҷомеае, ки он ҷо хаёл бар андеша ва бовар бар илму таҷриба бартарӣ дорад, аксари мардумон побанди суннатҳо ва арзишҳои бофтаю сохтаи зеҳнианд. Ҳамин аст, ки нодонию хурофот бо ҳам тавъам амал мекунанд ва яке дигареро пурра мегардонад. Он ҷо ки барои собит кардани ин ё он ҳодисаю воқеа вақт ва заҳмат талаб мекунад, аксар аз инсонҳо худро ба боварҳо таскин медиҳанд ва барои дарёфти ин ё он ҳақиқат ба тарзи илмӣ аслан кушише ба харҷ намедиҳанд.

  Мусаллам аст, ки ҳар қадар дар ҷомеа донишҳои илмӣ камтар бошанд, ҳамон қадар тасаввурпардозӣ, хаёлгароӣ ва оқибмондагӣ ба назар мерасад. Ҳар қадар огоҳӣ ва фаъолиятҳои фикрию ақлонӣ дар ҷомеа камтар сурат гиранд ё мутавақиф гарданд, ҷомеа дучори бозмондагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ гирифтор шуда, ба вартаи дармондагӣ меафтад. Дар чунин навъи ҷомеа тасаввурот, боварҳо ва гумону шугунҳо ҷойгоҳи вижаро дар ин навъи ҷомеа ишғол мекунанд ва мардум ҷиҳати донистани омилу сабабҳои ин ё он падида кушише ба харҷ намедиҳанд.

  Дар чунин навъи ҷомеа гурӯҳҳои муаяйне аз роҳи хурофаандешию хурофапардозӣ ба мардум дукони хурофафурӯшӣ боз мекунанд ва ононро мувоҷеҳ ба сардаргумиву бебандуборӣ оварда мерасонад. Ин гурӯҳ дӯкондорони бовару хурофа тамоми зеҳнияти ҷомеаи аз илм оқибмондаро пурра зери таъсир мегиранд ва бо ин роҳ тамоми мардумро зери фишори боварҳои хеш қарор медиҳанд.

  Ҷомеаҳои суннатӣ маҳз бо такя намудан ба бовармандиву таваккулзадагӣ тамоми умури сиёсию иҷтимоии хешро ба роҳ мемонанд. Дӯкондорони бовару хурофа бо пахш кардани ин гуна дониш, ки гӯё тамоми воқеияти илимию дунявӣ тавассути донишҳои боварманд бароварда мешавад ва ҳеҷ як кашфиёте ё дастоварде нест, ки берун аз донишҳои боварманд бошад, мардумонро боз ҳам ба вопасгароӣ ва рукуди андеша гирифтор мекунад. Чунин навъи фазилатфурӯшӣ дар зеҳнияти як фарди ногооҳ чунин бовареро ба вуҷуд меорад, ки бо аз худ кардани ритуалҳо ва фармудаҳои динӣ тамоми дониш ва илм ҳосил мегардад.

  Воқеан, чунин навъи фаҳмиш боиси карахтӣ ва камҳавсалагии фард мешавад, ки дигар он кушиши чандоне барои омӯхтани илм анҷом намедиҳад.

  Аз тарафи дигар, шахси боварманд дар арзишҳои хурофӣ мақомаш бисёр боло ва бар пояи фароосмонӣ нишон дода мешавад.

  Аз ҷониби дигар, нақши ритуалҳои гуногуни бовармандӣ ниҳоятан мутлақ гардонида мешаванд. Масалан, на барои анҷом додани ин ё он амал кушишҳои бевосита чораандешиҳо тадбирҷӯиҳо, ки ҳама берун омада аз хираду дониш ва таҷрибаи инсонианд, балки роҳҳои ҳалли соддаи масоилро аз қабили дуо кардан ва ибодат кардан ба миён мегузоранд ва чунин роҳҳалҳои пешниҳод гардида мағзи пӯё ва андешаи солимро аз инсон салб мекунад. Афроде, ки мушкил дорад гумон меварзад бо ин роҳ мушкил ҳалли худро пайдо мекунад ва нафар дар шароите қарор мегирад, ки як навъ тарс ва ваҳм ӯро фаро гирифта, гумон меварзад, ки бо офаридгори ҷаҳониён дар гуфтугӯ аст ва ин вазъ бовари ӯро дучандон мегардонад, ки аз ин роҳ мушкил зудтар ва осонтар ҳал мешавад.

  Бояд қайд кард, ки ин амалҳо барои фард метавонанд як оромиши зеҳниеро ба вуҷуд оваранд. Вале онон ҳеҷ гоҳ мушкилро то ба охир ҳал намекунанд.

  Аз тарафи дигар, эҳсоси танҳоӣ барои инсонҳо онҳоро маҷбур месозад як такягоҳе ба худ дошта бошанд. Ҳамин аст, ки боварҳо ба сарвақти инсон мерасанд ва бо сохтаву пардохтаҳои аз тасаввуру хаёл маншаъ гирифта, ин бепаноҳию танҳоиро ҷуброн месозад. Махсусан ҳамин гуна ҳолати танҳоӣ ва бепаноҳӣ сабаби он мегардад, ки гурӯҳҳои муайян бо бофтаҳои худ мардумони гирифтору бепаноҳро мутақоид намуда, озодии онҳоро салб мекунанд.

  Аз лиҳози равоншиносӣ, фард дар шароити танҳоиву бепаноҳӣ метавонад ҳатто ба душмани худ низ паноҳ бибарад. Инро гурӯҳҳои дукондори хурофа хулу хуб медонанд. Ҳамин аст, ки онҳо хешро ба ҳайси расидагӣ кардан ба ҳолати бепаноҳию дармондагӣ муаррифӣ мекунанд ва аз ин роҳ дар байни тудаҳои мардум маҳбубият пайдо мекунанд.

  Аз тарафи дигар, ин гурӯҳ ба мардум ҳарфҳоеро аз қабили дунёбезорӣ пушти по задан бардунё ва хоҳишҳои он худро нафарони порсо муаррифӣ менамоянд. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки дар чунин навъи ҷомеа илмгароӣ яъне манзур илмро ба ҳайси меҳвари асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа шинохтану дарёфтан ҷойгоҳи хешро аз даст медиҳад.

  Аз тарафи дигар, мардум дар ҳалли мушкилоти хеш на ба ақлгароӣ ва аз рӯи хирад тадбир ҷустану ҳал кардани мушкил мепардозанд, балки бо роҳи хаёлӣ ва анҷом додани кадом навъе аз ритуалҳо мехоҳанд ислоҳи вазъ намоянд ва мушкилро ҳал созанд, ки ҷуз сароб ва худфиребие чизе беш нахоҳад буд. Ин гуна ҷомеа мардумонаш соддабовар навгироиро қабул надоранд ва ба шинохти илмиву воқеии ҷаҳон бетафовутанд. Афроди ин ҷомеа дар пиндорҳои худашон он қадар таассуб доранд, ки гумон меварзанд ҳама амалҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд ҳақ ва дурустанд ва онҳо дар роҳи рост қарор дошта дигарон дар роҳи ботиланд. Онҳо тасаввур мекунанд, ки дар ҷойгоҳи офаридгор ва намояндагонаш бар рӯи замин нишастаанд. Онҳо ҳамаи аъмоли хубро бар боварҳояшон арза медоранд ва ҳама аз кирдорҳои бадро ба дигарон ва ба биниши ғайри дидгоҳи худ мансуб медонанд. Аз ин рӯ, чунон мубалиғони ин навъи тафаккур ба мардум худро ироа мекунанд, ки гӯё ҳеҷ гоҳе онҳо дорои камбӯд ва нуқсе нестанд. Ҳатто боре суол намегузоранд, ки бо ин ҳама ба гуфтаи худашон “росту поку муназзаҳ будан” чаро ин қадар дармондаву пеши по уфтода дар баробари пешрафтҳои чашмгири ҷаҳониёнанд. Ин гурӯҳҳо ҳамеша ба ҷои бо роҳи шинохти қонунмандии ҳаводиси табиию иҷтимоӣ созандагиву тарроҳӣ кардан ва офаринандагии фанноварии навин бештар ба мардум аз ҷодуву ҷодугарӣ қисса мезананд ва бештар афсона ва асотири муъҷизаосорро барои тудаҳои мардум пешниҳод месозанд.

 Муъҷизагарӣ ва ҷодугарӣ аз як тараф барои мутақоид сохтани тудаҳои мардум ва аз тарафи дигар ин ду мафҳум бевосита метавонанд дар зеҳнияти аксари табақоти ҷомеа таъсиргузор бошанд. Ҳатто нафарони донишгоҳхондаву гоҳо баландпояву мақомдоре низ ҳастанд, ки мехоҳанд бо роҳи ҷодугариву амалҳои ба он монанд назди дукондорони хурофа навбатпоӣ кунанд ва илоҷи ба дарозо мустаҳкам намудани мақоми хешро ҷӯянд.

  Ин гуна рафтор, баръакс, боиси кунд шудани зеҳнияти илмиву мантиқӣ мегардад ва афроди ин ҷомеа дарк кардан наметавонанд, ки асоси пешбурди ҷомеаашон ва саодаташон дар дониш ва шинохти илмии ҷаҳон аст. Аҷибтар аз ҳама он аст, ки ин нафарон аз технология ва дастовардҳои илмӣ истифода менамоянд, вале худро ҳамчун як инсони созанда як инсони бунёдкор, ки бояд тавониста бошад, мисли мардумоне, ки бо такя ба дониш чунин созандагиву бунёдкориро ба вуҷуд овардаанд, дарк намоянд ва ба онон ҳамқадам бошанд. Ҳамин аст, ки ҳатто бо истифодаи охирин навъи фанновариҳое, ки бо ақлу хиради инсон сохта шудаанд аз онҳо истифода менамоянд, вале худрову мафкураи худро ислоҳ намесозанд. Ин вазъият боиси он мегардад, ки ҳамеша ҷомеаҳои хурофазада бо ҳамон тарзи тафаккури кӯҳна боқӣ монанд ва бештар як навъ ҷомеаи истеъмолӣ бошанд, то ҷомеаи истеҳсолӣ ва пӯёву илммеҳвар. Онҳо ҳеҷ гоҳ қазоват намекунанд, ки мардумоне, ки дар кишварҳо ва ҷомеаҳои дигар ба чунин муваффақият ноил гардидаанд, онҳо аз роҳи донишҳои илмӣ, таҷриба ва шинохти дуруст расидаанд ва пеш аз ҳама ҳамаи ин фанновариҳо маҳсули зеҳни инсони хирадманданд. Ҳеҷ гоҳ қазоват намекунанд, ки онҳо ҳам бояд чунин навъи дониш ва фанновариро метавонанд аз худ кунанд, созанда бошанд ва дар пешрафти кишвари худ ва дар маҷмӯъ пешрафти тамаддуни башарӣ саҳмгузор бошанд.

  Решаи ҳамаи ин бадбахтиҳо аз он маншаъ мегирад, ки мубалиғини хурофот афроди ин навъ ҷомеаҳоро бештар ба дунёи дигар савқ медиҳанд ва онҳоро аз зиндагӣ бо дунёи воқеӣ ва кушиши як зиндагии шоиста, ки бо ақлу хиради худи инсон сохта мешавад, боз медоранд.

 

И. Шарифзода

устоди ДТТ,

номзади илмҳои фалсафа

http://www.imruz.tj/tj/articles/16625/ 

Хондан 2721 маротиба

Китобҳо