Асосан вожаи “худкушӣ” дар фарҳангҳои форсие чун Муин, Деҳхудо ва Амид ба сурати “худро ба василае куштан”, “интиҳор” ва “худкушӣ кардан” шарҳ шудааст. Мафҳуми “худкушӣ” дар фарҳанги муосир ба сурати “хотима додани амдӣ (барқасдона) ба зиндагӣ ба майли худ ва ба дасти худ” омада аст. Таърихи дақиқи нахустин мавриди истифода аз вожаи “худкушӣ” мушаххас нест. Вожаномаи англисии Оксфорд нахустин мавриди истифода аз ин вожаро бо василаи Волтер Чарлтон дар соли 1651-и мелодӣ дониста аст. Зоҳиран вожаи худкушӣ нахустин бор дар соли 1737-и мелодӣ тавассути Десфонтайн дар забони фаронсавӣ истифода шудааст. Баъдҳо дар соли 1762-и мелодӣ Академияи Улуми Фаронса ин истилоҳро пазируфта аст. Муҳаққиқ Исломинасаб худкуширо тарҷумаи муносибе барои ин вожа медонад, чаро, ки suicide аз ду вожаи лотинии sui ба маънои худ ва cide ба маънои куштан ташкил шудааст.
Эпикуриён-қадимтарин инсонгароёни илмӣ ва озодандеш буданд. Фалсафаи Эпикур ҳам моддӣ (материалистӣ), ҳам лаззатталабона ва ғайридинӣ буд ва аввалин фалсафае аз ин навъ буд, ки ба таври комилан ақлонӣ (ратсионалӣ) падидор гашт.
Аз миёни фалсафаҳои ҷадид дар даврони юнонимаобӣ (юнонпарастӣ), ду мактаби фавқулода муҳим ва таъсигузор буданд, ки иборатанд аз эпикуриён ва равоқиён. Равоқиёнро ба забонҳои урупоӣ стоикҳо мегӯянд. Равоқ айвони пеши хона аст ва ин файласуфҳо дар ин равоқ назди устоди худ фалсафа меомӯхтанд. Онҳо мегуфтанд: Ҷаҳон аз модда ва ақл сохта шуда, ки ин ҳар ду аз ҳақиқате воҳиданд. Хайри асосӣ тақво, парҳезгорӣ ва фазилат аст. Одамӣ бояд мувофиқи ақл ва табиат зиндагӣ кунад.
“Агар панди маро бипазиред камтар ба Суқрот ва бисёр бештар ба ҳақиқат меандешед” (Суқрот).
Суқрот яке аз файласуфони номдори Юнони бостон буд. Номи Суқрот ба забони юнонӣ чунин навишта мешавад: Σωκράτης. Талаффузи номи ӯ ба забони юнонӣ ингуна аст: /soˈkra:ti:s/. Суқрот файласуфи классики Юнон ва аз аҳли Афина буд. Ӯро яке аз бунёдгузорони фалсафаи Ғарб медонанд. Суқротро аввалин файласуфи ахлоқ дар Ғарб мешуморанд. Ӯ дар соли 470-и пеш аз мелод таваллуд шуда ва дар соли 399-и пеш аз мелод кушта шуд. Суқрот навиштае аз худ ба ҷо нагузошт. Ӯ аз тариқи нависандагони бостон ба монанди Антисфен, Аристип, Аристофан ва шогирдонаш ба монанди Афлотун ва Ксенофон ба ҷаҳон муаррифӣ шуд.
Яке аз муҳаққиқони барҷастаи илми ҷомеашиносӣ дар замони муосир Этнони Гидденс маҳсуб меёбад. Этнони Гидденс (англисӣ: Anthony Giddens) ҷомешиноси машҳури Британиёи Кабир 18 январи соли 1938 дар Эдмонтони Лондон ба дунё омада, падараш дар ширкати нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекард. Гидденс таълимоти ибтидоиро дар Эдмонтон гирифта, минбаъд таҳсилашро дар Донишгоҳи Хол идома дода, зинаи аввали маълумоти мактаби олиро хатм карда дараҷаи бакалавриятро дар соҳаи ҷомеашиносӣ ва психология (1959), соҳиб мегардад.