JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 07 Апрели 2020 03:42

Эпикур: хушбахтӣ, наҷот аз марг аст!

Муаллиф: Дидавар Бекзода
ЭПИКУР (341-370 қабл аз мелод) ЭПИКУР (341-370 қабл аз мелод)

  Эпикуриён-қадимтарин инсонгароёни илмӣ ва озодандеш буданд. Фалсафаи Эпикур ҳам моддӣ (материалистӣ), ҳам лаззатталабона ва ғайридинӣ буд ва аввалин фалсафае аз ин навъ буд, ки ба таври комилан ақлонӣ (ратсионалӣ) падидор гашт.

  Аз миёни фалсафаҳои ҷадид дар даврони юнонимаобӣ (юнонпарастӣ), ду мактаби фавқулода муҳим ва таъсигузор буданд, ки иборатанд аз эпикуриён ва равоқиён. Равоқиёнро ба забонҳои урупоӣ стоикҳо мегӯянд. Равоқ айвони пеши хона аст ва ин файласуфҳо дар ин равоқ назди устоди худ фалсафа меомӯхтанд. Онҳо мегуфтанд: Ҷаҳон аз модда ва ақл сохта шуда, ки ин ҳар ду аз ҳақиқате воҳиданд. Хайри асосӣ тақво, парҳезгорӣ ва фазилат аст. Одамӣ бояд мувофиқи ақл ва табиат зиндагӣ кунад.

  Мактаби эпикурӣ то ҳадди зиёде офаридаи як андешаманд буд ба номи Эпикур (341-370 қабл аз мелод). Ҳадафи аслии он, раҳоии инсонҳо аз тарс буд; На фақат тарс аз марг, балки тарс аз зиндагӣ. Дар замоне ки ҳар навъи зиндагии иҷтимоӣ ғайриқобили пешбинӣ ва бисёр хатарнок буд, фалсафаи эпикурӣ ба инсонҳо омӯзиш медод, то хушнудӣ ва ризояти хотирро дар зиндагии хусусии худ биҷӯянд. Яке аз шиорҳояшон ин буд: “Гумном зиндагӣ кун”. Ин дар тазод ва зиддияти комил буд бо ҳама ақоиди пешин, ки бар бузургӣ ва шуҳратталабӣ ё ҳатто тамоил ба доштани фазилатҳои комилан пазируфташудае ҳамчун ифтихор асос ёфта буданд. Аммо фалсафаи Эпикур то ҳадде ғайриодӣ ва фалсафае буд, ки ба таври комил ҷузъ ба ҷузъ баён мешуд ва файласуф мекӯшид, то ҳамаи ҷанбаҳои ҳастиро дар бар гирад ва ибтидо бо нигарише дар бораи илми шинохти ашё (физик) оғоз кард.

  Эпикур, қабл аз ҳар чиз, назарияи атомбоварӣ (атомизм)-и Демокритро пазируфт. Ӯ ақида дошт, ки ҳама он чи дар ин ҷаҳони моддӣ вуҷуд дорад, атомҳо ва фазои холӣ аст ва на ҳеҷ чизи дигар. Атом дар он замон зарраҳои хурдтарини ашёҳои моддиро меномиданд, ки дигар тақсим намешуданд. Чаро ки хеле хурд буданд. Аз ин ҷиҳат онҳоро тақсимнашаванда, яъне ба истилоҳи худи онҳо: атом-тақсимнашаванда меномиданд.

Демокрит (460-370 қабл аз мелод)- файласуфи Юнони бостон, асосгузори атомизм

   Аз онҷо, ки ғайримумкин аст, атомҳо аз ҳеҷ ба вуҷуд оянд ё ба ҳеҷ табдил шаванд, пас фанонопазир ва абадиянд. Бо ин вуҷуд, ҷунбиши онҳо ғайриқобили пешбинӣ аст ва ҳеҷ кадом аз таркиботе, ки ташкил медиҳанд, ҳаргиз пойдор намемонад. Ба ҳамин далел ашёи моддӣ, ки ҳамагӣ таркиботе аз атомҳо ҳастанд, бесубот ва зудгузаранд. Зиндагии онҳо ҳамеша такрори достони атомҳое аст, ки ба ҳам мепайванданд ва он гоҳ, ниҳоятан, дубора пароканда мешаванд. Кулли тағйир ва таҳаввул дар ҷаҳон ё аз ҳамин фароянди (протсеси) такроршавандаи бе поён ташкил шуда ё аз ашёе, ки бар асари  ин фароянд, шакл гирифта ва дар фазо дар ҳаракатанд.

Занон  ва ғуломон ҳам чун инсон ба ҳисоб меоянд

  Худи мо ҳам ашёе ҳастем, ки ҳамин тавр шакл гирифтаем. Маҷмуае аз атомҳои зариф ба ҳам пайвастаанд то ҷисму зеҳнеро дар як ҳастии воҳид шакл диҳанд, яъне як мавҷуди инсонӣ ки, ниҳоятан, таҷзия ва тақсим карданаш зарурӣ аст. Аммо набояд аз ин таҷзия ва нобудӣ тарсе дошт. Ин ҷараён ва фароянди таҷзияи мавҷуди  инсонӣ бад-ин маънӣ аст, ки вақте мемирем, он мавҷуде, ки мо ҳастем, дигар вуҷуд нахоҳад дошт ва бинобар ин, вақте марг меояд, мо дигар нестем; То вақте мо ҳастем, марге вуҷуд надорад ва вақте марг ҳаст, мо вуҷуд надорем. Бинобар ин, касе вуҷуд надорад то битавонад он ваҳшатҳоеро таҷриба кунад, ки баъзеҳо мегуянд, пас аз марг рух медиҳад. Эпикур мегӯяд: “Марг аз назари мо ҳеҷ аст ва маъное надорад”. Ва ҳар касе, ки ин ҳақиқатро воқеан ва дар аъмоқ ва саропои вуҷудаш дарк кунад, аз ваҳшати марг халос мешавад.

  Ва аммо дар мавриди худоён, Эпикур тартибе медиҳад то онҳоро аз саҳна канор бигзорад, бидуни он ки вуҷудашонро инкор кунад. (Зеро, ки чунин коре барояш хатарнок буд). Ва мегуяд худоён бисёр бисёр дур ҳастанд ва ба хотири мақоми олии худоияшон, ҳеҷ тамоиле ба дахолат дар ин ошуб ва изтироби доимии  умури инсонӣ надоранд. Бинобар ин, то ҷое, ки ба инсонҳо марбут мешавад, худоён коре ба кори мо одамон  надоранд. Пас дар иртибот бо худоён, “на умеде метавонем дошта бошем ва на тарсе”. Дар воқеъ, аз дидгоҳи инсонҳо, мешавад тасаввур кард, ки онҳо вуҷуд надоранд.

  Аз он ҷо ки сарнавишти мо инсонҳо чунин аст, пас бояд беҳтарин истифодаро аз ин имконе, ки барои зистан дорем, ба амал оварем. Ҳадафи мо бояд зиндагии хуб дар ҳамин дунё бошад ва ҳамчунин расидан ба саодат дар ҳамин зиндагии заминӣ. Барои расидан ба ин ҳадаф, бояд ҳеҷ коре ба кори зуроварӣ, ҷанг ва бесуботиҳои зиндагии иҷтимоӣ надошта бошем ва аз он канора гирем ва дар ҷамъиятҳои хосе, ки аз афроди ҳамфикр ташкил шудаанд, зиндагӣ кунем. Аз он ҷо, ки ҳам саломатии ҷисмонӣ ва ҳам ҳифзи равобити шахсии хуб ниёзманди миёнаравӣ дар ҳама умур аст, пас бояд дар бархурдорӣ аз лаззатҳо ҳам ҷониби эътидолро нигоҳ дорем, ҳарчанд ҳар амале, ки ба касе осебе нарасонад, ба худи худ, ҷоиз ва мумкин аст.

  Эпикуриён ҷомеаҳоеро бо чунин ҳадафҳое ташкил доданд, ки дохил шудан ба онҳо усулан барои ҳамагон озод буд ва аз ҷумла барои занон ва ғуломон, ки ҳамин сабаби душмании шадиди сокинони атроф нисбат ба онон шуд. Вақте масеҳият ба саҳна омад, махсусан худи эпикуриён ҳадафи хусумат ва душмании  масеҳиён қарор гирифтанд, зеро эпикуриҳо ақидаи ҷовидонагии дини масеҳро пас аз марг  қабул надоштанд ва ҳамчунин  вуҷуди  як худои хайри мутлақро низ инкор мекарданд ва зимнан арзишҳои дунявиро тарафдорӣ менамуданд.

Шоҳкори манзум

   Ончи имрӯза дар иртибот бо фалсафаи эпикурӣ шигифтангез ба назар мерасад, шабоҳати зиёд ва тақрибан ҷузъ ба ҷузъи он бо гуманизми илмӣ ва озодандешии қарни бистум аст. Фалсафаи эпикурӣ нахустин ривояти санҷида аз нигарише ба зиндагӣ буд, ки дар рузгори мо ба таври густурда ва васее ривоҷ ёфта аст. Машҳуртарин ва беҳтарин шарҳе, ки аз он дода шуда, манзумаи олиҷанобе  аст ба забони лотин, ки Лукретсий (95-52 қабл аз мелод) таҳти унвони “Дар бораи моҳияти ашё”, дар қарни аввали қабл аз мелод, суруда аст.

 

Тит Лукретсий Кар  (95-52 қабл аз мелод)

(лотинӣ: Titus Lucretius Carus)

шоир ва файласуфи Рим

   Ин манзума яке аз шоҳкорҳои адабиёти лотин ба шумор меравад ва ҳадафи он, ворид кардани фалсафаи эпикурӣ дар фарҳанги румӣ буд. Ба назар мерасад шоир, тақрибан навмедона, дар ҷустуҷуи растагорӣ аз тариқи ҳамон фалсафае буд, ки худ он қадар бо шуру иштиёқ пазируфта буд, зеро худи ӯ гоҳ-гоҳе дучори ваҳшатҳои ҷунун мешуд ва саранҷом худкушӣ кард ва мурд.

   Шояд чун усули ақоиди фалсафаи эпикурӣ, то ҳадди фавқулода зиёде, офаридаи як андешаманди воҳид буда, дар саросари таърихи тулониаш, ба таври ҳайратангез бидуни тағйир монда аст. Ин мактаби фалсафиро сарварони масеҳият дар асрҳои миёна, ба унвони зидди Масеҳ маҳкум карданд ва сипас, тақрибан ба куллӣ аз саҳна хориҷ шуд. Аммо дар асрҳои шонздаҳум ва ҳафтдаҳум дубора онро кашф карданд ва таъсири чашмгире бар марҳилаҳои оғозини илмҳои навин ва афкори инсонгароёна (гуманизм) дошта аст.

 

Таҳия ва таҳқиқи

Дидавар Бекзода

Сарчашмаҳо:

  1. В.В. Васильева, А.А.Кротова, Д.В. Бугая. История философии. Москва Академический Проект 2005. 645 с.
  2. Меггӣ Бриан  (Magge Bryan). Достони фалсафа. Тарҷума ба забони форсӣ. Тарҷумон: Монӣ Солеҳи Аллома. Теҳрон, Нашриёти Ома (Рангдон), 1388-2009. С.44-45. 240 с.
  3. Пиама Гайденко. История греческой философии в ее связи с наукой. М.: Пер СЭ; СПб.: Университетская книга 2000. 319 с.
  4. Пьер Адо. Что такое античная философия. Москва Издательства гуманитарной литературы 1999. 311 с.

 

Хондан 2107 маротиба

Китобҳо