Дар бораи бо «гипертактив»-ҳо дар хонавода ва мактаб чӣ гуна муносибат намудан ба забонҳои хориҷӣ китобу мақолаҳои зиёд навиштаанд. Аммо то ҳол дар Тоҷикистон ба ин масъала ба таври ҷиддӣ машғул нашудаанд. Аз ин лиҳоз чанд нуктаи муҳимро, ки равоншиносон ва духтурҳои хориҷӣ бар он ишорат намудаанд, бо мушоҳидаҳои худ, пешкаши хонандагон менамоем. Хурдсолоне ҳастанд, ки парешонхотир, серҳаракат, беқарор вале фаҳму фаросот доранд. Аз ҳаракатҳои беҷо, шӯхиҳои номуносиб, парешонхотирӣ, беҳуда гап задани онҳо падару модар, омӯзгорон, ҳамсояҳо ба онҳо баҳои паст медиҳанд. Сарзаниш менамоянд. Ҳатто «бемор», «девона», «беақл» мегӯянд. Аммо…