Дар замони муосир ҷаҳонро хатарҳои мухталифи табиӣ (тағйирёбии иқлим, вайроншавии қабати озонӣ, баландшавии оби уқёнуси ҷаҳонӣ, бо силоҳҳои ҳастаӣ муҷаҳҳазшавии кишварҳо, камшавии канданиҳои фоиданок, …) ва инсонӣ (амнияти озуқаворӣ, норасоии оби нўшокӣ, демографӣ, касалиҳои сирояткунанда, …) таҳдид менамоянд. Аммо мамолики абарқудрати минтақа ва ҷаҳон ба ин мушкилоти ҳалталаби башар нигоҳ накарда дар бештари манотиқи мухталифи олам ба сохтани ҳуввияти динӣ машғуланд. Ин амали онҳо дар ҳолест, ки аз замони пайдоиши нахустдинҳо - тотемизм, анимизм ва фетишизм - то ба имрўз беш аз 4000 адёни гуногун ба вуҷуд омада, боз барҳам…