Ҷонибдорони чунин ақида ба падидаҳои мусбии кишваре, ки ҷанги сангини дохилиро паси сар карда аз он бо сарбаландӣ баромадааст, мамлакатро дар масири тараққиёти устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузоштааст, бо доштани тӯлонитарину мушкилтарин марз бо Афғонистон ва дигар маҳдудиятҳои хатарнок амният ва сулҳу суботро дар қаламрави хеш таъмин намудааст, зиёд алоқамандӣ нишон намедиҳанд. Зеро эътирофи падидаҳои рушди устувори системавӣ- намунаи иқтидор, обрӯ ва потенсиали миллат аст. Бозигарони геополитикӣ мушкилоти мансуб ба рафторҳои хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афродро падидаи манфии зуҳуроти сирф миллӣ нишон доданӣ мешаванд.
Дар оламе, ки бунёдаш таърихан бар рақобати носолим асос ёфтааст, чунин муносибат байни давлатҳо боиси тааҷҷуб нест. Падидаи оддӣ, маъмулӣ ва дар доираи қонуниятҳои муносиботи байналмилалӣ мебошад. Инро доимо интизор бояд буд.
Яке аз сабабҳои аслии рӯйдод ва тағйироти сифатӣ дар самти кӯшиши инкори падидаҳои мусбии рушди устувори давлатҳои миллӣ, вазъи шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла шуури муқаррарии қишрҳои муайяни аҳолии он кишварҳо маҳсуб мегардад.
Аммо масъалаи кор бо шуур, сохтани ҷаҳонбинӣ, акнун аз доираи салоҳият ва вазифаи як давлат берун рафтааст. Агар пештар самти таъсиррасонӣ ба шуури инсонҳоро ҳамчун муборизаҳои идеологӣ, синфӣ, ҳизбии ду система тафсир мекарданд, ҳамакнун ин мубориза ба ҳадди ниҳоии худ расидааст. Хосияти тарғиби экстремистӣ – террористӣ гирифтааст. Давлатҳои мушаххас дар ин самт, бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд. Барои муваффақона роҳандозӣ кардани нақшаҳои муайян, рақибони геополитикӣ тарафҳо, структураҳо, дараҷаҳо, гуногунии типологӣ, соҳа, шакл, вазъият, раванди шаклгирии шуури муқаррариро ба инобат мегиранд. Дар самтгирии он бевосита ва бавосита таъсир мерасонанд. Ин амали онҳо, мутаассифона, тавре мушоҳида мегардад, дар ҳоли хозир пешрав ва барои аҳли башар фоҷеабор аст.
Сохтани «Давлати исломӣ», ҳодисаҳо дар атрофи Ироқ ва Сурия, ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиёти террористӣ, пурра ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудани толибон, ҳодисаҳои марбут ба дастаи террористии Х. Назарзода ҳамчун раванд ғайричашмдошт нестанд. Аъмоли охирин, натиҷаи кори навбатии мақсадноки душманони давлати миллӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар аст. Ин рӯйдодҳо ҷузъи оддии системаи нақшаҳои бозигарони геополитикӣ мебошанд. Ва иштироки фаъоли назарзодаҳо, кабириҳо дар ин ҷараён характери инструменталӣ, бозичагӣ, абзорӣ дорад. Қисмати бозии шоҳмоти геополитикӣ аст. Ҳатто дар хулосаи «Пажуҳишгоҳи байналхалқии сулҳ»-и Амрико чор сол қабл хотиррасон карда буданд: «гарчанде Тоҷикистон, мардумро сарҷамъ ва масъалаи сулҳу суботро дар қаламрави кишвар муваффақона ҳаллу фасл карда бошад ҳам, ба таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ мебошад. Чунин таҳдидҳо метавонанд ба ду қисмати муассир ҷудо шаванд – дохилӣ ва хориҷӣ» (Security аnd Development, Searching for Critical Connections, edited вy Tschirgi N. And others, Colorado, USA, 2011, p. 366). Поёнтар нуқтаи ҷолиб таъкид карда мешавад: «Ин ду таҳдид ба ҳамдигар дар алоқамандии зич қарор доранд» (Ҳамон ҷо).
Дар ин шароит, ҳушёрии миллӣ дар мадди аввал меистад.
Масъалаи асосии амнияти миллӣ – шуури худшиносии миллӣ, пойдевори он, шуури муқаррарӣ аст. Дар мусобиқа ва рақобати байни миллатҳо он муассиртарин омил мебошад. Мавзӯи баҳси ин мақола кӯшиши наздикшавӣ ба фаҳми шуури муқаррарӣ ва таъсири он ба амнияти ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад.
Воқеият ва инъикоси он дар шуури муқаррарӣ.
Рақобати байни миллатҳо маҳсули «корнамоиҳо»-и майнаи инсон нест. Рақобатҳо зуҳуротеанд, ки аз воқеияти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва вобаста ба онҳо манфиатҳо сарчашма мегиранд. Асоси моддӣ, заминӣ доранд. Майнаи инсон онро эҳсос мекунад, дарк менамояд, мавриди коркарди мақсадноки тафаккур қарор медиҳад. Дар асоси манфиатҳои реалӣ муносиботашро муайян месозад. Ҷараёни эҳсоси воқеият, дарк ва мавриди андеша, таҳлил, баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор додани он, фазо ва замон мехоҳад. Ҳодисаҳои 04.09 – и Тоҷикистон, фоҷеаҳои мансуб ба терроризми байналмилалӣ дар дигар нуқоти олам, нишонгари он аст, ки ҳастӣ ҳама вақт муайянкунандаи шуур нест. Муҳим он аст, ки ин ҳастиро: Кӣ? Чи тавр? Бо кадом роҳу воситаҳо? ба «омма» мерасонад. «Муайянкунӣ»-и шуур аз фард, сифати шуури миллӣ ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ, инчунин санъати кор бо чунин шуур, аз бозигарони геополитикӣ вобастагӣ дорад. Тафсир ва эътирофи «ҳақиқат» дар ин шакли муносибат характери субъективӣ мегирад, аз ҷумла мансуб ба худсарии инсон аст. Хиёнат нисбати сарзамини аҷдодӣ ба фоидаи аҷнабиён аз тарафи ашхоси маълуми сарватманди ҷомеаи мо ва шаҳрвандони ҷаҳони ғарб, ки аз ҷиҳати молӣ (ҳастии ҷамъиятӣ) дар пояи чандин маротиб зиёдтар аз қаноатмандӣ қарор доштанд, ниёз ба тадқиқ ва тафсири илмӣ дорад. Андешаҳо мавриди ташаккулёбии шуури инсон, махсусан ҷавонон, дар ин замина ба намоиш гузоштани рафтори иҷтимоии аъзои ҷомеа, ки дар ниҳояти кор муассир ба тақдири таърихии давлати миллӣ мебошад, талаботи аслии амалияи иҷтимоӣ аст. Боиси таассуф аст, ки дар таҳлил, баррасӣ ва баҳо додан ба рафторҳои иҷтимоӣ, ки гоҳо фоҷеабор ҳастанд, маҳз аз зуҳурот думболагирӣ карда мешавад. Чунин шакли муносибат – танҳо давидан аз паси зуҳурот, нарасидан ба сабаби аслӣ, умқ, умуман моҳияти масъала, фаъолияти сохторҳои марбутаро мунҷар ба нокомӣ мегардонад. Илмро зарур аст, пеш дарояд. Мардумро аз зоҳир то ба дарки решагии масъала барад. Системаи ташаккули ҷаҳонбинӣ, шуури гурӯҳҳои муайяни иҷтимоиро омӯзад, роҳи ислоҳи камбудро ошкор созад, маслиҳат бидиҳад: чӣ ва чи тавр бояд кард? Чунки «шуур, албатта, предмет (мавзӯъ, мушаххасот – С.Я.)-и худро дорад» (Гегель В.Ф., Философия духа, М., «Мысль», 1977, саҳ. 253). Мавҳум нест. Воқеият аст. Қувва ва имконоташ материалӣ мебошад. Фоҷеаҳои сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ, ки характери субъективӣ доранд ва маҳсули аъмоли худи инсони мақсаднок амалкунандаанд, нишонгари сохт ва муҳтавои шуури муқаррарии ҷамъиятӣ мебошанд. Аз нигоҳи умумӣ, фаҳмиши моҳияти шуур, аз ҷумла шуури муқаррарӣ, эҳтимол дорад, то андозае мушкил бошад. Аммо аз ин соддатар гуфтан мумкин нест, ки «дар рӯҳи инсон шуур бедор мегардад; шуур худро ҳамчун ақл, хирад тасаввур мекунад, мустақиман бедор мешавад, ки хешро монанд ба ақли донанда муаррифӣ намояд, тавассути рафтори хеш то дараҷаи воқеият худро озод кунад» (Ҳамон ҷо, саҳ. 38). Ба тарзи дигар, далели тасдиқи шуури муқаррарӣ дар амал, ҳаракат, кӯшиш, мақсадгузорӣ ва албатта нутқ, ҳамчун ҷузъи фаъолияти инсонҳо зуҳур меёбад. Аммо ягона меъёри баҳо додан ба сохт, муҳтаво ва сифати шуури муқаррарӣ, натиҷаи фаъолияти инсон, рафтори гурӯҳҳои иҷтимоӣ аст. Ба тарзи оддӣ, материализатсияи шуури муқаррарӣ, структура, вазифаҳо, сифат, мундариҷа ва самтгирии онро таҷриба тасдиқ мекунад. Хусусан дар сиёсат - шеваи фаъолияти инсон, ки муносибатро ба мақсад, вазифа ва фаъолияти давлат муайян месозад.
Структураи ҷаҳонбинии муқаррарӣ
Ҳангоми таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва хулосабарорӣ нисбати шуур, дар бораи ягонагии мутлақи шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла шуури муқаррарӣ, сухан гуфтан ба ғайр аз хаёл чизи дигаре нест. Таркиби ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, ки аз ҷиҳати фазои ташаккулёбӣ, дастёбӣ ва имконот ба сарчашмаҳои иҷтимоӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва омилҳои дигари муҳим бархӯрдор мешаванд, наметавонанд яклухт ва воҳид бошанд. Ҳам дар дохил ва ҳам дар байни онон рақобатҳо ногузиранд. Ин зуҳурот, бешубҳа, дар асоси зиддият ба вуқӯъ меояд. «…дуруст, ҳатто дар куҷое мо зиддиятро намебинем? - Ва дар натиҷаи ин ба андозаи кофӣ муборизаҳоро мушоҳида мекунем, азият, бадиҳоро; фақат он, ки ҳамин зиддиятҳо ногузиранд, ин муборизаҳо табиатан асосноканд, ҳамин азият ва бадиҳо табиӣ ва ҳатмӣ мебошанд» (Фейербах Л., История философии, «Мысль», М., 1967, саҳ. 2). Барои тақвият бахшидан ба мантиқи раванди диалектикии шуур Л. Фейербах (1804-1872) ин хулосаро дар асоси таҳлили масоили фалсафии дин пешниҳод мекунад. Хотирнишонии он нуқта ҳам зарур аст, ки олими ниҳоят муассир дар таърихи инкишофи фалсафаи Ғарб, вобаста ба масъалаи зикргардида таъкид месозад, модоме, ки дар дохили худи динҳои монотеистӣ ва политеистӣ ин қадар зиддиятҳо вуҷуд дорад ва рӯи кор омадани ин таноқуз наметавонад ба бахти аҳли башар созгор бошад (ба мисли низоъҳои хунини мазҳабии суннӣ, шиа ва ғ.), пас набояд ба бадиву зиддиятҳое, ки дар ниҳоди ҳар як мазҳабу дин ҳаст, боз чизи аз ин ҳам бадтар илова сохт. Нимаи дувуми асри ХХ ва аввали асри ХХI, мисли он, ки ин таъкид ва бонги хатари олими забардастро фаромӯш карда бошанд. Воқеоти солҳои навадуми Тоҷикистон, акси садои он то имрӯз, ҳаводиси Сурия, Ироқ, Миср, Париж ва дигар нуқоти олам аз чунин фориғболии бошуурона, сохташуда ва бешуурона қабулгашта дар асоси исломи сиёсӣ, шаҳодат медиҳанд.
Дар адабиёти илмӣ-фалсафӣ мафҳуми шуури муқаррарӣ ва структураи он то охир коркард ва равшан нашудааст. Мо қасдан аз таҳлили муқоисавии ин назарияҳо худдорӣ мекунем. Фақат таъкид карданӣ ҳастем, ки шуури муқаррарӣ - маҷмӯи тасаввурот, дарк, фаҳмиш, андеша ва муайян кардани муносибат ба зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст, ки дар майнаи инсон аз овони наврасӣ, ҷавонӣ, балоғат, аз таҷрибаи зиндагӣ, рӯзгор, дар муносибат бо атрофиён, аҳли ҷомеа ва муҳит шакл мегирад. Вобаста ба хамин омилҳо, муҳтаво ва структураи шуури муқаррарӣ метавонад аз дидҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва ғайра иборат бошад. Зуҳуроти сохтори шуури муқаррарӣ дар асоси муносиботи системавӣ ва структурӣ – функсионалӣ ниёз ба таҳқиқ, баррасӣ, хулосабарорӣ ва тасмимгирӣ дорад.
Муҳим ба назар мерасад, ки шакли классикии таърифдидаи шуури рӯзмарра ва муносибат ба он, вобаста ба таҳавуллоти замон, бозбинӣ ва мукаммал карда шавад. Дар структураи шуури рӯзмарра, ҳамакнун беш аз пеш ҷузъиёти хориҷӣ, бегона қувват мегирад. Аз бозе, ки асбобе бо номи радио, баъдан телевизион, хамакнун васоити ахбор ва алоқаи электронӣ пайдо гаштааст, шаклгирии ҷузъиёти шуури рӯзмарра мансуб ба ононест, ки аз маблағҳои ҳангуфти нафту газ ва ононе, ки аз ин хазинаҳо дар ҳар шакл бархӯрдоранд, инчунин имконоти ба ҳамин монанд вобастагӣ доранд. Дар таҳдидҳои воқеӣ, таъмини амнияти миллӣ дар доираи шуури рӯзмарра аз душвортарин ва масъулиятноктарин вазифаҳост.
Системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар тавозун бо тахрибкорӣ нисбати шуури миллӣ, натанҳо баробар, балки зарур аст чанд зина болотар биистад. Ҳадафи ҳуҷуми иттилоотии душман маҳз ба шуури муқаррарӣ ва психологияи ҷамъиятии давлатҳои миллӣ равона карда шудааст. Боиси таассуф аст, дар ҷомеаи мо, ки ҳанӯз шуури назариявӣ – систематикунонидашуда дар оғози шаклгирист ва ҷавҳари онро бояд илм, маърифат, такмил, тарғиби илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ – дар асоси он рушди рақобатпазири миллӣ ташкил кунад, ҳатто дар байни зиёиён ва мансабдорон ҳисси парастиши афкори теологӣ – догматикӣ, ғайриилмӣ боло мегирад. Чунин хосияти ақибнишинӣ ва бетарафӣ, ҷомеа, махсусан ҷавононро дар ҳолати ногувор мемонад. Дастовардҳои ҳазорсолаи ақлсолорӣ, баҳспазирӣ, тақдирнописандии сарбаландонаи миллиро зери суол мебарад. Шуури рӯзмарраро фарогири ғояҳои бегонагон мегардонад. Амалкарди анъанавӣ - позитивии онро заиф месозад. Давлати миллиро рӯз ба рӯз осебпазир мекунад. Ин аз хатарноктарин равандҳои ҷомеаи имрӯз мебошад.
Расидан ба моҳият, сохтор ва қисмҳои шуури муқаррарӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сатҳи маънавиёти аҳолӣ, мардум, қишрҳои ҷомеа, пеш аз ҳама маданияти сиёсии он, ташхис карда мешавад. Дар натиҷаи донистан, масъалаи пешгӯӣ кардани равандҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар ояндаи наздик ва дур нисбатан осон мегардад. Инро ҳадди ақал аз таҷрибаи созмонҳои ба ном ғайридавлатие, ки дар Тоҷикистон озодона, муваффақона амал ва миллионҳо доллар барои фаҳми шуури рӯзмарраи мо сарф мекунанд, бояд омӯхт. Структура, муҳтаво ва вазифаҳои функсионалии шуури рӯзмарраро зарур аст тарзе ташкил кард, муайян намуд, ки арзишхои миллӣ, умумибашарӣ асоси идеявии онро дарбар бигирад. Хусусияти худкифоии миллӣ дар вобастагӣ ба вазъи интегралӣ, кумулятивӣ ва маҳсулнокии шуури рӯзмарра – танзими муваффақонаи ниёзҳо ва амалияи ҷомеа таҷассум меёбад.
Муҳтавои шуури муқаррарӣ
Моҳияти функсионалии шуури муқаррарӣ ҳангоми таҳлилҳои академӣ, мутаассифона, на ҳама вақт ба назар гирифта мешавад. Бисёре аз муаллифон барои манзалати таҳқиқ, таъкид кардани мухиммияти предмети илмӣ, ба таъриф ва тафсири пояи баландтари шуури ҷамъиятӣ – шуури назариявӣ - систематикунонидашуда таваҷҷуҳ мекунанд. Ин муносибат чандон аз рӯи инсоф нест. Ҳатто олимони дунёи қадим таъкид бар он доштаанд, ки «Амалия бе назария қимматтар аст, нисбати назария бе амалия» (Квинтилиан М. Ф., файласуфи римӣ). Муҳтавои шуури муқаррарӣ маҷмӯи алоқамандии тарафҳои гуногуни структура, хосият ва вазифаҳои он мебошад. Ин муҳтаво чизи хаотикӣ, номуназзам, бидуни шакл нест. Гарчанде муқаррарӣ, оддӣ, тоилмӣ, оммӣ ҳам бошад, муташаккил аст. Дар зуҳурот устувории он аён мегардад. Ҳамчун шакли муайян худро ба намоиш мегузорад. Инро ҳар рӯз мо дар амал ва рафторҳои шаҳрвандон ва гурӯҳҳои муайяни ҷамъиятӣ мебинем, мушоҳида мекунем. Хурсанд мешавем. Дар ҳолати ғайри қобили қабул сазовори мазаммат мешуморем. Зеро эътиқодмандем, ки моҳияти шуури муқаррарӣ, ҷаҳонбинӣ дар рафтор, кирдор, муносибат ба манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла амнияти ҷамъиятӣ, зуҳур меёбад.
Мо бовар дорем, ки шуури муқаррарӣ бо тамоми хосият ва имконоте, ки дорад, асос ва пойдевори суботи давлати миллӣ ва умуман ҷомеаи башарӣ мебошад ва баръакс. Ба тарзи дигар, фаъолияти субъектҳое, ки ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоиро таҳрик ба амал мекунанд, ба шуури муқаррарӣ нигаронида шудаанд. Ба хотир оред, шиорҳои тамоми инқилоб, табодулот, ҳаракатҳои сиёсӣ- иҷтимоии дунёро. Магар муаллифони ин даъватҳо - «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!», «Ба хотири пирӯзии мустазаъифин бар мустакбирин» ва ғ., ки хосияти ба шӯру қиём овардани қисми поёнии ҷомеаро доранд, ба принсипҳои назариявӣ-систематикунонидашудаи шуури ҷамъятии ҷомеа такя мекарданд? Ҳаргиз. Ҳатто мухотаби онҳо – пролетариат, мустазаъфон – омма, мардуми оддӣ мебошанд. Охиринҳо дар бораи шуури назариявӣ-систематикунонидашуда - нақша ва мақсадҳои аслии тарроҳони воқеоти Сурия, Ироқ, Ливия, Яман, Тунис, Афғонистон, Покистон ва ғ. ҳеҷ чизро намедонанд. Донистан намехоҳанд. Донистан ҳам наметавонанд. Рефлексияи миллатбадбинӣ тавассути сиёсӣ кардани дин, абадан, ё дарозмудат дар майнаи онҳо маҳв ё карахт карда шудааст. Айнан хамин тавр, қисмате аз мардуми тоҷики фирефтаи бегонагон, муздурони онон, дар дохили кишвар ба муқобили қотеъияти маъниофаринии хирадмандонаи шоир: «Оташ назанад, ҳеҷ касе хонаи худро» (Лоҳутӣ А., Куллиёт, ҷ.2, Сталинобод, 1961, саҳ.149), дар ишқи дигарон афсонаҳоро хостанд амалӣ кунанд, манзили худро оташ заданд.
Шуури назариявӣ-систематикунонидашуда фақат ба шуури муқаррарӣ, рӯзмарра, оммӣ ва оддӣ такя мекунад. Структураи онро медонад. Вобаста ба он, муҳтаво ва функсияҳои ин зинаи шуурро хуб тасаввур мекунад. Аз он истифода, аниқтараш суистифода менамояд. Хулосаи мазкурро нисбати созмондихандагони ташкилоти террористӣ – экстремистии байналхалкӣ, ки ҳамакнун дунёро меларзонанд ва ҷавонони тоҷик ҳам дар ин падида ба ҷои обод кардани Ватан, ҳимояи марзу бум, зану фарзанди хеш дар биёбонҳои аъроб «шаҳди шаҳодат» мечашанд, гуфтан мумкин аст. Боиси тааҷҷуб нест, ки тамоми кӯшиши бозигарони глобалӣ, «ғамхории падарона»-и онҳо барои дар сатҳи муайян, ба манфиати онҳо нигоҳ доштани муҳтавои шуури муқаррарии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама кишварҳои мусулмоннишин равона карда шудааст. Ҳеҷ кас набояд умед бандад, ки қаҳрамонони тахтаи шоҳмоти геополитикӣ, рӯзе ҷиҳати дар иқлими мавриди таваҷҷуҳашон, аз ҷумла сарзамини мо - тоҷикон, сохтани шуури назариявии систематикунонидашудаи ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ, илмсолорӣ ғамхорӣ менамоянд. Маҳз ба он маблағгузорӣ мекунанд. Баръакс. «Хубӣ»-и ҳолати ба бозигарони минтақавӣ ва глобалӣ муҳими шуури муқаррарии ба манфиати онҳо ташкилёфта, иборат аз он аст, ки маҳз дар доираи ҳамин шуур, дар майнаи инсон, гурӯҳҳои ҷомеа, ҳолате ба вуҷуд меояд, ки дигар шахсро оила, авлод, сохторҳои марбут ба давлат наметавонанд аз он берун созанд. Вобастагии пурраи рӯҳӣ, маънавӣ, зиддимиллӣ дар фард, гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа шакл мегирад. Новобаста аз мансаб, боигарӣ, ҷоҳу ҷалол, манфиати миллии ин гурӯҳ дар вобастагии кул ба маводи мухаддири навъи сиёсӣ - динӣ мемонад. Дар либоси дӯст ҳам кори душман мекунад.
Кудратмандони оқили шуури назариявӣ-систематикунонидашудаи сатҳи дунёӣ вазифаи худ мешуморанд, натанҳо бо ташвиқи оддӣ, тавассути васоити ахбори умум ва гумоштагонашон, муҳтавои ин навъ шуурро шаклдеҳӣ кунанд, балки сохти давлтдории кишварҳоро ба манфиати хеш тағйир диҳанд. Зуҳуроти гуногуни режимҳои теократиро рӯи кор оранд. Ҳамин тариқ, дар муддати наздик ба ним аср мешавад, ки шуури назариявӣ-систематикунонидашудаи геополитикӣ хеле мақсаднок, пай дар пай, зина ба зина бо иваз кардани сохти давлатҳои миллӣ, давлатҳои теократӣ - системаи устувори минтақавӣ, байналмилалиеро ба вуҷуд овардаанд, ки онҳо «мустақилона», ҳамчун «фарзанди болиғ» аз нақшаҳои бозигарони геополитикӣ ҳимоя мекунанд. Кори қудратмандони ҷаҳони сиёсат, сарфи ҷисмонӣ, моддӣ ва молии онҳоро камтар намудааст. Стратегияи ним аср ва беш аз ин коркардшуда натиҷаҳои мушаххас медиҳад. Чунин таҷриба – шикасти рӯҳияи миллӣ, ҳамчун натиҷа шикасти давлати миллӣ – сохтани «давлати исломӣ», ё бе истифодаи ин истилоҳи террористӣ, хеле фаъолона идома дорад. Ҳангоми таҳлили омилҳое, ки ба муҳтавои шуури муқаррарӣ таъсиргузор ҳастанд, набояд материяро дар шакли хушку холӣ, дар дараҷаи тафсири назариявӣ ба инобат гирифт. Зеро реалияти объективӣ - вазъи оила, мактаб, алоқаҳо, миёнҷигариҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои эътиқодӣ, муҳити маънавӣ, ҳатто ҷуғрофиёӣ, дар шаклгирии муносибат ба воқеияти объективӣ нақш мебозад. Онҳо аз ҷумлаи ашёе ҳастанд, ки бевосита ё бавосита барои муайян кардани шуури муқаррарӣ хизмат мекунанд. Вақте ки Ф. В. Гегел дар бораи нақши омили ҷуғрофиёӣ, релеф, муҳити атроф дар шаклгирии шуури ҷамъиятӣ (хонда шавад шуури муқаррарӣ) ҳарф мезанад, сухани Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ба хотир меояд, ки мудом «зи шири шутур хӯрдану сусмор» - ро омили ба «ҷое расидан»-и кор (андешаи ботил) дар талоши тоҷи Каён мепиндорад. Бо ин, шахсияти бузурги миллатпарвар тафаккури соддагӣ, хаёлпарастии он бодиянишинони сарсону саргардонро таҳқиромез, аммо барҳақ бо каломи бадеӣ, бо истифодаи умдатарин категорияҳои фалсафӣ – сабаб ва натиҷа, нишон доданӣ мешавад. Ҳамзамон нақши пеш аз ҳама инсони болиғ дар доираи масъулият ва манзалати гурӯҳии хеш, ҳушманд, барои ворид кардани дигарон, махсусан ҷавонон ба муқаддимаи зиндагӣ, шаклгирии шуури муқаррарӣ – аз ҷумла муайян кардани муносибати ӯ ба равандҳои иҷтимоӣ, муассир мебошад. Дар зуҳуроти ҷамъиятӣ, аъмоли шахсе, ки мадди назар меафтад ва ӯ ҳамчун фард аз мавқеи худшиносӣ рафтор мекунад, онро чун падидаи индивидуалӣ, якка ва ҷудо аз гурӯҳ ё худи ҷамъият шуморидан иштибоҳ аст. Зеро «мафҳуми худшиносӣ дар шахсе, ки зуҳур меёбад ва дар воқеъ объективона арзи вуҷуд кардааст, ишора ба ҳолате мекунад, ки барои ин худшиносӣ, худшиносии дигаре вуҷуд дорад» (Гегель В.Ф., «Философская пропедевтика», 1976,«Мысль», М., саҳ.87).
Чунин хулоса боис мегардад, андешаи умқи масъалаҳои ҷамъиятӣ, махсусан ҷараёни шаклгирии шуури индивидуалиро ҳамчун ҷузъи шуури ҷамъиятӣ, рӯйдоди такроршаванда омӯхт. Тамоми нафароне, ки таҳти таъсири назарияи террористӣ мегарданд, ба ин ташкилот ворид мешаванд, зери таъсири «худшиносӣ»-и дигаре боқӣ мондаанд. Ин силсила ҳадди аввалу охир дорад. Оила, авлод, кӯча, маҳал, деҳа, умуман тамоми сохторҳои ҷомеаро, ки барои солимгардонии тақдири хеш манфиатдор ҳастанд, зарур аст аз паи ҳамин «худшинохта»-е бошанд. Онро муайян созанд. Ислоҳ намоянд. Вагарна, ин вабо метавонад ҷомеаро пурра сироят кунад. Ба нестӣ орад. Системаи идеологии геополитикӣ ақл, дониш, касбияти олӣ ва чи тавре, ки аз як лаҳзаи ошкоршудаи маблағгузории Кабирӣ ба дастаи террористии Назарзода мебинем, арзҳои хориҷии ҳангуфти беҳисоб, ҳамчунон стратегияи расидан ба мақсадҳои ниҳоии илман коркардшуда низ дорад. Мақсади асосӣ ҳамчун натиҷаи коре, ки интизор аз он меравад, аллакай муайян гардидааст. Ҳадафи аслӣ - шаклгирии шуури муқаррарӣ аст. Инро ба инобат нагирифтан, аз дараҷаи мувофиқат кардани он ба мақсадҳои таъмини амнияти ҷомеа огоҳ набудан, оқибат бо заволи низоми давлатдорӣ ва худи давлат анҷом хоҳад ёфт. Ба ҳангоми тағйир ёфтани ҷузъиёти аслии шуури ҷамъиятӣ ба нишондоди миқдорӣ, табдили сифат ва самтгирии структураи ҷаҳонбинӣ ногузир мегардад.
Дар ҷомеае, ки қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, рушди муайяни дараҷаи индустриявӣ ва сатҳи маърифати аҳолӣ ҳадди мавриди назарро надорад, дар бораи пешгӯишаванда будани ҳолат ва раванди шуури ҷамъиятӣ, зуҳурёбии он дар муносибат бо воқеияти реалӣ аз вазифаҳои мушкилтарин маҳсуб мегардад. Дар ин ҳолат, мутаассифона, ҷузъиёт ё типи конкретӣ - таърихии шуури ҷамъиятӣ мавриди суистифода қарор мегирад. Ононе, ки тавони бозиҳоро бо ин ҷузъиёти сохти шуури чамъиятӣ доранд, тавре мебинем, аз он устодона ва устокорона истифода мекунанд. Мардумони бехонумони кишварҳои ҷангзадаи маълум, ҳадафи истифодаи ана ҳамин гуна ҷузъиёти сохти шуури ҷамъиятии худ гаштаанд. Ваъда ва даъвои илмӣ оид ба таҳаввулоти диалектикӣ дар структураи шуури ҷамъиятӣ дар ин ҷомеаҳо ба фоидаи манфиатҳои миллӣ кор намекунанд. Зиддиятҳои беохири абадии мавриди назар дар шуури муқаррарии ҷамъиятӣ аз ҷониби оқилони геополитикӣ, ҳамчун воситаи таъмини манфиатҳо истифода мегарданд. Субъект, объект ва ҳамчун натиҷаи муносиботи онон - мундариҷа ва самти ҳаракати шуури рӯзмарраро зарур аст омӯхт. Офарандагон, омилҳои муассир, шарт ва шароити таъсир, структураи манбаъ ва ҳадафҳои мавриди назар, дараҷаи рефлексияи ҳақиқат ва ё вуҷудияти лофу газофро дар сиришти сарчашмаҳои ташаккули ҷаҳонбиниҳо, аз нигоҳи стратегӣ бояд мавриди баррасӣ қарор дод. Нафароне, ки имкони таъсир ба ҷаҳонбинӣ ва шаклгирии шуури рӯзмарраро доранд, аз лиҳози таъмини идеявии манфиатҳои миллӣ зарур аст, ба он ҳуқуқи маънавӣ дошта бошанд. Эҳсоси бузурги масъулият кунанд. Шуури инфиродӣ аз шуури ҷамъиятӣ албатта фарқ дорад. Аммо онҳоро ба тарзи мутлақ ҷудо кардан мумкин нест. Такрори зуҳуроти номатлуб аввал дар шакли индивидуалӣ, баъдан гурӯҳӣ бояд ҷомеаро ба ташвиш орад. Ҳодисаҳои иштироки ҷавонони тоҷик дар Сурия ва дигар манотиқи доғ дар шакли зуҳуроти террористӣ, боиси ташвиши ҷиддӣ ва эълони бонги хатар барои ҳар як оила, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва албатта ҷумҳурӣ бошанд. Ҳамакнун, ин кор аз ҳадди шуури инфиродӣ гузашта, ба доираи шуури гурӯҳӣ (коллективӣ) ворид гаштааст. Пӯшида нест, ки «хомиву соддадилӣ шеваи ҷонбозон нест». Аммо дар роҳи бозгардонии ҷавонон аз ин раҳи хатар ва хиёнат, кам касоне ҳастанд, ки «бар мунтаҳои мақсади худ комрон» гашта бошанд (таъбирҳо аз Ҳофиз). Барои ҷомеа ҳаётан муҳим аст, ки нисбати шаклгирии шуури оддӣ – рӯзмарра саъйу кӯшиши беандоза кунад. Айни вақт аст таъкид гардад, ки омилҳои аслии таъсиргузор, маҳз дар ҳамин пояи шуури ҷамъиятӣ барои манфиатхоҳони зидди манфиатҳои миллӣ истифода мешаванд. Дараҷаи оддии (рӯзмарраи) шуури ҷамъиятӣ, дарвоқеъ «майдони навкорам»-и майнаи инсон барои коштани ҳама гуна тухми маънӣ, мафҳум ва ҷаҳонбинии мувофиқ ва мутобиқ ба мақсади гузошташудаи гурӯҳҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ин хосияти дар шакли олӣ ташаккулёфтаи материя - майнаи инсон, ҳама вақт мадди назари олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ буд ва ҳаст. Аз ҷумла, Гегел В.Ф. қотеъона таъкид мекунад: «Дар шуури оддӣ (рӯзмарра) проблема оид ба масъалаи ҳақиқати муайянкунии тафаккур, умуман намеистад…. Дар шуури оддӣ шаку шубҳае оид ба истифодаи маъниҳои аслӣ, решагӣ ҷой нест. Он (шуури муқаррарӣ - С.Я) бе ворид гаштан ба умқи масъала, дар ҳар маънӣ муҳиммиятро мебинад» (Гегель В.Ф., Наука логики, «Мысль», М., 1974, саҳ. 127). Ин хулоса, масъулияти илмӣ ва зиёиёни миллиро дар самти кор бо ҷаҳонбинӣ ва шуури рӯзмарра даҳчанд мегардонад.
Шуури муқаррарӣ ва муносибатҳо
Дар структураи аввали шуури ҷамъиятӣ – «моли тоза»-и ҳар фард заминаи аслии муносибат ба Ватан, Миллат, Падару Модар, дӯстон, эътиқодот, умуман муҳити ҷисмонӣ ва маънавии атроф шакл мегирад. Ва муҳимтар аз ҳама, мундариҷаи муносибат ба моҳияти ин истилоҳот муайян мегардад. Рафторҳои иҷтимоӣ аз онҳо вобастагӣ пайдо мекунанд. Фаъолият ва муносибат аз ҷумлаи категорияҳое ҳастанд, ки аз мавзӯъҳои баҳси фалсафӣ мебошанд: кадоми онҳо мавқеи ибтидоӣ, аввалӣ дорад? «Ба хотири он, ки тамоми фаъолияти инсон, ҳамзамон муносиботи байни одамонро дар назар дорад ва дар доираи системаи муайяни муносибот ба вуқӯъ мепайвандад…» (Ковальченко И., Методы исторического исследования «Наука», М.,2003, М.,сах.74). Худи муайян кардани муносибат ба зуҳуроти физикӣ, ахлоқӣ, маънавӣ ва эътиқодот чизи оддӣ нест. Агар дар сухан касе аз муносиботи худ ба ҳар ҷузъиёти олам, аз ҷумла он чизе, ки дар охир зикр гардид, фосилагирӣ ба намоиш гузорад, бояд дониста бошад, ин кори саҳл нест. Алоқаҳои байни инсонҳо, инсон ва дигар зуҳуроти олам, сарфи назар аз доштани мундариҷаи мусбӣ ё манфӣ масъулият дорад. Зеро худи ҳамин муносибат «яке аз шаклҳои ягонагии предмет, зуҳурот ва хосиятҳои он мебошад. Асоси онро умумияти муайяни ду ва зиёда предмет ташкил мекунад ва байни онҳо муносибат пайдо мешавад» («Краткий словарь по философии», М., 1979, саҳ. 22). Гузашта аз ин, яке аз файласуфони бузурги асри гузашта қатъиян таъкид кардааст: «Алоқаҳо, муносибат, миёнҷигариҳо - ана аз чӣ чизҳо ҳақиқат иборат мебошад». Бе донистани ин аломат, натанҳо фаҳмидани фард, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ мушкил аст, балки равандҳои шаклгирии шуури фард, гурӯҳ ва умуман шуури ҷамъиятӣ дар ҳар зинаи тараққиёти инсонӣ номумкин мебошад. Ин талабот шароит фароҳам меорад, ҳарчи тезтар ташхиси равандҳои ифротгароӣ, махсусан дар байни ҷавонон, дигар гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ошкор ва ислоҳ гардад. Ҳамзамон, «зарур дониста мешавад, ки вуҷуд доштани қочоқи (контрабандаи) шуур дар мавриди ҳар гуна тамоюлоти манъгашта, «символҳои куллан солим» низ эътироф гардад» (Кольев А.Н., «Политическая мифология», М., 2003,«Логос», саҳ. 147).
Ин падидаро натанҳо эҳтиёткорона, мисле, ки муаллифи китоби мазкур изҳор медорад, балки хеле қотеъона иброз бояд дошт. Қочоқи анъанавӣ ва таърихан шаклгирифтаи шуури зиддимиллиро аз бузургтарин фоҷеаҳои таърих номидан мумкин аст. Шикасти давлати бузурги Сомониён ба манфиати хулафои араб, падидаҳои босмачигарӣ ба манфиати сулолаи манғитиҳо, зери хатари ҷиддӣ гузоштани мавҷудияти давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар солҳои навадуми асри гузашта ба хотири бозигарони маълуми геополитикӣ, ҳамакнун кӯшишҳои ҳаррӯзаи ташкилоти терррористӣ, ки аз кишварҳои муайян пуштибонӣ ва маблағгузории бебаркаш карда мешавад, дар заминаи «қочоқи шуур»-е сурат мегирад, ки онро муаллифи китоби «Асотири сиёсӣ» муваффақона номниҳод кардааст. Алоқа, муносибат ва миёнҷигариҳоро дар чаҳорчӯби ин навъи қочоқ лоиқи омӯзиш, арзёбии рӯзмарра ва албатта бо роҳҳои гуногун, аммо на камтар аз қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир бояд эътироф кард. Онро пайгирӣ намуд. Шуури муқаррариро зарур аст, ҳамчун пойдевори давлати миллӣ шинохт. Сифати матоъи он - сифати матоъи давлати миллӣ аст. Ҷаҳонбинии миллие, ки дар асоси ин шуур шакл мегирад, мустаҳкам мешавад, дар хотира нақш мебандад, ҳамчун иммунизатсияи аҳолӣ аз бадбахтиҳое, ки ӯро дар уқёнуси пурталотуми бозори ақлҳо интизор аст, эмин нигоҳ медорад. Тақвияти шуури оддӣ ба манфиати давлатдории миллӣ, бояд аз ҷараёни оғози аввалин нишонаҳои пайдошавии ақл то нафаси охирини фард идома ёбад. Барои он ки айнан дар ҳамин муддат ва тамоми умр, инсони ҳушманд зери таъсири равандҳои некӣ ва бадӣ мебошад. Муҳиммияти ин масъаларо олимони шинохтаи Амрико ҳаргиз аз мадди назар дур накардаанд. Дар ин маврид Дж. Брунер таъкид месозад: «Тадқиқоти шашсолаи мо дар соҳаи рушди пертсептивии (қобилияти эҳсос, идрок, фаҳмиш) бачаҳои то се сола мунҷар ба нашри китоби «Тадқиқоти инкишофи қобилияти дарк кардан» ба анҷом расид. Ҳангоми ин тадқиқот муайян гардид, ки дар оғози соли сеюми ҳаёт, дар бачагон стратегияи хоси коркарди маълумот пайдо мешавад» (Брунер Дж., «Психология познания», изд. «Прогресс», М. 1977, саҳ. 274). Агар ба ин заҳмати чандсолаи олими амрикоӣ эътимод кунем, ҳадди ақал аз ҳамин синну сол майнаи инсонро аз афкоре, ки барои худи ҷомеа зараровар аст, эҳтиёт бояд кард. Маълум аст, ки барои шаклгирии дараҷаи болои нисбатан муташаккили шуур - шуури систематикунонидашуда, шароити мукаммал ва фарогири иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ зарур аст. Ин гуна шароит на ҳама вақт ва на дар ҳама ҷо мавҷуд аст. Одамон бештар бо нияти нек фарзандони худро аз хурдсолӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб мекунанд. Бо қисме аз пасандози ночизи худ онҳоро барои гирифтани таълимоти динӣ ба хориҷи кишвар мефиристанд. Дар назари волидайн ин иқдом безарар менамояд. Баъзе аз намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар ин самт супориши махсус доранд. Онро ба навъи аҳсант иҷро менамоянд. Фарзандони мардумро ройгон ба ин тарзи омӯзиш (на техникӣ, технологӣ, тиббӣ, муҳандисӣ, ҳатто омӯзиши забону адабиёт) ҷалб мекунанд. Аммо маълум мегардад, ки ин мактабҳо ва ин ақидасозиҳо натанҳо барои як оила, балки барои ҷумла мусулмонони дохил ва ҳатто берун аз кишвар, мусибат эҷод мекунад. Исломро бадном месозанд. Эҳтимол меравад, ки Абӯали Ибни Сино ҳангоми таҳлили категорияи сабаб ва оқибат, зуҳуроти онтологии ин падида – принсип, структура ва қонунмандии онро омӯхта, аз ҷумла хотирнишон мекунад: «Эҳтимол дорад, сабабе ҳаст ва моҳияти он иборат аст аз он, ки аз вай ногузир натиҷа бар меояд, аммо на он натиҷае, ки ба хотири он мақсадгузорӣ шуда буд. Ин гуна сабабнокӣ берун аз мақсадгузорӣ ва саволи «чаро?» аст. Сабаб духӯра мешавад: якеаш ҳақиқӣ, дигараш вонамудӣ». (Ибн Сина, «Избранные философские произведения», М., «Наука», 1980, саҳ.129). Барои пешгирии ҳама гуна таъсири номатлуб ба структураи шуури муқаррарӣ, муайян кардан, донистани муносибатҳои фардӣ, гурӯҳӣ ва дигар омилҳои муассир дар доираи манфиатҳои миллӣ аз муайянкунандаҳост.
Хулоса
Масъалаҳои шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла шуури муқаррарӣ дар маҷмӯъ, аз мураккабтарин самтҳои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиш, баҳодиҳӣ, хулосабарорӣ ва дар ин асно тасмимгириҳост. Манфиатҳои бегона дар атрофи шаклгирии шуури муқаррарӣ, вазъиятро боз ҳам мушкилтар мекунанд. Вазифаи шуури рӯзмарраи солим интихобан, эҳтиёткорона, мақсаднок ва тибқи масъулияти ватанхоҳона амал кардан аст. Ин ҷараён бояд дар атрофи рӯҳияи беҳтар, хубтар кардани зиндагӣ дар доираи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тибқи имконоти фардӣ, гурӯҳӣ ва худи ҷомеа сурат бигирад. Кӯшиши бегонагон, ҳадди ақал, барои хунсо кардани ҳамин ҷузъиёти муҳим дар структура ва муҳтавои шуури муқаррарӣ равона карда шудааст. Донистани паҳлӯҳои структураи шуури муқаррарӣ, омилҳои шаклгирӣ, мундариҷа, рушд ва оқибатҳои он барои шахс, ҷомеа ва давлат, системаи давлатдорӣ ҳаётан муҳим мебошад. Дар ин раванд, пурра муайян ва баҳогузорӣ кардани субъектҳои муассир ба шуури ҷамъиятӣ, дараҷаи мувофиқат кардани сифат ва муҳтавои кор дар шароити кунунии сохтмони давлати миллӣ, метавонад барои ислоҳи равандҳои хатарнок дар ҷомеа хизмат намояд. Вобаста ба ин, таҷрибаи таърихии миллати тоҷик аз замони истиқлолият то имрӯз, бо назардошти собиқаи ҳазорсолаи бедавлатӣ, сабаб ва оқибатҳои он, маводи муҳим барои ташаккули шуури рӯзмарра ба манфиати таъмини амнияти ҷомеаи мо хохад гашт. Амнияти шуури муқаррарӣ, муҳимтарин ҷузъи таъмини амнияти ҷамъиятӣ аст.
С. Ятимов