JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 09:39

Чаро ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ мепайванданд?

Муаллиф:

Дар замони муосир ҷаҳонро хатарҳои мухталифи табиӣ (тағйирёбии иқлим, вайроншавии қабати озонӣ, баландшавии оби уқёнуси ҷаҳонӣ, бо силоҳҳои ҳастаӣ муҷаҳҳазшавии кишварҳо, камшавии канданиҳои фоиданок, …) ва инсонӣ (амнияти озуқаворӣ, норасоии оби нўшокӣ, демографӣ, касалиҳои сирояткунанда, …) таҳдид менамоянд. Аммо мамолики абарқудрати минтақа ва ҷаҳон ба ин мушкилоти ҳалталаби башар нигоҳ накарда дар бештари манотиқи мухталифи олам ба сохтани ҳуввияти динӣ машғуланд. Ин амали онҳо дар ҳолест, ки аз замони пайдоиши нахустдинҳо - тотемизм, анимизм ва фетишизм - то ба имрўз беш аз 4000 адёни гуногун ба вуҷуд омада, боз барҳам хурдаанду лекин, ягон дине ҳеҷ як мушкилии инсонро ҳал накардааст. Дар ин маврид қайд кардан зарур аст, ки имрўз дар ҷаҳон беш аз 425 дин амал менамояд ва ҳар яки он китоби муқаддас ва арзишҳои эътиқодии худро дорост. Дар байни ин адён ҳеҷ яке аз онҳо бартарӣ, волоият ё салоҳияти зиёдатие надорад, ки пайравонаш китоб ва арзишҳои дини дигарро паст зада, инкор кунанд.

   Моҳият ва мақсади ниҳоии ҳамаи динҳо (алалхусус, динҳои осмонӣ) як аст, ин ҳам бошад, ваъдаи ҳаёти ҷовидонӣ пас аз марг. Заминаи асосии тамоми динҳоро афсонаҳои сохтаю бофта ва ривоятҳои схоластикӣ, догматикӣ ва қолабию софистикие ташкил медиҳанд, ки дар амал татбиқ ёфтани онҳо аз ақли инсони солим берун аст.

Бо вуҷуд ин ҳама дурўғ ва дар ҳаёт татбиқ наёфтани афсонаю ривоятҳои динӣ, мардум ба он бовар доранду арзишҳои онро муқаддас дониста, ба онҳо эҳтиром менамоянд. Бинобар ин, дар шароити имрўза оромию суботи ҷомеаи ҷаҳониро ҳаракат ва гурўҳҳои зиёди экстремизмию террористӣ таҳдид менамояд, ки аксарияташон ё ба дин робита доранд ё аз эҳсосоту арзишҳои динии мардум кор мегиранд. Аз ин рў, барои ба муқобили ҳаракату созмонҳои экстремистию террористӣ мубориза бурдан ва пешгирӣ кардани онҳо, ҷанбаҳои ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст. Зеро экстремизм ба шуури ҷамъиятӣ, психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи мардуми оддӣ паҳн гардида, инчунин, ба муносибати байни гурўҳҳои ҷамъиятӣ (экстремизми иҷтимоӣ), миллат (эктремизми милатгароӣ), ҳизбҳои сиёсӣ (экстремизми сиёсӣ), дину мазҳабҳо (экстремизми динӣ) ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсири бештар мерасонад. Экстремизм гуногуншакл буда, дар ҷомеа бо роҳу воситаҳои мухталиф паҳн мегардад. Мароми асосии экстремизм: моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозию қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, зуҳуроти шавқу ҳавас ба намудҳои ҷадиди фаъолият, худсобиткунӣ, хаёлпарастии ҷавонон ва билохира ҷаззобият ба хатари марговар мебошад. Равоншинос ва устод ДМТ Х.М. Табаров дар робита ба масъалаи мазкур хеле дақиқкорона қайд намудааст, ки: «Таҷрибаи сиёсии экстремизм, инъикоси худро дар шаклҳои мухталифи фаъолияти экстремистӣ пайдо намуд, ки ин дар шакли исён, ба фаъолияти шуришангезона ва терроризм зоҳир мегардад…». Мафҳуми терроризм дар адабиёти мухталифи ҳуқуқӣ ҳамчун дараҷаи охирини зуҳуроти экстремизм фаҳмида мешавад. Терроризм зуҳуроти вазнини иҷтимоию сиёсӣ ва ҷиноятиест, ки бо зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ дар рушди ҷамъиятии кишварҳои гуногун шарҳ дода мешавад.

Мутахассисону коршиносони масоили сиёсӣ якчанд шаклҳои терроризмро аз ҳам фарқ мекунанд, ки ҳар як навъи он метавонад ба ҷомеа хатаре ворид намояд. Барои мисол, терроризми сиёсӣ бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ ба вуҷуд меояд. Субъектҳои асосии терроризми сиёсӣ ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гурўҳҳои алоҳидаи дохили аҳзоб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои экстремистӣ мебошанд; Терроризми миллатгароӣ бошад, ба таҳаммулнопазирии сиёсӣ асос ёфта, дар фаъолияти он маҳдудсозии фаъолияти намояндагони ин ё он халқ бо истифода аз террор ба назар мерасад. Терроризми динӣ пурра ба дин (алалхусус, ислом) робита дошта, мехоҳад дар байни тамоми қишрҳои ҷомеаи башарӣ сиёсати диниро роҳандозӣ намояд ва кулли мардуми сайёраро зери парчами як дин муттаҳид созад. Барои роҳандозӣ ё тарҳрезӣ намудани ин гуна терроризм давлатҳои абарқудрат низ даст, дошта, дар байни мазҳабҳои исломӣ тафриқагузорӣ менамоянд. Терроризми ҷиноӣ давоми терроризми динӣ буда, бо куштор, низоъ андохтан байни гурўҳҳои гуногун, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки хусусияти фитрии тамоми динҳо дар асоси омўзишҳои маърифатшиносӣ ва инсоншиносӣ моҳияти инқилобӣ доранд, яъне муъҷизаҳо яку якбора бедалелҳои мантиқӣ зуҳур мекунанд (Қуръон, шамсу қамар, нубувват ва ғайра). Аз ин рў, истифодаи динҳо дар ҷаҳони муосир барои дар хаос нигоҳ доштан ва аз роҳи инқилоб қувваи системаи пурзўр системаи заифро (монанд ба энтропия дар термодинамика) аз байн мебарад ва ҷойгузини он мешавад. Аз ин рў, асоси фаъолияти экстремизми динӣ роҳ ёфтан ба васоити иттилоъдиҳӣ, аз ҷумла интернет ва пахши маълумотҳои бардурўғ, инчунин, тағйир додани далелҳо мебошад. Ҳамасола бо аз ҷониби террористон ҳазор-ҳазорон нафар афроди бегуноҳ дар амалиётҳои мухталифи террористӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва маънавӣ ба ҷумлаи омилҳои асосии сар задани терроризм шомиланд. Аз ин рў, дар бисёр ҳолат терроризмро бо ҷанги муқаррарӣ як меҳисобанд, вале терроризм амали бардавомро соҳиб буда, онро як навъ ҷанги бемуҳлат ном мебаранд.

Ташкилотҳои эктремистӣ ва терористии амалкунандае, ки имрўзҳо вуҷуд доранд, барои он ки аъзои онҳо зиёд шаванд ва барои ҷалб кардани ҷавонон, пеш аз ҳама, психологияи миллат ва давлатҳоро меомўзанд, ки онҳо бештар кадом дину равия ва кадом камбудиҳои иқтисодию иҷтимоиро дороянд. Баъд аз омўхтани ин ҷанбаҳо кўшиш мекунанд, ки худро аз қабили ҳамон намоянда муаррифӣ намуда, одамонро ба худ ҷалб созанд. Кишвари мо, ки аксарияти сокинон мусулмонанд ва эътиқоду урфу одатҳои омма ба дин равона шудааст. Хатари гаравидани ҷавонони мо ҳам дар он аст, ки ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияткунанда ин ҷанбаро омўхта, пеш аз ҳама якчанд нафарро аз дохили кишвар маблағҳои зиёди пулӣ ваъда карда, онҳоро меомўзонанд. Дар ин раванд онҳо метавонанд худро намояндаи ислом муаррифӣ намуда, ҷавононро ба худ ҷалб ва аз номи дин сухан гўянд ва онҳоро барои амалҳои нопоки худ равона созанд. Ҳар як дин дар заминаҳои муайяни таърихӣ барои ҷомеаи вазифаи муҳимеро ба ҷо овардааст, вале дар ташаккул ва ҷаҳонбинии илмию дунявии инсоният ҳеҷ нақш надорад. Муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва дин ҳамавақт дар як сатҳ қарор надорад, чунки он ҳамчун зерсистемаи тамоми таѓйироти сифатии инкишофи ҷомеаи таърихиро дар худ ифода менамояд. Ба муносибатҳои байниҳамдигарии дин ва сиёсат раванду омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Аз ин ҷост, ки сатҳи ин муносибатҳо аз ҳолати инкишофи раванду ҳодисоти дигари ҷамъиятӣ вобаста мебошанд. Макон ва замон дар муносибатҳои байниҳамдигарии дин ва сиёсат дигаргуниҳои куллиро ворид месозанд.

Пеш аз оне, ки сари масъалати идеологияи динӣ ва хусусиятҳои инкишофи он андеша намоем, дар заминаи ҳукми зарурат, равшанӣ андохтан ба масъалаи пайвастагӣ ё алоқамандии дин ва сиёсатпро муҳим мешуморем. Сабаб он аст, ки дар бештари ҳолатҳо мутахассисон ва ходимони сиёси ҷамъиятӣ ва динӣ пайдо мегарданд, ки ҳамгироии дин ва сиёстро эътироф наменамоянд. Аз ҷумла, дар дини ислом, масеҳӣ, буддоӣ, чунин муносибат ҷой дорад. Идеологияи динӣ яке аз навъҳои асосӣ ва маълумтарини идеологияи замони муосир мансуб меёбад, ки дар шароити имрўза амали гардонидани ҳадафҳо ба воситаи он хеле осон аст. Азбаски динҳои муосир дар сатҳи динҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ фаъолият доранд, идеологияҳо ба таълимоти динӣ ва аркони асосии онҳо асос ёфтаанд. Китобҳои муқаддас заминаи асосӣ ва муҳимтарин иделогияи диниро ташкил медиҳанд. Дар рафти инкишофи таърихи муносибатҳои дин ва сиёсат тағйир меёбад. Дар бештари ҳолатҳо воридоти арзишҳои навини хосияти идеологӣ пайдо менамояд. Дар шароити инкишофи муосири муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва дин бештар ду тамоюл бартарӣ дорад. Тамоюли аввал дар шакли рўоварии сиёсат ба дин зоҳир мегардад, ки он бештар таҷассуми раванду муносибатҳои сиёсиро дар дин инъикос менамояд. Яъне, тамоюли аввали муносибатҳои мутақобилаи дин ва сиёсат дар шакли динигардонии сиёсат арзи ҳастӣ дорад. Раванди мазкур хусусиятҳои гуногунро дар касб намудааст. Пеш аз ҳама зарур аст, ки сатҳи диндорӣ ва доираи диндоронро дар ҷомеа ба ҳисоб гирифт. Муносибати одамон ба дин дар чӣ ҳолат аст? Вобаста ба ин савол ҷавобҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҳар як хонандаи дин тафаккуру ҷаҳонбинии худро ба таври гуногун пешниҳод менамояд.

Тамоюли дуюми муносибатҳои байниҳамдигарии ситёсат ва дин дар шакли сиёсигардонии дин зоҳбир мешавад. Он бештар ҳодисаҳои зеринро фаро мегирад. Иштироки ходимони динӣ ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти сиёсӣ ташаккули ҳаракатҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии дигар дар асосҳои динӣ, иштироки ходимони дин Шўрои уламо дар ҳалли моҷароҳои сиёсӣ ва ғайра беш аз беш иттифоқҳои бузурги динӣ ба монанди Шўрои умумиҷаҳонии калисоҳо, Созмони Конфренсияи исломӣ, лигаи олами исломӣ, бародарии мусалмон, Созмони умумҷаҳонии сионистон ва ғайра аз худ дарак медиҳанд. Бигзор инсонҳо дар дину имону боварҳояшон озод бошанд, ки ин ҳам ҳаққи фитрӣ ва ҳам ҳаққи коситутсионии ҳар яки онҳост. Бе шак дар дунёи мутамаддин бояд сохтори дунявӣ чунин бошад. Танҳо вақте имону эътиқоди инсонҳоро сиёсӣ карда ба онҳо бозӣ мекунанд ин хатарафзо буда, ба гуфтаи шоири маҳбуби миллат Лоиқ:

На бар инем ки Ислом нишинад бар тахт, Мо бар онем ки Ислом саломат бошад. Номвар ҚУРБОН,

Хондан 2260 маротиба

Китобҳо