JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 23 Ноябри 2017 05:21

Нақши дастгоҳи идеологӣ дар ташаккули рӯҳияи миллӣ

Муаллиф:

  Мавқеи идеология дар ташаккул ва такомули рӯҳияи миллӣ хеле муҳим аст. Идеологияи миллӣ рӯҳияи миллиро тақвият дода, дар ин замина устувориву мондагории давлатро ҳамчун дастгоҳи ҳифзи манофеи миллӣ  ба вуҷуд меоварад.

  Идеология дар амри давлатдорӣ ҳамчун меҳварест, ки агар он собиту устувор набошад, пойдории дигар аркони давлатро наметавон умедвор дошт. Ҳақ ба ҷониби Саймумин Ятимов аст, ки доир ба ин масъала фармуда: «… аз байн рафтани идеологияи миллӣ аз миён рафтани давлати миллиро дар назар дорад. Таърих инро борҳо исбот кардааст».

 Идеологияи  миллӣ мисли ваксинаи  ангезандаи масуният  ба хотири пешгирии сирояти ақидатӣ бояд ба таври муташаккилонаву  мунтазам  ва  фарогир  ба шарёни андешаҳои афроди миллат интиқол дода шавад,  вагарна ҳастии ҷомеаи мо осебпазир хоҳад буд ва  ба мондагориву бақои миллату давлат хавфи ҷиддӣ таҳдид хоҳад кард. Аз ин рӯ, тавассути ниҳодҳои марбутаи давлатӣ барои ташаккулу такомули идеологияи миллӣ ҳамчун як низоми мукаммали ақидатӣ фавран ва ҷиддан машғул шуда, бо истифода аз тамоми василаҳои тарғиботиву таълимӣ ва таъсиррасонӣ онро чун омили тақвияти рӯҳияи миллӣ дар зеҳни аҳли ҷомеа ва махсусан, ҷавонон бояд ҷой дод. Ин иқдом барои таҳкими асосҳои истиқлолияти давлатӣ ва бақои миллат ногузир аст.

Вазъи  пурмоҷарои ҷаҳони муосир ва раванди тезутунди глобализатсия, бархӯрди  манфиатҳои  давлатҳои  абарқудрат  баҳри дастёбӣ ба минтақаҳои аз лиҳози стратегӣ ва геополитикӣ  муҳим омилҳоеанд, ки  мавқеи идеология ва муҳиммияти корҳои идеологиро  бамаротиб афзудаанд, хосса дар кишвари мо, ки дар  сарҳади  бархӯрди  манофеи  чунин давлатҳо қарор дорад  ва  ҳар  яке аз ин давлатҳо  мехоҳанд дар Тоҷикистон он  неруи  сиёсиеро  ба  сари  қудрат  оранд,  ки  ба  манфиати  онҳо  амал  хоҳад  кард. Чунонки Саймумин Ятимов таъкид кардаанд: «Вазифаи субъектҳои офаринандаи идеология маҳз дар ҳамин аст, ки бо роҳҳои гуногун ҳарчи бештар ақлу ҳуши мардумро ба даст гиранд. Ба даст гирифтан бо мақсади мутеъ сохтан. Мутеъ сохтан барои идора кардан. Идора намудан барои расидан ба мақсадҳои сиёсии дахлдор. Амалӣ кардани амбитсияҳои сиёсӣ  барои расидан ба захираҳои иқтисодӣ. Аз ин рӯ, субъектҳо ба иқдомоти воқеӣ – парвариши идеяҳо умед мебанданд, зеро бар он боваранд, ки «идея замоне ба қувва мубаддал мегардад, ки оммаро фаро гирад». Бо ин мақсад онҳо неруҳои  дигарандеши  сиёсиву  мазҳабӣ  ва  саркардаҳову намояндагони  ин  гурӯҳҳоро  дастгирӣ  мекунанд. Намояндагони   ин  гурӯҳҳо  дар  навбати  худ бо силоҳи  идеологӣ  вориди  майдони  муборизаи  сиёсӣ  шуда,  ба  хотири  заиф кардани рӯҳияи милливу тира  кардани  фазои  иттилоотии ҷомеа ва барангехтани  низоъу  норозигӣ  ҳама  гуна  василаҳои  имконпазирро  мавриди  истифода  қарор  медиҳанд.  Неруҳои  манфиатҷӯи  минтақа  ва   байналмилалӣ  ба  хотири  таҳияи  омилҳои  ташаннуҷ  ва  нооромӣ  дар  ҷомеаи  мо  ҳамеша  саъй  мекунанд,  ки  тафриқаи  диниву  мазҳабиро  ба  вуҷуд  оваранд,  то  ба  ин  васила  имкони  осони  дахолат  дар  умури  дохилии  моро зери  ниқоби  ниҳодҳои  зиддитеррористии  сулҳҷӯ  ва  башардӯст  дошта  бошанд.  Ин  неруҳо  ба  воситаи  ниҳодҳои  таҳлиливу  тадқиқотии  худ  на  танҳо  омилҳои  ташаннуҷу  низоъ,  балки  тамоми  омилҳои  ваҳдатсози  ҷомеаи  моро  низ  мавриди омӯзиш  ва  таҳти  таъсир  қарор  медиҳанд.  Ҳадафи  гурӯҳҳои мазкур  аз  ин  кор он  аст,  ки  омилҳои  ташаннуҷу  низоъро  тақвият  дода,  омилҳои  ваҳдатсоз, аз ҷумла рӯҳияи миллии моро  заиф  бисозанд.

Баъди  суқути  давлати Шӯравӣ  ва  беэътибор  шудани  арзишҳои  идеологии  он  дар  фазои  андешаву ақидатии  ҷомеаи  мо  халои  идеологӣ  ба  вуҷуд  омад,  ки  мутаассифона,  мо то  ҳанӯз онро пур накардаем  ва  ҳатто  барои  пур кардани ин  фазои  холии  зеҳнӣ идеологияи муназзаму мукаммал ва дастгоҳи  идеологии муқтадир ҳам  наофаридаем.  Ба  ҷойи  анҷом  додани  ин  кори  хеле  муҳим  ва  тақдирсоз  неруи  дастгоҳи  давлатиро  фақат  баҳри  ҳифзи  ин  фазои  холӣ  мавриди  корбурд  қарор  медиҳем  ва  талош  мекунем,  ки  ба  ин  васила  аз  вуруди  ақидаҳои  ифротиву  тундгарои  диниву  мазҳабӣ  ва  ахлоқиву  ақидатии  тахрибкори   хориҷӣ  ҷилавгирӣ  карда  бошем.  Ин  як  заҳматест,  ки  ба  танҳоӣ  натиҷаи  дилхоҳ  ба  бор  нахоҳад  овард.  Холигии  фазои  идеологӣ  мисли  ҳама  гуна  хало (вакуум)  ҳамеша  ва  аз  ҳар  сӯ  омодаи  ба  худ  фурӯ  кашидан  ва  ҷабидану  балъидан   аст.  Аз ин  рӯ, мо бояд  бетаъхир  дар  пайи  он  бошем,  ки  идеологияи миллиро  ҳамчун  як  низоми  мукаммали  ақидатӣ  ташаккул  дода,  дар  зеҳни  аҳли  ҷомеа  ва  хосса,  насли  наврас  ҷой  диҳем.  Ин  асоситарин  ва  беҳтарину  муассиртарин  василаи  ҷилавгирии  интишори  ақидаҳои  ифротиву  тундгарои  динӣ  ва ахлоқии  таҳмилии  тахрибкори  хориҷӣ  ва ҳамчунин  ҳифзи амнияти   иттилоотии  кишвар  хоҳад  буд.

Якпорчагии давлату ваҳдати миллат маҳз дар заминаи якандешиву якмаромӣ нисбати асоситарин масъалаҳои умумидавлатӣ ва арзишҳои миллӣ ба вуҷуд меояд. Бигзор, атрофи масоили ҷузъӣ дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву эътиқодӣ гуногунандешӣ дар байни афрод ва ниҳодҳои ҷомеа ҷой дошта бошад, ин албатта,  ба нафъи кор аст ва аз омилҳои асливу муҳими рушду пешрафт маҳсуб мешавад. Аммо ҳамаи  афрод ва ниҳодҳои ҷомеа, минҷумла аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ, ки талоши ба даст овардани ҳокимиятро мекунанд, бояд доир ба масъалаҳои умумидавлатӣ ва арзишҳову манофеъи  миллӣ, аз қабили истиқлолияти сиёсӣ, давлати миллӣ, забону фарҳанг, якпорчагии Ватан ва бақои миллат ҳатман тавофуқи назар ва диди ягона дошта бошанд. Ҳаргиз ба хотири дастёбӣ ба ҳадафҳои гурӯҳиву  манфиатҳои шахсӣ ва савдоҳои сиёсӣ ин арзишҳоро дар баробари манфиатҷӯёни дохиливу хориҷӣ ба паҳлуи тарозу набояд гузошт. Маҳз  ҳифзи арзишҳо ва манфиати миллӣ бояд ҳадафи оливу аслӣ ва ниҳоиву бебадали кулли  афрод  ва ниҳодҳои ҷомеаи мо бошад,  на чизи дигар.

Барои то ин сатҳи тафаккур рушд кардани андешаи ҳар фарди миллат  ва  такомул ёфтани аҳдофи гурӯҳҳои  сиёсии  ҷомеаи мо таъсири мунтазам ва фарогири идеологияи ягона ва тақвияти рӯҳияи миллӣ ногузир аст.

Идеологияи миллӣ муҳимтарин василаи ҳифзи бақои миллат ва давлат аст. Дар муқобили ифротгароӣ, аслан на бо силоҳ, балки бо неруи зеҳнӣ ва андеша мубориза бурдан мебояд. Ҳар қадар ки дидгоҳи мардум фарохтару андешаи аҳли ҷомеа фарогиртар бошад, ба ҳамон андоза зери таъсири таассубу хурофоти динӣ ва мазҳабӣ қарор гирифтани афрод маҳдудтар хоҳад буд.  Ба он андозае, ки сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва маърифати ҳуқуқиву сиёсии шаҳрвандон баландтару рӯҳияи миллӣ қавитар  бошад, ба он андоза сатҳи таъсири ақидаҳои ифротгароёна дар ҷомеа поёнтар хоҳад рафт.

Маълум аст, ки заминаи рушду пешрафти ҳар давлату миллат, аслан на захираҳои моддиву табиӣ, балки захираҳои зеҳниву интеллектуалии он аст. Маҳз ба василаи тарбияи мутахассисони варзида, ки аз донишҳои замонавӣ бархӯрдоранд ва ҳамзамон дорои рӯҳияи милливу эҳсоси ватанпарастӣ мебошанд, метавон рушди минбаъдаи  давлатро  таъмин  кард. Ин рисолати  бузург  ба зиммаи зиёиён ва махсусан, қишри аз ҳама асосии он, яъне аҳли маориф вогузошта шудааст. Саймумин Ятимов дуруст таъкид мекунад, ки: «Табиатан маҳз ҳамин қишри аҳолӣ, неруи пешбарандаи тамоми инкишофи маънавист, барои он ки «вазифаи зиёиён ҳамчун табақа – сарҷамъ кардани миллат дар асоси тасаввуроти ягона… мебошад. Ба ибораи дигар, зиёиён бояд принсипҳои муҳим ва асосии характери миллиро ошкор ва аниқ намоянд» ва ба ваҳдату қудратмандии миллат мусоидат намоянд».

Соҳаи  маориф  дастгоҳи такмили захираҳои зеҳнии миллат аст. Ин дастгоҳ, ки ба василаи давлат ба вуҷуд оварда шудаву ба василаи давлат нигаҳдорӣ ва маблағгузорӣ мешавад, бояд хидмати давлату миллатро  ба таври шоиста анҷом диҳад ва аз неруҳои  зеҳнии ҷомеа мутахассисони  варзида ва ҳамзамон шахсиятҳои ватанпарастеро, ки ба арзишҳои давлативу миллӣ содиқанд, тарбия кунад. 

Маориф ду ҷанба дорад, ки яке, таҳсилот аст ва дигаре, иршоду рӯшангарӣ. Шояд ин ду истилоҳ ва махсусан, истилоҳи рӯшангарӣ ва рисолати он барои ғайриихтисосмандон чандон фаҳмо набошад. Мухтасаран метавон тавзеҳ дод, ки ба василаи таҳсилот  мо ба тарбиягиранда илму маърифат омӯхта, аз ӯ бояд як инсони донишманд ва хушахлоқ  созем.  Ба василаи иршоду рӯшангарӣ бошад, мо дар ниҳоди ӯ бояд ангезаи талошу саъю кӯшиш варзиданро баҳри ба даст овардани мақсадҳои муайян бедор кунем  ва  тарбиягирандаро  ба  як инсони  ҳадафманд  ва  кӯшо  табдил  диҳем. 

Бояд гуфт, ки мо ба таҳсилот  ва илму маърифат омӯхтани насли наврас (образование), ки аз муҳимтарин рисолатҳои аҳли маориф аст, то андозае таваҷҷуҳ зоҳир менамоем, аммо мутаассифона, рисолати рӯшангарии (просвещение) худро қариб, ки  фаромӯш кардаем. Моро ҳатман мебояд, ки  ангезаи талошу саъю кӯшиш  варзиданро  баҳри  ба  даст овардани ҳадаф дар зеҳни ҷавонони таълиму тарбиятдида  таҳрик диҳем - ангезаи талош варзиданро барои рушду шукуфоии Ватани азиз, ки баҳри ҳифзи марзҳои аздастрафтаву кунунии он дар тӯли  ҳазорсолаҳо  ҳазорон ҳазор аҷдоди мо ҷоннисорӣ кардаанд, ангезаи тавонмандиро дар баробари эҳсоси нотавониву аҷз, ки зеҳнҳои моро харобу заиф ва эътимоди моро ба худ шикастааст, ангезаи худгароиро дар баробари бегонагароӣ,  ки  моро  ҳатто  дар  назари миллатҳое, ки тамоили гироиш ба онҳоро дорем, хору  залил  кардааст, ангезаи эътимоду итминон ба худро, ки рӯҳҳои моро тавонову муқтадир мекунад ва зарурати ҳамгароиву ҳамбастагӣ ва ваҳдатро барои мо ошкор месозад, ангезаи хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва эътиқод ба арзишҳои миллиро, ки моро пайи ҳифзи марзу буми Ватан ва манофеи миллӣ ҷоннисору фидокор месозад.

Мутаассифона, алалхусус, дар самти рӯшангарӣ фаъолияти мо  хеле нокифоя  аст. Барои чӣ дигарон аз фарзандони мо метавонанд  тундгарову   мутаассиб  ва ифротиву худкуш   созанд  ва  мо  наметавонем  аз  ӯ  як  нафар  донишманд  ва  ё  соҳибҳунаре,  ки  ватанпарасту  миллатдӯст  аст,  тарбия  бикунем?  Агар  мо  дар  самти  рӯшангарӣ  ба  таври  боиста  ва шоиста корҳои  заруриро  анҷом  диҳем,  он гоҳ  ҳаргиз  шаҳрвандони  мо  таҳти  таъсири  гурӯҳҳои  ифротгаро  қарор  нахоҳанд  гирифт,  балки  ҳар  як  фарди  ҷомеаи  мо худ  ҳомии  манфиатҳои  милливу  давлатӣ  ва  муҳофизи  амну  суботи  сиёсӣ  хоҳад   буд.  

Чигунагии ояндаи мо ба чигунагии тарбияву таълими насли имрӯзи  мо  марбут  аст.  Ба  ҳар тарзе, ки мо насли имрӯзи худро тарбия кунем, ба ҳамон тарз ояндаи худро месозем. Агар тарбияи нек кардем, моро ояндаи нек ва агар тарбияи нохуб кардем, моро ояндаи нохуб интизор хоҳад буд.

Мо бояд ҳамқадами замон бошем ва ҷомеаи мутамаддин бунёд намоем. Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки ба дастовардҳои навтарину охирини илмиву технологӣ дастрасӣ дошта бошем. Гузашта аз ин, на танҳо истифодабарандаи фаъоли маҳсули зеҳни миллатҳои аз лиҳози технологӣ  пешрафта, балки истеҳсолкунандаи чунин технология низ бошем. Барои ин моро зарур аст, ки ҳатман захираҳои зеҳнии миллатро дар рӯҳияи омӯзиши улуми табиӣ ва дақиқ тарбия кунем. Мутаассифона, дар ин росто саъю талоши мо чандон ҷиддиву  созанда  ва муташаккил нест. Аммо  айни  замон  масъалаи аз  ҳама  муҳимтар ва тақдирсози мо, ки дар сатҳи давлатӣ бояд матраҳ  карда шавад, масъалаи ташаккулу такомули рӯҳия ва ғояи миллист, зеро маҳз рӯҳияи миллӣ пешзаминаи рушди устувори миллат аст.

Таблиғу талқини ғояҳои миллӣ бояд фарогир бошад. Он бояд тамоми уфуқҳои ҷомеаро фаро гирад, аммо дар мавриди таблиғот бо мардуми  одӣ набояд чун бо иштирокдорони ҷаласаҳои толорҳои мақомоти давлатӣ ва муҳассилини синфхонаҳои  донишгоҳҳо  муносибат дошта бошем. Пешбурди таблиғот дар ин самт  бояд бо усулу шаклҳои  муосиру муассир  роҳандозӣ шавад. Таблиғи ақидаҳои ватанпарастонаву талқини ғояҳои миллӣ ва пешбурди корҳои идеологӣ дар сатҳи омма, ба вижа, дар сатҳи миллионҳо нафар агар чун шарҳи  як мавзӯи илмӣ  ва  ё  маърӯзаи  хушки минбарии як ҷаласа доир шавад, натиҷаҳои дилхоҳ нахоҳад дод. Ғояҳои миллиро  дар сатҳи омма бояд бо усули марғубу матлуб  талқин кард. Ин доруро бояд чун пизишки хушкору хушсалиқа бо ангубин омезем ва дар коми ҷомеаи навзоди худ резем, вагарна корбурди мунтазами ин дору  дар шакли холис боиси нороҳатӣ ва даступоафшониву беэътиноии мариз  хоҳад буд.

Антивируси идеологӣ дар ҳама манбаъҳои иттилоотие, ки мардум аз он истифода мекунад, бояд рехта ва омехта шавад, аммо  ин  омезиш бояд бадеӣ ва бисёр нозуконаву номаҳсус сурат  гирад. Дар сатҳи омма хушку дурушту ғайрибадеӣ ва дилгиркунанда истифода шудани идеология мувофиқи матлаб нест ва метавонад вокунишҳои равонӣ ба вуҷуд орад.

Яке аз василаҳои бисёр муассиру фарогири пешбурди кори идеологӣ бо услуби омезиши дору дар ангубин, ки дар ҷомеаҳои ҷаҳонӣ васеъ истифода мешавад, ТВ, кино ва соҳаи кинематография аст. Бо ин васила арзишҳо ва ҳадафҳои умумимиллиро метавон ба таври бадеиву номаҳсус, вале ҳамзамон муассиру фарогир таблиғ кард. Миллионҳо нафар  дар дохилу хориҷ метавонанд ихтиёран зери таъсири маънавӣ ва идеологӣ қарор гиранд. Ҳамарӯза ҳар як хонавода ва афроди он, чи хурду чи бузург ба таври дастҷамъона ва ё инфиродӣ чанд соат вақти худро ҳангоми фароғат ва дигар машғулиятҳо назди телевизион мегузаронанд.  Ин миқдор  вақт, ки дар сатҳи як ҷомеа миллионҳо соатро ташкил мекунад, бояд пурсамар истифода шавад.

Мо бояд шабакаҳои телевизионӣ ва барномаҳои гуногун ташкил кунем, ки мутобиқи завқи аксарият бошад  ва дар ангубини ин барномаҳо доруи идеологиро ҳам илова намоем. Илова ба ин, ҷиҳати  фарогир шудани амвоҷи  шабакаҳои телевизионии кишвар на зоҳиран, балки амалан ва таъҷилан корҳои заруриро анҷом диҳем. Интишори амвоҷи баъзе шабакаҳои телевизионии кишварҳои ғайрро бояд маҳдуд ва ё куллан қатъ намоем. Расонаҳои интернетӣ низ бояд таҳти назар ва назорат бошанд.  

Дар шароити кунунӣ услуби ба даст овардани мавқеъ дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонкушоӣ нисбати чанд қарн пеш тафовут дорад. Имрӯз ҷангҳо, аслан иттилоотист, аз ин рӯ, дастрасии ҷомеаи мо ба маъхазҳои иттилоот, аз як сӯ, агар ҷиҳатҳои хуб дошта бошад, аз сӯи дигар, хавф низ дорад. Истифодабарандаи ноогоҳ, ки антивируси идеологӣ надорад, дар мавриди аз ин маъхазҳо дастрас кардани иттилоот  ғолибан гумон мекунад, ки он айни ҳақиқат аст, аммо мутаассифона, маъхазҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои телевизионии ғайр ҳамеша иттилоотро бо таҳрифҳои манфиатҷӯёна интишор  медиҳанд.

Маҳз ҳамин гуна услуби истифодаи иттилоот ва дастрасӣ ба маъхазҳо хатарзо аст. Имрӯз аҳли  ҷомеаи  мо бояд аз кори ҷаҳон огоҳ бошад. Зудбовариву хушбоварии бидуни таҳлил ва ояндабинӣ барои миллат оқибатҳои нохуш хоҳад дошт.

Идеология неруест, ки метавонад артишҳои бузургу абарқудратро бе ҷанг ва бе талафот шикаст диҳад. Идоракунии идеологӣ ин идоракунии фосилавӣ (дистансионӣ) аст.

Дар баробари  истифодаи расонаҳои интернетӣ ва бархӯрдорӣ аз шабакаҳои  телевизионӣ  ҳамчунин  аксари мардум қисмати бештарини вақти холӣ ва фароғати худро сарфи тамошои филмҳои мухталиф мекунанд. Ин филмҳо бидуни истисно ҳама хориҷианд. Мардум дигар чора  ҳам надорад, зеро дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ филмҳои ватаниро, умуман наметавон пайдо кард.

Тамошои бардавоми филмҳои хориҷӣ низ метавонад тадриҷан фазои андешаи аҳли ҷомеаро тағйир диҳад,  аз ин рӯ, имтиёз ва афзалият додан ба интишори филмҳои истеҳсоли ватанӣ барои тарбия ва иршоди аҳли ҷомеа амри зарурист. Аммо дар ин маврид бояд ба эътибор гирифт, ки филмҳои мавҷудаи истеҳсоли ватанӣ оё  масъулият ва рисолати иршоду тарбияи аҳли ҷомеаро, ки бар дӯш доранд, анҷом дода метавонанд ё  не? Агар мутобиқи  ин меъёр ва аз ин дидгоҳ ба муҳтавою мундариҷаи филмҳои ватанӣ нигарем, мутаассифона, маҷбур мешавем, ки бо камоли рӯҳафтодагӣ ба суоли боло аксар маврид ҷавоби рад диҳем. Аксари филмҳои ватанӣ, аз ҷумла филмҳое, ки дар замони Шӯравӣ наворбардорӣ  шудаанд  ва  ҳатто филмҳое,  ки баъд аз соҳибистиқлол шудани кишвар таҳия гардидаанд, дар робита ба самти тарғибот ва иршод ба самти кунунии сиёсат ва идеологияи миллӣ ҳамоҳанг нестанд. Масалан, филми 6 сериягии «Ҷӯра – шикорчӣ аз Мин - Архар», ки соли  1987 таҳия шуда, дар сатҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар кӯтоҳтарин вақт ҳамчун дастоварди кинематографистони «Тоҷикфилм» унвон гирифт, на танҳо аз дидгоҳи идеологии кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ҳатто бо назардошти ҷойгоҳи таърихӣ ва обрӯву иззати мардуми тоҷику тоҷикистонӣ  дар замони Шӯравӣ низ ғайри қобили қабул ва таҳаммул буд. Ҳар касе, ки дар бораи сарзамини таърихӣ ва тамаддунофар будани Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ҳудуди кунунии Тоҷикистон маълумот надошта  бошад ва ин филмро тамошо кунад, ба чунин хулоса меояд, ки 90 сол қабл аз ин гӯё сокинони диёри мо на дар зинаи ташаккули муносибатҳои ҷамъиятиву истеҳсолии сармоядориву  феодалӣ ва ҳатто ғуломдорӣ, балки маҳз  дар шакли ҷамъияти ибтидоӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳаёту мамоти қабилаҳои одамони ин сарзамин гӯё аз барору нобарории шикор вобастагӣ дошт. Ба ёд оред он лаҳзаҳои филмро, ки Ҷӯра ва Қучқор ба шикор  мераванд ва ҳаёти тамоми қабила ба натиҷаи шикори онҳо марбут аст. Бо заҳматҳои  зиёд Ҷӯра ва Қучқор бузи кӯҳиеро сайд мекунанд ва ҳангоми бозгашт, вақте ки аз баландии назди истиқоматгоҳи ҳамқабилаҳояшон намудор мешаванд, аҳли қабила, ки ҳама сахт гуруснаанд,  баробари дидани сайду сайёдон  ҳама сару садо баланд карда  шодмонӣ мекунанд, аз он ки аз марг наҷот ёфтанд.

Ҷойи дигар филмсозон чунин саҳнаеро офаридаанд: Ҷӯра ва Зайнаб, яъне қаҳрамонҳои филм, ки дар умри худ шакар ва қандро надидаанд, ҳангоми аввалин маротиба дидан ва чашидани ин маҳсулот яке аз дигаре мепурсад, ки инҳо чистанд? Дигарӣ шакарро «реги ширин» (сладкий песок)  ва қандро «яхи ширин» (сладкий лёд) меномад.

Ба ин васила офарандагони филми мазкур кӯшиш кардаанд, ки сатҳи андеша ва тарзи баёни содаи одами ҷамъияти ибтидоиро нишон диҳанд. Нишон диҳанд, ки ин одамон ба сабаби ҷаҳонбинии маҳдуде, ки доранд, ашёро танҳо дар алоқамандӣ ба ҷисмҳои табиат ва муҳити атрофи худ метавонанд номгузорӣ намоянд.

Дар ҷойи дигари филми мазкур чунин воқеа тасвир шудааст: Шахси ношиноси захмишуда ба истиқоматгоҳи қабила наздик мешавад. Вақте ки “аҳли” қабила ӯро мебинанд, ба чунин хулоса меоянд, ки вай шайтон аст, аз ин рӯ, тасмим мегиранд, ки ӯро  сангсор кунанд. Ҳангоми сангсор кардани «шайтон» оқсақоли қабила меояд ва ҳамқабилаҳояшро аз сангсор кардан бозмедораду ҳамчун пешво  чунин суханони «хирадмандона» мегӯяд: «Ӯро назанед, чунки ӯ шайтон нест. Шайтон шохҳо ва дандонҳои оҳанин дорад!» Худ қазоват кунед, оё мо ҳақ дорем, ки мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофари худро, ки таърихи қадимтар аз Мисру Бобулу Юнон дорад ва ҳанӯз 3000 сол қабл осори хаттиву фалсафаи хирадгароёна дошт, то ба ин ҳад дар назари миллатҳои дигар бефарҳангу хурофотпараст ва хору залил  нишон диҳем? Муғулҳо аз Чингиз, ки хунхортарин чеҳраи таърих аст ва даҳҳо миллион нафар одамон, махсусан сокинони минтақаҳои маданиро қатли ом кардаву ҳазорон шаҳрҳоро  ҳадафмандонаву бадхоҳона ба харобазорҳову чарогоҳҳо табдил дод, «қаҳрамон»  месозанду  ӯро чун «пайвандгари тамаддунҳо»  муаррифӣ мекунанд ва дар ин росто то андозае муваффақ ҳам шудаанд. Аз ин чеҳраи хунхор ва душмани тамаддун тавонистаанд ҳадди ақал барои насли имрӯзи ҷомеаи худ қаҳрамон ва мояи ифтихор офаранд, лекин мо бо дасти худ мехоҳем мардуми худро ҳақир нишон диҳем. Пас оё метавон гуфт, ки мо ворисони сазовору номбардори гузаштагони барӯманди худ ҳастем? Худшиносии миллӣ куҷост? Рӯҳияи милливу ғурури ватандориро оё бо чунин усул тарбия метавон кард?

Дуруст аст, ки ин филм дар замони Шӯравӣ офарида шуда буд ва он замон барои ба аҳли  ҷомеа таъсири идеологӣ расонидан ва афзалияти «дунёи нав»-ро бар «дунёи куҳна» нишон додан аз санъати  муқобилгузории сафеди мутлақ ва  сиёҳи  мутлақ  истифода карда мешуд. Аммо новобаста ба ин ҳатто дар он замон ҳам, махсусан дар мавриде ки бозсозӣ шурӯъ шуда буд, бояд равшанфикрони кишвар намегузоштанд, ки мардуми мо  ба воситаи ин филм то ба ин андоза хору залил нишон дода шавад.

Аз ин ҳам бештар тааҷҷубовар ва таассуфангез он паҳлӯи масъала аст, ки ҳатто баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ ин филм аз тариқи бонуфузтарин шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҳамасола пурра намоиш дода мешавад. Бо намоиш додани ин филм, ки муҳтавою мундариҷаи он куллан бо идеологияи миллӣ мухолифат дорад, мо чӣ ҳадаф дорем? Монеа эҷод кардан дар роҳи худшиносии миллӣ? Ё костани мақому манзалати ҷомеаи кишвар дар назди ҷомеаи башарӣ? Агар ҳадаф ин аст, пас кӣ онро пайгирӣ мекунад? Ё шояд масъала то ба ин ҳад чигил  нест ва ҳадаф аз намоиш додани ин филм  танҳо пур кардани эфири холии телевизион бошад? Агар чунин аст, пас бояд аз масъулин пурсида шавад, ки оё барои пур кардани эфири холӣ  афкори ҷомеаро хароб кардан муҷоз ва мумкин аст?

Аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва хосса аз тарафи шабакаҳои телевизионии давлатӣ бояд мавод ва иттилооте интишор дода шаванд, ки барои давлат ва ҷомеа манфиатовар бошанд ё ҳадди ақал зараровар набошанд.

Аксари филмҳои мавҷудаи истеҳсоли ватанӣ ба истиснои теъдоди андаки онҳо на фақат ба дарди имрӯзи ҷомеа намехӯранд, балки аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво бо самти сиёсати давлатӣ ва идеологияи миллӣ мухолифат доранд.    

Ҳатто филмҳои машҳуре аз қабили «Гуфтор дар бораи Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Коваи оҳангар»,  « Гуфтор дар бораи Сиёвуш» ва амсоли инҳо, агарчанде муҳтавою мазмуни баланд дошта бошанд ҳам, аммо бинобар сабаби дар замони Шӯравӣ ва бо назардошти идеологияи муборизаи синфӣ офарида шуданашон дар шароити кунунии муносибатҳои ҷамъиятӣ метавонанд таъсири номатлуби идеологӣ ҳам дошта бошанд. Ҳамзамон вобаста ба сатҳи рушди соҳаи кинематографияи ҷаҳонӣ ва санъати наворбардорию дараҷаи мураккабии филмофарӣ он ҷангномаҳо дар қиёс ба ҷангномаҳои кинематографистони кишварҳои пешрафта, аз ҷумла кишварҳои Аврупо дигар наметавонанд ба тамошобин таассуроти амиқу хотирмон бахшанд ва ҳатто таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намоянд. Оё санъати баланди филмофариҳову қаҳрамонсозиҳоро дар ҷангномаҳои Юнону Мақдуния ва Рими қадим, ки бисёр воқеиву ҷаззоб ва шигифтангезу ҳайратовар наворбардорӣ гардидаанд, метавон бо услубҳои маъмуливу муқаррарии тасвири саҳнаҳои муҳорибаҳое,  ки дар филмҳои мазкур бисёр одиву сода офарида шудаанд, муқоиса кард. Бояд иқрор шуд, ки филмҳои мазкур бо ҳама арзиши волое, ки доранд, натавонистаанд  бузургиву шаҳомати воқеии қаҳрамонҳои мардумиеро чун Рустаму Суҳроб, Коваю Сиёвуш ва амсоли инҳо ба таври боиставу шоиста инъикос кунанд. Бояд таъсире, ки кино тавассути саҳнаҳои аёнӣ ва образу тимсолҳои зинда  ба тамошобин мебахшаднисбат ба таъсире, ки китоб тавассути матни орӣ аз аёният ба хонанда медиҳад, чанд маротиба бештар бошад, зеро дар кино василаи таъсиррасонӣ ҳам лафзӣ асту ҳам тасвирӣ, вале дар китоб  василаи таъсиррасонӣ танҳо лафзист. Ҳар касе, ки «Шоҳнома»-ро хондааст, бидуни тардид иқрор хоҳад шуд, ки Фирдавсӣ  дар мавриди баёни корномаҳои қаҳрамонҳои мардумии мо фақат  бо истифода аз таъсиррасонии лафзӣ ва сеҳри сухан хонандаро метавонад  бамаротиб бештар аз он  мутаассир кунад, ки коргардонҳо дар филмҳои мазкур бо тасвири ин саҳнаҳо тамошобинро мутаассир мекунанд. Ва низ ҳар касе «Шоҳнома»-ро хондааст, медонад, ки ин филмҳо шукӯҳу шаҳомати саҳнаҳои қаҳрамонии гузаштагони моро натавонистаанд воқеӣ ва муассир  инъикос кунанд.

Бояд симои қаҳрамонҳои ватанпарасти мардумӣ ва корномаҳои онҳо чунон ҷаззоб ва таъсирбахш офарида шаванд, ки насли ҷавони мо онҳоро идеали худ ҳисобанд ва дар пайравӣ  ба  эшон омодаи фидокориҳо барои Ватан  ва  миллати хеш  бошанд. 

Баъзе миллатҳо ба хотири дар рӯҳияи ватанпарварӣ  ва ифтихори миллӣ тарбия кардани афроди ҷомеаи худ аз ривоятҳо ва ҳатто афсонаҳо филмҳои қаҳрамонӣ месозанд, вале мо ҳанӯз дар бораи шинохтатарин чеҳраҳои таърихиву  қаҳрамонҳои  воқеии бостонии худ, ки дар арсаи таъриху фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ табаддулоту таҳаввулоти бузург ба вуҷуд овардаанд, ҳатто як филми кӯтоҳмуддате наофаридаем. Лозими тазаккур аст, ки аслан ин бузургмардон  ба арҷгузории мо эҳтиёҷ надоранд, балки моем, ки ҳанӯз  ба онҳо эҳтиёҷ дорем. Ба василаи муаррифии корномаҳои бузурги меҳанпарастона ва қаҳрамониҳову фидокориҳои беназири ин абармардон мо метавонем ба таври малеҳу нозук, вале ҳамзамон бисёр ҷаззобу муассир эҳтироми самимонаи мардумро нисбат ба арзишҳои милливу давлатӣ ба вуҷуд оварда, аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ тарбия намоем. Ин васила яке аз фарогиртарин ва  муҳимтарину  муассиртарин  василаҳои талқини идеологияи миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар сатҳи омма аст. Дар бораи корномаҳои ниёгони барӯманду тавонманди мо ҳатто хориҷиён ҳанӯз дар замони бостон асарҳо офарида, услубу сабкҳои вижа ва таҷрибаҳои муваффақонаи давлатдориву ҳукмронии онҳоро ба хотири таҳкими аркони давлатдории миллатҳои хеш таблиғу талқин кардаанд. Асари «Курушнома» («Киропедия»)-и Ксенофонти юнонӣ китобе аст, ки бузургтарин ҷаҳонгирони замони бостон ва асрҳои миёнаи Аврупо, аз қабили Искандари Мақдуниву Юлий Сезар ва Наполеон бо  истифода аз он услуби барпо кардани давлати абарқудратро омӯхтаанд ва таҷрибаи умури идориро дар миқёси ҷаҳонӣ андӯхтаанд.

Офаридани силсилафилмҳои таърихӣ дар бораи ин абармарди арсаи таърих ва дигар қаҳрамонҳою давлатмардон ва сиёсатмадорони бузурги миллӣ, аз қабили  Спитамону Ардашери Бобакон, Анушервону Бобаки Хуррамдин, Шоҳ Исмоилу  Амир Мунтасири  Сомонӣ ва амсоли инҳо, ки баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодиву арзишҳои миллӣ, таҳкими ҷойгоҳ ва мақому манзалати миллат корномаҳои бемисл нишон додаанд, айни муддаост ва барои дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия кардани ҷавонони мо метавонад  муассир бошад.       

Ҳар як филми хуб мисли мураббиест, ки метавонад дар муҳлати кӯтоҳи  вақт ҳазорон нафарро тарбият кунад, дар ҳазорон дил эҳсосоти саршори меҳр ва пур аз отифаро барангезаду дар ҳазорон зеҳн андешаҳои созандаро бедор созад, аммо ин гуна филмро касе метавонад офарад, ки худ эҳсосоти саршор ва андешаи бедор дошта бошад.

Дар сатҳи миллат андешидан мебояд, то дархӯри миллат филм офарид. Таҳиягари филм бояд дар мавриди интихоби мавзӯъ ва сюжа аз дидгоҳи давлат нигариста тавонад ва аз мавқеи давлат муҳимияти масъаларо муайян кунад. Филмҳо бояд ҷолиб бошанд, аммо фақат ҷолиб будан набояд ҳадафи аслӣ бошад. Мавзӯъҳои муҳим ва маъниҳои баланд бояд дар шакли ҷолиб манзури тамошобин карда шаванд. Дар шароити муосир мақом ва рисолати кино дар раванди ҷомеасозӣ бисёр муҳим ва муассир  аст.

Ба василаи кино ҳадафҳову ғояҳо, ҷаҳонбиниву меъёрҳои ахлоқӣ, мавқеъгириҳои сиёсиву иҷтимоӣ, диниву фалсафӣ ва ҳатто иртиҷоиву ифротгароиро метавон таблиғ кард. Афзалияти кино ҳамчун воситаи талқини ғоя аз дигар воситаҳои таблиғотӣ дар ин аст, ки он метавонад маъниро ба таври номаҳсусу пӯшида, вале ҷаззобу муассир ифода кунад,  аз ин рӯ, тамошобин ҳанӯз ҳадафҳои филмофаронро пайхас накарда метавонад ғайриихтиёр ва ноогоҳона зери таъсири ғояҳои муайяне  қарор гирад.  Бинобар ин аксар маврид тамошобинон ҳатто дар мавриди тамошои филмҳое, ки ғояҳои номатлубро ба тариқи номаҳсусу пӯшида талқин мекунанд, вокунише нишон намедиҳанд.

Ҳар як филм бори маънии мушаххасеро мекашад ва ҳадафи муайяне дорад, аз ин рӯ, тамошои мунтазами филмҳои хориҷӣ аз ҷониби аҳли ҷомеаи мо, албатта, наметавонад барои ба вуҷуд овардани фазои ягонаи ақидатӣ мусоидат намояд. Ҳатто филмҳои хориҷие, ки маъниҳои баланди ахлоқӣ ва ғояҳои умумибашариро таблиғ мекунанд, ҳадди ақал бинобар сабаби дар қолабҳои идеалҳову арзишҳо ва ба воситаи қаҳрамонҳои ғайр ифодаву инъикос шудани мазмун наметавонанд ба таври куллӣ ба талаботҳои маънавӣ ва идеологии ҷомеаи мо ҷавобгӯ бошанд.

Илм исбот кардааст, ки ҳамаи равандҳо ва падидаҳои ҷомеаи инсонӣ, аслан идорашавандаанд. Таҳти  таъсир қарор додану идора кардани  равандҳо ва падидаҳои ҷомеаи инсонӣ бо истифода аз василаҳои гуногун анҷом дода мешаванд. Яке аз василаҳои муосиру муассир ва хеле фарогири таъсиргузорӣ ба равандҳо ва падидаҳои ҷомеаи инсонӣ воситаҳои иттилоотӣ ва  аудио-видеоӣ аст. ВАО, интернет, кино ва ҳатто  таронаҳову клипҳову дигар навъҳои санъат ба ахлоқ ва маънавиёти мардум таъсир гузошта, ба ин васила андешаи шахсиву дидгоҳи иҷтимоии онҳоро шакл медиҳандАз ин рӯ, ҳатто шабакаҳои ба ном фароғативу шавқангез ҳам ҳаргиз холисонаву бетарафона ва бидуни ҳадафҳои идеологиву сиёсӣ фаъолият намекунанд. Онҳо ба таври хеле моҳирона ва пардапӯшу ноаён идеологияи муайянеро тарғиб намуда, ҷаҳонбинии тамошобини худро таҳти таъсир қарор медиҳанд.

Бинобар ин ба хотири тақвияти кор дар самти пешбурди умури идеологӣ бояд аз имконот ва иқтидори ин василаҳои таъсиргузор пурсамар истифода намоем. Ҳамзамон тамоми маводи ВАО, интернет, ҳамчунин маводи тамошоӣ, аз ҷумла филмҳову намоишномаҳо ва таронаҳо, ки ба афкору ахлоқи мардум метавонанд таъсир гузоранд, пеш аз он ки дар сатҳи омма интишор гарданд, бо назардошти мутобиқат ба арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ мавриди арзёбӣ қарор дода шаванд. Беназорат гузоштани ин самти кор,  бегумон дар кӯтоҳмуддат фазои ақидативу ахлоқӣ ва батадриҷ фазои сиёсии ҷомеаро тира хоҳад кард.

Филмҳо ва таронаҳову рақсҳо ба ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи аҳли ҷомеа,  ба вижа ҷавонон таъсири амиқ мерасонад. Аксари василаҳои номбаршуда аз ҷониби гурӯҳҳои муайян зоҳиран ба хотири тиҷорат ва воқеан, ба хотири шикастани меъёрҳову   қолабҳои маъмулии ахлоқиву маънавии ҷомеаҳои мавриди назар интишор дода мешаванд. Ин василаҳои таъсиррасониҳои иттилоотӣ ва фарҳангӣ боиси дигар  шудани меъёрҳои рафтор ва ахлоқи мардум мегарданд, аниқтар гӯем, ба аморализм, яъне бадахлоқӣ ва лоуболӣ роҳ мекушоянд, ки ин албатта, муносибатҳои иҷтимоиро дар сатҳи як ҷомеа метавонад тадриҷан вайрон кунад. Нафароне, ки нисбат ба риояи меъёрҳои ахлоқиву суннатӣ беэътиноӣ мекунанд, дар гумон аст, ки нисбати риояи меъёрҳои қонуният ҷиддият дошта бошанд.

Бояд иқрор шуд, ки филмофарони мо аз бозори истеъмолии мавҷудаи кишвар ва талаботи рӯзмарраи мардум ба кино, ки хеле зиёд аст, ҳанӯз наметавонанд на аз лиҳози идеологӣ ва на аз лиҳози иқтисодӣ пурсамар истифода кунанд. Аз ин аст, ки мардум ниёзҳои худро дар ин росто ба василаи харидории фиттаҳои филмҳои хориҷӣ ва тамошои шабакаҳои телевизионҳои бурунмарзӣ қонеъ мекунанд. Ба таъбире, филмофарони мо ҳанӯз дар майдони холӣ асп тохта наметавонанд.

Филмҳо бояд мунтазам  офарида шаванд  ва наворҳо чун дарё бояд ҷорӣ бошанд, зеро ки мардум чун ташна интизори филмҳои хуб аст.  Талабот ба кино ҳамарӯза вуҷуд дорад. Аслан, филмофарӣ худкифоя аст. Филмофарӣ  ҳам идеология асту ҳам санъат ва ҳам тиҷорат асту ҳам саноат. Боиси тааҷҷубу таҳайюр аст, ки филмофарон, аксаран сюжаи филмро худ «меофаранд», дар ҳоле ки он сюжа на арзиши адабӣ дорад ва на арзиши фарҳангӣ. Гузашта аз ин, чӣ зарурат аст ба «офаридани» чунин сюжаҳои беарзиш, дар мавриде ки адабиёт ва таърихи миллати мо ҳазорон ҳазор сюжаҳои зебою корномаҳои воқеии арзишманде дорад, ки аз он филмҳои хуб ва дархӯри дарди ҷомеаро  метавон офарид?

Филмҳои нохуб боиси костагии завқи мардум, тахриби ахлоқи ҷомеа  ва заъфи рӯҳияи миллӣ мегарданд. Аз ин рӯ, ҳаргиз набояд гузошт, ки  кино ҳамчун  абзори рӯҳиясозӣ ба абзори рӯҳиясӯзӣ табдил дода шавад...

Назрӣ АСАДЗОДА

ҷомеашинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

Хондан 2646 маротиба

Китобҳо