JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 04 Марти 2020 05:22

Энтони Гидденс ва баъзе хусусиятҳои назарияи сохтории ӯ

Муаллиф: Шарифов И. У., Гулаҳмадов Ш. Н

  Яке аз муҳаққиқони барҷастаи илми ҷомеашиносӣ дар замони муосир Этнони Гидденс маҳсуб меёбад. Этнони Гидденс (англисӣ: Anthony Giddens) ҷомешиноси машҳури Британиёи Кабир 18 январи соли 1938 дар Эдмонтони Лондон ба дунё омада, падараш дар ширкати нақлиёти ҷамъиятӣ кор мекард. Гидденс таълимоти ибтидоиро дар Эдмонтон гирифта, минбаъд таҳсилашро дар Донишгоҳи Хол идома дода, зинаи аввали маълумоти мактаби олиро хатм карда дараҷаи бакалавриятро дар соҳаи ҷомеашиносӣ ва психология (1959), соҳиб мегардад.

  Ӯ таҳсилашро дар магистратураи мактаби иқтисодӣ ва сиёсии Лондан идома дода, аввалан дараҷаи магистриро соҳиб гашта, баъдан унвони доктори илмҳо дар Донишгоҳи Кембриҷро (1974) дарёфтааст. Фаъолияти кории ў аз соли 1961 - муаллими фанҳои ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи Лестер оғоз гардида, соли 1970 – муаллими калони ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ, аз соли 1985 то 1997 профессори соҳаи ҷомеашиносии Коллеҷи шоҳи Кембриҷ (UK) кор кард ва аз соли 1997 то соли 2003 ба ҳайси директори Мактаби иқтисодӣ ва сиёсии Лондон фаъолият карда, он ҷо айни замон профессори фахрист. Соли 2002 ў ба ҷоизаи шоҳзодаи Австрия дар бахши илмҳои иҷтимоӣ сарфароз мегардад. Ӯ муаллифи зиёда аз 34 китоб ва беш аз 200 мақолаҳои илмӣ буда, осораш ба 29 забони ҷаҳон тарҷума гардида аст, ки маъруфтаринашон инҳост;

  1. Капитализм ва назарияи муосири иҷтимоӣ 1971; 2. Функсионализм 1976; 3. Қоидаҳои нави усули сотсиологӣ ва бартарии сотсиологияи тафсирӣ 1976; 4. Таҳқиқи назарияҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ 1977; 5. Мушкилоти марказии назарияи иҷтимоӣ 1979; 6.Танқиди муосири материализми таърихӣ. Ҷилди 2.; Давлатҳои миллӣ ва аҳолӣ (1985); Паёмадҳои модерният (1990); Модерният ва худшиносиву худогоҳӣ (1991); Сиёсат, Сотсиология ва назарияҳои иҷтимоӣ (1995); Дюркгейм доир ба сиёсат ва давлат, Роҳи саввум 1996, Дар ҳимояи сотсиолгӣ (1996); Навсозии сотсиал-демократия (1998); Ҷаҳони дар тоз, Ҳаёти мо ва симои он дар раванди ҷаҳонишавӣ (1999); Дар канори зиндагӣ (2000); Роҳи сеюм ва мунаққидони он (2000); Сотсиология (2001); Куҷоянд коргарони нав (2002); Пешравӣ дар манифест. Ғояҳои нав барои маркази чапгароён (2003); Падарсолории нав (2005);

  Асари ў “Ҷомеашиносӣ» дар кулли макотиби олии мамолики ғарб тадрис дода мешавад. Дар доираи ин мақола ду паҳлўи фаъолияти эҷодӣ ва назария Гидденс, хулосаҳои ў доир ба назария сохтор ва ҷомеа, ки дар китоби маъруфаш “Паёмадҳои модернизм» таҳлил ёфтаанд, мавриди баҳс қарор хоҳанд гирифт.

  Чи тавре ки аз номгўи асарҳои ў маълум мегардад, кулли эҷодиёти олимро мавзўъҳо доир ба назарияи иҷтимоӣ, ҷомеашиносии таърихӣ ва сиёсатшиносӣ дар бар мегирад. Ӯро ҳамчун офаридагори назарияи сохтори иҷтимоӣ медонанд. Ба фаъолияти эҷодии ў афкори фалсафии Ҳайдигер ва бахусус консепсияи тафсири “мақулаҳои вақт ва ҳастӣ» [5] таъсири амиқ гузоштаанд. Гидденс афкори мантиқии Ҳайдигерро истифода бурда, зикр менамояд, ки фазо ва вақтро дар фалсафаи муосир ва назарияҳои иҷтимоӣ, ба тадбири Кант чун сохтори (қолаб) имконоти иҷтимоӣ ва фаъолияти онҳо наметавон тафсир намуд. Мафҳумҳои фазо ва вақтро танҳо метавон ҳамчун ифодакунандаи пай дар пайи ҳузур доштан ва ҳузур надоштан тафсир кард. Энтони Гидденс пеш аз ҳама муқобили назарияҳои функсионалӣ ва таҳаввулот баромада, тибқи фаҳмиши ў “функсионализм» таълимотест, ки “талабот» - ро дар низомҳои иҷтимоӣ ва ҷомеа тарғиб менамояд. Дар китоби “Паёмадҳои модерният» вай модернятро “як олами бемор» ба қалам кашида, онро як ҷомеаи ноқис тасвир намудааст. Ӯ зидди назарияи детерменистист. Гидденс бо чунин таҳлил ба баррасии хатарҳои модерният пардохта роҳи ҳалли душвориҳоро бар асосии “реализми хаёлӣ» мебинад. Созмони миллал солҳои охир доир ба “тағйирёбии иқлим аз қабили мушкилоти об, гармшавии сайёра, биёбоншавӣ як зумра конфронсҳои пурдабдабаю серхароҷот гузаронид, ки кулли онҳо то ба имрўз роҳҳои ҳалли хешро интизор буда, одамиро водор месозад, ки сари ин мушкилоти ҷомеаи муосир андеша карда, роҳҳои ҳалли ин душвориҳоро ҷустуҷў намояд». Ҳалли ин мушкилот, ки он сари он як қатор пажуҳишгоҳҳо, созмонҳо ва ширкатҳои хурду бузург камар бастаанд, далолат аз он мекунад, ки ҷомеаи башарӣ то ҳанўз тавони ба ин хатарҳо ҷавоб доданро надошта, дар роҳо ҳалли онҳо фарсахҳо дур мондааст. Тарафи дигари масъала он аст, ки афкори умумиҷаҳонӣ доир ба тағйирёбии муҳити зистро на ҳамаи қишрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ фаро гирифтааст. Рисолаи “Паёмадҳои модерният»-и Энтони Гидденс, ки соли 1990 чоп шудааст ба тариқи баҳс раванди чолиши ин хатарҳои мудҳишро, ки барои бақо мондани инсоният таҳдиди ҷиддӣ доранд, баррасӣ карда, натиҷагирии афкореро, ки Гидденс дар ин рисолаи хеш бардоштааст, ба худи хонанда ҳавола хоҳем кард. Гидденс номгўи хатарҳоеро, ки муҳити зисти олами муосир пойбанди онҳо гаштааст, нигошта ва хотиррасон менамояд, ки “хонанда дар раванди мутолеа ба камҳавсалагӣ ва руҳафтодагӣ дучор гардад» [1].

  Умуман ҳангоми мутолиаи асарҳои сирф илмӣ ба чунин ҳолати руҳӣ ва равонӣ ҳар як фард гирифтор мегардад, ҳол он, ки Гидденс офатҳои муҳити зистро зикр медорад, ки дар ин бора ҳамаи мо ҳатто майл ва хоҳиши сўҳбат карданро надорем ва умуман ин мавзўъ бароямон дилгиркунанда намуда, дар бораи ҳалли мушкилоти ҷойдошта одатан фикр ҳам нахоҳем кард. Ба пиндошти Гидденс “сабаби чунин афкор, пеш аз ҳама, аз он сарчашма мегирад, ки аксаран бар он андешаанд, ки ин офатҳо ҳал нашавандаанд» [6].

  Ӯ дар рисолаи мазкур ҳамчун равоншиноси шинохта ин падидаро таҳлил менамояд. Нуқтаи дигари муҳими ин рисола аз он иборат мебошад, ки муаллифи он зидди пост-модернистҳо баромада таъкид менамояд, ки “мо дар давраи шадиди модерният зиндагӣ дорем ва имкони шарораи баъзе он, ки дар тартиботи пост – модерн ишора шударо мушоҳида кунем». Муҳимияти ин мавзўъ шояд дар он бошад, ки Гидденс модерниятро чун як падидаи дуканора, ки раванди хуб ва бадро дорост маънидод карда ва хонанда бояд онро аз ин нуқтаи назар ба эътибор гирад. Касе кафолат дода наметавонад, ки дар оянда раванди хуби модерният тарвиҷ гардаду ва хотиртамон ҷамъ гардад.Ба ибораи дигар, тарафи дигари тангаи модерният баёнгари он аст, ки имрўз дар рўи замин касеро дарёфт кардан мушкил аст, ки доир ба ин падида маълумот надошта бошад. Дарёфти мавҷудоти зинда ва ғайризинда, ки аз амалҳои инсонӣ осеб надида бошад, дар руй олам имконпазир гаштааст. “Ягон нерў барои наҷоти инсоният аз ин офатҳои муҳити зист пофишорӣ нахоҳад кард ва ягон назарияи дақиқ ва аниқе вуҷуд надорад, ки баёнгари ғалабаи раванди дуввуми пост-модерниятро бар якум собмт карда бошад» [6, 312].

  Яке аз мавзўъҳои муҳиме, ки Гидденс мебардорад ин масъалаи паёмадҳои модерният буда, онро дар ду сатҳ: сатҳи васеъ ва сатҳи маҳдуд дар китобҳояш “Паёмадҳои модерният» ва “Модерният ва худшиносию худогоҳӣ» мавриди таҳлил қарор дода роҳҳои ҳалли офатҳоеро, ки ҳар рўз ба муҳити зист таъсир доранд, ба баҳс мекашад. Дар ин таҳлил ба баъзе аз паҳлуҳои ҳардуи ин китобҳоро баррасӣ хоҳем кард. Бояд иброз намуд, ки навиштаҷоти Гидденс пеш аз ҳама ба шарҳ ба тафсири сотсиологияи классикӣ аз афкори иҷтимоии марксизм, таълимоти сотсиологии Макс Вебер, Эмил Дюркгейм оғоз гардида, дар раванди омўзиши сотсиология ба хонанда кўмаки беандоза менамоянд. Бахусус паҳлуҳои гуногуни сотсиологияи классикӣ ва муассир дар китоби “Сотсиология» ў бардошта шуда, ин китоб дар кулли макотиби олии ҷаҳон ҳамчун фанни таълимӣ мавриди тадрис қарор дорад. 

  Бахши дигари осори Гидденс осори сиёсии ўст, ки доир ба масъалаҳои ҳизби коргарии Британияи Кабир аз дидгоҳи хоса ва масъалаҳои ҳизби сотиал-демократӣ ба таври умумӣ баҳс менамояд. Дар баробари ин, дар асарҳои Энтони Гидденс назариётеро дарёфт кардан мумкин аст, ки сирф аз ҷониби ў пешниҳод гардида, бозгўкунандаи дидгоҳи хосаи ў оиди паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии муосир ҳастанд. Дар адабиётҳои илмӣ баъзан Гидденсро “охирин модернист» [3] қаламдод менамоянд. Чунин тасвири Гидденс шояд аз он сарчашма гирад, ки вай дар як зумра осораш пайгирии аз масъалаҳои модерниятро кардааст. Чуноне ки аз муҳтавои осор Гидденс бармехезад, вай воридшавии инсониятро ба асри пост модерн қабул надорад ва иброз менамояд, ки “мо дар давраи шадиди модерният зиндагӣ дорем ва ҳанўз вориди марҳилаи дигаре нашудаем.» [2]

  Чунон ки аз адабиёти назарияи маърифатшиносӣ бармеояд хизмати беҳамтои Гидденс рўи кор овардани назария сохтор мебошад, ки дар китобҳои гуногуни ў мавриди баҳс қарор гирифтааст ва мо кўшиш ба харҷ медиҳем ба таври мухтасар ин назарияро таҳлил намоем. Дар луғати ҷомеашиносӣ ду забонаи бо номи “Мафҳумҳои навини ҷомеашиносӣ» омада “назарияи сохтор на як назарияи иҷтимоӣ, балки ҳастишиносӣ ҳаст, ки ба ҷойи нишон додани қонуни пешрафт ва ё баёни фарзияҳо дар бораи воқеият ба тарифи падидаҳое, ки дар ҷаҳон ҷой доранд машғул ҳаст [7].» Аз ин таъриф чунин бармеояд, ки ин назария ба ҷойи нишон додани хусусияти як ҷомеаи хос, ки аслан чи гуна фаъолият мекунад, мушкилоташ кадомҳоянд ва амсоли ин, аз мо тақозо менамояд, ки он чиро, ки ҳаррўз мушоҳида мекунем дарк кунем, ки он чист бояд бештар таваҷҷўҳ намоем Гидденс дар китоби “Сармоядорӣ ва назарияи ҷомеаи муосир» (1997) назарияи худро дар заминаи таълимоти суннатӣ баён намуда, формулаи назарияи сохторро дар рисолаҳои “Масоили меҳварии назарияи иҷтимоӣ» (1997) ва “Бунёди ҷомеа» (1984) нигошта ва минбаъд дар кулли осораш ин назарияро инкишоф додааст. Пажўҳишҳои зиёде доир ба назария сохтор рўи кор омадаанд, ки муаллифони баъзеи онҳо Гидденсро зери тозиёни танқид кашида иддао доранд, ки гўё Гидденс дучархаро аз сари нав ихтироъ карданист. Ба пиндори Гидденс ҳар як пажўҳиш дар илми иҷтимоӣ ҳангоми муайян кардани робитаи сабаб ва сохтор сурат мегирад. Назарияҳои суннатӣ ҳар якеро дар танҳои таҳлил намуда, якеро нисбат ба дигаре бартарӣ медоданд. Назарияи сохтор (Structuration theory), ки аз тарафи ин олими шинохта пешниҳод гардидааст, имкон медиҳад, ки моҳият ва мундариҷаи ҷомеаи муосирро таҳлил намоем. Ба фикри Гидденс, на сохтор ва на амал дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонад, онҳо аз ҳамдигар сахт вобаста мебошанд. Амалҳои иҷтимоӣ сохторҳоро ба вуҷуд оварда, онҳоро дубора месозанд. Барои ифодаи баҳамтаъсиррасонии сохтор ва амали иҷтимоӣ вай мафҳуми “structuration» (сохтор) – ро истифода бурда, “дугонагии сохторҳо»- ро қайд намуда, иброз медоранд, ки сохторҳо амалҳои иҷтимоиро имконпазир менамоянд ва дар навбати худ амалҳои иҷтимоӣ соҳхторҳоро ба миён меоваранд. Ин андешаро вай дар мисоли забон ва нутқ тасвир мекунад. Забон ин сохторест, ки аз қонун ва қоидаҳои хосаи муошират таркиб ёфтааст ва чунин ба назар мерасад, ки аз ягон фард вобастагӣ надорад. Барои поянда мондани забон аҳли муошират таввасути қонуну қоидаҳои ҷойошта бояд ҳарф бизананд ва нависад. Забон тайғирёбанда буда, дар он калимаҳои нав ба вуҷуд меоянд ва калимаҳои кўҳан фаромўш хоҳанд шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки одамон таввасути амалҳои хеш барои табдил ва дубора офариниши сохторҳо бевобаста саҳм мегузоранд. Гидднес табиати низомҳои иҷтимоӣ, институтҳои иҷтиморо эзоҳ дода, низомҳои иҷтимоиро чун намунаи муносибатҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад ва зикр меамояд, ки онҳо дар вақти муайян ва фазои муайян вуҷуд хоҳанд дошт. Низоми иҷтимоӣ ва институтҳои иҷтимоӣ зич бо фаъолияти одамон рабт дошта, маъмулан Гидденс онҳоро маъмур (агент) ном мебарад ва ба пиндори ў онҳо мақом ва мартабаи фаъолро дар ҷомеа доранд. Сохтор ба ахлоқи фард тавасути донишҳое, ки маъмур(агент) доир ба ҷомеа дорад, таъсир хоҳад гузошт. Дар ҷомеа як қатор «донишҳои умумӣ» вуҷуд дорад, ки чи гуна рафтор кардан ва чи тавр ба ашёҳо муносибат карданро ба одамон меомўзонад. Ин донишҳо ба маъмур имкон медиҳад, раванди зиндагии рўзмарраи худро дарк карда аз ашёҳое, ки ўро иҳота кардаанд дар фаъолияташ истифода намояд. Маъмур (агент) тавассути ахлоқи хеш аз он донишҳои низомномавие, ки дар сохториҳои ҷомеа сабт гардидаанд, истифода мебарад. Онҳо захираҳои модӣ ва қудратиро истифода мебаранд, ки бахшҳои сохтори ҷомеаанд. Гидднес бовар дорад, ки одамон хоҳиш ва кўшиш менамояд, то ҳаёти иҷтимоӣ босубот бошад. Одамон ниёз ба «амнияти вуҷудӣ» ё ин ки эътиқод доранд, табиат ва олами иҷтимоӣ чи тавре ҳаст чунин боқӣ хоҳа монд» ба мисли он ки бадан ба таври табиӣ мекўшад худро муҳофизат намояд. Бино ба андешаи Гидднес мавҷудияти дониши умумӣ ва ниёз ба амнияти вуҷудӣ ба навъҳои ҷойдоштаи ҳаёти иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Намудҳои рафтор такрор мегарданд ва бадин васила дубора сохтори ҷомеа, системаҳо ва ниҳодҳои иҷтимоиро меофарад. Вале ҳангоми ин раванд, ҳамеша имкони тағйири ҷомеа вуҷуд дорад. Одамон ҳамеша дар бораи он чизеро, ки анҷом доданиянд, фикр мекунанд ва расидан ба мақсади гузоштаро арзёбӣ менамоянд. Агар мақсадҳо иҷро нагашта бошад, пас маъмурон (агент) рафтор ва ахлоқашонро метавонанд дигар кунанд. Дар чунин раванд намудҳои фаъолият тағйир хурда, дар баробари он сохтори иҷтимоӣ тағйир меёбад. Барои ҷомеашинос мафҳуми «агент» хеле муҳим ба шумор меравад, чунки одамон ба ин воситаи амали худ гирду атроф ва ҷаҳонро дигаргун намуда, онро дубора меофаранд. Гарчанде, ки низомҳои иҷтимоӣ гоҳ-гоҳе аз байн мераванд, вале онҳо тавассути воҳидият, муттасили таҷоруби иҷтимоӣ пойдоранд. Муайяннамоии мартабаи иҷтимоӣ дар ҷомеа ба «ҳуввияти иҷтимоӣ» мувофиқат намуда, мунтазам аз дунболи хеш як доираи муайяни қонунҳо ва ўҳдадориҳо аз тарафи ҳунарманд, ки ба ҳуввияти ў мутобиқ бошад, иҷро карда метавонад; ин қонун ва ўҳдадориҳо дар шаклгирии муқаррароти нақшаи иҷтимоӣ, ки ба ин ё он мақом алоқаманданд, таъсир мерасонад.

 Тибқи фаҳмиши Гидденс рафтори одамон дар ҷомеа тавассути доштани робита бо ҳокимият роҳандозӣ мешавад ва ё тамоми фаъолиятҳои иҷтимоӣ дар ҳар сурат бо ин муносибат (яъне муносибат бо ҳокимият) рабт доранд. Гидденс ҳокимиятро ҳамчун олоте, ки ба воситаи он маъмур-одамон метавонанд, мавқеи чизҳо ва фаъолиятҳои одамони дигарро тағйир диҳанд (боздошт намоянд ва ё озодии онҳоро маҳдуд созанд), мепиндорад. Дар айни ҳол, ҳокимят, озодӣ ва фаъолияти он маъмуронеро, ки идора мекунанд, васеъ менамояд, он чизеро ки барои баъзеҳо маҳдуд карда аст, ба маъмурон икмкон медиҳад фаъолияти гуногун намоянд.

 Ба боварии том метавон иброз намуд, ки маҳаки афкори сотсиологии Гидденсро “фаъолияти иҷтимоӣ» дар бар мегиард. Фаъолияти иҷтимоӣ метавонад ифодакунандаи дугунагии “ҳамкорӣ» ва “сохтор» бошад. Ба анадешаи Этони Гидденс, “бар асоси назарияи сохторӣ марзи пажҳўҳиши асосии сотсиологияро на таҷрибаи ҳамкории фардӣ ва на вуҷуди макон ташкил медиҳад» [2]. Ба пиндори Гиденнс ду тарзи таҳлили вазифаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Аз дидгоҳи ў метавон вазифаҳоро чунин таҳлил намуд: яке аз нигоҳи қонунҳо ва дигаре аз нигоҳи дастрасии умумӣ. Ҳолати аввалро стратегия ва ҳолати дуввумро таҳлили ниҳодӣ ташкил медиҳад.

 Гиденнс муътақид аст, ки се омил ба фаъолият таъсир мерасонад. А) Вокуниши бозгаштӣ (аз нав баҳодиҳӣ): бознигарии арзишҳо ба фаъолиятҳои моддӣ ва иҷтимоии худи фард; Б) Фаъолияти оқилона: Зери фаъолияти оқилона» пеш аз ҳама салоҳияти рафтори маъмурон ва ҳолати баён кардани амаи иҷрокунандаашон, инчунин дарки он ки дигарон чи кор мекунанд, фаҳмида мешавад. В) Ангезаҳо- ниёзҳое мебошанд, ки фаъолияткунандаро ба амал кардан водор месозанд. Ангезишҳоро асоси фаъолият шуморидан мумкин аст. Дар назари аввал онҳо назарногир ба чашм мерасанд, вале дар фаъолияти инсон нақши муҳим доранд.

  Аз дидгоҳи Гидденс ин се омил ба се дараҷаи огаҳӣ марбутанд. Ин нуқта аз он шаҳодат медиҳад, ки равоншиносӣ дар афкор ва андешаи ў таъсири амиқе гузоштааст ва ин ақида ба назарияи “се дар худ»-и З. Фрейд [4] монандӣ дорад. Намунаи (модел) се ҷабҳагии фаъолият бо пиндори Гидденс инҳоянд:

А) Огоҳии ақлӣ: Он чӣ фаъолияткунандаи сабабҳо ва далелҳои фаъолияти худро иброз менамояд. Ба монанди кори муаллим ҳангоми дарс гуфтан.

Б) Дониши амалӣ (ё фаъолияти дар назар гирифташуда, маълум) он донише, ки ҳангоми амал кардан муфид бошад, аммо онро наметавон бо забон ифода кард. Энтони Гидденс аҳамияти чунин донишро махсусан эътироф мекунад. Ин зиннаи донишро вобаста ба «пойдории вуҷудӣ» фаъолияткунанда медонад. Чунин навъи маърифати иҷтимоӣ берун аз барномаҳои ҷойдошта ба таври пинҳонӣ дар аксар ҳолатҳо омўхта шуда ва баъдан иҷтимоӣ мешаванд.

В) Бемаърифатӣ: ин дараҷаи маърифат ба ангезаҳои ғайри маърифатӣ вобаста буда дар фаъолиятҳои рўзмарра аҳамияти зиёде надоранд ва онҳо дар шароити буҳронӣ аҳамият пайдо мекунанд. Аз ин бар меояд, ки таъсири равоншиносӣ бар Гидденс бештар буда, аммо илова бар равоншиносӣ таъсири услубшиносии мардум аст.

  Ҳамин тариқ, Энтони Гидденс яке аз асосгузорони назарияи сохтор ба ҳисоб рафта тибқи фаҳмиши ў, тассавурот доир ба духурагии сохторҳо, ки қоидаи асосии назарияи сохторбандӣ (structuration)-ро баҳси байни детерминизм (боварӣ доранд, ки ба рафтори одамон қувваҳои беруна таъсир мерасонанд) ва волюнтаризм (бар он боваранд, ки мардум иродаи озод дошта ва фаъолияташон бар асоси хоҳиши онҳо сурат мегирад) фарогир буда, имкон медиҳад барои ҳалли масоили иҷтимоӣ истифода бурда шаванд. Ба андешаи олим ҳарду ҷараён иштибоҳ мекунанд ва дар мавқеи ҳар ду унсурҳои ҳақиқатро дидан мумкин аст. Аз ин рў, як парадигмаи умумиятдиҳанда зарур аст, на самтгирии муқобили ҳамдигар. Гидденс модели стратификатсионии шахсияти амалкунандаро пешниҳод кардааст, ки зери назорати рефлексивӣ, оқилона ва бо ҳама гуна ангезаҳо дар низомҳои устувор фаъолият менамояд. Ӯ се омили таъсиррасон ба фаъолият ва се навъи сатҳи огоҳиро дар фаъолият нишон дода, доираи фаъолияти инсонро дар муҳити иҷтимоӣ муайян кардааст.

Шарифов Исомуддин Умарович

номзади илмҳои фалсафа

Гулаҳмадов Шамсуддин Нурович

Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №1 (254)

 

Адабиёт

  1. Anthony Giddens. The consequences of modernity. Stanford University Press, California. 1990 p.
  2. Anthony Giddens. Theory of Structuration, Cambridge, Press, 1984. 3. Held, David, Thompson, John. (1989). Social theory of modern societies Anthony Giddens and his critics, Cambridge University Press 4. Зигмунд Фрейд. Я и Оно: [сочинения] / З.Фрейд. –М. : Эксмо-Пресс, 2003.
  3. Хайдигер М. Бытие и время. Харков: «Фелио», 2003-503стр
  4. Энтони Гидденс. Последствие современности. Москва: Праксисю 2001. –с. 308
  5. با تلفظ واژه ها نویسنده: حسین شیرانن نیسان. ۴۹۳۲ ص. ۴۲۱ ,__
Хондан 2399 маротиба

Китобҳо