JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 09:35

Чаро дар фарҳанги исломӣ илмҳо рушд накарданд

Муаллиф:

Яке аз омилҳое, ки дар замони муосир муайянкунандаи рушду густариши илмҳо дар ҳар замоне ба ҳисоб меравад, ин таснифи улум мебошад. Агар мо ба таснифи улум дар таърихи фарҳанги исломи назар кунем, огоҳӣ пайдо мекунем, ки чи тавр улум дар чаҳорчубаи мазҳабӣ маҳдуд гашта, рушду тавсеаи соҳаҳои гуногуни иҷтимоиро ба бунбаст дучор кардааст.Ҳофизаи таърихии башарият, ки офаринандаи илмҳо ва тамаддун аст дар давраҳои таърихии худ илмҳои гуногунро вобаста ба мубрамияти талаботи зиндагӣ ва бехатарии вуҷуди худ ба даст овардааст. Дар ибтидои тамаддуни башарият фалсафа ҳамчун илм дарбаргирандаи фалсафа, риёзиёт, тиб, нуҷум, шеър, наққошӣ ва дигар улуми маъмули давраи бостон ва асрҳои миёнаро фаро мегирад. Ҳамвора бо тавсеаи ин улум ва тамаддуни башарӣ инсонро маҷоли он набуда ва нест, ки дар тамоми ин улум ба ихтироъкориву кашфиёт комёб гардад. Ин боис шудааст, ки улум табақабандӣ шуда, дар самтҳои худ густариш пайдо кунад. Ба вуҷудоии илмҳо ва густариши онҳо аз истифодаи амалии онҳост, ки барои рафъи мушкилоти зиндагӣ аст.

 

Масалан таърихи бавуҷудоии ҳандаса дар Миср аз туғёнҳои дарёи Нил вобастааст, ки заминҳо ва мулкҳоро хароб мекард ва инсонҳо чораҷўӣ карда, хатти ҳудуди вайронкунандаи онро муайян карда, барои дарё маҷро дуруст кардаанд ва чунин тасмимгириҳо сабаби густариши илми ҳандаса гашт ва дигар илмҳо низ бо чунин эҳтиёҷоти амалии инсон ба вуҷуд омаданд.

Табақабандии улум инчунин моро аз он огоҳ мекунад, ки чи гуна бояд илмҳо ба бахшҳои алоҳида аз рўи мавзўъ ва предмети он тақсим шавад ва ин бахшҳо то чи андоза аз якдигар дур ё наздик мешаванд. Табақабандии улум барои осон шудани корҳои илмӣ як навъ назми фикрӣ дар муҳаққиқ эҷод мекунад, ки ба мадади он васеътарин ва мушкилтарин масоили илмиро метавон дарёфт. Гоҳ равишҳои илмӣ аз худи илм ба маротиб беҳтар ва зудтар ба натиҷа мерасад.

Ҳамзамон таснифи улум аз масири чигунагии пешрафти маърифати башар огоҳ мекунад. Инчунин барои тартиб додани кутуб дар китобхонаҳо ва танзими феҳрасти онҳо осон мешавад.

Он табақабандие, ки дар Эрони Бостон аз татафи Арасту, равоқиён ва сахоластикаи асрҳои миёна сурат гирифт, бисёр маҳдуд буда, камбудиҳои зиёдеро дошт, ки баъдан аз тарафи рушангарони Даврони Эҳё таҷдиди назар шуда, аз маҳдудаҳои динӣ берун карда шуд. Аммо табақабандиҳои муосир ҳарчанд доирааш васеъ аст, вале ҳар кадом нуқтаи назари ба хосеро доранд.

Файласуфон ва донишмандони муосир баъди ренесанси урупоӣ бештар кўшиш ба харҷ додаанд, ки улумро бар ҳабси мабонӣ ва мавозеъи мухталиф табақабандӣ карда, ҳар илмеро дар табақаи махсус қарор диҳанд.Уламо ва файласуфони исломӣ бо таъсири улуми мавҷудаи замони худ, аз оғози фарҳанги исломӣ улуми ақлӣ ва нақлиро табақабандӣ карда ва марҳила ба марҳила тавзеҳ додаанд. Дар ҳар марҳила табақабандиҳо ба тарзҳои гуногун вобаста ба мавзўи асосии улум сурат мегиранд. Гуруҳе аз олмони шариати исломӣ бо такя ба таълимоти «ваҳй», «нубуват», «ваҳдоният» ба табақабандии улум пардохтаанд. Орифон бошанд асос ва манбаи таснифи улумро на ваҳй, балки як «Нур» (ашъа) ва «буд» -и ҳақиқӣ медонанд.

Аммо аз қарни сеюм (=10м) бо кўшиш «Ал-Киндӣ» табақабандии арастуиро асос ва манбаи табақабандии улум қарор дод. Арасту улумро бинобар ба як қавле ба назарӣ ва амалӣ ва ба қавли дигар ба назарӣ, амалӣ ва фаннӣ ё шеърӣ ё эҷодӣ тақсим мекунад.

1.Илмҳои назарӣ, ки ғояти он талаби маърифат ба хотири маърифат аст ва ақсоми он иборат аст аз:

а) Илми илоҳӣ ё мобаъд ут-табиат, ки аз вуҷуди мин ҳайси вуҷуд баҳс мекунад.

б) Риёзиёт, ки аз миқдор баҳс мекунад ва ақсоми он иборат аз ҳисоб, ҳандаса ва фалакиёт ва мусиқӣ аст.

в) Табииёт, ки аз мутаҳаррик ва маҳсус баҳс мекунад ва ақсоми он иборат аз; илми табиат, илми осори улвия, илми кавн ва фасод, илми набот ва ҳайвон, илми нафс, илми тиб ва илми кимиё.

2. Улуми амалие, ки иборат аз:

а) ахлоқ, ки мавзўъи он афъоли фардии инсон аст.

б) тадбири манзил, ки мавзўъи он афъоли ҷамъии инсон аст дар манзил.

с) сиёсат, фаъолияти инсон дар ҷомеа.

3. Улуми шеърӣ, ки ғояти он тадбири ақволи инсон аст.

а) шеър, ки мавзўъи он тадбири ақволи инсон ба сурати назм.

б) китобат, ки мавзўи он ақволи инсон аст, ки ба сурати хаёл ҳосил мешавад.

в) ҷадал, ки мавзўъи он таҳққиқ бахшидан ва қонеъ кардан аст.

Албатта Арасту ва баъдан пайравонаш дар мактаби машшоии шарқӣ мантиқро чун мадхале дар ин улум қарор дода ва ибтидо ба зикри он пардохтаанд, ки ақсоми он гуфта хоҳад шуд. Ғайр аз ин табақабандӣ дар тамаддуни исломӣ мабодии улуми ақлии дигаре тавсеа ёфт, ки мисли табақабандӣ бо эътибори қуввваҳои зеҳнӣ, табақабандӣ бо эътибори мавзўъе, ки маънавиёт ва моддиётро дар бар дорад. Ин тақсимбандӣ бештар ба таъсири андешаҳои Афлотун ташаккул ёфта буд. Баъд аз қарни чаҳорум дар Шарқи исломӣ тақсимоти дигаре донишҳоро ба арабӣ ва ғайриарабӣ тақсим кардаанд, ки бештар ба таъсири забоншиносони араб дар Куфа ва Басра сурат гирифтааст. Забон, фиқҳ, калом ва адабиёт донишҳои арабӣ, фалсафа, табииёт ва риёзиёти донишҳои ғайри арабӣ. Гуруҳи дигаре асоси тақсимбандии улумро дар асоси шараити исломӣ ба роҳ мондаанд. Масалан Муҳаммад Ғаззолӣ ва Ибни Халдун. Агар ба авзои замони Ибни Сино ва рисолаи Саргузашт низ таваҷуҳ кунем аз як ҷанба улуми замони Ў шакли энсиклопедистӣ дошта, аз ҷанбаи дигар маҳдуд ва зиёд ҷудо (дифренсация) нашуда буданд.

Баъди Ибни Сино низ улуми исломӣ дар доираи забон ва шариати исломӣ боқӣ монд. Таҳкиқи ин мавзўъ ба таври куллӣ дар фарҳаги исломӣ зарурат ба пажўҳиши густурда дошта, дар оянда аз он пайгирӣ намуд ва омилҳои бавуҷуд наомадани тағйиру таҳаввули онро метавон муайян сохт. Шояд яке аз ин омилҳо улуми шаръӣ бошад, ки тамоми фаъолиятҳои инсонро дар доираи маҳдуди худ нигоҳ дошта, бо догмаҳои динии худ онҳоро саркуб месохт ва намегузошт, то аз улуми табиатшиносӣ ва фанҳои дақиқ барои пешрафти башарият истифода намояд. Улуми динӣ бештар ҷанбаи амалӣ дошта, ҷанбаи назариро қабул надорад, зеро ба гуфтаи Ғаззолӣ моро метавонад ба гумроҳӣ кашонад.

Аммо агар ба улуми назарии исломӣ низ таваҷҷуҳ кунем, махсусан ба улуми назарии машшоиёни шарқӣ аз доираи ақоиди исломӣ низ берун набуд. Ақл низ манбаи илоҳӣ дошта, тамоми матиқиёт барои исботи аҳкомҳои динӣ равона шудаанд. Аз ин рў он даъвие, ки баъзе аз муҳаққикони мо дар мавриди ақлгароӣ дар фарҳанги исломиро дар заминаи осори машшоиёни шарқӣ мекунанд, ҳеҷ рабте ба ақлгароие, ки дар замони Эҳёи Аврупо мавҷуд буд ва таконе ба рушду густариши илмҳо дар Урупо гашт надорад. Зеро ақлгароӣ дар Урупо бевосита ба ақли инсон такя мекард, аммо дар назарияи ақлгароии машшоиён бошад, заминаи ақл на ақли инсон, балки ақли илоҳӣ дар назар дошта мешуд. Албатта барои таҳқиқоти ин мазўъҳо пажўҳиш ва рисолаҳои дигаре низ бояд анҷом ёбад.

Ниёзов Ё.Б.

Хондан 2247 маротиба

Китобҳо