Чанде қабл дар рўзномаи «Тоҷикистон» (№43 (1137), 29.10.2015) ва сомонаи http://www.pressa.tj мусоҳибаи Раиси анҷумани Рўдакӣ ва узви хориҷии АИ ҶТ Масъуди Миршоҳиро бо номи «Тоҷикони хурофотӣ ва эрониёни фарҳангӣ» бо рўзноманигорони воқеъбин Шарифи Ҳамдампур ва Одили Нозир мутолиа намуда, хостам андешаи хешро нисбати ин масаъала баён намоям. Чунки имрўзҳо ҳар инсони солимақл ноогоҳию худбохтагӣ, арабпарастию пантуркистӣ ва хурофотзадагию ифротгароии бархе аз мардуми кишварро дида ангўшти ҳайрат мегазад. Дар шароити имрўза масоили мухталифу печидаи сиёсӣ аз ҳар фард худогоҳию худшиносӣ ва зиракии баланди сиёсиро талаб менамояд, то ки мавқеи хешро дар…