JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 09:25

Тоҷикистониён ва эрониён ҳарду хурофотиянд

Муаллиф:

  Чанде қабл дар рўзномаи «Тоҷикистон» (№43 (1137), 29.10.2015) ва сомонаи http://www.pressa.tj мусоҳибаи Раиси анҷумани Рўдакӣ ва узви хориҷии АИ ҶТ Масъуди Миршоҳиро бо номи «Тоҷикони хурофотӣ ва эрониёни фарҳангӣ» бо рўзноманигорони воқеъбин Шарифи Ҳамдампур ва Одили Нозир мутолиа намуда, хостам андешаи хешро нисбати ин масаъала баён намоям. Чунки имрўзҳо ҳар инсони солимақл ноогоҳию худбохтагӣ, арабпарастию пантуркистӣ ва хурофотзадагию ифротгароии бархе аз мардуми кишварро дида ангўшти ҳайрат мегазад. Дар шароити имрўза масоили мухталифу печидаи сиёсӣ аз ҳар фард худогоҳию худшиносӣ ва зиракии баланди сиёсиро талаб менамояд, то ки мавқеи хешро дар арсаи зиндагӣ ва ҷамъият дуруст муайян созад. Вале пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, аксари мардум ба фарҳанг ва маданияти бегона рўй оварда, ҳатто дар баъзе манотиқ ба тамаддун ва фарҳанги аҷдодии хеш хати батлон ҳам заданӣ шуданд. Воқеан ҳам баъд аз ба истиқлолият расидани кишвар, миллати тоҷик пас аз ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллӣ гардида, тавонист, ки бисёре аз суннатҳои ниёгонро эҳё намояд.

 

  Азбаски баъд аз байн рафтаи сулолаҳои тоҷикии Сомониён ва Ғўриён то ба вуҷуд омадани Ҳокимияти Шўравӣ ин миллат соҳиби як идеологияи том набуд, чун ҳукумати вақти ИҶШС рўйи кор омад, барои пиёда сохтани манфиат ва ҳадафҳои худ идеологияи «коммунистӣ»-ро тарҳрезӣ кард. Аниқтараш Ҳокимияти Шўравӣ фазои холии Осиёи Миёнаро бо идеологияи худ ишғол намуд ва дар қатори намояндагони дигар миллатҳо фарзандони замонасози тоҷик низ, ба хотири манфиатҳои шахсиашон идеологияи номбурдаро қабул ва дастгирӣ намуданд. Бояд хотирнишон кард, ки Ҳукумати Шўравӣ бо тамоми камбудҳояш барои пешрафти ин минтақа нахустин шуда, бисёр корҳоро ба сомон расонид ва гуфтаи устод Миршоҳӣ - «... агар Шўравӣ намебуд, тақдири шумо имрўз мисли Афғонистон мешуд» қобили қабул аст. Азбаски идеологияи «коммунистӣ» як идеологияи сохта буд, бо баробари фурўпошии ИҶШС дарҳол қудрати сиёсии хешро аз даст дода, аз арсаи сиёсӣ осон берун рафт. Мардуме, ки солҳои Ҳокимияти Шўравӣ зери номҳои Ленину Сталин табли коммунистӣ менавохтанд, пас аз байн рафтани ин кишвари абарқудрат аз нав ба идеологияҳои кўҳнаи исломӣ, пантуркистӣ, арабӣ ва ғайра рўй оварданд. Бо вуҷуди кўҳнапарастиашон натавонистанд, ки тамаддуни волою воқеъбинонаи пешазисломии аҷдоди худро эҳё намоянд. Ин рафтори онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки эшон ба идеологияи собиқ ва ба идеологияи имрўзаашон содиқ набуданд ва нестанд. Ин гуна одамон мисли ақрабаки магнитӣ, ки ҳангоми аз назди майдони электромагнитӣ гузаштан ба самти он майл мекунад ва монанд ба қайиқе, ки ба самти равиши об ҳаракат менамояд, гоҳ пайрави ин ва гоҳи дигаре шомили он идеология ва ақида ҳастанд. Яъне, коммунист ва атеисти дирўза ба мулло ва муфтии мутассиби имрўза табдил ёфтааст. Ин қабил инсонҳо барои манфиати шахсиашон ба ҳама кор қодиранд ва шинохтани чеҳраи аслии онҳо бағоят мушкил аст. Зеро ин гурўҳи одамон фурсатталаб низ ҳастанд ва ҳамеша дар ҷустуҷўйи фурсате мебошанд, ки фоидаи муфт ба даст оваранд. Маҳз ҳамин гуна инсонҳо буданд, ки Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ҳазорон хонаводаҳо вайрон гардиданд. Ин тоифаи одамон ҳамеша кўшиш менамоянд, ки мардуми одӣ аз бисёр хабарҳо ноогоҳ монанд ва таърихи гузаштаашон ба онҳо ҳамеша норавшан бошад. Таҷрибаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки вақте инсон аз таърих ва тамаддуни аҷдодии худ ба хубӣ огоҳӣ надоранд, он мисли «манқурт» рафтор менамояд. Обрзаи «манқурт»-ро адиби қирғиз Чингиз Айтматов хеле хуб ба қалам додааст, ки ў аслан модар, хешу табор, ватан ва миллати хешро намешиносад ва ин ҳама барои «манқурт» ҳеч арзише надоранд. Ҳамаи он афроде, ки ҳамеша барои манфиати хеш мавқеъ ва кирдорашонро ҳар лаҳза тағйир медиҳанд, бештар барои «манқурт» сохтани мардум саҳми арзанда доранд.

  Дар ҷомеаи имрўзи мо яке аз ашхоси асосие, ки мардуми одиро ҳамеша ба гумроҳа мекашаду таъриху фарҳанги гузаштаи сирф миллиро аз дидгоҳи дину мазҳаб зери тозиёнаи танқид қарор медиҳад ва кўшиш менамояд, то халқ аз тамаддуни волои ниёгони хеш огоҳ набошад, мулло ё рўҳонӣ аст. Масалан, чанд сол қабл бархе рўҳониёни ба истилоҳ «саршинос»-и кишвар ҷашнҳои миллии Наврўз, Меҳргон, Садаро ҷашнҳои куфр хонда, номҳои аҷдодие, чун Ҷамшед, Фаридун, Рустам ва ҳоказоро номҳои ғайриисломӣ номида, кўшиш карданд тамоми бадиҳои бардурўғро ба онҳо нисбат диҳанд. Он гуфтаи устод Миршоҳӣ, ки: «Ба хотири он ки агар шумо ҷашни Фитр гиред, саҳми мулло мерасад, агар қурбонӣ кунед, саҳми мулло мерасад... Аммо мардум ҷашни миллиро истиқбол гирад, саҳми мулло нест, Меҳргон ҷашн гиред, саҳми мулло нест» комилан дуруст буда, гуфтаҳои болоиро тақвият медиҳад. Боре нашудааст, ки ягон мулло аз ягон қаҳрамони миллии мо - Ҷамшед, Кова, Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ситоиш карда бошад, чунки ин ҳама барои аз зери зулму истибдод наҷот додани ин марзу бум ва ин миллати тўли таърих ҷафодида, ҷонбозӣ намуданд. Маҳз ҳамин ҷонфидоиҳои онҳо ва давомдиҳандагони амали эшон буд, ки миллати тоҷик то ба имрўз омада расид ва соҳиби давлати миллӣ гардид. Вале, рўҳонии арабшудаи тоҷикистонӣ ҳамеша аз фалон қадар кофирро кўштани кадом араби биёбонӣ, бисмадони китобхонаро оташ задани кадом сустморхўр, фулон шаҳро ба нобудӣ расонидани кадом ширишутурхўр ва умуман таърифу тавсифи араб дигар коре надорад.

  Ин сухани устод Миршоҳӣ - «Тоҷикистон барои эрониён ҳамон андоза муқаддаст аст, мисле, ки одамони мазҳабӣ ба давлатҳои араб эҳтиром доранд…» ба он хотир аст, ки эрониён кишвари моро ҳамчун як давлати демократию дунявӣ мешиносанд. Дар ҳақиқат Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, барои ҳар шаҳрванд шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам овардааст ва дар ин меҳан озодии динӣ ихтиёрист. Вале, бисёре аз кормандони мақомоти давлатӣ, омўзгорону устодони дабистонҳову донишгоҳҳои ин кишвари дунявӣ чунон мутаассибу хурофтианд, ки аксари онҳоро аз як муллои чаласавод фарқ кардан амри маҳол аст. Намунаи ин гуфтаҳо ҳамон аст, ки устоде аз ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино ба ҷойи ба донишҷўён додани донишҳои соҳавии зарурӣ, пешниҳоди дастовардҳои илми муосир ва ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ китоби «Кимиёи саодат»-и Ғаззолиро тарғиб мекардааст. Ман (Н.Қ.) низ боре дучори ин гуна ҳодиса шудам. Ҳангоми дарс дар як донишгоҳи кишвар муноқишаи як донишҷўйи фаъолро бо ҳамсабақони худ дидам ва хостам рафта аз асли қазия огоҳ шавам. Чун назди донишҷўён рафтам, ки яке аз онҳо ба ман гуфт: «Устод, ин аблаҳро тарафдорӣ накун, ў кофир шудааст, дар портфелаш «китоби кофирӣ» дорад». Сипас, он ҷавонро аз ҳамсабақон дуртар бурдаму асли воқеаро пурсидам, ки чунин будааст: «Боре ин донишҷў аз падараш мепурсад, ки кадом дин хуб ва кадомаш бад аст? Падараш посух медиҳад, ки ту донишҷў ҳастӣ, пас худат биҷў ва дарёб, ки кадом дин хуб ва кадомаш бад аст. Ман ба ту сарчашмаи омўзишро мегўям, ки ҳамаи динҳои китоб ва дигар арзишҳои муқаддаси худро доранд. Ту ин арзиш ва муқаддасоти динҳоро биомўз ва хубу бадро муқоиса кун. Ин ҷавон хондани китобҳои диниро аз «Авесто» оғоз карда, баъдан пайи ҳам китобҳои дастраснамударо мутолиа мекунад ва аз рўи нақшааш бояд охирон «Қуръон»-ро хонад. Ҳамон рўзи ҷанг ў, ки дар арафаи хондани китоби «Инҷлил» қарор дошт, ин китобро ба хотири дар вақтҳои холигӣ хондан ба донишгоҳ меорад. Яке аз устодони фанҳои ҷомеашиносӣ, ҳангоми дарс дар дохили китобҳои донишҷў «Инҷил»-ро дида, ба донишҷўёни дигар мегўяд, ки ҳамсабақатон кофир шудааст, бубинед дар дасташ «китоби кофирон» аст. Аз ҳамон лаҳза миёни ҳамсабақон муноқиша оғоз мегардад...». Ё боре як дўстам, ки устоди донишгоҳи бонуфузтарини кишвар аст, нақл кард: «Рўзе ба кафедра даромадам, ки дар компютер як мулло бо лаҳни тунду тез ва таҳқиромезона «амри маъруф» кардаистодаасту як устоди соҳибтаҷриба бодиққат гўш мекунад. Ба ў гуфтам, ки устод Шумо беш аз 20 сол таҷрибаи педагогӣ дореду ба ин қадар ҷавонон илм омўхтаед, чаро чунин дашному таҳқирҳоро гўш мекунед, охир онҳо барои авоманд. Он устод гуфт, ман низ авом ҳастам». Бубинед, ду устоде, ки ба омўзиши равандҳои мухталифи ҷамъият ва проблемаҳои улуми сотсиология ва фалсафа машғуланду дар ду донишгоҳи бонуфуз дарс мегўянд, чи гуна ҷаҳонбинии тангу маърифати паст доранд ва чи ҷойи гила аз он фарде, ки умрашро дар корҳои хоҷагидорӣ сарф кардааст. Дар ҳақиқат «Кимиёи саодат» моли Ғаззолӣ аст, ҳамон Ғаззолие, ки фалсафаю мантиқро улуми куфру алломае чун Синоро кофир хонд. Ғаззолӣ ҳамчун олим барои пешрафти илми форсу тоҷик ҳеч хизмате накарда, баръакс монеаи рушди улум шуд ва дар бегонапарастию худбохтагии миллати форс нақши муҳим бозид. Ў пеш аз ҳама илми риёзиётро илми куфр эълон кард, то ки ҷавонон аз ин илм бархурдор нашаванд ва бадин васила мантиқро аз бар нанамоянд. Мазҳ ҳамон Ғаззолӣ занро яке офаридаҳои наҷиси дунё дониста, ҳангоми тақсимбандӣ онро пас аз харгўшу хук гузоштааст. Бо вуҷуд он ки Ғаззолӣ модари моро, хоҳари моро пасттар аз ҳама ҳайвонҳои наҷис гузоштааст, боз аз паси ў меравуму осори ўро ба ҳамагон тарғиб менамоем. Боре ҳам нашудааст, ки ягон олими тоҷикистонӣ осори Ғаззолиро ба таври интиқодӣ омўхта бошад (ба ҷуз файласуфи ҷасоратманди тоҷик Шодӣ Атоӣ), баръакс ҳама, бахусус, уламо ба осори Ғаззолӣ ва ғаззолимаобон сахт ихлос доранд. Ҳамин ғаззолигароӣ ва ғаззолпарастии мардуми Тоҷикистонро устод Миршоҳӣ бо як аксиома хулоса кардааст: «Аз рўйи гуфтаҳои онҳо амал кунед, тақдиратон беҳтар аз Сурия нахоҳад шуд». Бисёр кори хуб аст, ки гузаштагони мо тўли 1400 сол мисли гуфтаи Ғаззолӣ ва ғаззолиҳо амал накардаанд. Агар каме ба таърих назар андозем, дар асл дар Сурияву Лубнону Либиёву Ироқ ҳеҷ арабе вуҷуд надорад, аммо онҳо, ки тамоми оинҳои бостониашонро аз даст додаанд, ба унвони як араб бадбахту дарбадару рўзашон сиёҳ аст. Инҳо дар гузашта миллатҳои дигар буданд. Мо ҳам агар аз асолатмон дур шавем, араб мешавем, чун мазҳабӣ ҳастем, чизе беш аз Сурияву Ироқ нахоҳем шуд. Кулли барномаҳое, ки рўҳониёни мо ин ҷо роҳандозӣ мекунанд, қадам мондан ба тақдири Сурияву Ироқу Лубнон аст. Масалан, чанде аз онҳо арзишҳои бостониро арзишҳои ғайриисломӣ ва куфр эълон карда, мардумро мағзшўйӣ намуда истодаанд. Агар ин амали хиёнаткоронаи онҳо пешгирӣ карда нашавад, ояндаи наздик эшон вожаи тоҷикро куфр хонда сарзамини Тоҷикистонро макони кофирон эълон мекунанд ва сипас, ба Сурияву Лубнону Мисру Ироқу Либиёи навбатӣ табдил медиҳанд. Он даъвои рўҳониён ва баъзе зиёиёни мулломаоб, яъне мавзўи «бозгашт ба хати ниёгон» низ даъвои навбатӣ барои ба мисли кишварҳои Ховари Миёна табдил додани Тоҷикистон буда, беш аз як навъ суъиқасд, хиёнат ва ё зулм барои тоҷикистониён чизи дигаре нест. Зеро саводнокии сартосарии аҳолии Тоҷикистон маҳз ба воситаи хати сирилик ба даст омадааст, на бо хатти арабиасоси форсӣ. Ман низ тарафдори устод Миршоҳӣ ҳастам, ки агар мо ба хатти ниёгон баргардем, бояд ба хатти паҳлавӣ баргардем, чунки он нишона аз гузаштагони фарҳангдўсту тамаддунпарвари мост. Агар мардуми Эрон аз он огоҳ бошанд, ки муллоҳои тоҷикистонӣ мардумро инқадар динзадаю хурофотпараст кардаанд, он гоҳ ин кишварро муқаддас намешумориданд. Зеро эрониён пас аз Инқилоби исломӣ дар зери зулму истибдоди исломи нобу сулҳовар бо машаққати зиёд зиндагӣ доранду наметавонанд юғи исломиро аз дўш дур андозанд. Эрониён хуб медонанд, ки дини мубини ислом тўли солиёни дароз кишвари ҳамзабонашон - Афғонистонро ба коми ҷанг кашидааст (дар Афғонистон беш аз 20 ҳизб дар фаъолият буда, ҳамагӣ дар худ номи ислом доранд). Миллати дигари ҳамзабонашон - курдҳо бошанд, солҳои зиёд барои ба даст овардани истиқлолият муборизаҳои беамон мебаранд, вале бенатиҷа. Дар ин сурат барои эрониҳо ягона кишвари ҳамзабону муқаддас танҳо Тоҷикистони дунявию демократӣ мемонаду халос. Аз ин рў, мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки ин арзишҳои волои инсонпарваронаи меҳанашонро, ки дигар ҳамзабононашон онҳоро ҷустуҷўй доранд, бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва муҳофизат намоянд. Ба он сухани устод, ки: «тоҷикони хурофотӣ ва эрониёни фарҳангӣ»- анд, розӣ шуда наметавонам, зеро аз рафтору гуфтори имрўзаи аксари мардуми Тоҷикистону Афғонистону Эрон бармало аён аст, ки бештари бошандагони ин мамолик хурофотӣ мебошанд. Барои намуна он мисоле, ки устод Миршоҳӣ ба як анъанаи мардумии Эрон ишорат карда мегўяд: «Дар як шаҳри Эрон корхонаи қанд буд. Соҳиби он, ки ҳамеша дуои муллоро дошт, ҳамеша ба мулло қанд мефиристод. Чун он соҳибмулк мурд ба корхона соҳиби нав омад ва ҳеҷ лозиме надид, ки ба мулло қанд фиристад. Он мулло масҷид омад ва фатво дод, ки қанд ҳаром аст. Мардум муддати мадиде қанд намехаранд. Раиси корхона аз ин ба ташвиш меояд. Баъдан ба ў мегўянд, ки мулло ҳамеша саҳм мегирифт, чун саҳми ўро бастед, ў қандро ҳаром гуфт. Соҳиби корхона боз саҳми муллоро бардошт ва пешаш бурд. Мулло дар масҷид гуфт, ки қанд ҳалол аст. Пурсиданд, чаро то дирўз ҳаром буду имрўз ҳалол? Ў гуфт, ки қандро, ки ба даст мегиред, аввал ба об занед, баъд ба даҳон андозед, ҳалол мешавад…» нишонаи олитарини хурофотӣ будани аҳолии ин кишвар аст. Агар мардуми Эрон дар ҳақиқат фарҳангӣ мебуданд, ҳеч гоҳ ба чунин хурофоте, ки зикраш дар боло рафт, бовар намекарданд. Чунки аксар сокинони Эрон асли пайдоиши ҳодисаи мазкурро медонанд, вале онро огоҳона боз такрор намуда, ба як анъанаи хурофотӣ табдил додаанд. Ин рафтори мардуми Эрон нуқтаи болотарини хурофотпарастӣ аст, зеро асли баромади як падидаи ғалату зарарнокро дидаю дониста, боз аз паси он рафтан хурофоти шадидтарин аст. Ё мисоли дигари хурофотзадагии мардуми Эрон - ҳамон иди мазҳабии ошўро мебошад, ки эрониён ҳангоми таҷлили он худро захмӣ ва хуншор мекунанд. Ин ҷо пурсише ба миён меояд, ки эрониёни фарҳангию ниёгондўст чаро ба хотири марги фарзанди Рустам не, ба хотири фавти Куруши Кабир не, ба хотири милкашиии чашмони Рўдакӣ не, ба хотири гуреза шудани Синову Хайём не, балки ба хотири як араби душмани ашадии форс худро хуншор менамоянд? Ин аст намунаи олитарини хурофоти эрониҳои фарҳангӣ! Бояд тазаккур дод, ки ин гуна мисолҳо на танҳо дар Эрон, балки дар Афғонистону Тоҷикистон низ хеле фаровонанд. Масалан, дар аксар манотиқи Тоҷикистон тамоми чизҳо муқаддасанд, ба монанди санги муқаддас, кўҳи муқаддас, чашмаи муқаддас, дарахти муқаддас, хонаи муқаддас ва ҳоказо. Ин ҳама муқаддасоту чизпарастиҳо нишонаи хурофотпарастию хурофотзада будани мардуми ин кишвар буда, дар худ нишонаҳои фетишизму пантеизм доранд. Ягона роҳе, ки метавонад садди роҳи ҳама хурофотзадагию гароишҳои мазҳабии мардум шавад, ин эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, бунёди марказҳои донишу ҳунаромўзӣ, таъсиси варзшгоҳҳо ва дигар муассисаҳои ҳамагонӣ барои аҳолӣ мебошад. Яке аз намунаҳои олитарини муқаддассозии ашхоси алоҳида дар миёни мардуми Тоҷикистон, ин нафаре аст, ки ба шаҳри Макка сафар карда бошад. Агар аз як деҳае ё маҳале ягон фард ба Арабистони Саудӣ барои ягон кори шахсиаш рафта бошад, ў аллакай барои мардуми ҳамон минтақа шахсияти баргузида, назаркардаи Худо ва дорандаи унвони олитарини динии «ҳоҷӣ» аст. Имрўз барои мардуми Тоҷикистон ҳоҷӣ ҳам олим, ҳам духтур, ҳам муаллим, ҳам роҳбар ва дар охир Худои ҳамон маҳал мебошад. Сокинони кишвар ҳамарўза мушоҳида менамоянд, ки шумораи ҳоҷиён дар кишвар сол аз сол зиёд мешавад ва аз зиёдшавии шумораи эшон ҳеч саноатамону иқтисодамон рушд наменамояд. Хуб намебуд, ба ҷойи ин қадар ҳоҷӣ ҳамин миқдор муҳандисон, агрономҳо, муаллимон ва дигар мутахассисони барои пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар лозимаро омода намоем. Албатта, касе ҳам аз тоҷикистониён намепурсад, ки ин қадар ҳоҷӣ ба ки лозим аст ва аз зиёд шудани сафи ҳоҷиён дар кишвар чи пешравии назаррасе ба амал меояд? Ё нафаре пешниҳод намекунад, ки намешавад ҳамон маблағи ҳангоми сафари ҳоҷиён ба буҷаи Арабистон воридшавандаро барои кушодани ягон мактаб, ягон беморхона, ягон хонаи маъюбон, ягон хонаи бепарасторон, ягон озмоишгоҳ, ягон нерўгоҳ ва ягон кони маъдан харҷ намоем? Касе инро ҷуръати пурсидан надорад, зеро хурофотзадагӣ, ифротгароӣ, мутаассибӣ, тарсуӣ аз араб дар рагу хунамон ҷой гирифтааст.

  Бубинед, пули қалбу маркази масеҳият - Ватикан кумакпулӣ, дору, ваксина мешавад, аммо пули шаҳри Макка харҷи истироҳати шайхҳои араб. Оё боре шудааст, ки дар Тоҷикистон ҳамин қадар ҳоҷӣ меояд гуфта, бо дастгирии ягон шайхи араб ягон мактаб ё ягон беморхона сохта шуда бошад? Албатта, на. Мактабу беморхонаҳоямонро ба истиснои Ҳукумати кишвар, олмониҳо, ҷопониҳо, куриёгиҳо ва дигар «кофирон» эҳё менамоянд ва ё аз нав месозанд. Ин гуфтаи устод, ки: «Хонаи Худо бояд маҷҷонӣ (бепул, ройгон) бошад. Агар Худо дар биёбони араб нафтро фаровон кардааст, чаро Арабистони Саудӣ намегўяд, ки биёед хонаи Худоро бе пул зиёрат кунед? Агар як сенти пулатон камӣ кунад, шуморо аз он ҷо бармегардонанд» сад дар сад дуруст аст. Мо, мардуми Тоҷикистон низ даъвои онро кунем, ки кишвари Арабистон аз ҳисоби ҳоҷиёнамон ба аҳолии кишвар ёрӣ расонад. Агар мардуми ин кишварро мусалмон мешуморад, бояд аз ҳисоби даромади хонаи Худо барои сохтмони иншоотҳои аҳамияти ҳамагонидоштаи Тоҷикистон кўмак намояд. Вале, шайхҳои араб ҳеч гоҳ ин корро намекунанд, чунки дар хонаи Худо манфиатҳои миллати араб нуҳуфтааст, на мусалмон.

  Дар охир ҳаминро бояд қайд кард, ки ҳама суханони устоди фарзона ва фарҳангии тоҷику форс Масъуди Миршоҳӣ комилан дуруст ва гўёи вазъи имрўзаи сокинони кишвар буда, умедворем, ин каломи самимӣ ва вақеиро мардуми шарифи Тоҷикистон дуруст қабул карда, аз паси ислоҳи худ, эҳёи фарҳанги пешазисломӣ, бунёди марказҳои донишомўзӣ ва сиҳатии омма, таъсиси коргоҳҳои замонавӣ, гулгулшукуфонии кишвар ва ташкили зиндагии бо маънои том миллии хеш мешаванд. Ва барои таъсиси Анҷумани Рўдакӣ, ки метавонад тамоми форсизабонони рўшангару рўшанфикру худогоҳу худшиносро ба ҳам орад, изҳори сипос менамоем.

Номвар ҚУРБОН

Хондан 1799 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Мусибати занон дар сохтори исломи сиёсӣ »

Китобҳо