JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 09:33

Мусибати занон дар сохтори исломи сиёсӣ

Муаллиф:

  Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сомонаи иттилоотии «Озодагон» боз як хабари таассуфбор ва дилрешкунанда пахш гардид, ки ҳеҷ инсонеро наметавонад бетараф гузорад, то чунин ваҳшоният ва тарсафканиро маҳкум накунад (http://www.ozodagon.com/24566-etirozi-safar-abdullo-az-atli-afonduhtari-35-sola.html). «Лизо Акбарӣ, бонуи варзишкори афғонистониасли амрикоӣ 21 декабр ҳангоми берун шудан аз дафтари кораш -- “Сафоплаза” дар минтақаи Кортаи чаҳори Кобул аз тири як нафар кушта мешавад. То кунун мақомоти Афғонистон ангезаи аслии ин кушторро ифшо накардаанд, вале ба иттилои расида, қотил ҳангоми набард бо пулис ҷароҳат бардоштаву билохира боздошт мешавад.

 

Лизо Акбарӣ дар баробари шаҳрвандии Афғонистон шаҳрвандии Амрикоро низ доштааст. Сафорати Амрико дар Кобул аз марги бону Акбарӣ ба хонаводаи эшон таслият арз кардааст. Хонум Акбарӣ то замони кушта шуданаш дар яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Кобул кор мекард ва пештар дар яке аз ниҳодҳои зертобеи неруҳои амрикоии мустақар дар Кобул фаъолият доштааст.

Ба навиштаи рӯзномаи “Дейли Мейл”-и Бритониё, Лизо Акбарӣ фориғуттаҳсили Донишгоҳи Лас Вегас ва дараҷаи могистрии Донишгоҳи Вийоминги Чикаго дар риштаи равоншиносии ҳирфаӣ будааст.

Сафар Абдулло, пажўҳишгари тоҷик аввалин шуда, ин куштори даҳшатнокро, ки таҳқиркунандаи фарҳангу миллати мо - форситаборон мебошад, маҳкум кард ва барои изҳори тасаллият шеъре ва матлаберо ироа кардааст. Воқеан, ин шеър бозгўкунандаи фоҷеа мебошад.

Имрўз ин гуна даҳшатафканӣ дар тамоми гўшаю канори ҷаҳон роҳандозӣ шуда, рўз то рўз густариш меёбад ва бештари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳониро низ ба чолишу сардаргумӣ овардааст. Махсусан, ду ҳодисаи террористӣ дар як сол дар Париж, суқути ҳавопаймои Россия дар Миср, таркондани ҳавопаймои ҷангандаи Русия аз тарафи Туркия ва таркиш дар Малӣ исбот кард, ки терроризм дар ҷаҳони муосир ҳамчун падидаи сиёсист, муҳимтар аз ин, аз динҳое истифода мекунад, ки вижагии сиёсӣ доранд, махсусан дини ислом. Яъне, яке аз ин омилҳо исломи сиёсист.

Ислом аз ибтидо дини сиёсист, ки барои ба даст овардани ҳукумат тамоми роҳҳоро, аз ҷумла ҷиҳод ва тарсафканиро истифода карда, қудрати сиёсиро ба даст оварда, хилофатҳои баъдинаи исломӣ низ аз ин принсипҳои сиёсӣ истифода карда, исломро дар ҷаҳон густариш доданд ва ин саҳифаҳои гузаштаи таърихи моро ташкил медиҳад. Ҳамчун намуна аз тарафи гурўҳе аз мусулмонони ҷиноятпеша барои аз нав кардани мусулмонон имрўз низ истифода мешавад.

Чаро? Зеро минтақаҳои мусулмоннишини имрўзаи ҷаҳон, ки дар баробари ҳувиятҳои динии худ, аз ҳувиятҳои миллию қавмӣ бархўрдоранд ва давлатҳои демократии хусусияти дунявидоштаро пайравӣ мекунанд, ба ҳувияти ҷаҳонватании исломӣ мухолифат дорад. Ин ҳувияти ҷаҳонватании исломӣ, ки аз тарафи баъзе кишварҳои қудратталаби минтақавию ҷаҳонӣ пуштибонӣ мешавад, кишварҳое, ки манфиатҳои онҳоро дастгирӣ намекунанд, бо дасти Толибон, ДИИШ, ҲНИТ, ҲИУ мехоҳанд, шаҳрвандони ин кишварҳоро «аз нав мусулмон» ва тобеи манфиатҳои худ созанд. Махсусан, қишри огоҳи занонро аз байн мебаранд, то ин қишри хуфтаи ҷомеаҳои мо бедор нагардад ва дифоъ аз ҳуқуқу шараф ва номуси худ накунад. Чунин ҳодисаи тарсафкан боз бедориву огоҳии занонро саркўб карда, онҳоро дар фаъолиятҳои ҷамъиятиву созандагӣ пассив ё ѓайрифаъол мекунад. Аммо фикр мекунам, чунин фаъолиятҳои ноҷавонмардона ва бехирадона боз рўҳияи муборизи онҳоро бедор сохта, мисли Гурдофаридҳо ва Рухшонаҳо ба «вабои аср» даст ба гиребон шуда, ба мубориза хоҳанд бархест.

Имрўз, воқеан, марҳилае расидааст, ки занон бо пешрафтатарин донишҳо мусаллаҳ гашта, бо чунин фaрҳанги биёбонӣ мубориза баранд, то ҳайсияту номуси худро ҳифз намоянд. Нодонӣ, ҷаҳлу таассуби мардони ҷомеаҳои мусалмоннишин тамоми занони ин минтақаро ё ба суди худ истифода мекунад, ё онҳоро ба фаҳшу беномусӣ ва паст заданашон бо тамѓаҳои «оҷиза», «камхирад», «тираақл» ва дигар барчаспҳо бадном ва аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ дур месозанд.

Бештари рўҳониёни ин кишварҳо, албатта, таҳти пуштибонии хориҷии худ тавассути усули чандинасраи худбегонасоз мардумро аз азоби охират, дўзах, биҳишт, рўзи қиёмат ва ҳаросафканиҳои динӣ тарсонида, дар ҳолати шок ва бетарафӣ нигоҳ медоранд. Чунин ҳолати шокзада, барои гурўҳҳои манфиатхоҳи дохиливу хориҷӣ бисёр фурсатҳои муносиб буданд, то манфиатҳои худро пиёда созанд.

Инчунин, шуури динӣ аз ибтидо шуури инқилобӣ буда, бештари пайѓамбарон бо ҳукуматҳои вақти худ дар мухолифат қарор доштанд ва бештари онҳо тавонистанд, ҳукуматҳои худкомаи замони худро барҳам зананд ва идеологияи худро амалӣ созанд. Аммо боз ҳам ҳукуматҳои дастсохти онҳо низ ба худкома табдил шуда, бадбахтии башариятро дучанд сохтанд ва то имрўз идома доранд, гарчанде шояд пайѓамбарон аз умматони худ чунин интизориро надоштанд. Ба ҳар ҳол, сохти ҷомеаҳои динӣ – исломӣ низ дар ин кишварҳои зикргардида натавонист, дар тўли 1400 сол сатҳи зиндагӣ ва озодиҳои инсонро таъмин кунад ва зиндагии шоистаро барои инсоният бахшад.

Бояд ёдовар шуд, аз сабаби он ки дар сади зиёди ҷавонон дар ин кишварҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз омўзишу парвариш дур монданд ва бекорӣ авҷ гирифт, гурўҳҳои таблиѓии динӣ дар ҷомеа аз озодии баён сўистифода аз арзишҳои тундгароиву ифротгароии динӣ ҷавононро аз дохил ва хориҷ ба худ ҷалб сохта, барои манфиатҳои худ истифода карданд. Аз ҷанбаи дигар агар ба ин қазия нигоҳ кунем, ҷаҳони иттилоотии имрўз гурўҳҳои ҷиноиро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ тезтар муттаҳид сохта, барои амалисозии ҳадафҳои худ дар ҳар гўшаи ҷаҳон омода мекунад. Дар баробари пиёда шудани ниёзҳои давлатҳои демократӣ ва эҳёи ислом дар давлатҳои махсусан, мусулмоннишин ду падидаи бисёр номатлуб-- терроризм ва экстремизми динӣ зуҳур ва фаъол гашта, ки имрўзҳо ба абзори даҳшатафкании ҷаҳонӣ табдил шудааст, дар ҳоле ки бештари ин кишварҳо ба озодӣ расиданд ва соҳиби манфиатҳои худ гаштанд. Ин ҳолат ҳар нафари огоҳ ва пажўҳишгарро ба он водор месозад, ки дар мавриди чунин падида ва тасмимгириҳои худкуш таваҷҷуҳ кунад ва роҳҳалҳо ҷустуҷў ва дарёфт намояд. Барои пажўҳиши ин масъала мо бояд ба низоми сиёсии динӣ, махсусан низоми сиёсии дини ислом таваҷҷуҳ кунем, ки то чӣ андоза муассир аст ва кадом таҷрибаҳоро дар худ дорад. Ин масъала ба пажўҳиши густурда ниёз дорад. Низомҳои динӣ – сиёсӣ, махсусан ислом дар тўли 1400 сол таҷриба андўхтааст, минбаъд ин таҷрибаҳои ҷангӣ ва амниятӣ дар сохтани фазоҳои динӣ дар манотиқи гуногун таъсир расонданд. Чунин таҷрибаҳо аз тарафи шарқшиносони урупоӣ омўхта шуда, барои муносибатҳои хориҷии кишварҳои худ бо кишварҳои шарқи мусулмонӣ дар амал қарор гирифта, дар моделҳои гуногун барои барканорсозии «ҳукуматҳои саркаш ва худкома» истифода мешаванд.

Дини ислом дини назарӣ (сирф ахлоқӣ) мисли масеҳият набуда, балки дини амалист, аз ин сабаб бештар дини сиёсӣ аст. Низоми сиёсии ислом низоми ҷангӣ ва амниятӣ мебошад, ки тамоми арзишҳои моддиву маънавии ҷомеаро фаро гирифтааст ва онҳоро таҳти контроли худ нигоҳ медорад, ки онро дар илми сиёсатшиносӣ тоталитаризми динӣ низ метавон гуфт. Тоталитаризми динӣ муайянкунандаи тамоми арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие мебошад, ки маҳкумоти он бетаѓйир боқӣ монда, вайронкунандаи он ба сангсор, дастбурӣ, куфр, куштан ва радди маърака (аз корҳои иҷтимоӣ дур сохтан) кардан ва… ҳукм мешавад, ки воқеаҳои имрўзи махсусан, Афѓонистон бозгўкунандаи ин воқеиятҳост. Чунин низоми сахти сиёсӣ дар пайи худ низоми истихборотиро низ дорад, ки дар масҷидҳо марказонида мешавад ва тамоми имомону хатибон ва халифаҳо дар хидмати ин низом содиқона «ҷоннисорӣ» мекунанд. Дар ҳар як намоз тамоми иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифта, супоришҳову уҳдадориҳои нав ба нав гузошта мешавад ва ин низом доимӣ риоят ва амалан нигоҳ дошта мешавад ва аз тарафи ҳар касе, ки риоя намешавад, «радди ҷамоат» хоҳад гашт. Дар ин ҷо суолҳои дигаре пеш меояд, ки чӣ тавр дар кишварҳое, ки мусулмоннишин ҳастанд ва низоми сиёсии исломиро доранд, демократияро ба вуҷуд овардан имконпазир аст? Оё дар ислом ва махсусан, исломи сиёсӣ демократия вуҷуд дорад? Дар ҳоле ки демократия падидаи асри нав буда, дар асоси иродаи мардум ба вуҷуд меояд, на матнҳои динӣ, на амру фармонҳои шоҳону амирон. Мушкилии дигаре, ки дар низоми сиёсии исломист, қабул надоштани оппозитсия ё мухолифи низоми худ мебошад. Чи хеле ки аз таърихи 1400-солаи исломӣ медонем, ҳеҷ низоми исломӣ натавонистааст мухолифи худро қабул дошта бошад ва дар таѓйироти мансаби сиёсии худ бе хунрезиву инқилоб ва марг аз сари қудрати сиёсии худ рафта бошад. Тамоми қудратҳо ва хилофатҳо дар тўли таърихи мо ё аз роҳи террор (куштан) ё аз роҳи инқилоб, ё мурдан ба марги табиии худ мардумро аз истибдоди худ наҷот додаанд. Мо имрўз низ бо чунин воқеияти талхи таърихӣ дар тамоми кишварҳои мусулмоннишин рў ба рў ҳастем ва чӣ тавр дар ин воқеият низоми демократӣ месозем, суолест, ки ҳар рўшангари ин минтақаҳоро водор месозад, ки сари ин нукта андеша кунад. Азбаски дар ислом низоми сахт ва мунҷамиди сиёсӣ арзи ҳастӣ мекунад, оппозитсияи сиёсӣ дар он қабул нест, аз ин сабаб ягона роҳи ба қудрати сиёсӣ расидан, ҷисман нобуд сохтан (террор)-и рақиби сиёсист (аз нуқтаи назари исломи сиёсӣ). Ҷисман нобуд сохтан аз ду тараф сурат мегирад, яъне ҳам аз тарафи соҳибқудрат ва ҳам аз тарафи қудратхоҳ. Ба сухани дигар, имрўз мо паёмадҳои ин исломи сиёсиро дар воқеият мебинем, ки ҷанбаи сиёсии он ба ҷуз аз даҳшатафканӣ, куштор, сангсор, дор задан ва тахрибкорӣ чизи дигаре нест ва фақеҳони исломӣ низ ба амри маъруфу наҳйи мункари худ ба тарсонидани мардум аз рўзи қиёмат ва ҷазои Худо дар он рўз ва омўзонидани илми таҳорат, намоз, ҳиҷоб ва дигар аҷзои он, ки ҷуз баҳсҳои фитнабарангез чизи дигаре дар пай надоранд, маҳдуд мешаванд (воқеияти Толибон дар Афѓонистон ва ДОИШ дар Сурияву Ироқ).

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки исломи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун силоҳи ҷанги сард бори дигар истифода мешавад ва бештари кишварҳои ақибмондаро бо дасти ҷавонҳои аз таҳсил ва касбият дурмонда ба худ ҷалб сохта, барои тахрибкорӣ сўистифода мекунад. Чунин заминаҳо омили асосии ҷалби ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ мебошад. Инчунин дар Тоҷикистон аз тариқи баъзе аз ВАО осори динии бетаҳриру бознигарӣ ва нақди ақидатӣ бознашру паҳн карда мешавад, ки омили расмии ташаккули ифротгароиву тундгароӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар ду соли самаранок кор кардани мақомоти қудратии кишварамон бештари ин амалҳову ҳаракатҳо пешгирӣ карда шуданд, дар ҳоле ки боз чунин амалҳо идома ёфта истодааст. Пеш аз ҳама, бояд олимону донишмандон ва махсусан, занони фаъолу огоҳи кишвар кўшиш кунанд, ки бо мақолаҳои рўшангариву таҳлилӣ таърихи гузаштаи худро аз нав арзишгузорӣ карда, ҳақиқати талхи воқеиёти таърихии гузаштаро бозгушоӣ карда, манфиати имрўзу фардои кишварро муайян созанд. Ҷомеаи моро, ки идеологияи динӣ фаро гирфтааст ва тамоми ахкоми динӣ дар тамоми ҷомеа, ҳам ба тарзи дуруст ва ҳам ба тарзи таҳрифшуда ё хурофотӣ ривоҷ ёфтаанд, бояд аз тарафи муаллимону олимон ва рўҳониёни огоҳ ба тарзи огоҳона танқиду баррасӣ шуда, ҷанбаҳои заъфу норўшан ва мутобиқ набудаи бештари аҳкоме, ки моли гузаштаанд ва ба имрўз мувофиқ нестанд ва ҷомеа ва тарзи тафаккури имрўзаро сардаргум месозанд, таҷдиди назар шаванд ва ҷойгузини онҳо агар дар робитаҳои иҷтимоии имрўза зарурат доранд, коркард карда шавад. Имрўз дар ҷаҳон аз модели давлатҳои миллӣ кор мегиранд.

Шинохти миллат дар низоми демократӣ ҷойгузини тамоми ҳувияти низомҳои таърихан ташаккулёфта ва сипаришудаи тоҷик, мисли зардуштия, ислом ва идеологияи коммунистӣ мебошад. Фаҳмиши имрўзии миллат, ки дар матни сиёсӣ фаҳмида мешавад, бештар дар доираи манфиатҳои миллист ва тамоми фарҳанги пуртаззод ва зиддиятноки гузаштаро наметавонад дар воқеияти имрўзаи худ амалӣ созад. Дар доираи манфиатҳои миллӣ-сиёсӣ, ки муайянкунандаи воқеияти имрўзи Тоҷикистон аст, он ҳувиятҳои таърихан мафкурасоз (идеологиясоз), мисли зардуштия, ислом ва коммунизм маҳдуд карда шуда, он арзишҳое мавриди амал қарор мегиранд, ки манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии рушду густариши моро кафолат диҳанд, махсусан, аҳзоб ва расонаҳо ин «хатти қирмиз»-ро набояд убур кунанд. Ин «хатти қирмиз» кафили оромиш ва сулҳу субот мебошад. Аз ин сабаб ҳамчун шартномаи иҷтимоӣ ё ҳамагонӣ беҳтар аст риоя шавад. Аммо ин шартномаи иҷтимоӣ мутлақ набуда, ҳамеша бознигарӣ ё таҷдиди назар мешавад ва ҳудудҳои он вобаста ба манфиатҳои имрўзу ояндаи кишвар муайян карда мешавад. Дар ин росто, як идда арзишҳое ба вуҷуд меоянд, ки муайянкунандаи низоми сиёсиву фарҳангии имрўзи кишвар мебошанд. Яъне имрўз ва оянда мо, дарвоқеъ, ба ислоҳоти пай дар пай ва доимӣ ниёз дорем ва ҳукумати вақт низ аз ибтидо аз ин ислоҳоти пай дар пай кор мегирад. Мо дигар мушкилот дар маҳдудиятҳои динӣ надорем. Маҳз аз тарафи Президенти кишвар масоили динӣ матраҳ шуда, баррасӣ ва пуштибонӣ мешавад. Дар тамоми маросимҳои дини ислом маҳз худи Президенти кишвар табрикоти худро арза мекунад.

Имрўз зарурат ба он дорад, ки аз роҳи худташаббускории аҳли деҳот, ноҳия, вилоят ва шаҳрҳо мисли колхозҳову совхозҳои даврони шўравӣ ниҳодҳое ташкил карда шавад ё аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, ки дар асоси он ташаббускориҳои шаҳрвандон ташхис карда мешавад, шабакаҳои амниятӣ ва худтаъминкунии деҳотро ба вуҷуд оваранд, зеро ин ниҳодҳо дар низоми шўравӣ тасодуфӣ набуданд, балки барои таҳким бахшидан ва устувор нигоҳ доштани идеологияи замони худ унсури ҷомеасоз буданд ва ҷомеаро муназзам нигоҳ медоштанд ва омилҳои бегонаро фош месохтанд. Дар ҷомеаи имрўзаи тоҷик яке аз ниҳодҳое, ки худташаббускории мардумро ба худ тобеъ сохта аст, ин масҷидҳо ва рўҳониёни кишвар мебошанд. Аз роҳи амру наҳйи динӣ эҳсосоти мардумро барангезонда, онҳоро ба корҳои дастаҷамъӣ раҳнамун месозанд. Заррурат пеш омадааст, ки рўҳониёни кишвар мардумро даъват ба сохтани мактабҳову боѓчаи бачагон ва таъмири роҳҳои гирду атрофи худ ва дигар корҳои ҷамъиятие, ки барои ободии як гўшаи диёр аст, даъват намоянд. Хулоса, танҳо рў овардан ба илм ва истеҳсолот метавонад, моро аз тамоми ақибмондагӣ ва дастнигарӣ ва нобудӣ наҷот диҳад. Зеро мо, пеш аз ҳама, ҷаҳлу нодонӣ ва ифроти ақидавиро аз роҳи омўзишу бархўрди ақидаҳои гуногун ва таҳаммули онҳо ва роҳ ёфтан ба ҳақиқати воқеияти зиндагӣ аз байн хоҳем бурд.

Ниёзов Ёрмуҳаммад

Хондан 3138 маротиба

Китобҳо