JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 09:33

Воқеъиятҳои фиребанда ва шинохти моҳиятҳои он

Муаллиф:

Воқеъиятҳои фиребанда ва шинохти моҳиятҳои он (тақриз ба мақолаи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, Саймумин Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти иҷтимоӣ» // Ҷумҳурият (№251(22813) аз 17.12.2015)

Зиддиятҳо ва танишҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалию ҷаҳонӣ, ки аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб мешавад, ҳар донишманд ва таҳлилгарро водор менамояд, то ба дарки моҳияти ин «падидаҳои фиребанда» аз муносибати илмӣ ва воқеӣ кор гирад. Зоҳири ин падидаҳо ҳарчанд дар ибтидо содалаҳв ва қобили таваҷҷуҳи умумимардумӣ бошанд ҳам, аммо дар моҳияти худ метавонад, танишу зиддиятҳои иҷтимоиро дар ҳар ҷамъияту ҷомеа дар муддати начандон зиёде ба воқеият табдил диҳад. Аз ин сабаб зарур аст, ки ҳар муҳақиқ ва донишманди улуми инсонӣ мисли як табиб дар ташхиси беморӣ ва мушкилоти воқеии ҷомеаи худ «доруи таъсирбахш ва табобатии» худро пешкаш созад. Хурсандибахш аст, ки Саймумин Ятимов масъулияти душвори доштаи худ нигоҳ накарда, мақолаҳое менависад ва мушкилоти воқеии рўзро аз нигоҳи методологияи илмӣ баррасӣ ва таҳқиқ месозад. Мақолаи «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти иҷтимоӣ» (Ҷумҳурият (№251(22813) аз 17.12.2015), муҳимтарин ва мубрамтарин мавзўеро матраҳ месозад, ки аз назари муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ берун мондааст. Он аз муқаддима, ҷаҳор бахш ва хулоса иборат аст.

 Дар муқаддима муҳаққиқ манбаи тамоми ихтилофҳо ва зиддиятҳои иҷтимоӣ ё бемории ҳар ҷомеаро аз шуури иҷтимоӣ медонад. Ҷомеа ҳамчун як ҷисми инсон аз рўҳи солим (ё шуури иҷтимоӣ) ва амнияти доимӣ бархурдор мебошад ва ба нигоҳдошт ниёз дорад, то вирусу паразит ва бактерияҳои нолозим аз дохил ба хориҷ онро ба коми нестӣ нарасонанд. Ҷомеаи тоҷик ҳамчун як воқеияти мавҷудаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавии геополитикии худ, ки дар айни замон ба таҳоҷумҳои беруна ва дохил рў ба рў аст ва ҳамзамон «дар масири тараққиёти устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» қарор дорад, ба баъзе аз қудратҳои минтақавӣ ва бозингарони геополитикӣ маъқул нест. Барои таҳлили чунин воқеиятҳои пуртазод донишманди масоили сиёсӣ С. Ятимов ин матлаби худро навишта кардааст. Зимни таҳлили ин воқеиятҳо муҳаққиқ омилҳо, хусусиятҳо, раванди муносибот ва қонунмандии ин падидаҳоро ошкор кардааст. Ба назари муҳаққиқ эътироф накардани рақибони геополитикӣ рушди устувори системавии кишвари мо аз он ҷиҳат аст, ки иқтидор, обрў ва патенсионали миллии моро нодида мегиранд, ки чунин бозтоб аз рақобати носолими муносибати байни давлатҳо буда ва боқӣ хоҳад монд. Махсусан, рафтори хиёнаткорони баъзе аз афрод ва гурўҳро ҳамчун минталитети як миллат нишон дода, аз ин роҳ даст ба бадномкуниву ҳайсият ва шарафу каромати як миллат дар арсаи байналмиллалӣ мезананд, ки ин як падидаи одӣ, маъмулӣ ва дар доираи қонунҳои байналмилаллалӣ доимо роиҷ мебошанд. Чунин фазосозиҳоро рақибони геополитикии мо дар сатҳи шуури ҷамъиятӣ ё шуурӣ муқаррарӣ устувор месозанд. Гарчанде шуури ҷамъиятӣ аз тарафи давлат, то охири асри XX дар доираи ҷаҳонбиниҳо сохта мешуд, аммо дар асри иттилоот (асри XXI) бошад аз салоҳияти як давлат берун рафта, ҳамчун омили ҷудоихоҳӣ, зиддиятофаринӣ, хушунату даҳшатафканӣ (террористӣ) дар ҷомеаҳо рўз ба рўз афзоиш меёбад. Ҳамзамон «давлатҳои мушаххас дар ин самт бо роҳу василаҳои гуногун манфиати хешро амалӣ месозанд». Яке аз василаи бисёр осони сохтани конфиликти иҷтимоӣ ин шаклдиҳии шуури муқаррарӣ дар ҳар ҷомеа мебошад, аз он ҷумла дар кишварҳои рў ба инкишоф ва густариш, мисли Тоҷикистон мебошад. Ба назари муҳаққиқ шуури муқаррарӣ пойдевори асосии худшиносии миллӣ буда, дар мусобиқа ва робитаи байни миллатҳо муассиртарин омил ба ҳисоб меравад. Муҳтавои шуури муқаррариро фоҷеаҳои сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ташкил медиҳад, ки характери субъективӣ доранд ва маҳсули рафторҳои мақсадноки инсон мебошад. «Шуури муқаррарӣ дар амал, ҳаракат, кўшиш, мақсадгузорӣ ва албатта нутқ ҳамчун ҷузъи фаъолияти инсонҳо зуҳур меёбад. Аммо ягона меъёри баҳо додан ба сохт, муҳтаво ва сифати шуури муқаррарӣ натиҷаи фаъолияти инсон ва рафтори гурўҳҳои иҷтимоӣ аст». Муҳаққиқ баъди таҳлил «воқеият ва инъикоси он дар шуури муқаррарӣ» ба баррасии «структураи ҷаҳонбинии муқаррарӣ» мепардозад. Сарчашмаи таркиби гуногунҷанбаи ҷаҳонбинии муқаррариро зиддиятҳои мақсаднок ва дорои пуштибон ташкил медиҳад, ки дар шаклиҳои гуногун зуҳур мекунад. Ин зиддиятҳо дар ҷаҳони муосир дар моҳияти динҳо инъикос ёфтааст, ки то ба ҳадди низоъҳои хунин оварда мерасонад, масалан ҷанги хунин байни мазҳабҳои шиа ва суннӣ дар ислом ва дигар динҳо. Аз ин сабаб ба гуфтаи муҳаққиқ «набояд ба бадиву зиддиятҳое, ки дар ниҳоди ҳар як мазҳабу дин ҳаст, боз чизи аз ин ҳам бадтар илова сохт». Яъне, дар ҷаҳони муосир ҳар як миллат аз заъфҳову зиддиятҳои иҷтимоие, ки дар таърихи сиёсии худ дар гузашта кор гирифта буд, сарфи назар кунад ва ҳамзамон нагузорад, манфиатхоҳону ҷудоиталабони дохиливу хориҷӣ аз чунин зиддиятҳо кор гиранд.

Масалан: гурўҳҳои манфиатхоҳ бо ангезиши ҷанги сунниву шиа дар Бухорои амирӣ чунин хонигариро ба тамом аз байн бурданд, ки сарчашма аз шуури муқаррарии мардум мегирад. Инчунин ҳодисоти солҳои 90-уми Тоҷикистон, ҳаводиси Сурия, Ироқ, Миср, Париж ва дигар нуқтаи олам бо тақсими «исломи ноб» ва «ғайриноб» ҷомеаҳоро такон дода, шикофи иҷтимоӣ ё мусибатҳову фоҷеаҳои иҷтимоиро бештар сохтанд, ки аз моҳияти зиддиятноки таълимоти динӣ сарчашма мегирад, ки ҳанўз Людвиг Фейербах таъкид карда буд. Таърифи шуури муқаррариро муҳаққиқ чунин зикр кардааст: «шуури муқаррарӣ - маҷмӯи тасаввурот, дарк, фаҳмиш, андеша ва муайян кардани муносибат ба зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст, ки дар майнаи инсон аз овони наврасӣ, ҷавонӣ, балоғат, аз таҷрибаи зиндагӣ, рӯзгор, дар муносибат бо атрофиён, аҳли ҷомеа ва муҳит шакл мегирад.» Яъне, шуури муқаррарӣ ё рўзмарра бо таъсири муҳити атроф аз овони хурдсолӣ, то ба ҷавониву калонсолӣ шакл гирифта, маҷмўи тасаввуротҳоро дар бораи олам ва мавқеи инсон ба вуҷуд меорад. Албатта, ин маҷмўи тасаввурот ва арзишҳо дар ҷаҳони муосир натанҳо аз арзишҳои мусбии танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ вобаста буда, балки аз унсурҳои зиддиятбарангезанда низ сарчашма мегирад, махсусан баъди он, ки радио, телевизион, интернет, яъне воситаи ахбор ва алоқаи электронӣ дар ҷомеаҳо маъмул гардид. Яъне, баъд аз он ки ВАО ҳамчун омили сиёсӣ дар ҷомеа қудрат пайдо кард «шаклигирии ҷузъиёти шуури рўзмарра мансуб ба ононест, ки аз маблағҳои ҳангуфти нафту газ ва ононе, ки аз ин хазинаҳо дар ҳар шакл бархурдоранд ва инчунин имконоти ба ҳамин монанд вобастагӣ доранд» роҳат суистифода мекунанд. Ин тарз шаклигирии шуури рўзмарра ба таҳдидҳои воқеӣ оварда мерасонад, ки таъмини амнияти миллиро душвор сохта, масъулиятноктарин вазифаҳо дар ҳар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрўз, ки ҷаҳони иттилоотист, таъмини амнияти системаи иттилоотӣ чандин маротиба душвортар гашта, расондани иттилоот, таъсири он, бардошти таъсири он, ангезиш ва амалкарди он дар ҳар ҷомеа мушкилот ва танишҳои муносибатҳои иҷтимоиро бештар печида месозад. Ҷангҳо ва ишғолгариҳо маҳз аз ҳуҷумҳои иттилоотӣ сарчашма гирифта, пеш аз ҳама ба шуури муқаррарӣ ва психологияи ҷамъиятии давлатҳои миллӣ равона карда шудааст. Ин аст, ки муҳаққиқ аз воқеияти зиддиятноки ҷомеаи тоҷик нигарон шуда мегўяд: «Боиси таассуф аст, дар ҷомеаи мо, ки ҳанӯз шуури назариявӣ – систематикунонидашуда дар оғози шаклгирист ва ҷавҳари онро бояд илм, маърифат, такмил, тарғиби илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ – дар асоси он рушди рақобатпазири миллӣ ташкил кунад, ҳатто дар байни зиёиён ва мансабдорон ҳисси парастиши афкори теологӣ – догматикӣ, ғайриилмӣ боло мегирад. Чунин хосияти ақибнишинӣ ва бетарафӣ, ҷомеа, махсусан ҷавононро дар ҳолати ногувор мемонад. Дастовардҳои ҳазорсолаи ақлсолорӣ, баҳспазирӣ, тақдирнописандии сарбаландонаи миллиро зери суол мебарад.

Шуури рӯзмарраро фарогири ғояҳои бегонагон мегардонад. Амалкарди анъанавӣ - позитивии онро заиф месозад. Давлати миллиро рӯз ба рӯз осебпазир мекунад. Ин аз хатарноктарин равандҳои ҷомеаи имрӯз мебошад» Яъне, барои пешгирӣ аз конфликтҳои иҷтимоӣ рушди ҷомеа мо бояд пеш аз ҳама ба дастовардҳои ҳазорсолаи ақлсолорӣ, баҳспазирӣ, тақдирнописанди андешаҳои миллии худ таққиқ ва таваҷҷуҳи бештар кунем, то шуури муқаррарии моро аз сатҳи нафрату бадбинии муносибатҳои иҷтимоӣ ба сатҳи хайрандешӣ ва инсондустӣ оварда расонад. Бале имрўз шабакаҳои иттилоърасонии кишвар ба дараҷаи фаъолияти ғайривоқеъгаронае доранд, ки наметавонанд ақаллан аз таҷрибаи «созмонҳои ба ном ғайридавлатӣ» истифода карда, фазои иттилоотии миллиро фаро гиранд. Ин заъфият натанҳо ба шабакаҳои иттилоотрасонӣ, балки дар паст будани андешаи танқиди таҳлилгарон, олимон ва зиёиёни тафаккури догматикӣ ва ғайриилмӣ доштаи мо низ оғоз мегирад. Дар идомаи баҳс муҳаққиқ «муҳтавои шуури муқаррарӣ»-ро матраҳ месозад, ки онро арзишҳои амалие ташкил медиҳад, ки дар фаъолияти рўзмарраи мардум ифода ёфтааст. Бештари таҳлилгарон ва донишмандон ба назариятпардозӣ машғул буда аз амалияи назарияи худ дар канор мондаанд. Ин боиси он гаштааст, ки натавонистаанд андешаҳои зиёиён ба шуури муқаррарӣ таъсиргузор шаванд ва воқеиятро ба онҳо ошкоро фаҳмонанд, то образҳои зиндагии худро тағйир диҳанд. Зеро «муҳтавои шуури муқаррарӣ низ аз структура, хосият ва вазифаҳо» иборат аст, ки «хаотикӣ, номуназзам ва бидуни шакл нест. Гарчанде муқаррарӣ, одӣ, тоилмӣ, оммӣ ҳам бошад, муташаккил аст ва дар зуҳурот устувории он аён мегардад», ки амалияи назарияеро ифода мекунад ва дар ҳаёти рўзмарраи шаҳрвандон такроршаванда мебошад, мисли хурсандӣ, мазаммату накўҳиш дар ҳолати мухолифи шуури муқаррарӣ будан муҳтаво дорад. Тамоми инқилобҳо, табаддулот, ҳаракатҳои сиёсӣ – иҷтимоии дунё аз роҳи шиорпароканиву дурўғпароканӣ ва шуури рўзмарраи мардумро ангезиш ва таҳрик дода, онҳоро ба даргириҳову нооромии кишварҳояшон оварда расондан, сарчашма мегирад, ки мисоли онро мо дар Сурия , Ироқ, Ливия, Яман, Тунис, Афғонистон, Украина ва дигар кишварҳо дидаем. Аз ҷониби дигар ин роҳи аз худ бегона кардани ҳар афрод ё ҷомеа мебошад, ки «ҷомеа, Ватан ва мардуми худро» оташ зада нобуд месозӣ. Чунин падидаҳо дар ҷомеаи мо ошкоро мушоҳида карда мешавад. Барномаҳои назариявии системаноки тахрибкори манфиатхоҳони дохиливу хориҷӣ бевосита ба шуури муқаррарӣ нигаронида шуда, тавассути он ҳадафҳои худро ба амал мерасонанд. Албатта, амалиясозии ин нақшаҳо аз он сабаб аст, ки қудрати бархурди зеҳнии кишвар пассив мебошад. Ҳамзамон «боиси тааҷҷуб нест, ки тамоми кўшиши бозигарони глобалӣ «ғамхории падарона»- и онҳо барои дар сатҳи муайян ва ба манфиати онҳо нигоҳ доштани муҳтавои шуури муқаррарии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама ба кишварҳои мусулмоннишин равона карда шудааст». Чунин сохтори шуур ба манфиати онҳо буда, шаҳрвандони ҳар кишвари мавриди тавваҷуҳашонро «новобаста аз мансаб, боигарӣ, ҷоҳу ҷалол, манфиати миллии ин гурўҳ дар вобастагии кул ба маводи мухаддири навъи сиёсӣ- динӣ мемонад, ки дар либоси дўст ҳам кори душман мекунанд». Чунин иқдомҳо натанҳо дар сатҳи шуури муқаррарӣ анҷом мепазирад, балки сохти давлатдории кишварҳоро низ ба манфиати хеш тағйир медиҳанд ва зуҳуроти гуногуни режимҳои теократиро рўи кор меоранд. Ба назари муҳаққиқ « дар муддати наздик ба ним аср мешавад, ки шуури назариявӣ-систематикунонидашудаи геополитикӣ хеле мақсаднок, пай дар пай, зина ба зина бо иваз кардани сохти давлатҳои миллӣ, давлатҳои теократӣ - системаи устувори минтақавӣ, байналмилалиеро ба вуҷуд овардаанд, ки онҳо «мустақилона», ҳамчун «фарзанди болиғ» аз нақшаҳои бозигарони геополитикӣ ҳимоя мекунанд. Кори қудратмандони ҷаҳони сиёсат, сарфи ҷисмонӣ, моддӣ ва молии онҳоро камтар намудааст.

Стратегияи ним аср ва беш аз ин коркардшуда натиҷаҳои мушаххас медиҳад». Чунин таҷрибаҳо рўҳияи миллиро шикаст дода, ва ҷойгузини давлатҳои миллӣ, сохтани «давлати исломӣ»-ро мегузорад ё бе истифодаи ин истилоҳи терористӣ, имрўзҳо низ хело фаъолона идома дорад. Ҷанбаҳои дигар шуури муқаррариро вазъи оила, мактаб, алоқаҳо, миёнҷигариҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои эътиқодӣ, муҳити маънавӣ ташкил медиҳад, ки дар шаклигирии муносибати воқеъияти иҷтимоӣ ё воқеъияти объективӣ нақш мебозад. Амалҳои шахсӣ- инфродӣ низ ҷанбаи дигари шуури муқаррариро ташкил медиҳад, ки дар асоси шуури иҷтимоӣ шакл пазируфтатаст ва худшиносӣ пайдо кардаанд. Чунин худшиносиҳо ба таъсири худшиносии дигаре ба вуҷуд меояд, ки омили ихтилоф ва таҳрики шаҳрвандон хоҳад гашт. Мисоли ин гуфтаҳо он аст, ки тамоми нафароне, ки таҳти таъсири назарияи террористӣ қарор мегарданд, ба ин ташкилот ворид мешаванд ва зери таъсри « худшиносӣ»-и дигаре боқӣ мемонад. Барои ислоҳи чунин худшиносиҳои фиребанда «оила, авлод, кўча, маҳал, деҳа, умуман тамоми сохторҳои ҷомеаро, ки барои солимгардонии тақдири хеш манфиатдор ҳастанд, зарур аст аз пайи ҳамин «худшинохта»-е бошад. онро муайян созад, ислоҳ намояд, вагарна ин вабо метавонад ҷомеаро пурра сироят кунад ва ба нестӣ орад». Мисоли амалии ин назарияпардозони паси пардагӣ маблағи ҳангуфти Кабирӣ ва дастаи террористии Назарзода мебошад, ки авввалан дар тўли фаъолияти худ фазосозӣ бо номи миллату дин карда, шуури муқаррариро ба вуҷуд оварданд ва баъдан барои ғасби қудрат аз дохил табаддулоти давлатиро роҳандозӣ карданд, ки «тири ҳадафи онҳо хок хўрд». Чунин тасмимгириҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ «оқибат ба заволи низоми давлатдорӣ ва худи давлат анҷом хоҳад ёфт». Яъне, дар ҷомеа «ба ҳангоми тағйир ёфтани ҷузъиёти аслии шуури ҷамъиятӣ дар нишондоди миқдорӣ, табдили сифат ва самтгирии структураи ҷаҳонбинӣ ногузир мегардад». Ҳамзамон бояд зикр кард, ки вақте ҷомеа аз рушди иқтисодии соҳаи индустриалии (саноатикунонии кишвар)-и худ меистад ва камбизоати онро дастбагиребон аст, сатҳи маърифати аҳолӣ паст боқӣ монда, табдили низомманди ҷомеа ба хаос (бетартибӣ) осон ба даст меояд ва «пешгўикунанда будани ҳолат ва раванди шуури ҷамъиятӣ ва зуҳурёбии он дар муносибат бо воқеияти реалӣ аз вазифаи мушкилтарин маҳсуб мегардад. Дар ин ҳолат, мутаассифона, ҷузъиёт ё типи конкретӣ-таърихии шуури ҷамъиятӣ мавриди суйистифода қарор мегирад». Ба назари муҳаққиқ «мардуми бехонумони кишварҳои ҷангзадаи маълум, ҳадафи истифодаи ана ҳамин гуна ҷузъиёти сохти шуури ҷамъиятии худ гаштаанд. Ваъда ва даъвои илмӣ оид ба таҳаввулоти диалектикӣ дар структураи шуури ҷамъиятӣ дар ин ҷомеа ба фоидаи манфиати миллӣ кор намекунад», яъне омили рушду густариши кишвар нахоҳанд гашт. Танҳо ин зиддиятҳо дар сатҳи шуури муқаррарӣ-ҷамъиятӣ мавриди истифодаи геополитикҳои манфиатхоҳи чаҳонӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин рў зарур аст, муҳаққиқону донишмандон ва пажуҳишгарон «Офарандагон, омилҳои муассир, шарт ва шароити таъсир, структураи манбаъ ва ҳадафҳои мавриди назар, дараҷаи рефлексияи ҳақиқат ва ё вуҷудияти лофу газофро дар сиришти сарчашмаҳои ташаккули ҷаҳонбиниҳо, аз нигоҳи стратегӣ бояд мавриди баррасӣ қарор диҳанд.» Ин бахшро С. Ятимов чунин хулоса мекунад: «дараҷаи одии (рўзмарраи шуури ҷамъиятӣ дар воқеъ «майдони навкорам»-и майнаи инсон барои коштани ҳамагуна тухми маънӣ, мафҳум ва ҷаҳонбинии мувофиқ ва мутобиқ ба мақсади гузошташудаи гурўҳҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ҳамеша дар ҳоли тағйир мебошад». Дар бахши охирин муҳаққиқ «муносибати шуури муқаррарӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Аввалин унсури шуури ҷамъиятӣ- ин шуури инфиродӣ мебошад, ки дар асоси «муносибат ба Ватан, миллат, падару модар, дўстон, эътиқод ва умуман муҳити табиию маънавии атроф шакл мегирад, ки мундариҷаи муносибатҳоро инъикос мекунад». Муносибат ҳамчун категорияи фалсафӣ, «алоқаи байни инсонҳо, инсон ва дигар зуҳуроти олам»-ро ифода мекунад, ки аз арзишҳои мусбӣ ва манфӣ иборат аст ва бо ин сифатҳо арзишгузорӣ мешавад. «Зеро худи ҳамин муносибат «яке аз шаклҳои ягонагии предмет, зуҳурот ва хосиятҳои он мебошад. Асоси онро умумияти муайяни ду ва зиёда предмет ташкил мекунад ва байни онҳо муносибат пайдо мешавад», ки бозгўи ҳақиқатҳоянд. Муайян кардани муносибатҳо воқияти аслро ба мо ошкор месозад, ки барои фаҳмидани фард, гурўҳҳои ҷамъиятӣ ва раванди шаклгирии шуури фард ва гурўҳ мусоидат мекунад. «Ин талабот шароит фароҳам меорад, ҳарчи тезтар ташхиси равандҳои ифротгароӣ, махсусан дар байни ҷавонон ва дигар гурўҳҳои ҷамъиятӣ ошкор ва ислоҳ гардад.» Шуури ҷамъиятӣ ба назари муҳаққиқ дар ҷаҳони муосир ҳамчун қочоқ (контрабанда) истифода шуда, ҳаргуна тамоюлоти манъгаштаро «символҳои куллан солим» бозтоб месозанд. Ин қочоқи маънавии расмиятёфта ва таърихан шаклгирифтаи шуури зиддимиллӣ мебошад, ки онро метавон бузургтарин фоҷеаҳои таърих номид, ки то ба ҳол аз тарафи бозигарони маъмули геополитикӣ, ташкилотҳои террористӣ пуштибонӣ ва маблағгузории бебаркаш карда мешавад. Гарчанд метавонад аз дохил низ ташаккул ва унсурҳои фаъоли ҷомеаро дар ҳоли фалаҷ нигоҳ дорад. Аз ин рў зарур медонад муҳаққиқ, ки шуури муқаррарӣ мавриди пажуҳиши ҳаматарафа қарор гирад ва махсусан аз овони хурдсолӣ (аз сини 3-солагӣ ба баъд, ки бачаҳо стратегияи хоси коркарди маълумотро пайдо мекунанд), то ба булуғи ҷисмонию маънавӣ шуури маъмулӣ ба шуури системакунонидашуда бо шароити мукаммал ва фарогири иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ муҷаҳҳаз шавад, то манфиатҳои худро аз манфиатҳои бегона дар асоси арзишҳои худӣ фарқият гузорад. Ин гуна шароит на ҳама вақт ва на ҳама ҷо мавҷуд аст. Баъзе аз падару модар бошад, дар баробари чунин вазъ пули пасандози худро ба фарзандон барои таълимоти ғайримуқаррарӣ, ки бештар дар таълимоти динӣ маҳдуд мешавад масраф месозанд, ки барои худ ва ҷомеа мушкилии дучанд меофаранд. Инчунин ҳастанд ниҳодҳое, ки аз пули ройгон фарзандони кишвари моро бурда дар доираи манфиатҳои худ омўзиш дода, бо кишвари мо мефиристанд, ки баъдан дар кишвари мо зиддиятҳову чолишҳоро роҳандозӣ кунанд, то нақшаву манфиатҳои онҳо дар ҷомеаи мо ба осонӣ роҳандозӣ шаванд. Ин воқеиятҳоро дар ҷомеаи имрўзи тоҷик метавон мушоҳида кард. Яъне, барои пешгирии ҳамагуна таъсири номатлуб ба структураи шуури муқаррарӣ, муайян кардан, донистани муносибатҳои фардӣ, гурўҳӣ ва дигар омилҳои муосир дар доираи манфиатҳои милиӣ аз муаянкунандаҳо асосӣ ба ҳисоб меравад. Хулосаи муаллиф ин аст, ки «Масъалаҳои шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла шуури муқаррарӣ дар маҷмӯъ, аз мураккабтарин самтҳои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиш, баҳодиҳӣ, хулосабарорӣ ва дар ин асно тасмимгириҳост.

Манфиатҳои бегона дар атрофи шаклгирии шуури муқаррарӣ, вазъиятро боз ҳам мушкилтар мекунанд. Вазифаи шуури рӯзмарраи солим интихобан, эҳтиёткорона, мақсаднок ва тибқи масъулияти ватанхоҳона амал кардан аст. Ин ҷараён бояд дар атрофи рӯҳияи беҳтар, хубтар кардани зиндагӣ дар доираи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тибқи имконоти фардӣ, гурӯҳӣ ва худи ҷомеа сурат бигирад. Кӯшиши бегонагон, ҳадди ақал, барои хунсо кардани ҳамин ҷузъиёти муҳим дар структура ва муҳтавои шуури муқаррарӣ равона карда шудааст. Донистани паҳлӯҳои структураи шуури муқаррарӣ, омилҳои шаклгирӣ, мундариҷа, рушд ва оқибатҳои он барои шахс, ҷомеа ва давлат, системаи давлатдорӣ ҳаётан муҳим мебошад». Аз ин сабаб, шуури солими ҷамъиятӣ дар зимоми худ амнияти ҷамъиятиро ба вуҷуд оварда, ки яке аз мушкилоти воқеии ҷомеаи мо боқӣ хоҳад монд.

Агар дар доираи чунин тасмимгириҳои матраҳшуда фаъолияти кормандони амнияти миллии кишвар тақвият ёбад, ба боварии комил метавон гуфт, амнияти миллии мо қобилияти хунсо кардан ва муқобилият нишон додан ба ҳар гуна падидаҳои номатлуби иҷтимои кишварамонро дорад. Пешниҳод: Барои шинохти шуури ҷамъиятӣ ва ба вуҷуд овардани амнияти ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама дар ҷомеаи мо пурсишномаҳои сотсиологӣ аз тарафи пажўҳишгарон баргузор карда шавад, то воқеъияти шуури рўзмарраи онҳоро шиносем ва дар доираи шинохти воқеъияти таъсиргузории хориҷу дохили кишвар тавонем шаклҳо, муносибатҳо ва арзишҳои расмишуда ё анъанашударо ба шакли беҳтар тағйир диҳем, то ба рушду густариши ҷомеаи худ мусоидат кунанд.

Ниёзов Ё.Б.

Хондан 1667 маротиба

Китобҳо