JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 23 Сентябри 2020 09:56

Бачаҳои «гиперактив»-ро эҳтиёт кунед

Муаллиф: Равшан Раҳмонӣ

 

  Дар бораи бо «гипертактив»-ҳо дар хонавода ва мактаб чӣ гуна муносибат намудан ба забонҳои хориҷӣ китобу мақолаҳои зиёд навиштаанд. Аммо то ҳол дар Тоҷикистон ба ин масъала ба таври ҷиддӣ машғул нашудаанд. Аз ин лиҳоз чанд нуктаи муҳимро, ки равоншиносон ва духтурҳои хориҷӣ бар он ишорат намудаанд, бо мушоҳидаҳои худ, пешкаши хонандагон менамоем.

  Хурдсолоне ҳастанд, ки парешонхотир, серҳаракат, беқарор вале фаҳму фаросот доранд. Аз ҳаракатҳои беҷо, шӯхиҳои номуносиб, парешонхотирӣ, беҳуда гап задани онҳо падару модар, омӯзгорон, ҳамсояҳо ба онҳо баҳои паст медиҳанд. Сарзаниш менамоянд. Ҳатто «бемор», «девона», «беақл» мегӯянд. Аммо дар асл ин гуна кӯдакон сазовори сарзаниш нестанд. Ҳоло дар тамоми дунё таваҷҷуҳи олимони тиб, равоншинос, педагогикаро ин гуна ашхос ба худ ҷалб намудааст. Солҳост, ки дар асоси мушоҳидаҳо мо низ дар бораи чунин калонсолон ва кӯдакон фикр менамоем, ки чаро чунин аст? Мутассифона аксарият ба ин гуна афрод бо назари манфӣ менигаранд.

  Ин аст, ки мо баъзе мушоҳидаҳо ва мутолиаҳои хешро пешкаши падару модарон ва омӯзгорон менамоем, то барои онҳо андаке бошад ҳам роҳнамоӣ шавад. Ёдовар мешавем, ки барои навиштани ин мақола бо беш аз 100 нафар омӯзгор ва падару модар ҳамсуҳбат шудем. Падару модарон мегӯянд: «гапро гӯш намекунад», «бо задан ба роҳ дароварда намешавад», «сарзаниш мекунем боз ҳамон корашро такрор мекунад»; омӯзгорон мегӯянд: «бачатонро эрка калон кардед», «аз хурди ҷилавашро нагирифтед», «зарур бошад гоҳе задан даркор» ва ғайра.

  Табибон ва равоншиносон дар муддати беш аз 150 соли ахир ин навъ хурдсолонро ба мушоҳида гирифта, ба чунин натиҷа расиданд, ки онҳо «гиперактив» ҳастанд ё дорои «камбуди амали диққат» мебошанд. Баъдан ин ҳардуро муттаҳид намуда гуфтанд, ки «камбуди амали диққат ва гиперактив». Ба гуфти пажӯҳандагони тибб ва равоншиносӣ ин хурдсолон аз модар бо «камбуди амали диққат ва гиперактив» (ба русӣ: «синдром дефицита внимания и гиперактивности») таваллуд шудаанд.

  Пас «гиперактив» чист? «Гипер» – хеле, зиёд; «актив – фаъол». Яъне фаъолияти зиёд.  Ин ҳолатест, ки фаъолияти муҳаррикӣ ва беқарории шахс аз меъёр зиёд аст. Кӯдакони «гиперактив» дорои чунин аломатҳо мебошанд: хеле беқарор, ҳаракатҳои беҳудаи дасту пою бадан, сергапӣ ва ғайра. Дар калонсолон нооромӣ дар рафти фаъолияти корӣ, беқарорӣ, бесабрӣ дар иҷрои коре ва нисбати воқеаҳо ва ҳодисаҳои атроф.

  Тибқи гуфтаи табибон ва равоншиносон гиперактив асосан аз синни 4-5-солагӣ маълум мешавад. Падару модарон бештар дар синни 7-10 солагӣ ба духтур муроҷиат менамоянд. Чунки маҳз дар ҳамин сол ҳангоми таҳсил дар мактаб, кор дар хона ва дигар фаъолиятҳо аз кӯдак тақозо мешавад, ки худро идора намояд, бепарво набошад, мустақил бошад. Аз ҷумла Ю.А.Фесенко дар асарҳои худ оид ба ин масъала ба таври муфассал сухан гуфтааст. Ба гуфти ӯ ва дигарон «камбуди амали диққат ва гиперактив» ин рафторе вобаста ба системаи асаб аст, ки аз даврони хурдсолӣ дар баъзеҳо дида мешавад. Нишонаҳои он чунин аст, ки шахс барои диққат намудан ба чизе дучори мушкилот буда, ҳаракатҳояшро наметавонад идора кунад. Ҳам ташхис ва ҳам табобати он дар байни табибон, равоншиносон, падару модарон ва омӯзгорон, аз солҳои 70 садаи ХХ дар кишварҳои ҷаҳон то имрӯз баҳсҳо барангехтааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки «камбуди амали диққат ва гиперактив» вуҷуд надорад. Дигарон гумон менамоянд, ки он марбути генетикӣ аст. Вале мутахассисон ба чунин назаранд, ки дар ҳақиқат ин «камбудӣ» бартарӣ низ дорад.

  Асабшиноси кӯдакон ва наврасон профессори ирландӣ Майкл Фитсҷералд (Michael Fitzgerald, соли таваллудаш 1946) гуфтааст, ки «он ҳуҷайраҳое, ки барои инкишофи «камбуди амали диққат ва гипреактив» масъуланд ва бо рафтори ғайриодӣ иртибот доранд, мумкин аст шахсро ба корҳои бад равон созанд ва маҳз ҳамон ҳуҷайраҳо кумак менамоянд, ки шахс ба муваффақиятҳои беназир дар илм ва ҳунар ноил гардад».

  «Гиперактив» будан бештар аз синни 5-солагӣ ба назари калонсолон намоён мешавад. Дар асл нишонаҳои «гиперактив»-ро дар байни хурдсолони ҳамаи синну сол дидан мумкин аст. Ба гуфтаи соҳибназарон он беморӣ нест, як навъ амале вобаста ба системи асаб аст. Яъне, он хароб шудани асаб нест, балки дигар шудани рафтор аз асаб аст. Аз ин рӯ, ба ин масъала на танҳо равоншиносон, балки асабшиносон, духтурони умумӣ ва равоншиносони тиббӣ низ машғул ҳастанд.

  Баъзе бар чунин назаранд, ки «камбуди амали диққат ва гиперактив» комилан бемории генетикӣ аст. Мувофиқи пажӯҳиши олимони амрикоӣ аз 40 то 70 фоизи он ба генетика вобастагӣ дорад.

  Дар баъзе расонаҳои ахборӣ навиштаанд, ки шахсони дорои чунин ташхис, ки бештар наврасон мебошанд, бо ду даст як хел навишта метавонанд. Мутахассисон мегӯянд, ки ин амал бо ду нимаи мағзи сар вобаста аст.

  Бархе мегӯянд, ки дар натиҷаи тибқи меъёр истифода набурдани телевизион, компютер ва телефони дастӣ, ки имрӯзҳо дастраси кӯдакон ва наврасон аст, шояд гирифтори ин камбуд шуда бошанд. Олимон мегӯянд, ки агарчӣ воситаҳои техникӣ то ҳадде барои инсон зарар дорад, вале тибби расмӣ то ҳол таъсири дақиқи онҳоро исбот накардааст, ки боиси пайдо шудани «гиперактив» шуда бошанд. Дар ҳар ҳолат бораи ин навъ кӯдакон истифодаи компютер, интернет, смс, тамошои видоефилм, телевизион, телефони дастӣ бояд маҳдуд шавад.

  Ҳудуди муайян ва дақиқи «гиперактив» вуҷуд надорад. Шахси гиперактивро бархе аз пажӯҳандагон дар асоси саволномаҳо иттилоъ ҷамъ оварда, таҳқиқ менамоянд, бархе дар асоси мушоҳидаҳо, бархе дар асоси пурсишҳои рӯбарӯ. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон (аз ҷумла Амрико) нишонаҳои ҳамгуни ин ташхисро дар муқоиса бо бемориҳои дигар таҳқиқ менамоянд.

  Ҳатто чунин назар аст, ки истифодаи доруҳо ҳуҷайраҳои дигари бадани инсонро хароб мекунад. Барои ҳамин пешниҳод мешавад, ки то ҳадде аз дору истифода нашавад. Шахси «гиперактив» ба мисли табобати ҳамаи рафторҳои равонии инсон, муҳтоҷи машварату роҳнамоӣ ва тарбия аст. Бояд ёдовар шуд, ки ақлу ҳушу фаҳмиши «гиперактив» барҷост. Барои табобати «гиперактив» дар кишварҳои гуногуни олам доруҳои гуногун ба кор мебаранд, то асабро ба низом дароваранд. Анвои ин доруҳо хеле зиёд аст, ки дар ин ҷо аз онҳо ном намебарем. Аммо бархе аз пажӯҳандагон бар он назаранд, ки «гиперактив» бояд бидуни дору табобат шавад. Ин навъи табобат – витаминҳо, варзиш, парҳез ва ғайра. Бархе бар он назаранд, ки «гиперактив»-ро метавон табобат накард. Аз як тараф ин аломат барои саломатӣ ва зиндагии шахс таҳдиде надорад. Аз тарафи дигар он ба мисли баъзе бемориҳо то ба ҳол ба таври дақиқ ташхис нашудааст. Фаромӯш набояд кард, ки шахсони «гиперактив» дар қатори дигарон бидуни ҳеҷ мамониат зиндагӣ мекунанд.

  Бисёре аз хурдсолоне, ки гирифтори «камбуди амали диққат ва гиперактив» ҳастанд аз дигарон бо ин рафторҳо тафовут доранд: беқарорӣ, дар синф ором намешинанд, дасту пою сар дар ҳаракат, шӯх, гоҳе ба ҳамсинфон дастдарозӣ мекунанд, тақлид менамоянд, калима, ибора ва чизҳои медонистаашонро бидуни пурсиш такрор мекунанд, навиштанашон суст, ҳангоми бозӣ ба қоидаҳои бозӣ риоят намекунанд, сергап, ҳассос, ба дигарон бо шӯхӣ гап мезанад, фикри мантиқӣ надоранд, гоҳе беҳавсала, кундфаҳм ва ғайра. Ҳамаи ин камбудҳо якбора дар як хурдсол нест. Дар баъзеҳо бештар, дар баъзеҳо камтар.

  Ташхиси камбуди диққат бисёр муҳим аст. Пажӯҳандагон ба чунин натиҷа расиданд, ки гӯё ин гуна шахсон наметавонанд фикри худро дар як ҷо муттаҳид намоянд. Вале дар асл ин тавр нест. Онҳо фикри худро ба чизҳои зиқкунанда ва дилгиркунанда муттаҳид карда наметавонанд. Ин гуна хурдсолон воқеа ва ҳодисаҳои маҳзуну ғамгинро намепазиранд. Барои онҳо шӯхӣ, орзуҳои ширин ва хаёлбофиҳо хушоянд аст. Чунин хурдсолон андешаи худро бештар дар атрофи орзуҳои худ муттаҳид месозанд. Аз сабаби он ки онҳо фаҳмишу фаросат доранд, наздиконашон ба духтур муроҷиат намекунанд. Гумон менамоянд, ки бо гузашт синну сол ин рафтор дигар мегардад.

 Тибқи мушоҳидаи муҳаққиқон камдиққат ва гиперактив будан боиси эҷодиёти баланди шахс ҳам будааст. Равоншиносон шахсиятҳои маъруф, боситеъдод ва одамони дорои истеъдоди баландро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар давраи хурдсолӣ камдиққат ва гиперактив будани онҳоро таъкид намудаанд. Дар гузашта ва ҳоло низ дар зиндагӣ шахсони «гиперактив»-и маъруфу комёб зиёд будаанд.

 Агар ҳар шахс давраи мактабхонии худро ба ёд орад, ҳатман ба ёд меорад, ки дар синф шахсони беқарор буданд, ки медавиданд, мепариданд; масхарабоз, нағмагар, шӯх, хаёлпарасту серҳаркат ва ғайра. Падару модар, хешовандон, ҳамсояҳо, муаллимон ҳама бидуни ягон фикр мегуфтанд, ки «ин бача одами дуруст намешавад, аҳмақ аст».

 Агар хурдсол орзупарвар, гапҳои гуногун бофад, ногоҳ чизҳои ҷолибе гӯяд, синфро ноором созад ва ба назари муаллим ва дигарон бемаънӣ намояд, ин маънои онро надорад, ки «вай бетарбия аст», «майнааш вайрон аст». Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё нишон дод, ки на ҳамаи омӯзгорон ва табибон бо ин андеша розӣ ҳастанд. Балки онҳо ба чунин натиҷа омаданд, ки ин гуна хурдсолон ё боистеъдоду эҷодкор ҳастанд, ё ҳамин тавр модарзод бачаи беқарор мебошанд. Ин рафтори онҳо ягон бадӣ надорад. Фақат таҳти назорат бояд гирифт. Ба гуфти равоншиносон дар канори ҳар чизи манфӣ як чизи мусбат ҳам ҳаст.

 Тавре ишорат шуд мутахассисон ба чунин назаранд, ки агар ба ин гуна бачаҳо падару модар ва мактаб таваҷҷуҳи махсус диҳад, онҳо ба комёбиҳо хуб ноил мегарданд. Агар бетаваҷҷуҳӣ шавад, воқеан ба роҳи иштибоҳ рафтанашон мумкин аст. Шахсиятҳои маъруфи зиёде буданд ва ҳастанд, ки «гиперактив» буданд ва корҳои беназиреро анҷом доданд. Фаромӯш набояд кард, ки на ҳар мактабхоне, ки шӯх асту беқарор олими машҳур мешавад, ҳаргиз ин тавр нест! Фақат шахси коркуну заҳматкаш натиҷаи муносиб ба даст меорад.

 Ин масъала таваҷҷуҳи олимони равоншиносро сол то сол бештар ба худ ҷалб намудааст. Тибқи баррасии табибон, равоншиносон ва педагогҳо шахсони зерини машҳур орзупарвар, хаёлпараст, серҳаракат, яъне «гиперактив» будаанд:

Роберт Фрост (шиори амрикоӣ 1874-1963) хаёлбофу ҳарзагӯй буд, барои ҳамин аз мактаб ронда шуд. Баъд шоири машҳур гардид.

Франк Ллойд Райт (меъмори амрикоӣ, 1867-1959) хайлпарасти ҳайратовар буд. Пасон беҳтарин меъмор шуд.

Никола Тесла (кашшоф дар соҳаи радиотехника, 1856-1943), тахайюли ҷолибе дошт, ки чизҳои кашфкардаи худро бо ҷузъиёт тасаввур мекард. Ҳамин буд, ки кашшофи беназир гардид.

Леонардо да Винчии (1452-1519) хаёлпараст буд ва бо тасвири расмҳои гуногун дар ҷаҳон машҳур гашт.

Эрнест Ҳемингуэй (1899-1961) нависандаи машҳури амрикоӣ дар синни 5-солагӣ бо ҳаяҷон ба хона медарояд, ки ман аспи мастро ором кардам. Бобояш дар ҳайрат мемонад. Наздиконаш гуфта буданд, ки «агар ин бача хаёлҳои худро бо мақсади нек истифода намояд, одами машҳур мешавад, вагарна вай бо ин неру ва заковат худро гирифтори зиндон мекунад».

  Муҳандис ва соҳибкори машҳури амрикоӣ Генри Форд (1863-1947) ки бунёдгузори ширкати автомобилии «Форд» мебошад, нишонаҳои «гиперактив» барояш бештар кумак мекунад, на ин ки халал мерасонад.

  Варзишгар ва шиновари машҳури амрикоӣ Майкл Фелпс (таваллуд 1985) дорои 28 медали олимпӣ буда, 23 маротиба чемпиони олимпӣ, 26 маротиба чемпиони ҷаҳон гардидааст. Дар хурдсолӣ барои «гиперактив» буданаш ӯро бо доруҳои гуногун табобат менамуданд. Пас аз он ки вай ба варзиш машғул мешавад, дигар ҳеҷ гоҳ дору намехӯрад.

  Аз зиндагиномаи нобиғаҳои ҷаҳонӣ Нютон, Эйнштейн, Эдисон ва Пастер маълум аст, ки онҳо камбуди диққат доштанд, дар мактаб таҳсили хуб надоштанд.

  Баъзеҳо мегӯянд, ки ин «иштибоҳи табиат» аст. Кашшофи машҳури ҷаҳон Томас Алва Эдисон (1847-1931) ҳам парешонхотир ва ҳам гиперактив буд, вале ӯ бо корҳои хеш машҳури ҷаҳон гардид. Ин ихтироъгару соҳибкори амрикоӣ 1893 патенти ихтироот аз Америка ва наздики 3 ҳазор патенти ихтироот аз кишварҳои дигари олам дошт. Ӯ ихтироъгари фонограф, ташкилдиҳандаи телеграф, телефон, дастгоҳи кино, ихтироъгари лампаи барқӣ аст. Аз сабаби серҳаракату хаёлпарасту бедиққатӣ, ҳангоми дарс бо корҳои номуносиб машғул шудан, бетаваҷҷуҳӣ ва беқарорӣ дар дарс, ба ҷои навиштану хондан дар дафтар беҳуда хаткашӣ кардан, омӯзгор ба пушти гарданаш сахт мезанад. Ҳамчунин ба маъмурияти мактаб шикоят менамояд, ки ин бача бемағз, бефаҳм, бефикр аст, вайро дигар дар мактаб набояд нигоҳ дошт. Пас аз солҳо Томас Алва Эдисон дар хотираҳояш ишорат менамояд, ки ин рафтори омӯзгор маро чунон асабонӣ кард, ки ба хона омада ба модарам гуфтам. Модараш бо ҳаяҷону асабоният писарашро ба мактаб оварда, ба омӯзгор мегӯяд: «Майнаи сари ин писар аз майнаи сари ту хубтар кор мекунад!». Сипас модар писарашро аз мактаб гирифта, муддате худаш дар хона таълим медиҳад.

  Физики нобиғаи беназир Алберт Эйнштейн (1879-1955) низ дар хурдсолӣ дорои камбудиҳо будааст. Масалан, ӯ дар гуфтор лакнати забонӣ доштааст, дар навиштор ҳам хуб набудааст. Эйнштейн дар хурдсолӣ оҳиста ҳаракат мекардааст. Нутқи ӯ чунон бад будааст, ки хешовандонаш дар ҳарос будаанд, ки шояд вай гап задан ва хонданро ёд намегирад. Ҳар як калима ва ибораро ӯ борҳо такрор намуда, базӯр ёд мегирифтааст. Ин одати ӯ то 7-солагӣ идома меёбад. Ҳангоми омӯхтани забони юнонӣ муаллимааш ба Эйнштейн гуфтааст, ки «ту ҳеҷ гоҳ, ҳеч чизро ёд намегирӣ». Пас аз ин таъкид ӯ аз мактаб хориҷ мешавад. Ӯ ҳангоми дарс зуд-зуд бо муаллимон баҳс мекардааст.

  Эйнштейн ба ивази калимаҳо ва формулаҳо, хаёлпарастона бо образҳои рамзӣ фикр мекардааст. Вай дар бораи масъалае солҳо фикр мерондааст. Ҳар қадар зиёд фикр намояд, ҳамон қадар ба пеши назараш саволҳои нав ба нав пайдо мешудааст. Ба саволҳо ҷавоб пайдо карда ба ҳақиқат наздик мегаштааст. Соли 1999 маҷаллаи «Ахбори амрикоӣ» («American Times») ӯро «Одами сол» ва физикҳои машҳури муосир ӯро физики бузурги ҳамаи замонҳо донистаанд. Ба гуфти пажӯҳандагон ин шахси нобиға дорои «камбуди амали диққат ва гиперактив» будааст.

  Равоншиносон дар баъзе сайтҳои интернет навиштаанд, ки яке аз сабабҳои нобиғагӣ ин «камбуди амали диққат ва гиперактив» мебошад.

  Профессори англис Майкл Фитсҷералд (Michael Fitzgerald таваллуд 1946) аз коллеҷи Тринити дар шаҳри Дублини Ирландия чунин назар дорад, ки шахсони дорои «камбуди амали диққат» дар яке аз касбҳо сазовори натиҷаи баланд мегарданд. Ба гуфти ин асабшинос Байрон (шоири англис), Пикассо (рассоми испанӣ ва франсуз), Томас Эдисон (ихтироъгарӣ амрикоӣ), Оскар Уайлд (нависандаи аглис), Кларк Гейбл (ҳунарманди амрикоӣ), Жюл Верн (нависандаи фаронсавӣ), Курт Кобейн (сарояндаи амрикоӣ), Че Гевара (инқилобчии Амрикои лотин) дорои «камбуди амали диққат ва гиперактив» буданд.

  Баъзе табибон пешниҳод мекунанд, ки ин навъ хурдсолон бояд аз шакару шириниҳо ва шарбатҳои сохта парҳез намоянд. Мувофиқи мушоҳидаи мутахассисон шахсони «гиперактив» зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои сурхрангро, ки шакар зиёд доранд, тақозо менамоянд. Баъзеҳо бар он назаранд, ки барои ба эътидол овардани рафтори онҳо хӯрдани харбуза ва то ҳадде бозиҳои тарбиявии компютерӣ мусоидат менамояд.

  Маслиҳати равоншиносон. Як чизи муҳимро фаромӯш набояд кард, ки «гиперактив» будан ин ба кӯдак вобаста нест! Чунки вай ҳамингуна ба дунё омадааст. Барои ҳамин аз ҳаракатҳои беҷои ӯ набояд ранҷид. Чунки ҳаракатҳои беҷо ва номуносиб аз вай вобастагӣ надоранд. Ба як нукта таваҷҷуҳ намоед, баъзеҳо гумон мекунанд, ки кӯдак гӯё намехоҳад ҳаракатҳои номуносиби худро иҷро накунад. Не! Вай наметавонад онҳоро анҷом диҳад. Асли гап дар ин ҷост.

  Хислати хоси ин навъ кӯдакон дар он аст, ки онҳо ба диққат намудан камбуд доранд. Аз ин рӯ, вай дар ҷояш нишастан намехоҳад, серҳаракат аст. Бо рафторҳои худ таваҷҷуҳи дигаронро низ парешон месозад. Ӯ диққати худро ба чанд чиз равон карда, ғалатҳои зиёд содир менамояд ва онҳоро ҳис намекунад. Барои ҳамин бояд кӯдакро на фақат ором кард, балки ба вай ёд дод, ки чӣ гуна худро идора намояд.

Ба гуфти Елена Михайловна Белоусова бо ин навъ хурдсолон омӯзгор бояд чунин амалҳоро анҷом диҳад, ки мухтасар чунин аст:

  1. Ӯ бояд бо сабру тоқат буда, ба ин навъ кӯдакон роҳҳои ёрӣ расониданро ҷустуҷӯ намояд;
  2. Кӯдакро ҳамчун шахсият бипазирад. Дар он ғайр аз камбудиҳо, ки онро ҳамаи инсонҳо доранд, ҷиҳатҳои хубашро низ дарк намояд. Ин бисёр муҳим аст. Бидуни он анҷом додани дигар корҳо мушкил аст;
  3. Ҳар чизеро, ки дар дарсхона диққати кӯдакро ба худ ҷалб месозад, онро дур бояд кард. Кӯдакро ба партаи аввал ба рӯбарӯи тахта бояд шинонд. Аз рӯи миз чизҳои нолозимро бояд гирифт;
  4. Барои ин гуна кӯдакон истифода намудани таърифу ситоиш ва ҷоиза додан ба фоидаи кор аст. Таъриф набояд «офарин», «хуб», «нағз» бошад. Албатта, меъёрро бояд донист. Омӯзгор метавонад чунин таъриф кунад: «ин бача бодиққат шудааст», «хуб навиштааст», «нисбат ба дирӯз ду ғалат камтар кардааст». Кӯшиш бояд кард, ки ҳар кадоме аз рафтори кӯдак дуруст таъриф шавад. То ки вай дарк кунад, ки кадом амалаш писанд аст;
  5. Аз сабаби он ки ин гуна кӯдакон беқароранд, барои онҳо дар раванди дарс бояд иҷозат дод, ки чанд бор аз ҷояшон хеста ҳаракат кунанд. Метавон гуфт, ки: «Ту аз нишастан хаста шудӣ, аз ҷоят хезу то охири синф рафта биё». Агар омӯзгор барои кӯдакони синф низ хислати махсус доштани ин кӯдакро фаҳмонад, дигарон ба вай бо назари нек менигаранд. Ё ки барои ӯ вазифаҳои дигар метавон дод: «тахтаро пок кардан», «дафтар ё китоберо ба муаллим овардан» ва ғайра. Дар ин маврид беқарории ӯ то ҳадде идора мешавад;
  6. Кӯдакони «гиперактив ва дорои камбуди амали диққат» дар фаъолияти худ мушкил доранд. Онҳо бо иродаи худ кор карда наметавонанд. Ба ин ҷиҳат барои сохтани нақшаи корӣ, ҷадвал, рӯихати чизҳо, соати корӣ ва ғайра ба онҳо ёрӣ бояд расонд;
  7. Агар кӯдак зуд-зуд беқарорӣ кунад ё ба корҳои дигар машғул шавад, омӯзгор бояд диққати ӯро ба дарс ҷалб намояд, аммо бидуни танбеҳ. Танбеҳ метавонад акси таъсир дошта бошад. Ба назди кӯдак омада, ба чашмонаш нигоҳ карда, дастро ба китфаш гузошта, сарашро сила намуда метавон гуфт, «вазифаро иҷро намо», «дуруст шин, маро гӯш кун». Ҳамин гуфтаҳоро метавон ба коғазпорае навишта дод;
  8. Тибқи мушоҳидаҳо таълими омӯзгор бо заҳмат натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ба ҳар ҳол фаромӯш набояд кард, ки мувофиқи гуфти табибон дар аксари ин гуна кӯдакон нуқсоне ба ақлу ҳис нест. Барои ҳамин онҳо бо кӯдакони дигар дар як синфи муқаррарӣ бояд таҳсил намоянд. Вале дарсҳои иловагӣ лозим аст;
  9. Талабагони «гиперактив» зуд-зуд барои тақозои ёрӣ намудан, дарки супоришҳо ба мушкилот дучор мешаванд. Яке аз он гуфтугӯ бо атрофиёнаш аст. Омӯзгорро зарур аст, ки як супоришро чандин бор фаҳмонад. Ба кӯдак шароите муҳайё созад, то ки вай барои кумак муроҷиат намояд ва кӯдак наҳаросад, ки нисбат ба дигарон бад аст. Омӯзгор барои кӯдак бояд фаҳмонад, ки агар чизеро нафаҳмад пурсад;
  10. Омӯзгор бояд дар бораи масъалаи гиперактив адабиёти илмӣ бихонад то донишашро афзуд намуда, бо чунин хурдсолон иртиботи дуруст барқарор намояд.

  Мувофиқи пешниҳоди Е.М.Белоусова китоби Е.Лютова, Г.Монина «Шпаргалка для родителей» ва ҳамчунин китоби Н.Н.Заваденко «Как понять ребёнка: дети с гиперактивностью и дефицитом внимания» барои муаллимон дастури хубе аст. Ин китобҳоро аз интернет ҳам метавон пайдо кард.

  Дар тайи ду даҳсолаи охир оид ба ин масъала китобҳо ва мақолаҳои зиёд чоп шудааст. Дар баъзе аз онҳо гуфта шудааст, ки кӯдакони дорои «гипреактив» боистеъдод, кӯшишгар, қобилиятнок мешаванд. Ба гуфти И.Ю.Млодик онҳо дорои тафаккури серҳаракат буда, иттилоотро зуд коркард менамоянд. Аммо ин гуна кӯдакон дар синфҳои ибтидоӣ бо бадхатӣ, бетартибӣ, ноқобилӣ, серҳаракатӣ, шӯх будан дучори мушкилот ҳастанд. Агар дар мактаб ба онҳо муносибати ҷиддӣ ва қатъӣ шавад, он гоҳ онҳо серҳаракатии худро дар хона анҷом медиҳанд. Чунки серҳаракатӣ ноустувории онҳо ба худи онҳо вобаста нест.

 Равоншиноси оилавӣ Екатерина Мурашова бар он ишорат менамояд, ки бо ин гуна хурдсолон бояд зиёд кор кард. То илоҷе ҳаст онҳо бо варзиш машғул шаванд ва ҳар бегоҳ дар ҳавои тоза гардиш намоянд. Ҳар бегоҳӣ аз ҷониби падару модар пешрафти рӯзонаи ӯ мавриди таҳлил қарор гирад. Ҳангоми таҳлил бояд хислатҳои манфии кӯдак барояш фаҳмонида шавад. Супоришҳои волидайн диққати ӯро ба самти дуруст равон месозад. Мактаб ва ба хусус омӯзгори таълимдиҳанда бояд бо ин гуна кӯдакон хушбархӯрд бошад.

 Тавре ки интернет мутолиа намудем баъзе рӯзноманигорон дар гуфтугӯҳои худ ишоратҳои ҷолибе доранд. Масалан, рӯзноманигор Е.Борисова назари равоншиноси мактаби мактаби №36 шаҳри Иркутск Любов Копиловаро овардааст, ки чунин аст: «Кор кардан бо кӯдакони гиперактив, нисбат ба бачаҳои оромтабиат, ҳамеша ҷолиб аст. Дар ҳақиқат ин гуна кӯдакон имкониятҳои калон доранд. Дар онҳо чизҳои зиёдеро кашф кардан мумкин аст. Онҳо бачаҳои серҳаракат, ҷолиб, ғайриқолабӣ мебошанд».

  Барои он ки ин гуна хурдсолонро ба роҳи дуруст равон намоем пеш аз ҳама сабру таҳаммул, оромиш ва боварӣ лозим аст. Ин гуна кӯдакон бисёр ҳассос ва боҳаяҷон мебошанд. Аксари онҳо барои сарзаниш, ҷанг кардан ҳассосият нишон намедиҳанд, бепарво ҳастанд, кори нодурусти худро такрор мекунанд. Барои онҳо «накун!», «нарас!», «бас кун!», «шин!» гуфтан фоида надорад. Ба ивази ин таъбирҳо метавон ҷумлаи нармтар ва аз ҷиҳати равонӣ мувофиқтар пайдо бояд кард. Масалан: «беҳуда паридану ҷаҳидан хуб нест», «ба чизҳои дигарон расӣ вай меранҷад», «ту чанд бор тӯбро бо панҷаҳоят ба замин зада метавонӣ» ва ғайра. Пас аз ин пурсишу посух ба хурдсол таваҷҷуҳ намудан лозим. Вай ҳатман рафторашро то ҳадде дигар мекунад. Дар ин ҳолат натиҷаи амалашро таҳсин бояд гуфт.

  Ин гуна кӯдаконро ҳамеша барои хурдтарин комёбӣ таъриф кардан лозим аст. Бозӣ муҳимтарин амалест барои инкишофи ҳамаи кӯдакон. Аммо кӯдакони «гиперактив» тарафдори бозиҳои пурсарусадо ва серҳаракат ҳастанд, ки ин комилан табиӣ аст. Ҳамроҳи бозӣ бо онҳо аз ҳаракатҳои одӣ сар карда, ба ҳаракатҳои мураккаб гузаштан лозим аст. Ҳамзамон фаъол намудани хотираи кӯдакро фаромӯш набояд кард. Навигариҳои бозӣ, ҳаракату амал ба фикр намудан равона гардад. Агар ин ё он вазифа, супориш, бозӣ бо овоз фаҳмонида шавад, бача онро дуруст иҷро менамояд.

  Ба чунин хурдсолон дар мактабҳои кишварҳои пешрафта таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Омӯзгор ин гуна кӯдакро дар партаи пеш мешинонад, то дар раванди дарс ба вай бештар аҳамият диҳад, дафтарашро бинад, чизеро барояш фаҳмонад, машқҳояшро санҷад. Борҳо таваҷҷуҳ намудани омӯзгор ба ин гуна хурдсолон ёрӣ мерасонад, ки ӯ то ҳадде ором бошад. Ин гуна хурдсолон дар рафти дарс низ ором намешинанд. Барои ҳамин омӯзгор бояд дар давоми дарс барои ҳаракатҳои ӯ мусоидат намояд ва чораи муносиб андешад.

  Равоншиносон пешниҳод менамоянд, ки бигзор ин хурдсол як бор то охири дарсхона рафта кореро иҷро карда ояд, ё бо латта тахтаро пок кунад, чизеро аз ҷое ба ҷое гузорад, ба таври куллӣ бача дар раванди дарс ҳатман ҳаракатеро анҷом диҳад. Ба ин восита то ҳадде ҳаракати бача ба корҳои дигар ҷазб шуда, оромии нисбӣ дар дарсхона нигоҳ дошта мешавад. Ҳатто омӯзгор метавонад, дар васати дарс, бачаи 7-8 соларо, ки «гиперактив» аст, бо баҳонае аз дасташ гирифта то охири дарсхона ҳамроҳаш қадам занад.

  Равоншинос ва омӯзгори кишвари Русия Е.М.Белоусова ба таҳқиқи ин гуна хурдсолон ва наврасон машғул аст. Ӯ гоҳе аз тариқи интернет назари худро баён менамояд. Мегӯяд, ки ин гуна бачаҳои синни мактабиро агар дар мактаб танбеҳ диҳанд, бепарво мемонанд. Бо онҳо дуруст амал карданро бояд донист. Агар гӯед, ки «ту вазифаи хонагиро бояд дар як соат анҷом диҳӣ», шояд вай ба ин сухан муқобилият нишон диҳад, ё ин корро анҷом надиҳад. Агар барояш бигӯед, ки «биё, имрӯз кӯшиш мекунем, ки вазифаи хонагиро дар як соат иҷро менамоем» таъсираш дигар аст. Аксари ин гуна бачаҳо ҳамеша супориши навиштани вазифаи хонагиро фаромӯш мекунанд. Барои ҳамин ҳар пагоҳӣ барояш ёдовар бояд шуд, ки «имрӯз барои ту дар рӯзномаат навиштани вазифаи хонагӣ муҳим аст». Дар аввал ин барояш писанд нест, пас аз муддате бача мақсадро фаҳмида, ба амал мегузарад. Агар чунин хурдсолон дар хона вазифаи хонагиро иҷро накунанд ё то охир анҷом надиҳанд, он гоҳ падару модар метавонад барои иҷрои ин кор аз равиши бозӣ истифода намояд. Ҳамчунин хуб аст, ки дар хона барои ин гуна бачаҳо ҳар гуна корҳои майд-чуйдаро супориш дод, то вай иҷро кунад.

  Фаромӯш набояд кард, ки ҳамеша танбеҳ додани кӯдак натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Агар танбеҳ доданро зарур мешуморед, пас кӯдак бояд сабаби танбеҳро фаҳмад. Пас аз танбеҳи мақсаднок кӯдак барои корашро фаҳмида анҷом додан, кӯшиш менамояд.

  Мувофиқи маълумоти интернет 11 дар сади наврасон ва ҷавонони кишвари Амрико гиперактив мебошанд. Ба гуфти Елена Алексеева сол то сол теъдоди ин гуна хурдсолони серҳаракат, чаққон, беқарор зиёд шуда истодаанд. Табиӣ аст, ки барои омӯзгор низ саволҳои нав ба нав пайдо мешавад. Бахусус вақте дар синф кӯдаки «гиперактив» ҳаст, омӯзгор бояд омода бошад. Равоншиносон барои омӯзгороне, ки кӯшиши ислоҳ намудани чунин бачаҳоро доранд, машваратҳо медиҳанд. Мегӯянд, ки барои роҳи дуруст нишон додан ба хурдсол, пеш аз ҳама муаллим бояд дигар шавад. Вай бояд омӯзад ва дарк кунад, ки бо ин навъ кӯдак чи хел рафтор намояд. Яъне, масъулияти тарбияи кӯдаки «гиперактив» асосан бар зиммаи калонсолон аст. Чунки кӯдак ҳоло кӯдак аст. Аз вай одами дуруст бояд сохт.

  Падару модаронро лозим аст, ки ба ин гуна кӯдакон таваҷҷуҳи махсус дошта бошанд. Робитаи дуҷониба байни волидайну кӯдак ва мактаб дар раванди таълими ӯ мустаҳкам бошад. Бо ин гуна кӯдак ҳамеша бо хушҳолӣ муносибат бояд кард. Ҳар рӯз барояш як навигарии ба худаш мувофиқро бо бозӣ пешниҳод намуд. Аз сабаби он ки онҳо серҳаракатанд, волидайн ва наздикон бо онҳо бозиҳоро бо ҳаракатҳо ва ба сару садо анҷом диҳанд. Барои тарбияи чунин фарзандон падару модарон бояд бо оромиш, сабру таҳаммул ва бо боварӣ пеш раванд. Фаромӯш набояд кард, ки шумо кӯдакатонро дӯст медоред, барои ҳамин ба вай таваҷҷуҳи зиёдтар ва эҷодкорона лозим аст.

  Баъзе падару модарон савол медиҳанд, ки давраи «гиператктив» дар кадом синну сол бартараф мешавад. Мутахассисон мегӯянд, ки маъмулан давраи «гиперактив» дар як марҳилае мегузарад. Аммо аз ҳар шахс тафовут дорад. Фақат падару модарон, омӯзгорону мактаб ин давраро бояд тай намоянд. Бо гузашти замон ин ҳолат бартараф мешавад ва фард ба зиндагии маъмулӣ одат мекунад. Мувофиқи мушоҳидаҳо хурдсоле, ки «гиперактив» буд ва ҳамеша аз омӯзгорон баҳои «бад» мегирифт, баъди ба камол расидан, ӯ ба навраси дилёби ҷомеа табдил меёбад. Вай ба шахсе мубаддал мегардад, ки донандаи кори худ аст ва дар ҳолати ташаннуҷу беқарорӣ ҳам кор карда метавонад. Дар замони мо, ки дар ҳаёт дигаргуниҳо зуд ба вуҷуд меоянд, серҳаракатӣ яке хислатҳои муҳиме аст барои зиндагӣ кардан. Бисёр муҳим аст, ки падару модарон фарзанди худро воқеӣ дӯст доранд. Нуқсонҳои чунин фарзандонро ба инобат гиранд ва кӯшиш намоянд, ки ин хислати махсуси вайро ба самти муҳим равон созанд, то истеъдоди вай дар ҳамон соҳаи дилхоҳаш ошкор шавад.

  Дар охир бояд ёдовар шуд, ки тибқи фармудаи мутахассисон, ҳамчун характери махсус, нишонаҳои гиперактив, ки барои шахс зараровар нест, то охири умр боқӣ мемонад.

 

  Равшан Раҳмонӣ

Профессори ДМТ

Хондан 1700 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Рози шод зистан

Китобҳо