JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 15 Июни 2020 06:28

Рози шод зистан

Муаллиф:

  Эндрю Метюз - адиб ва нависандаи австралиявӣ аст. Таваллуди ӯ дар 4 ноябри соли 1957 дар Виктор Ҳарботи Австралияи ҷанубӣ иттифоқ афтод. Э.Метюз китобҳои зиёде дар заминаи равоншиносӣ навиштааст. Вай дар соли 1988 ба сифати нависандаи ҳирфаӣ эътироф гардид. Аз он замон то кунун 11 китоб навишт. Китоби ӯ “Рози шод зистан” дар соли 1988 таълиф гардида, аз он 7 миллион нусха ба фурӯш рафт ва ба 42 забони дунё тарҷума шуд.

  Баъзе китобҳои дигари Эндрю Метюз аз ин қабиланд: “Хуб чун зиндагӣ: Шодоб чун табиат”, “Роҳу расми зиндагӣ”, “Дарахти дӯстӣ биншон”, “Охирин рози шод зистан”.

Намунаҳои рафтор

  Биёед дар оғоз, нигоҳе ба кори зеҳн биандозем. Оё вақте аз хиёбон убур мекунем, бояд ба якяки қадамҳои худ таваҷҷуҳ дошта бошем? Оё вақте ғизо мехӯрем, бояд барои ҳазми он коре анҷом диҳем? Оё вақте дар хоб ҳастем, бояд нигарони идомаи танаффуси нафаскашии худ бошем? Ҳақиқат ин аст, ки мо ҳеҷ як аз ин корҳоро бо зеҳни ҳушёри худ анҷом намедиҳем.

  Зеҳни инсонро метавон ба як кӯҳи ях (айсберг) ташбеҳ кард, ки бахши қобили рӯяти (дидашавандаи) он ҳамон замири ҳушёр ва бахши бисёр бузургтар ва пинҳони он, замири ноҳушёри мост.

  Замири ноҳушёр масъули бахши (қисми) бузурге аз пайомадҳо (натиҷаҳо) ва сабабгори ҳама такрорҳо дар зиндагии инсон аст.

  Бисёре аз мо дорандаи намунаҳои баргардандаи худ ҳастем, ба ин маъно, ки таҷрибаҳо ё рафторҳои куҳна, бардавом дар зиндагии мо такрор мешаванд.

  Барои мисол шахсеро дар назар бигиред, ки ҳамеша бо таъхир ба ваъдаҳои худ мерасад. Худ ман як ҳамбозии тенис доштам, ки ҳамеша барои бозӣ таъхир дошт. Мо субҳи душанбе ҳар ҳафта расо соати ҳафт дар Ҳелтон тенисбозӣ мекардем. Ва ман мутмаин будам, ки ӯ ҳамеша наздикиҳои соати ҳафту рубъ сару каллааш пиёда мешавад. Албатта вай ҳамеша барои таъхирҳояш чандин баҳонаҳоро дошт. “Писарам ракетамро гирифта буд ва зери тахташ гузошта буд”. Ҳафтае баъд ҳамон иттифоқ дубора такрор мешуд, ва ин бор ӯ саоати ҳафту ним мерасид ва баҳона ин ки: “Як линга кафшамро гум карда будам”; Ҳафтаи баъд сари соати ҳафт ва рубъ: “Моҳии қиримза (сурх) мариз буд ва бача гиря мекард”. Ва баҳонаҳои бисёре дигар: Батареи мошин холӣ шуда буд, барқ қатъ буд, сувич кам шуда буд, либоси тенисиам даруни мошини либосшӯӣ ҷо монда буд ва...ғайра.

  Билохира  як рӯз ба ӯ гуфтам: “Биё як қароре бигзорем. Аз ҳоло ба баъд ба ҷойи ҳар дақиқа таъхир, бояд сад таман ба ман бидиҳӣ”. Фардои он рӯз китфаш зарба хурда ва он рӯз ба баъд ҳам дигар бо ҳам бозӣ накардем!

  Дӯсти ман фикр мекард, ки таъхирро бар толеъи ӯ навиштаанд. Ӯ воқеан ҳушёро на қасди дер кардан надошт, аммо дар замири ноҳушёраш, барномае вуҷуд дошт, ки ба ӯ мегуфт “ту ҳамеша ақиб мемонӣ” ва ҳамон барнома буд, ки зиндагиашро ҳидоят (роҳнамоӣ) мекард.

  Агар ӯ тасодуфан як рӯз ба мавқеъ бедор мешуд вақти кофӣ ҳам барои сари вақт расидан дошт, ин барномаи дарунӣ ба ӯ кумак мекард, то дарахте сари роҳаш сабз шавад ё, як роҳи аҷибу ғариб барои гумшудан, пайдо кунад. Он вақт нафаси амиқе мекашид ва мегуфт: “Медонистам! Ҳамеша ҳаминтавр аст. Ман ҳеҷ вақт наметавонам, сари вақт бирасам”.

Намунаҳои ҳамеша нолон

  Ёфтани намунаҳои ин рафтор кори душворе нест. Кофӣ аст, дар хиёбон бо як аз онҳо рӯ ба рӯ шавед ва бо ҷӯё шудан аз ҳолаш иштибоҳе ваҳшатнок муртакиб шавед. Зиндагии ин афрод, як достони ғамангези такрорӣ аст. Ва шумо хеле зуд мешунавед, ки гурбаи онҳо дирӯз мурда, мошинашон тасодуф (садама) карда, хонаашон оташ гирифта, як санги осмонӣ (метеор) гаражи хонаашонро бо хок яксон карда ва доктор ташхис дода, ки як бемории бисёр ва бисёр ҷиддӣ доранд, ки шумо ҳатто исмашро ҳам нашнидаед.

  Ҳар вақт, ки зиндагии онҳо хабар аз осудагӣ медиҳад, як замзамаи ноҳушёр мегуяд на! Ин наметавонад ҳақиқат дошта бошад” ва баъд хаёле зуд сару каллаи як достони ғамангези тоза пайдо мешавад, шуғли худро аз даст медиҳанд, як амали ҷарроҳии  дигар пеш меояд, ба зиндон меафтанд...ва ба ин тартиб ҳама чиз ба ҳолати оддӣ бармегардад!

  Баъдан ба ин нукта мепардозем, ки бо ин намунаҳо чи бояд кард. Аммо феълан биёед бо навъҳои дигари онҳо ошно шавем.

Намунаҳои ҳодисасоз

  Баъзеҳо истеъдоди аҷибе барои ҳодисасозӣ доранд,  ва тамоми зиндагии онҳо ба афтодан аз нардбон ва замин хурдан аз дучарха ва парт шудан (афтидан) аз дарахту барқгирифтагӣ ва тасодуфоти ронандагӣ ва ғайра мегузарад. Дӯсти бисту чандсолае дорам, ки аз шонздаҳсолагӣ то кунун панҷ мошини навро аз давр хориҷ кардааст. Ӯ мегуфт: “Ҳар бор ки як мошини нав мехаридам, гӯё мошинҳои дигар барои кубидан ба ман бо ҳам курс мегузоштанд ва вақти ин ҳодиса панҷ бор такрор шуд, дигар тасмим гирифтем, ба хотири наҷоти ҷонам аз харидани мошини нав сарфи назар кунам”.

Намунаҳои беморӣ:

  Баъзеҳо соле ду дафъа сармо мехуранд. Баъзеҳо ҳар вақт як мавқеияти истисноӣ барояшон пеш меояд, мариз мешаванд. Ва баъзеҳо ҳам ҳамеша субҳи шанбе мариз мешаванд!

  Шумо чи тавр?

Намунаҳои беназмӣ:

  Баъзе аз мардум тамоили аҷибе ба беназмӣ ва шулухтагӣ доранд. Албатта онҳо огоҳона дар ин ҷиҳат талош намекунанд, аммо ба таври ноҳушёр таҳти таъсири намунаи бисёр қудратманд ҳастанд. Мизи таҳрирашон номураттаб аст, парвандаҳояшон бо ҳам рехта аст, мӯи сарашон касиф аст. Ҳатто агар биравед ва ҳама чизро барояшон мураттаб кунед, дар кӯтоҳтарин замон мумкин, дубора ҳама чизро ба вазъияти одии аввалия бармегардонанд!

Намунаҳои варшикастагӣ (касоди молӣ):

  Бидуни тардид шумо ҳам бо касоне, ки ҳамеша бепул ва варшикаста ҳастанд, бархурд доштаед. Дар воқеъ иллату сабаби ин варшикастагиҳо мизону даромади он фард нест, балки тарзи амали ӯ бо ин даромад аст.

  Касоне, ки дорои як намунаи варшикаста ҳастанд, бар асоси як барномаи худкор (автоматӣ), ҳаргоҳ пуле зиёда бар эҳтиёҷи худ ба даст меоваранд, дунболи роҳе барои халос шудан аз он мегарданд ва албатта ба хубӣ ин роҳро пайдо мекунанд! (Беҳтарин намуна барои он даста аз хонандагоне, ки дар кори фурӯш (савдо) ҳастанд!)

  Фарде, ки тобеи як намунаи варшикастагӣ аст, ба ҷои он, ки решаҳоро дар худ ҷустуҷӯ кунад ба сарзаниши дигарон мепардозад ва ҳамеша иқтисод, давлат ё мизони даромади худро сабаби нокомиҳои худ медонанд, аммо агар ҳуқуқи ӯ ду баробар ҳам бишавад, боз ҳам ҳамеша варшикаста аст. Дар ҳақиқат сабаб ин аст, ки бештар барандагони шартбандиҳо ва қуръакашиҳо пулҳои бодовардаи (муфти) худро дар кӯтоҳтарин замон аз даст медиҳанд, ҳамин намунаи дарунист, ки мураттаб ба онҳо мегӯяд: “Бо тамоми ин пул ҳам эҳсоси роҳатӣ нахоҳӣ кард, ин пул шоистаи ту нест, беҳтар аст, зудтар балое ба сараш биёварӣ”.

Намунаҳои қатъият:

  Агар шумо дорои чунин намунае бошед, қатъиян медонед, ки билофосила пас аз оғози таътилоти шумо, дафтари коратон дар асари радубарқ оташ хоҳад гирифт, ҳама кормандони қисмати фурӯши ширкати шумо мубтало ба зуком (грипп) шуда ва ҳазор мусибати дигар қатъан дар набудани шумо аз осмон нозил хоҳад шуд. Ва ҷолиб инҷост, ки низоми боварҳо ва нигаришҳои  шумо ниҳоятан  ба эҷоду ихтирои ҳамин саҳнаҳо кумак хоҳад кард.

Намунаҳои таъғйири шуғл (касбу кор):

  Ахиран шахсе, ки дар андешаи тағйири шуғли худ буд, ба ман муроҷиат карда ва гуфт: “Чун маҳсулоти корхона сифати матлуб надоштанд қарор аст, ки пости (вазифаи) поинтаре ба ман дода шавад ва ман дигар бо ин ҳуқуқ тавонои пардохти иҷораи хонаамро нахоҳам дошт”.

Гуфтам: “Чи муддат дар аз он ҷо машғул ба кор будай?”

Гуфт: “Ду сол”

Гуфтам: “Шуғли қаблиат чи тавр?”

Гуфт: “Тақрибан ду сол ҳам он ҷо кор кардам”.

Пурсидам: “Ва қабл аз он?”

Ҷавоб дод: “Ҳудуди бисту чор моҳ”.

Гуфтам: “Ироди (айби) кор куҷост? Дар ту ё дар шуғлҳоят”?

Гуфт: “Дар ман”.

Гуфтам: “Агар ирод (айб) дар худи туст, чаро коратро иваз мекунӣ?”.

  Баъд бо ӯ дар бораи дӯсте суҳбат кардем, ки зарфи ёздаҳ моҳи гузошта, панҷ бор корашро иваз карда аст, ва гуфтам ки ҳозирам рӯи зиндагиам шарт бубандам он дуст то соли оянда ҳам бар сари кори фаъолияш давом нахоҳад овард. Асри ҳамон рӯз дӯсти мавриди баҳс ба ман телефон зад ва гуфт, ки корашро раҳо карда аст. Мебинед? Беҷиҳат рӯи зиндагиам шарт набаста будам.

 Бо ин ҳол, ҳамин дуст даъво мекунад, ки бениҳоят шод аст. Пас, ба ёд дошта бошед, ки мо дар бораи хубӣ ва бадии намунаҳо суҳбат намекунем, фақат хуб аст, мутаваҷҷеҳи ин масъала бошем, ки мо бар асос барномаҳои сабтшуда дар замири ноҳушёри худ амал мекунем; Ҳамчунин бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ин намунаҳо метавонанд ба таври ҳамзамон якҷоя  низ вуҷуд дошта бошанд.

 Намуди дигаре ҳам ҳаст, ки исмашро мегузорем: намунаи “Мардум-касиф-ҳастанд-Зиндагӣ-ваҳшатнок-аст-чаро-дунё-бо-ман-чунин-мекунад-Эй кош-мурда-будам”. Ки дар ин ҷо ҳам боз ин худи мо ҳастем, ки масъул ва омили ба вуҷудоварандаи ин шароит дар зиндагии худ ҳастем ва ин намунаи бисёр хатарнок аст.

 Намунаи “Ман фақат метавонам, ба заҳмат аз уҳдаи корҳои худ барбиёям”.

 Дар ин намуна тафаккури ҳушёр ва ноҳушёр, моро дар мавқеияте асир мекунад, ки дигар зиндагӣ барои мо чизе ҷуз як кашмакаши доимӣ нест, аммо мо ҳамеша дар охирин лаҳзаҳо аз уҳдаи ин кашмакашиҳо бар меоем.

 

Нависанда: Эндрю Метюз

Мутарҷим: Воҳид Афзалирод

(Теҳрон. Нашри Табрез, 1378-1999,-150 саҳ. Аз саҳ. 7 то 12).

Баргардон аз хатти форсӣ ба кириллӣ: Дидавар Бекзода

Хондан 1365 маротиба

Китобҳо