Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошад, 10 намуди чоқла мерӯяд, ки қариб дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ паҳн шудааст. Танҳо дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор 6 намуди Inula мерӯяд. Намудҳои авлоди Inula байни чунин ҷамоаи набототӣ бештар вомехӯранд: нимсаваннаҳои растаниҳои баландпоя, сиёҳҷангал бо ҷангалҳои арчаҳои гармидӯст, дар қисмати шиблякӣ ва марғзорҳои субалпӣ, даштҳо; дар пистазор, бодомзор, ҷавдор, баъзан нишебиҳо, гурӯҳҳои ҷудогонаро ташкил мекунанд; дар экзохордникҳо, юғанзор; қад - қади заҳбурҳо, дар соҳилҳои дарёҳо.
Аксари намудҳои авлоди Inula дорои равғанҳои эфирӣ, кислотаҳои органикӣ, танинҳо, полифенолҳо ва дигар пайвастагиҳои фаъоли биологӣ буда, дорои арзиши шифобахшӣ мебошанд ва дар табобати бемориҳои гуногун истифода бурда мешаванд.
Дар робита ба ин, онҳо барои табобати бемориҳо, аз қабили ихтилоли мубодилаи моддаҳо, гепатит, захми меъда, буҳрони рагкашӣ ва монанди ин ба таври васеъ истифода мешаванд.
Таҳлили маълумоти дар адабиёти илмӣ мавҷудбуда нишон медиҳад, ки хусусиятҳои фитохимиявӣ ва шифобахшии Inula ба қадри кифоя омӯхта нашудаанд. Вобаста ба ин, мақсади таҳқиқот омӯзиши хусусиятҳои экологӣ ва баъзе хусусиятҳои биокимиёвии чоқла дар мисоли ду намуди нисбатан ояндадори ин авлод дониста мешавад, ки дар шароити қаторкӯҳи Ҳисор рушд меёбанд.
Тоҷикистон аз рӯйи хусусиятҳои экологию ботаникии набототаш ва инчунин вобаста ба кӯҳу дараҳои нотакрору ҳайратангезаш “донишномаест”, ки дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқи набототҳояш хазинаи илмиро метавон бою ғанӣ гардонд.
Чунки дар аксар минтақаи экологию чуғрофии нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор дар натиҷаи таҳқиқи ҳадафноки намудҳои авлоди Inula L. (чоқла) бо равишҳои экологию геоботаникӣ ва экологию биохимиявӣ, ҷиҳати муайян намудани маълумоти навину муҳим корҳои экспедитсионӣ ва илмӣ - таҳқиқотӣ ба анҷом расонда шуд.
Барои ба ин мақсад ноил шудан дар доираи чандин сафарҳои омӯзишии экологию ботаникӣ аз рӯйи нақшаи тартибдодашуда, минтақаҳои паҳншавии шаш намуди авлоди мазкурро муайян намуда, сипас ду намуди чоқла – чоқлаи калонбарг ва чоқлаи бепоя (пояаш ниҳоят кӯтоҳ) барои омӯзиши дақиқ интихоб кардашуда, таркиби биохимиявии узвҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминии онҳо бо истифода аз таҷҳизоти муосири таҳқиқотӣ, мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Макони паҳншавии ду намуди чоқла дар нишебии қаторкӯҳи Ҳисор дар баландиҳои гуногун. Омӯзиши намудҳои авлоди Inula (чоқла), ки ба оилаи мураккабгулон - Asteraceae мансуб аст, аҳаммияти зиёди назариявӣ ва амалӣ дорад, зеро Тоҷикистон яке аз бойтарин минтақаҳо оид ба мавҷудияти растаниҳои мухталиф мебошад. Дар ин ҷо, на танҳо бо растаниҳои пурқимати эндемикӣ, балки бо растаниҳои зиёди пурарзиши шифобахш дучор шудан мумкин аст ва бинобар ин, онҳоро дар тибби мардумӣ ва илм ба таври васеъ истифода мебаранд.
Дар ин бахш хусусияти морфобиологӣ ва арзиши шифобахшии ду намуди авлоди чоқла, ки дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор мерӯянд, оварда шудааст. Нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор бо нишондодҳои иқлимии континенталӣ фарқ мекунад ва дорои хокҳои хокистарранг мебошад. Дар ин ҷо, сатҳи баланди шуоъафкании офтоб, ки ба рушду нумуъ ва хусусиятҳои биохимиявӣ, физиологӣ ва морфологии растаниҳо таъсир мерасонад, мушоҳида мегардад.
Чоқлаи калонбарг дар Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ вомехӯрад. Чоқлаи бепоя бошад, ба таври ҳудудӣ паҳн шуда, дар минтақаҳои флоравии Туркистон, Зарафшон, Ҳисор - Дарвоз, Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ вомехӯрад.
Дар ҷадвали 1 доир ба ҳудуди баландии паҳншавии намудҳои чоқла, ки дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор рушд меёбанд маълумот гирд оварда шудааст.
Тавре ки дар ҷадвал нишон дода шудааст, ҳудуди баландии тақсимоти намудҳои гуногуни чоқла аз 350 то 3900 метр аз сатҳи баҳр мебошад.
Сатҳи пасттарини паҳншавӣ дар I. macrolepis ва I. salicina мушоҳида гардида, ҳадди болоро чоқлаи бепоя ишғол мекунад. Намудҳои боқимондаи омӯхташуда аз ҷиҳати паҳншавӣ аз сатҳи баҳр мавқеи миёнаро ишғол мекунанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳудуди баландии паҳншавии чоқлаи бепоя дар муқоиса бо дигар намудҳо баландтарин аст (ҷадвали 1).
Ҷадвали 1. Хусусиятҳои экологии навъҳои чоқла дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор
Номгӯйи намудҳо |
Шароити экологии ва минтақаи сабзиш |
Ҳудуди паҳншавии намудҳо, баландӣ аз сатҳи баҳр (метр) |
I. macrophylla - Чоқлаи калонбарг |
Ҷангали хушкидӯст (Шибляк) |
750 -2500 |
I. rhizocephala - Чоқлаи бепоя |
Минтақаи арчазор, шиварзамин |
1200 – 3900 |
I. macrolepis - Чоқлаи пулакчакалон |
Шибляк
|
800 -1000 |
I. salicina – Чоқлаи бедбарг |
Сиёҳҷангал, санглох |
1500 -1900 |
I. glauca – Чоқлаи кабуд |
Шибляк
|
1500 -2500 |
I. caspica – Чоқлаи каспӣ
|
Нимсаваннаҳои пасталаф |
350-2700 |
Тавсифи морфологии гиёҳҳои интихобшуда нишон медиҳад, ки баландии растаниҳои ҷинсҳои чоқла аз чанд сантиметр то ду метрро ташкил медиҳад (расми 1). Сабадҳояшон андозаҳои гуногун дошта, диаметраш аз 1 то 8 см, бисёргул, гетерогамӣ, гетерохромӣ, гулҳои ягона ё сершумор, дар зарфи сипаршакл, ҳамвор ё барҷаста, ҳуҷайравӣ, урён ё парчадор ҷойгир шудаанд
Расми 1. Баландии навъҳои чоқла дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор
Гулҳои канорӣ забончагулҳо буда, модина ва мевадиҳандаанд. Онҳо як қатора ва зард буда 1,5 - 2 маротиба аз лифофа калонтаранд. Забончаашон дароз ё кӯтоҳ мебошад. Ё худ забончаашон рушд намеёбанд. Гулҳояшон борики найчамонанд мебошанд. Гулҳои мобайнӣ найчашакл, 5 дандона, дуҷинса, мевадиҳанда ва зард мебошанд. Сутунчаи 2 қисми нӯги гардгирак кунд буда, канораш мӯякдор мебошад.
Ҳамин тариқ, натиҷаи таҳқиқоти мо нишон медиҳад, ки дар ҳудуди нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор 6 намуди чоқла мерӯяд, ки онҳо ҳамчун намояндагони як авлод ҳамзамон, аз ҷиҳати баландӣ, хусусиятҳои нашвӣ ва генеративӣ, бо сохти барг, поя, гул, реша, шабоҳат доранд.
Таҳлили муқоисавии таркиби нишондиҳандаҳои муҳимми биохимиявӣ ва фитохимиявӣ дар узвҳои нашвии ду намуди чоқла вобаста ба марҳалаи инкишоф. Муайян кардани таркиби полифенолӣ ва хусусиятҳои фаъолияти зиддиоксидшавии чоқлаи калонбарг вобаста ба давраи инкишоф аҳмияти хоса дорад. Дар ин қисми кор таркиби полифенолҳо муайян карда, фаъолияти антиоксидантии чоқлаи калонбарг муайян карда шуд. Чоқлаи калонбарг, вобаста ба зиёд будани захирааш дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки саноати дорусозӣ бо ашёи хом таъмин карда шавад.
Натиҷаҳои бадастовардашуда нишон медиҳанд, ки растанӣ дар давраи пояронӣ 14% полифенолҳо дорад. Дар давраи муғҷабандӣ ин нишондод тақрибан ба 4 % зиёд шуда, 18 фоизро ташкил медиҳад. Мувофиқи таҳқиқот дар растаниҳо бештар ҷамъ шудани полифенолҳо дар давраи гулкунӣ мушоҳида мешавад, ки ин ба 25 фоиз рост меояд.
Дар расм тақсимшавии таркиби полифенолҳо дар фазаҳои гуногуни инкишофи Inula macrophyllа нишон дода шудааст. Дар растанӣ, аз ҳама бештар моддаҳои фаъоли биологӣ дар фазаи гулкунӣ ғун мешавад. Дар моҳи май мавҷудияти полифенолҳо дар поя ва барги чоқлаи калонбарг мушоҳида мегардад.
Дар давраи поябандӣ, вақте ки ҷамъшавии полифенолҳо 10-14 фоизро ташкил медиҳад, ин маънои онро дорад, дар растанӣ моддаҳои фаъоли биологӣ, аз он ҷумла полифенол аз оғози мавсими сабзиш ҷамъ мегардад. Дар охири сабзиш дар таркиби Inula macrophyllа полифенолҳо якбора кам мешавад.
Дар шароити нишебии қаторкӯҳи Ҳисор ин ба моҳҳои июл ва август рост меояд. Ба шарофати зиёд будани таркиби полифенолҳо, фаъолияти антиоксидантӣ зиёд мегардад ва онро барои табобати бемориҳои дилу рагҳо ва мубодилаи моддаҳо тавсия додан мумкин аст.
Inula macrophyllа. Дар марҳалаи поярониаш миқдори полифенолҳо дар қисми рӯйи заминӣ 45 мкг / мл аст. Дар давраи муғҷабандӣ ва гулкунӣ мутаносибан 95 мкг/мл ва 120 мкг/мл аст. Дар марҳалаи пухтарасӣ миқдори умумии полифенолҳо кам шуда, ба 60 мкг/мл мерасад.
Муайян карда шуд, ки миқдори полифенолҳо дар чоқла бо усули Слинкард, Синглерон В.Л. (1977 ва усули ченкунии спектрометрии металлҳои вазнин дар таркиби хоке, ки он растаниҳо рушд намудаанд ва дар таркиби узвҳои зеризаминӣ ва рӯизаминааш намудҳои омӯхташуда, бо дастгоҳи Cпектромегр - “СПЕКТРОСКАН” МАКС –G -и гузаронида шуд.
Тақсимоти таркиби полифенолҳо дар марҳалаҳои гуногуни инкишофи I. Macrophylla
Ин таҳқиқот нишон дод, ки миқдори полифенолҳо дар I. macrophylla аз марҳалаи пояронӣ (гарчанде, ки миқдори онҳо хеле кам аст) cap карда, то марҳалаи гулкунӣ зиёд шуда, ба авҷи худ мерасад, баъд тадриҷан то дараҷаи муайян кам мешавад.
Бояд гуфт, ки дар баргҳои чоқлаи калонбарг бештар ҷамъ шудани полифенолҳо дар давраи муғҷабандӣ ва аввали гулкунӣ ба амал меояд, новобаста аз он ки дар давраи муғҷабандӣ, миқдори полифенолҳо аз давраи гулкунӣ каме пасттар аст. Инро бо таъсири омилҳои экологӣ ва иқлимии шароити кӯҳсори нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва хусусияти генотипии худи растанӣ дар ҷараёни нашъунамо ва инкишофи он шарҳ додан мумкин аст.
Ҳамин тавр, таҳлил нишон дод, ки вақти оптималии ҷамъоварии ашёи хом давраи гулкунӣ мебошад, ки шиддати ҷамъшавии полифенол ба дараҷаи максималии худ мерасад.
Дар ин маврид нишон дода шуд, ки таркиби полифенолҳо дар ин намуд (I. macrophylla) вобаста ба давраи инкишофи растанӣ дар шароити нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор одатан дар қисми рӯйизаминии он миқдори зиёди антиоксидантҳо ва полифенолҳои фаъол дар давраи гулкунии растаниҳо мушоҳида мешавад, ки ба моҳҳои июл - август рост меояд.
Таҳлили сифатии таркиби пайвастагиҳои биологии фаъоли ду намуди чоқла. Таҳлили таҷрибавии биохимиявии ду намуди чоқла, ки дар Тоҷикистони Марказӣ рӯйида, аҳаммияти шифобахшӣ доранд, на танҳо аз ҷиҳати хосиятҳои ботаникӣ ва морфобиологӣ, балки аз ҷиҳати ҷамъкунии баъзе моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол ҳам фарқ мекунанд .
Ҷадвали 2. – Миқдори моддаҳои фаъоли биологӣ дар растаниҳои омӯхташуда
Номи растанӣ |
Реаксияҳои сифатӣ ба таркиби пайвастагиҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол |
||||||
Алкаллоидҳо
|
Сапонинҳо |
Флавоноидҳо |
Гликозидҳо |
Кумаринҳо |
Равғанҳои эфирӣ |
Моддаҳои даббоғӣ % |
|
Чоқлаи калонбарг |
Из |
+ |
+ |
+ |
+ |
+ |
+ |
Чоқлаи бепоя |
Из |
+ |
+ |
|
из |
+ |
+ |
Таҳлили натиҷаҳо нишон дод, ки решаи чоқлаи калонбарг дар таркибаш гликозидҳо ва кумаринҳо дошта, бар хилофи ин дар чоқлаи бепоя гликозидҳо муайян карда намешаванд ва миқдори кумаринҳо (изҳо) хеле кам аст. Барои қисми боқимондаи параметрҳои биохимиявии омӯхташуда (яъне таркиби алкалоидҳо, сапонинҳо, флавоноидҳо, равғанҳои эфирӣ, танинҳо) ин ду намуди омӯхташуда якхела буданд. (ҷадвали 2)
Ҳамин тариқ, маълумоти ба даст омада нишон медиҳанд, ки таркиби чоқлаи калонбарг ва чоқлаи бепоя ба миқдори кофӣ моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, ба монанди сапонинҳо, флавоноидҳо, гликозидҳо, равғанҳои эфирӣ, инчунин, ба андозаи кам витаминҳо, минералҳо, кумаринҳо ва аминокислотаҳо дорад.
Хусусиятҳои фитохимиявӣ (аз рӯйи таркиби металлҳои вазнини ду намуди чоқла - I. Macrophylla (IR) ва I. Rhizocephala (IM), ки дар шароити нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор (минтақаи Ширкент) мерӯянд. Натиҷаҳои таҳқиқот оид ба миқдори металлҳои вазнин дар таркиби хок ва узвҳои гуногуни ду намуди чоқала дар ҷадвали 8 оварда шудаанд.
Тавре дида мешавад, тақсимоти металлҳо дар узвҳои гуногуни ду намуди чоқла нишон медиҳад, ки дар баргҳо, гулҳо, решаҳо ва инчунин дар таркиби хок, ки онҳо дар ин хок мерӯянд ҷамъоварӣ карда шудаанд, ҳархела мебошад.
Растаниҳо ба миқдори зиёди Sr, Zn, Cr, MnO2 доранд. Таҳлили муқоисавии таркиби металлҳо дар ду намуди чоқала нишон дод, ки баргҳои IR нисбат ба барги IM 3, 3 маротиба зиёдтар Ni, 1,97 маротиба Co ва 1,13 маротиба зиёд Zn доранд.
Гулҳои IR нисбат ба IM 8, 2 маротиба As, Ni-1,53 ва Fe2O3 1,2 маротиба ва решаҳои IR нисбат ба IM 1,6 маротиба зиёдтар Co доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ИМ нисбат ба IR дар барг 1,4 маротиба зиёдтар сурб, 1,7 маротиба дар гул, 3,25 маротиба никел дар реша, 1,5 маротиба зиёд руҳ ва 1,3 маротиба зиёдтар оҳан дорад.
Таҳлили муқоисавии маълумоти ба даст овардашуда нишон дод, ки дар узвҳои нашвии ду намуди таҳқиқшудаи чоқла як миқдор TiO2 (0,33%) мавҷуд буда, дар баргҳо арсений пайдо нашудааст. Металлҳои вазнини боқимонда дар ҳар ду намуд тақрибан дар як сатҳ мавҷуданд. Дар хоки ин минтақа кобалт ёфт нашуд.
Инчунин, бо ҳамкорӣ бо олимони Франсия бо усулҳои муъҷази электроферезӣ ва хромотографӣ, натиҷаҳои дақиқе ба даст оварда шудаанд, ки дар табобати бемориҳои душвортабобатшаванда, метавонанд саҳмгузор бошанд.
Таҳқиқи амиқи натиҷаҳои ба дастовардашуда имкон дод, ки чунин хулосабарории илмӣ карда шаванд.
1. Дар минтақаи экологию ҷуғрофии нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҳангоми тадқиқи намудҳои ҷинсии Inula L., ду равиш: экологию геоботаникӣ ва экологию биохимиявие, ки бо ҳам мувофиқат мекунанд, истифода бурда шуд ва натиҷаҳои ба даст омада ҷиҳати муайян намудани маълумоти нави муҳим дар соҳаи илми экология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат кардаанд.
2. Дар натиҷаи таҳқиқоти экологӣ ва ботаникӣ минтақаҳои паҳншавии шаш намуди ин ҷинс аз рӯйи минтақавии амудӣ муайян кардашуда, маршрутҳо ба таврӣ схематикӣ дар харитаи Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
3. Бори нахуст дар Тоҷикистон миқдори элементҳои вазнин дар таркиби узвҳои зеризаминӣ ва болоии ду намуди аз ҷиҳати морфобиологӣ фарқкунандаи намудҳои омӯхташуда дар ду шароити иқлимии аз ҷиҳати экологӣ ба ҳам фарқдошта (миёнакӯҳ ва баландкӯҳ) дар давраи нашъунамои онҳо таҳқиқ карда шуд.
4. Якумин маротиба дар Тоҷикистон аз полифинолҳои ба қисматҳо ҷудо кардашуда бо истифода аз усулҳои хуби биохимиявӣ (хроматография ва электроферез) як миқдор фраксияҳо (компонентҳо) гирифта шудаанд, ки бо истифода аз усули биотехнологӣ таъсири ин фраксияҳои ҷудошуда ба афзоиши варамҳои саратони рӯда (СТ-26) ва (ОYCAR -3) омӯхта шудаанд.
Муайян карда шуд, ки яке аз ин фраксияҳо афзоиши варами саратони рӯдаро сахт пахш мекунад, ки метавонад минбаъд ба эҷоди доруҳои фармасевтикӣ барои табобати ин беморӣ ҳамаҷониба мусоидат кунад.
Ҳамин тавр, натиҷаҳои илмии бисёрсола шаҳодат медиҳанд, ки набототи шифобахши Тоҷикистон барои табобати бисёр бемориҳо давобахш буда, таҳқиқоти дақиқи илмӣ имкон медиҳанд, ки дар асоси онҳо бисёр доруҳои шифобахшанда ба вуҷуд оварда шаванд, то ки саноати дорусозӣ ба дараҷаи даркорӣ рушд ёфта, ба мардум манфиатовар бошад.
БОЙМУРОДОВ Ҷ. С.,
Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон