JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Солҳои охир дар ҷаҳон, аз он ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи саноати тиб ба ашёи хоми растаниҳои шифобахш хеле ҳам афзудааст. Омӯзиши растаниҳои шифобахш ва коркарди воситаҳои доругии фоиданоки бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Намудҳои авлоди чоқла (Inula L.) аз рӯйи мавҷудияти моддаҳои фаъоли биологӣ, дар таркиби худ аз растаниҳои пурарзиши шифобахш дониста мешавад. Авлоди Inula тақрибан 200 намудро муттаҳид намудааст, ки дар Аврупо, Осиё ва Африқо васеъ паҳн гардидааст.
(Бахшида ба Соли байналхалқии Системаи даврии элементҳои химиявӣ эълон гардидани соли 2019 ва 150-солагии кашфи он) Системаи даврии элементҳои химиявӣ ё ҷадвали Менделеев таснифи элементҳои химиявӣ ва низоми мураттабшудаи онҳо буда, имкон медиҳад, ки вобастагии байни хосиятҳои гуногуни элементҳо аз массаи атомӣ (аниқтараш, аз миқдори протонҳо дар ҳастаи атом) муайян карда шавад. Ифодаи графикии қонуни даврӣ Системаи даврии элементҳо буда, даврияти системаи элементҳо на тавассути массаи атомӣ, балки бо ёрии заряди ҳаста (рақами атомӣ) муайян карда мешавад ва инчунин, сохт ва пуршавии қабатҳои электронии атоми элементҳо низ аз онҳо вобаста аст.
Душанбе, 27 Майи 2019 11:55

Ҷашни касбӣ муборак!

Муаллиф:
Рӯзи кимиёгарон –иди касбӣ барои кормандони соҳаи кимиё ва саноати кимиёвӣ, ки аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма гирифта, дар якшанбеи охирини моҳи май ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, кулли кормандони соҳаи кимиё ҳар сол ин рӯзро ҳамчун иди касбии худ таҷлил намуда, ин санаро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
Саҳифа аз 1 то 3