JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 27 Майи 2019 11:55

Ҷашни касбӣ муборак!

Муаллиф:
Ҷашни касбӣ муборак! https://journal.pinkrabbit.ru/assets/blog/cache/news/news_background/images/news/343/1546093083_adobestock1085922281440x960.jpeg

  Рӯзи кимиёгарон –иди касбӣ барои кормандони соҳаи кимиё ва саноати кимиёвӣ, ки аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма гирифта,  дар якшанбеи охирини моҳи май ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, кулли кормандони соҳаи кимиё ҳар сол ин рӯзро  ҳамчун иди касбии худ таҷлил намуда, ин санаро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Маҳсулоти саноати кимиё низ гуногун буда, аз ҷумла истеҳсоли кислота, асос, нуриҳои минералӣ, маводҳои гуногуни полимерӣ, кимиёи маишӣ, локҳо ва рангҳо, инчунин резина, маҳсулотҳои фотокимиёвӣ ва химиявӣ - фармасевтиро дар бар мегирад. Дар истеҳсолоти технологии коркарди маводҳои химиявӣ дар Ҷумҳурӣ -Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ яке аз марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба шумор рафта, зиёда аз 100 нафар кормандони соҳаро гирд овардааст. Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ фаъолияти худро мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи АИ ҶТ», Оинномаи Институти химия амалӣ месозад. Вазифаи илмии Институт татбиқ намудани таҳқикотҳои илмӣ дар соҳаҳои кимиёи ғайриорганикӣ, органикӣ, физикӣ ва кимиёи пайвастагиҳои калонмолекулавӣ мебошад. Инчунин тайёр намудани мутахассисони  баландихтисос –номзад ва доктори илмҳо яке аз вазифаҳои асосии пажӯҳишгоҳ аст.

Самтҳои асосии фаъолияти Институт:

  • Коркарди комплексии ашёи минералӣ ва партовҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ғанигардонидани маъдан;
  • Хȳлаҳои ба коррозия устувор дар асоси алюминий;
  • Полимерҳо барои тиб ва саноати хурокворӣ;
  • Синтези органикӣ, таҳқиқи маводҳои синтетикӣ ва табиии аз ҷиҳати биологӣ фаъол;
  • Кимиёи пайвастагиҳои гетеросиклӣ.

Мувофиқи самтҳои таҳқиқшаванда  чунин ихтироот ба даст оварда шудааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода хоҳад шуд: коркард ва татбиқи матои резинӣ барои ҳисобкунакҳои   газии мембранӣ; усули баландсифати истеҳсоли  шароб, ки бо истифодаи бентонитҳои маҳаллӣ ва масолеҳи полимерии  дорои самаранокии иқтисодӣ; коркарди хȳлаҳои нави алюминий бо хосиятҳои самаранок барои ниёзи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон; коркард ва татбиқи технологияи истеҳсоли ферросилитсий; коркард ва татбиқи нақшаи технологии азнавкоркарди маъдани фосфордори кони Қаратоғ ва инчунин технологияи раванди ишқоронии сианидии тилло ва нуқра дар қитъаи хокгардони кони Ҷилав, инчунин дар ишқоронии чалакии маъдани корхонаи  муштараки “Зарафшон” татбиқ карда шуд. Дастоварҳои ин соҳа асосан барои қонеъ гардонидани талаботи ҷомеъа нигаронида шудааст. Саҳми ин соҳаи илм басо муҳим шуморида шуда, инчунин бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид соли 2019 Соли Байналмилалии “Ҷадвали унсурҳои химиявӣ” эълон гардидааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кимиёро яке аз ҷабҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, ҳамзамон  нақши онро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар назаррас арзёбӣ намудаанд. Зеро дар замони муосир инсон наметавонад рӯзгору ҳаёташро бе дастовардҳои илму техника, хусусан бе илми кимиё тасаввур кунад.

Боиси қайд аст, ки иди касбии худро кормандони  соҳа бо ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ таҷлил мекунанд, ки ин ҷонибдорӣ ва амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум месозад.

Дар ҷумҳурӣ мавқеи соҳаи кимиё дар иқтисодиёт назаррас буда, истеҳсолоти пуриқтидори маҳсулоти кимиёвӣ арзи ҳастӣ дорад. Олимону мутахассисони варзидаи соҳа аз имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ба фаъолияти муназзами дигар ташкилоту корхонаҳо ва ба ин васила, барои рушди иқтисодиёти мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд.

Итминони комил дорем, ки кимиёгарони ҷумҳурӣ минбаъд низ шуҳрату нуфузи соҳаро марҳила ба марҳила барқарор намуда, баҳри ободии Ватан ва рӯзгори хурраму шоистаи сокинони мамлакати соҳибистиқлол хизмати софдилона мекунанд.

Кулли кимиёгарони ҷумҳуриро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорем.

Ид муборак дӯстони азиз!

Раёсати Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 1783 маротиба