JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 12 Марти 2018 11:44

Роҳҳои дур намудани биоҳосилаҳо ва такшонҳои кимиёвӣ дар истеҳсолоти бо обҳои гардишӣ хунукшаванда

Муаллиф:

Дар Ҷаласаи пленарии Ассамблеияи генералии Созмони Миллали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028 даҳсолаи Байналмиллалии «Об барои рушди устувор» эълон шудаанд.

Дар ин мақола моҳияти душвориҳо, ки дар вақти истифодаи системаҳои обтаъминкунандаи гардишӣ пайдо мешаванд ва инчунин роҳҳои  дур намудани ин душвориҳо мухтасаран оварда шудаанд.

Системаҳои бо обҳои гардишӣ таъминкунанда яке аз элементҳои асосии комплексҳои технологии аксар корхонаҳои саноатӣ мебошанд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда, сифати он, сарфи ашёи хом ва энергия бо кори пурсамари ин ситемаҳо зич алокаманд аст. Лекин самаранокии кори ин системаҳо дар протсесси истифодабариашон бо сабаби ҳосилшавии ҳар гуна биоҳосилаҳо ва такшонҳо дар таҷҳизотҳои гармимубодилакунанда, қубурҳои обгузаронанда, инчунин дар таҷҳизотҳои бо обхунуккунанда (градирняҳо) хело паст мешаванд.

Ҳосилаҳои биологӣ маҷмуи организмҳое  мебошанд, ки дар сатҳҳои гармшавандае, ки бо об хунук карда мешаванд ҷой мегиранд ва рушд меёбанд. Ин организмҳо ба системаҳои гармимубодилакунанда ба воситаи об аз манбаъҳои обтаъминкунӣ ворид мешаванд ва дар шароитҳои барояшон муносиб (оби гарм, бисёрии моддаҳои хурокаи зарурӣ ва оксигени ҳалшуда) бо суръат зиёд мегарданд.

Пайдошавии биоҳосилаҳо дар сатҳҳои гармшаванда гармидиҳӣ ва самаранокии кори градирняҳоро паст мекунад. Дар сатҳҳои дохилии қубурҳо ҳар гуна такшонҳое ҳосил мешаванд, ки хосияти гузаронидани обро паст намуда, сарфи энергияро зиёд менамоянд. Дар баъзе ҳолатҳо миқдори обсабзҳо он қадар зиёд мегарданд, ки роҳҳои обгузаронии системаро тамоман маҳкам мекунанд. Аз ҳамин сабаб бо гузаштани вақти муайян зарурат ба миён меояд, ки биоҳосилаҳо дур карда шаванд.

Тоза намудани оби гардишӣ аз биоҳосилаҳо бояд аз манбаи обтаъмикунӣ оғоз ёбад. Барои ин ба манбаи об моддаҳои кимиёвӣ, масалан, гербисидҳои ғайриорганикӣ ворид месозанд, ки дар тамоми ҳаҷми об обсабзҳоро маҳв месозанд.

Биоҳосилаҳо дар градирняҳо имконияти хунуккунӣ, ва самаранокии кори онҳоро суст менамоянд, ки дар маҷмӯъ маҳсулнокии таҷҳизоти асосии технологӣ ва сифати маҳсулот паст мегарданд.

Дар замони ҳозира барои мубориза бар зидди биоҳосилаҳо роҳҳои кимиёвӣ, механикӣ, гидромеханикӣ ва дигар роҳҳо истифода мегарданд. Роҳи аз ҳама маъмули кимиёвӣ ва дар амал усули ягонаи пурсамар ин хлоронидани обҳои гардишӣ мебошанд.

Коркарди об бо воситаи хлор одатан бо усули муттамарказ, яъне воридкунии хлор дар як нуқта, бисёр вақт дар воридкунии хлор дар зарфи (резервуари) асосии градирня амалӣ кунонида мешавад. Коркарди об ба воситаи хлор бо роҳи даврӣ одатан аз 1 то 3 маротиба, вобаста аз суръати рушди биоҳосилаҳо гузаронида мешавад. Қайд кардан лозим аст, ки микроорганизмҳо (биоҳосилаҳо) бо гузаштани вақти муайян метавонанд ба як намуди реагент одат кунанд, барои ҳамин ҳам, иваз намудани реагентҳо мувофиқи мақсад аст.

Ба ғайр аз хлор, инчунин мумкин аст, ки диоксиди хлор ва купороси мис истифода шаванд. Миқдори зарурии диоксиди хлор  0,1 мг/л-ро ташкил медиҳад. Хлоронидани анъанавӣ дар ҳароратҳои баланд ва баланд будани бузургии рН самаранок нест. Коркарди оби гардишӣ ба воситаи диоксиди хлор ба эффекти бактериостатикии дурудароз (то 48 соат) оварданаш мумкин аст, бинобар ин, бо мурури вақт миқдори ӯ тағир дода мешавад. Ба ғайр аз ин, дар амал барои дур намудани биоҳосилаҳо дар градирняҳо коркард ба воситаи маҳлули пасти кислотаи гидрогенхлорид (HCI) натиҷаи хуб медиҳад.

Дар вақти истифодабарии системаҳои бо обҳои гардишӣ таъминкунанда бисёр вақт душвориҳое ба миён меоянд, ки сабабашон пайдошавии ҳосилаҳои карбонатӣ ва сулфатӣ мебошанд. Ин ҳосилаҳо, ки дар сатҳҳои гармиивазкунанда пайдо мешаванд, маводҳои иншоотҳо ва таҷҳизотҳоро вайрон месозанд, гармидиҳиро суст мекунанд ва дар натиҷа маҳсулнокии системаро паст мекунанд.

Ҳоло дар бораи ҳосилаҳои карбонатӣ, сулфатӣ ва роҳҳои дур намудани онҳо маълумоти мухтасар меоварем.

1. Ҳосилаҳои карбонатӣ дар системаҳои бо обҳои гардишӣ таъминшаванда.

  Ҳосилаҳои карбонати калсий дар сатҳҳои гармидиҳанда ва гармигирандаи системаҳои бо обҳои гардишӣ таъминшавандааз  сабаби вайроншавии баробарвазнии туршии карбонатӣ пайдо мешаванд. Ин ҳосилаҳо махсусан ҳамон вақт баръало зоҳир мегарданд, ки агар об ишқорнокӣ ва дуруштии баланд дошта бошад.

Роҳҳои пешгирии ҳосилаҳои карбонатӣ.

1.1. Туршкунонӣ.

Ин усул барои дар система таъмини баробарвазнии туршии карбонатӣ истифода мешавад. Дар вақти коркарди об бо туршӣ (гидрогенхлоридӣ ё ки сулфатӣ) қисми намакҳои дуруштии карбонатӣ дошта, ба миқдори мутаносиби (эквивалентии) намакҳои дуруштии ғайрикарбонатӣ дошта, ки дар шароитҳои муқарарӣ дар об хуб ҳал мешаванду такшон намешаванд, гузаронида мешаванд.

1.2. Коркарди об ба воситаи полифосфатҳо (фосфатикунонӣ).

Моҳияти усул дар он аст, ки ба протсесси кристаллшавии карбонати калсий ба воситаи полифосфатҳотаъсир расонида мешавад. Хусусияти муҳимми ин усул он аст, ки полифосфатҳо хосияти агрессивӣ (вайронкунӣ) надоранд ва ба сустшавии коррозия оварда мерасонанд.

1.3. Нармкунии (умягчение) реагентӣ.

Ба сифати реагентҳои такшонкунанда оҳаки пухта ва нопухта, ишқори натрий инчунин сода истифода мешаванд. Ин реагентҳо метавонанд, ки ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар шакли омехтаҳои гуногун истифода шаванд. Барои коркарди об маҳлулҳои обии онҳо истифода мешаванд.

1.3.1. Нармкунии мубодилавӣ-ионӣ.

Одатан усули катионитии нармкунӣ истифода мешавад, ки дар хусусияти катионитҳо ба мубодилаи ионӣ бо намакҳои дар об ҳалшуда даромадан аст.

2. Ҳосилаҳои сулфатӣ дар системаҳои бо оби гардишӣ таъминкунанда.

Яке аз роҳҳои асосии роҳ надодани пайдоиши ҳосилаҳои сулфатӣ интихоби дурусти нишондиҳандаи режими обӣ мебошад, ки бо туфайли он дар системаи гардишӣ консентратсияи сулфати калсий дар система аз ҳадди ҳалшавӣ дар ҳарорати муайян пасттар нигоҳ дошта мешавад.

3. Вайроншавии маводҳои иншоотҳо ва таҷҳизотҳо бо туфайли коррозия.

Барои системаҳои бо оби гардишӣ таъминшаванда протсессҳое, ки ба вайроншавии маводҳои коструксионӣ оварда мерасонанд хосанд. Ин пеш аз ҳама, протсесси коррозияи таҷҳизоти гармимубодилакунанда ва конструксияҳои градирняҳои металлӣ мебошад. Дар ин ҳолат бузургии рН ва миқдори оксигени дар об ҳалшуда ба рафти коррозия таъсири калон доранд.

Усулҳои пешгирии коррозия.

3.1. Ингибиторҳои коррозия.

Таъсири ингибиторҳо дар суст намудани суръати протсессҳои электрокимиёвии анодиву катодӣ асос карда шудааст.Ҳамаи ингибиторҳо дар сатҳи металл қабати тунуки ҳифзкунандаи ҳалнашаванда ҳосил мекунанд. Ба сифати ингибиторҳои коррозия миқдори калони пайвастагиҳо: фосфатҳо, шишаи моеъ, нитрити натрий, ингибиторҳои бисёркомпонента, органикӣ ва ғайра истифода мешаванд.

3.2 Қабатҳои ҳифзкунанда дар асоси маводҳои ба коррозия тобовар.

Фарқи қабатҳои ҳифзкунанда аз ингибиторҳо, ки бефосила ба система дохил мешаванд дар он аст, ки қабатҳои ҳифзкунанда дар якчанд сол  як бор рупӯш карда шуда металлро хуб ҳифз мекунанд.

Қабатҳои ҳифзкунанда ба ду гурӯҳи асосӣ: болакрангшаванда ва металлӣ тақсим мешаванд.

3.3 Дур намудани оксиген аз об  бо роҳи кимиёвӣ.

Ин усул бештар дар системаҳои обгардишкунандаи ғайрикушода истифода мешавад. Дур намудани оксиген аз об ба воситаи реагентҳо дар пайвастани оксигени дар об ҳалшуда бо моддаҳое, ки дар шароити маҳлули обӣ бо оксиген пайвастшавии фаъоли кимиёвӣ доранд асос шудааст. Ба ин гунна моддаҳо сулфити натрий ва гидразин мансубанд.    Намакҳои дар об ҳалшуда ба протсесси коррозияи пӯлод таъсири духела доранд: аз як тараф баланд шудани консентратсияи намакҳо бо туфайли баланд гаштани ҷараёнгузаронии об коррозияи электрокимиёвиро метезонад ва аз тарафи дигар ҳалшавандагии оксигенро суст намуда, ба пастшавии фаъолияти коррозионии об оварда мерасонад.

Бо ҳамин тариқ, омода намудани об барои объектҳои энергетикӣ масъалаи мураккаб ва серфунксионалӣ мебошад. Интихоби технологияи омода намудани об аз бисёр факторҳо вобастагӣ дорад: хусусияти худи объект (системаи кушода, ки дар таркибаш градирня дорад ва системаи ғайрикушода), таркиби об, режими ҳароратӣ ва ғайра.           

Тавсияҳо:

- Об барои ба система додан бояд, ки аз дарё бошад.

- Барои пешгирии рушди ҳосилаҳои биологии бактериалӣ дар таҷҳизотҳои гармимубодилакунанда ва қубурҳои обгузар бояд оби гардишӣ хлоронида шавад.

- Дар ҳолати беҳад дуру дароз будани қубурҳои обгузаронандаи системаи обтаъминкунандаи гардишӣ илова намудани хлороб алоҳида дар якчанд ҷойҳо ва якчанд нуқтаҳои система қобили қабул дониста мешавад.

- Бо мақсади пешгирии градирняҳо аз ҳосилшавии обсабзҳо бояд, ки дар вақтҳои муайян коркарди оби хунуккунанда бо маҳлули купороси мис  гузаронида шавад. Консентратсияи купороси мис дар маҳлул дар зарфи маҳлулдошта бояд 2-4%-ро ташкил кунад.

- Барои пешгирии ҳосилаҳои биологии градирняҳо, бояд, ки ҳар замон пеш аз иншоот хлоронидани об гузаронида шавад.

- Зарфҳо, новҳо, қубурҳои обгузаранда, таҷҳизот ва арматураҳо, ки бо маҳлули купороси мис дар расишанд бояд, ки аз маводҳои ба коррозия устувор сохта шаванд.

Дар охир ҳамин нуктаро бояд таъкид кард, ки илму техникаи муосир доимо дар инкишофу пешравист ва аз натиҷаҳову навовариҳои он васеъ истифода бояд кард.

 

Обидов Ф.У., Маркаев А.Ғ., Ғаниев И.Н., Бадалов А.Б.

Муассисаи давлатии илмӣ- таҷрибавӣ ва истеҳсолии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№1 (9), 2018 

Хондан 2091 маротиба