Нусхаи чопи
Душанбе, 13 Июли 2020 09:24

Рози шод зистан (2)

Муаллиф:

   Намунаи “Ман ҳамеша ҷо мемонам”. Маънояш ин аст, ки мо ҳамеша, чи дар мавқеи тавлид, чи дар шурӯъи мадраса, чи дар тиҷорат ва чи дар рафтан ба таътилот ё хеле дер мерасем ва ё хеле зуд. Ҳамеша дар вақти нодуруст дар ҷои дуруст будан. Ҳамчунин истеъдоди хуб ва муаллими бад доштан ё муаллими хуб ва истеъдоди бад доштан ва ё фоқиди ҳарду будан (надоштани ҳарду).

  Намунаи “Мардум ҳамеша маро тард ва рад мекунанд”.

  Кофӣ нест?

  Баҳсро бо нигоҳе ба намунаҳои манфӣ оғоз кардем, аммо намунаҳои мусбате ҳам вуҷуд доранд, ки шояд бо намунаҳои дарунии шумо таносуби бештаре дошта бошанд.

  Намунаи “Ман ҳамеша тандуруст ва саломатам”.

  Вазъияти ҷисмонии мо аз тариқи барномаҳое таъин мешавад, ки ҳамеша дар гӯшҳои мо дар ҳоли наҷво ва садо ҳастанд, барномаҳое, ки лаҳза ба лаҳза намунаи мизоҷии моро бароямон дикта мекунанд.

  Оё касеро мешиносед, ки “ҳамеша дар вақти саҳеҳ дар ҷои саҳеҳ аст? Ин навъи одамҳо то ба тиҷорат рӯ меоваранд, равнақи иқтисодӣ шурӯъ мешавад, ё хонаи худро мефурӯшанд, як боздоштгоҳ дар паҳлуяш сохта мешавад  ва то азми сафар мекунанд, бо ҳамсафаре ошно мешаванд, ки онҳоро давр то даври Урупо мегардонад ва ростӣ фикр мекунед, ки ин корҳо чӣ тавр анҷом мешавад? Ҳатман шумо ҳам бо ҳасрат мегӯед: Агар фақат як зарра аз шанси онҳоро доштам он вақт...! Аммо ҳақиқат ин аст, ки дар вақти саҳеҳ, дар ҷои саҳеҳ будан як намунаи дарунӣ аст. Ва аммо намунаи “Ба ҳар коре даст мезанам, пул дармеоварам”. Ё намунаи “Ҳарчи мехарам, ҳамеша бароям суд мекунад” (ки акси он ҳам мешавад: намунаи ҳамеша бад меоварам!).

  Намунаи дигаре  ҳам метавон ном бурд, мисли намунаи “Ман ба мардум эътимод дорам, онҳо ҳамеша бо ман бо хубӣ рафтор мекунанд”, намунаи “Ҳар коре, ки ман анҷом медиҳам, ҳамеша ҷолиб ва осон аст” ва ғайра.

 Фарз  бар ин аст, ки ҳамаи мо ба дунболи касби намунаҳои хуб ҳастем, аммо он намунаҳои дигар чӣ мешаванд? Бинобар ин бояд аз худ бипурсем, ки “ин намунаҳои пӯсида чӣ вақт таъсир хоҳанд кард. Ва чи вақт усулан аз миён хоҳанд рафт?”. Ва посух ин аст, ки: “Вақте ки мо тағйир кунем, зиндагӣ тағйир мекунад”.

  Тағйир ҳаргиз бо осонӣ муяссар намешавад. Тағйири намунаҳо ҳамеша кори соддае нест, аммо ҳамеша имконпазир аст. Дар ҳар марҳилае, ки бошед, метавонед бо он чи ки мехоҳед, даст пайдо кунед ва ҳадафи мо дар ин китоб низ баёни чигунагии анҷоми ин амал аст. Аммо ҳаминҷо бояд як нуқтаро барои худ равшан кунем ва он ин аст, ки ҳар вақт тасмим ба тағйир бигирем, ба муқовимат рӯ ба рӯ мешавем. Дар воқеъ, барои ин ки равшан шавад, оё мо барои тағйир ба андозаи кофӣ ҷиддӣ ҳастем ё не, ҳамеша ба мубориза фаро хонда мешавем. Масалан,  фарз кунед, ки тасмим ба шурӯъи як режими ғизоӣ гирифтаед ва ин аввалин ҳафтаи об кардани ин гуштҳои изофӣ аст, дуруст  ҳамон рӯзи аввали ҳафта ҷаъбаномаҳои шумо аз кортҳои даъват ба шом меҳмониҳои асрона (шом) ва ҷашнҳои мухталиф анбошта мешавад. Ҳар тағйире бахусус дар оғоз, ба мубориза талабида мешавад.

  Фарз кунед барои аввалин бор дар зиндагӣ тасмим ба ифтитоҳи як ҳисоби пасандоз  барои ҷамъ кардани пулҳои худ мегиред. Барномаи шомро,  ки яке  аз тадбирҳои  шумо  барои сарфаҷӯӣ аст, таътил мекунед ва бад-ин тартиб  ду ҳазор туманро барои бонк  канор мегузоред. Аммо оё дуруст дар ҳамин рӯз нест, ки яхчоли хона (холоделник) хароб мешавад, замони таҷдиди бимаи мошин (страховка) фаро мерасад  ва бародари  ҳамсаратон  панҷ-ҳазор туман талаби соли гузаштаашро талаб мекунад?

  Фарз кунед, шумо ҳам аз он даста одамҳое ҳастед, ки бисёр номураттаб ва касиф либос мепӯшанд. Ва ҳоло тасмим гирифтаед барои як бор ҳам, ки шуда  либоси  мураттаб бипӯшед. Дар ҳамин мавқеъ аст, ки дафъатан бар сари роҳи  шумо аз утоқ ба ҳаммом равғани мошин сабз мешавад. Ҳоло ин фикр ба зеҳни шумо ворид мешавад, ки: “Хуб, ман ин тавр ҳастам ва наметавонам тағйир кунам”. Ҳақиқат ин аст, ки шумо метавонед тағйир кунед, аммо намунаҳои рафтории пешин дар муқобили шумо муқовимат нишон медиҳанд. Ба ин тартиб мо чи гуна тағйир мекунем?

  Қабл аз ҳар чиз яқин бидонед, ки ҳар тағйире бо муқовимат рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба иборати дигар, камарбандҳоро маҳкам бубандед.

Шаклгирии намунаҳои рафтор

  Билофосила пас аз таваллуд, намунаҳои рафторе шурӯъ ба шаклгирӣ мекунанд. Бинобар ин ин намунаҳо бисёр муҳкам ва ҷоафтода ҳастанд. Масалан намунаҳои хӯрданро дар назар бигиред. Навзод ба далелҳои мухталиф гиря мекунад. Ташнагӣ, гармо, сармо, танҳоӣ, нотавонӣ, ниёз ба дар оғуш гирифта шудан, ниёз ба таваҷҷуҳ, тар будани либос ва монанди ин. Аммо, вақте бача гиря мекунад дар бештари ҳолатҳо ба ӯ ғизо дода мешавад. Бинобар ин ин вобастагӣ аз ҳамон оғоз дар кӯдак шакл мегирад, ки роҳи ҳалли тамоми масоили ёдшуда гузоштани чизе дар даҳон аст. Пас, агар сигор мекашед ё беш аз андоза мехӯред ва менӯшед, лозим нест барои пайдо кардани сабаб ва иллат, талоши зиёде бикунед. Иллат ҳамон намунаҳои кӯдакӣ аст.

  Вақте дучори аҷзу нотавонӣ, танҳоӣ ё афсурдагӣ мешавед, медонед, ки яке аз маъдуд чароғҳое, ки ба зиндагиатон равшан мешавад, чароғи даруни яхчол аст. Бахше аз “роҳи  ҳал”-и  машруб ва сигор ҳам реша дар ҳамин шартӣ шуданҳо дорад.

  Ба далели ба ин монанд, бисёре аз хусусиятҳои феълии мо, дастоварди таҷрибаҳои аввалини солҳои зиндагист. Зеҳни кӯдак дар он солҳо бар ҳар чизе кушуда ва аз ҳама чиз холӣ буда,  иттилоотро монанди як исфанҷ (лифи ҳаммом) ба худ ҷалб мекунад, ба далели он ки нахустин равобити мо бо волидайнамон шакл мегирад, таъсири онҳо бар зиндагӣ ва равобити ояндаи мо бисёр бузург аст. Бахши кӯчаке аз намунаҳои инсон дар зиндагии ҳушёрона ва бахши бузургтари онҳо ноҳушёр буда, бозтоби омӯхтаҳои ӯ аз волидайни худ аст.

  Ба унвони мисол:

-Мо бо касоне робита барқарор мекунем, ки шабеҳи волидайни мо ҳастанд. Масалан, барои касе  кор мекунем ё тарҳи дустӣ бо касе мерезем, ки ба падар ё модарамон шабоҳат дорад.

-Навъи робитаи мо бо дигарон бозтоб ё инъикоси навъи робитаи волидайни мо бо дигарон аст. Бинобар ин аз падару модаре бо вижагиҳои муҳаббат ва наҷобат фарзандоне бо муҳаббату наҷиб парвариш меёбанд. Ва аз волидайне, ки тамоми зиндагиашон ба риёкорӣ ва суъистифода аз дигарон гузашта аст, маъмулан фарзандоне бо ҳамин хислатҳои ахлоқӣ ба вуҷуд меоянд.

-Мо бардавом намунаҳо ва афродеро ба худ ҷалб мекунем, ки ба падар ё модари мо шабоҳат доранд. Сабаб метавонад он бошад, ки аз ҳамон аввалин солҳо барои худ тасвири ноҳушёре месозем, ки масалан, мегӯяд: “мардони воқеӣ баландқаду тира ва сокит ҳастанд” (мисли падари ман) ё “зан бояд кӯтоҳқаду хушрафтор бошад” (мисли модари ман). Ва чӣ басо бидуни он ки дар сатҳи ҳушёр, кӯчактарин огоҳӣ нисбат ба ин тасвирҳо дошта бошем, ба унвони шарики зиндагӣ ба дунболи касе бо ин хусусиятҳо бигардем. Ҳамчунин кайфияти робитаҳои мо бо падару модарамон таъинкунандаи намунаи робитаҳои мо бо дигарон аст. Агар дар кӯдакӣ эҳсоси гунаҳкорӣ мекардаем, ё рафтори сарзанишомезро таҷриба кардаем, ҳоло ҳам ба ҷазбу ҳамроҳӣ бо касоне идома медиҳем, ки бо мо ба унвони як “одами бад” рафтор мекунанд. Баръакс, агар дар кӯдакӣ ишқу таҳсинро таҷриба карда бошем, дар бузургсолӣ ҳам ба тарафи касоне кашида мешавем, ки рафтори онҳо бо мо бар асоси эҳтиром аст.

  Ба таври хулоса, мо ҳамеша ҳамон чизеро ҷалб мекунем, ки интизорашро дорем ва ҷаҳон ҳамвора бо мо ба ҳамон гунае бархӯрд мекунад, ки мо худро лоиқи он медонем.

  Лозим ба тавзеҳ аст, ки дар ин ҷо танҳо нигоҳе сатҳӣ ба ин масъала андохтаем, аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки шинохту дарки ҳар масъала ниме аз ҳалли он аст, лозим аст, ки ба намунаҳои дарунии худ ва чигунагии шаклгирии онҳо, огоҳӣ дошта бошем.

  Хулосаи калом:

  Мо ҳаргиз асири намунаҳои рафтории худ нестем. Намунаҳои манфии куҳна мумкин аст қавӣ ва ҷоафтода ва устувор бошанд. Аммо шикастнопазир нестанд. Ҳамеша доир ба худ ва вазъияти худ ба таври мусбат фикр кунед. Мумкин аст, контроли зеҳнӣ дар ин замина осон набошад. Аммо подошҳо ва мукофотҳои он арзандаанд.

  Ҳамеша аз худ ба хубӣ ёд кунед ва мураттабан зиндагиро бад-он гунае, ки дилхоҳи шумост, тасаввур кунед, то аз ин тариқ намунаҳои рафтории мусбатро ба зиндагии худ ҷалб кунед.

  Ба наворҳои эҳсосбарангез гӯш кунед ва китобҳоеро, ки дар заминаи муваффақият навишта шуда, бо шавқ бихонед. Аз баёни мусбат истифода кунед. Ва вақти худро бо касоне бигзаронед, ки метавон аз онҳо чизе тоза омӯхт. Беҳтар аст намунаҳои рафтории дилхоҳи худро рӯи коғаз биёваред, то ин намунаҳо барои шумо ба сурати як интихоби огоҳона дароянд.

Нависанда: Эндрю Метюз

Мутарҷим: Воҳид Афзалирод

Таҳия ба хатти кириллӣ Дидавар Бекзода  

Қисми аввал: https://ravshanfikr.tj/maqolaho/rozi-shod-zistan-2.html 

(Идома дорад)

Хондан 922 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр