Муқаддима
Мақсади аслӣ ва ниҳоии инсоният – таъмини осудагӣ, рушди фард ва ҷомеа мебошад. Таҷрибаи дунё нишонгари он аст, ки ин ҳадаф фақат тавассути тарбия, таълим ва ҳамчун натиҷаи он - ташаккули рӯҳи инсони комил метавонад амалӣ гардад.
Дар асари дигаргуниҳои фавқулодаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки дар се даҳсолаи охир, тавассути Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик дар мамлакат ба вуқӯъ пайваст, рӯҳи миллӣ дар сарзамини тоҷикон "паноҳгоҳи худро ёфт ва дар он зиндагӣ мекунад" (таъбири Гегел). Акнун барои мо ҳаётан муҳим аст, ки "шуълаи ин шамъи муқаддасро эҳтиёт намоем, ба он ғизои маънавӣ диҳем. Ғамхорӣ кунем, ки хомӯш нашавад. Ва олитарин зуҳурот - шуурнокӣ ва худшиносӣ завол наёбад" (В.Ф. Гегель. Наука логики: Т.1. -М.: 1974. -С. 81).
Дар олами андешаи ирфонӣ ва фалсафии миллӣ Ибни Сино ва Шайх Шаҳобуддини Суҳравардӣ ҷойгоҳи вижаеро моликанд ва ин ҳар ду ба сифати бузургтарин андешамандони ду буъди (соҳаи) андешаи башарӣ – ирфон ва фалсафа шинохта ва пазируфта шудаанд. Муҳаққиқоне, ки дар риштаи ирфон ва фалсафаи форсӣ-тоҷикӣ тахассус доранд (аз ҷумла Сайид Ҳусайни Наср, Ҳенри Корбен, Ғуломҳусайн Иброҳими Динонӣ, Атоуллоҳи Тадайюн, Абдурафеъи Ҳақиқат, Зиёуддини Саҷҷодӣ ва дигарон) бар он таъкид намудаанд, ки дар орову афкори ин ду шахсияти дар илм мутаолӣ дар масоили фалсафие, ки ба эҳёи андеша ва тафаккури миллӣ иртибот доштанд, ҳамрангӣ ва наздикӣ мушоҳида мешавад. Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан, мо тасмим гирифтем, сараввал роҷеъ ба шахсияти ирфонӣ ва фалсафии Шаҳобуддини Суҳравардӣ маъруф ба «Шайхи ишроқ» иҷмолан иттилоъ бидиҳем (дар сурате ки шахсияти Ибни Сино машҳур аст ва ҳоҷат ба шиносонидан надорад).
1. Сабаби навиштани ин мақола чӣ буд?
Дар солҳои 60-уми асри XX файласуфи машҳури тоҷик устод Акбари Турсон дар яке аз мақолаҳои худ гуфта буд, ки «дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Суқротро дорад». Зиёиёни он рӯзгор сари ин ибора бо ҳам баҳсу мунозираҳо намуданд. Гуфтугӯи гарми ҳар ду дӯсти шодравон Сарвар Амирҷон ва Нафасбек Раҳмонӣ то ҳол дар хотирам зинда аст... Мушкилӣ сари он буд, ки ҳар нафаре бузургиро бо меъёр ва тарозуи худ месанҷид ва назариёти ҳарифро қабул намекард. Ҳамин тавр, он баҳсҳо ба натиҷае нарасиданд ва оқибат хомӯш шуданд...
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Мизоҷи инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.