JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Тоҷикистон дорои генофонди бойи набототу ҳайвонот мебошад. Вале, дар солҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ ба чашм мерасад. Экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон қисмати муҳими комплексҳои табиии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ҳаёти мардум дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба вазъи экологии экосистемаҳо ва ҳолати гуногунии биологӣ  алоқамандии зич дорад. Дар солҳои 90-уми асри гузашта аз сабаби вазъи мушкили иқтисодӣ аз ҷониби аҳолӣ буридани дарахту буттаҳо ба вуқуъ пайваст, талу нишебиҳо ба таври васеъ барои кишт намудани зироатҳои ғалладонагӣ  мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин раванд ба олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои табиии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд. Вале, дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ин ҳолатҳо гирифта шудаанд ва ин хатарҳо хело кам гаштаанд.

                                              Қудрати ақл аст пушти ин забон,

                                             Ин забон з-андеша мегирад тавон.

   Таърих ҳаводиси фоҷеабори зиёдро дар хотир дорад, ки бар асари нодонию ҷаҳолати мардумӣ рӯйи кор омада, боиси талхии рӯзгор ва аз байн рафтани равобити муътадили иҷтимоӣ ва маданӣ гардидааст. Сатҳи пойини огаҳиҳои иҷтимоӣ ва маданӣ ҷомеаҳоро, чи дар қадим, чи дар асрҳои миёна ва чи имрӯз ба вартаи даргирию кашмакашҳо, низоъ ва ҷанҷолҳои хонумонсӯз тела дода, мунҷар ба ноамнию бесуботии минтақаҳо гардидааст. Аз ҷониби дигар, таърихро фарҳангсолорон ва фарҳангиён меофаранд ва дар ҳар давру замон натиҷаи кори фарҳангӣ тавассути забон густариш меёбад ва аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, василаи пайванди наслҳо мегардад. Бад-ин манзур, забон фарҳанг меофарад ва ба ҷомеаҳо тақдим мекунад, то ҷангу даргириҳо поён ёбанду саодату хушбахтӣ ҳамеша инсонҳоро раҳнамоӣ ва ҳамсафарӣ намояд. Аз ин лиҳоз, лозим медонем, ки чанд мулоҳизаи иҷмолиро дар робита бо Рӯзи забони давлатӣ  ироа намоем:

   Мардуми тоҷик ба қарибӣ (11 октябри соли ҷорӣ) маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегиранд. Иштироки фаъол дар маъракаи дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои муҳимми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва қаблан, мутмаинем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон (албатта, онҳое, ки ба синни интихоботӣ расидаанд) дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланди ватандорӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ  ширкат меварзанд.

  Яке аз таноқузоте, ки дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, набуди огоҳии равшан аз низоми сиёсии динӣ ва шинохти озодӣ аст. Аксар нафарон чун иттилои дурусте на аз дунявият доранду на аз низоми сиёсии динӣ доранд ва дақиқтараш аз пайдоиши дину оин ба ҳайси як падидаи иҷтимоӣ ва раванду таҳаввули  он огоҳ нестанд, дар тасаввурашон чунин ба назар мерасад, ки гӯё низоми сиёсии динӣ, ки аз амру найҳи динӣ маншаъ мегирад, одилонатарин низоми сиёсӣ буда бошад. Аммо гоҳе ба таҳқиқ сари масъалаи мазкур меандешӣ, хоҳӣ дарёфт, ки воқеият чизи дигар аст. Аввалан нишон додани одилонатарин низоми сиёсиро чун низоми динӣ ба ҷуз як таблиғи гурӯҳҳои манфиатдор чизи дигаре нахоҳад буд. Сониян низомҳои сиёсии шариатбунёдёфтаи то имрӯз амал карда ҳеҷ як мардумонро на танҳо ба саодат нарасонидааанд, балки аз саркубтарин ва бераҳмтарин низомҳо низ будаанд, ки дар онҳо кӯчактарин озодиҳои инсонӣ маҳдуд будааст.

Китобҳо